ӮЗБАКИСТОН АЗ ҲАМКОРӢ ИМТИНОЪ МЕҶӮЯД
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бо гила аз ҳамтоёни ӯзбаки худ гуфт: "Додситонии кулли Ӯзбакистон аз ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дар заминаи табодули иттилоъот ва истирдоди муттаҳамон худдорӣ мекунад."
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 6 октябр, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки бо вуҷуди дархости мукаррар Додситонии кулли Ӯзбакистон аз истирдоди атбоъи тоҷик, ки дар ҳудуди ин кишвар муртакиби ҷароим шудаанд, сарпечӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Бобохонов ҷониби Тоҷикистон муттаҳамони ӯзбакро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт мешаванд, ба Ӯзбакистон бозгардондааст.
Вай гуфт, аз ҷумла дар мубориза алайҳи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки барои амнияти милии Тоҷикистону Ӯзбакистон таҳдиди ҷиддӣ шинохта шудааст, миёни ниҳодҳои додситонии ин ду кишвар ҳамкорӣ ё ҳамоҳангии фаъолият вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ниҳодҳои додситонӣ мегӯянд: "дар ҳоле ки дар соли ҷорӣ фаъолияти созмони “Ҳизб-ут-таҳрир” дар Тоҷикистон заиф шуда ва аъзои ин созмон боздошт нашудаанд, аммо фаъолияти Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар шудааст. Тибқи иттилоъи ин ниҳодҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 10 узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар манотиқи шимоли Тоҷикистон боздошт шуда ва қазияи иддае аз онҳо дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Аз ҷумла, ду моҳе қабл дар додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон муҳокимаи Анвар Қаюмов, ки ба унвони яке аз раҳбарони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар ин вилоят шинохта шудааст, бо чанд нафари дигар, ки гуфта мешавад ҳамсафонаш ҳастанд, ба иттиҳоми қатл, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ ва сирқати силоҳҳои оташфишон шурӯъ шудааст.
Бино ба парвандаи ҷиноии Анвар Қаюмов, зинни он меравад, ки вай дар соли 1997 дар урдугоҳи низомии Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар манотиқи шарқи Тоҷикистон омӯзиш дида ва пас аз бозгашт ба шаҳри Исфара ба ҷалби аъзои ҷадид ба суфуфи ин созмон машғул шудааст.
Коршиносон сардии равобити миёни Тоҷикистону Ӯзбакистонро аз монеъаи аслӣ дар роҳи ҳамкориҳои ниҳодҳои додситонии ин ду кишвар арзёбӣ мекунанд. Афзун бар ин, дар зарфи ду соли ахир чанд тан аз атбоъи Тоҷикистону Ӯзбакистон барои ҷосусӣ ба манфиати кишварҳояшон боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Ахиран дар додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон муҳокимаи Шавкат Бобоҷонов, раиси пешини корхонаи “Востокредмет” ва чаҳор шарики ӯ ба иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ” оғоз шудааст. Ҳарчанд эълом нашудааст, ки дар иттиҳомоти ворида алайҳи ин афрод ҷосусӣ ба нафъи кадом кишварро дар назар дорад, аммо коршиносон мӯътақиданд, ки манзур аз истилоҳи “кишвари хориҷӣ” дар ин иттиҳомот Ӯзбакистон аст.
Би-Би-Си