МУШКИЛОТИ МОЛӢ ДАР ГОРДИ МИЛЛӢ: ОВОЗА Ё ВОҚЕИЯТ?
Горди миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи пардохт нашудани маоши афсарону кормандонашро бепоя хонд.
Баҳодур Бӯриев, як афсари Горди миллӣ, ба мо гуфт, то 1 – уми январ ва пас аз он маоши тамоми кормандону афсарон пардохт шуда, то ин замон танҳо иддае аз пардохтҳои иловагӣ ба таъхир афтода буд, ки ҳоло он ҳам ба ҳисоби кормандон гузаронида шудааст:
«Боз чанд пардохту имтиёзҳои дигар ҳаст, ки бо фоизҳои гуногун дода мешавад. Аммо маошашонро саривақт гирифтаанд. Шояд як – ду рӯз ба таъхир афтода бошад, аммо на ду - се моҳ. Ҳоло ҳамаашро гузарондаанд.»
Як афсари дигар гуфт, ходимони Горди миллӣ одатан то санаи 5 – уми моҳ маоши худро дастрас мекунанд ва ҳоло ба далели ба рӯзҳои истироҳат рост омадани ин сана, рӯзҳои дигар маоши худро дастрас хоҳанд кард. Вай афзуд, аз «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ гирифтаанд, ки маоши онҳо ба ҳисобашон гузаштааст.
Қаблан як афсари Горди миллии Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба мо гуфт, кормандону афсарони ин ниҳод ду моҳ ба ин сӯ музди меҳнати худро нагирифтаанд. Ӯ аз қавли масъулин гуфт, ки маблағи маош аз вазорати молия нагузаштааст.
Аммо масъуле аз ин вазорат ба мо гуфт, ҳеҷ мушкиле дар пардохти маблағи Горди миллӣ пеш наомадааст ва ҳамаи маблағҳо саривақт пардохт шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, як нафар, ки худро Амирбек, корманди маркази омӯзишии Горди миллӣ муаррифӣ кард, гуфт, тамоми пардохтҳояшро гирифтааст ва ягон мушкил дар ин замина надошт: «Эҳтимол, онҳое, ки аз Душанбе ба Бадахшон сафари хидматӣ доштанд, маошҳои худро нагирифта бошанд. Онҳо, ки дар Бадхшонанд шояд ба банкоматҳо дастрасӣ надоранд.»
Горди миллии Тоҷикистон аз ниҳодҳои муҳими нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, ки дар оғоз Горди президентӣ ном дошт ва аз ҷумла амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро таъмин мекард. Ин ниҳод аз соли 2004 Горди миллӣ ном гирифт. Горди миллӣ аз иштироккунандагони амалиётҳои нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гуруҳҳои силоҳбадасти мухолифи давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои Тавилдараву Ғарм ва ахиран дар шаҳри Хоруғ буд.
Абдураҳмон Шарипов, собиқ корманди раёсати иктишофи Горди миллӣ, ки сафҳои онро соли 2010 дар пайи як мухолифат тарк кардааст, мегӯяд, мушкили молиявӣ дар Горди миллӣ ҳамеша вуҷуд дошт ва аз ҷумла ба худи ӯ низ имтиёзи 30 – фоизаашро насупурда буданд:
«Бахусус пардохти ҳаққи сафари хидматӣ бо таъхир ва ё умуман сурат намегирифт. Дар ҳамон амалиётҳое, ки дар шарқи кишвар гузаштанд, афсарон шабонарӯзӣ сафари хидматӣ доштанд. Аммо дар пардохти ҳаққашон мушкилиҳо пеш омада буд.»
Бино ба иттилои манобеъи мо, чанд сол пеш ба далели мушкилоти молиявӣ як муҳосиби Горди миллӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
«Озодӣ»