"ИҶОЗА НАМЕДИҲАНД, КИ ҲУҚУҚДОНҲО БО ҚУВВАТОВ ВОХӮРАНД"
Гуфтугӯи хабарнигори мо бо Николай Николаев, ки ҳангоми боздошти Умаралӣ Қувватов дар Дубай ҳамроҳаш буд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Николай Николаев, дӯст ва ҳампаймони Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сабтиномнашудаи "Гурӯҳи 24", ки ҳангоми боздошташ дар Дубай ҳамроҳи ӯ будааст, пурсидем, ҳоло вазъи Қувватов чӣ гуна аст?
Николай Николаев: "Мо бо ҳуқуқшиносон қарордод имзо кардем ва онҳо мувофиқат кардаанд, ки бар пояи он аз манфиати Қувватов ҳимоят кунанд. Қарордод ба онҳо имкон медиҳад, ки шароити боздошти Қувватов дар фурудгоҳи Дубай ва мутобиқати он ба қонунҳои байналмилалиро таҳқиқ намоянд. Ба фикрам, дар ин байн сенсатсия ҳам рӯй хоҳад дод."
-Оё Шумо дархости истирдоди Қувватовро бо чашми худ дидед?
-Ман ҳам ҳаминро гуфтаниам, ки бар асоси маълумоти манбаъҳои мо, дар Тоҷикистон чунин санад дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо дар сомонаи Интерпол ва ё кадом дигар асноди Интерпол Қувватов ҳамчун ҷинояткори фирорӣ сабт нашудааст.
Аз ин рӯ, ба фикри мо, ин ё амалиёти хадамоти амниятӣ аст ва ё санадҳое, ки Тоҷикистон барои истирдоди Қувватов пешниҳод кардааст, воқеият надоранд. Эҳтимол акнун саъй доранд, ин санадҳоро ба тартиб дароранд. Шояд аз ҳамин сабаб ба ҳуқуқшиносони мо имкон намедиҳанд, ки бо Қувватов вохӯранд.
-Бигӯед, ки тибқи қонунҳои Имороти Муттаҳидаи Араб мақомоти ин кишвар чанд рӯз ҳақ доранд, ки Қувватовро дар боздошт нигоҳ доранду тартиби истирдод чӣ гуна аст?
-Мо маълумоти дақиқ дорем, ки таҳқиқи пешакӣ 40 рӯз идома мекунад ва дар поёни он муҳокима дар додгоҳ баргузор хоҳад шуд. Боиси тааҷҷуб аст, ки додситони Иморот иҷозат намедиҳад, Қуватов бо вакилонаш мулоқот кунад, зеро ҳамин дархости истирдод ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад.
-Расонаҳои хабарӣ як паёми Қувватов аз маҳбасро нашр намудаанд. Оё ӯ дар чунин шароите нигаҳдорӣ мешавад, ки бо олами беруна дар тамос бошад?
-Не ӯ бо олами беруна иртибот надорад. Ӯ ин паёмро баъд аз як мулоқоти кӯтоҳ бо вакилонаш нашр кард. Мо баъзе сирру асрорро ҳозир ошкор карда наметавонем.
-Аммо аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки Қувватов аллакай бо вакилонаш вохӯрдааст...
-Бале, ӯ бо вакилонаш вохӯрда буд ва ҳамон паём ба мардуми Тоҷикистонро тавассути мо ба олам паҳн кард. Вале ман тасдиқ мекунам, ки ин паём аз ҷониби худи Қувватов таҳия шудааст.
«Озодӣ»