08:36:28 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУШДОРИ ЗОЙИРОВ БА МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН ВА АМА ДАР РОБИТА БО БОЗДОШТИ ҚУВВАТОВ

Раҳматило Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон бо интишори баёнияе дар робита ба боздошти Умаралӣ Қувватов, яке аз мухолифини давлати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз давлатҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хостааст ҳуқуқҳои ӯро тибқи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ риъоят кунанд.

/images/stories/2013/01/13_rahmatillo-zoirov_2013.jpgРаҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон боздошти оқои Қувватовро дорои ангезаи сиёсӣ ва марбут ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноябри соли 2013 хондааст. Дар ин баёния оқои Зойиров тақозо кардааст, ки оқои Қувватов ба Тоҷикистон истирдод нашавад, зеро мақомоти Тоҷикистон барои ин истирдод на далоили ҳуқуқӣ доранд ва на ахлоқӣ.

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти АМА тақозо кардааст, ки иҷозаи истирдоди оқои Қувватовро ба Тоҷикистон надиҳанд, зеро дархости истирдод комилан беасос буда, далоили он сохта ва маснуъӣ ва хилофи қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Ӯ гуфтааст дар ибтидои боздошти оқои Қувватов, ки ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон онро таъйид накарда буданд, аз расонаҳо хоста буда, ки ин қазияро сиёсӣ тавсиф накунанд, аммо таҳаввулоти баъдӣ дар ин робита ӯро мутақоъид кардааст, ки боздошт сиёсӣ аст.

Тибқи гузоришҳо оқои Қувватов, раҳбари эътилофи мухолифони мавсум ба "Гурӯҳи 24" ба таърихи 23 декабри соли 2012 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо боздошти ӯро таъйид накарда буданд. Рӯзи 9 январи соли 2013 додситонии кулли Тоҷикистон таъйид кард, ки аз мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дархости истирдоди оқои Қувватовро кардааст. Ӯ талвеҳан ишора кард, ки боздошти оқои Қувватов ба фаъолиятҳои молӣ ва тиҷоратии ӯ иртибот дорад.

Раҳбари ҳизби сусиёл демукротии Тоҷикистон ба таноқузҳо дар гузоришҳои расонаҳо дар бораи иртиботи оқои Қувватов бо ширкатҳои "Фароз" ва "Тоҷирон" таъкид мекунад.

Ба гуфтаи ӯ пас аз боздошти оқои Қувватов гузоришҳое мунташир шуд, ки боздошт бо тақозои ин ду ширкат, ки "дар онҳо домоди президенти кишвар Э. Раҳмон раҳбар мебошад ва У. Қувватов ба ин созмонҳои тиҷоратӣ зарари калон расонидааст", сурат гирифтааст, аммо муддате пештар ин ду ширкат эълом кардаанд, ки онҳо бо оқои Қувватов ҳеҷ иртиботе надоранд.

Оқои Зойиров мегӯяд бар асоси гузоришҳои мунташира дар расонаҳо натиҷагирӣ кардааст, ки боздошти оқои Қувватов аз ангезаи сиёсӣ холӣ нест ва пас аз он ки додситони кулли Тоҷикистон тақозои истирдоди ӯро эълом кард, комилан муътақид шудааст, ки қазияи боздошти ин мухолифи давлати Тоҷикистон бо аҳдоф сиёсӣ аст.

Раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон мегӯяд боздошти оқои Қувватов бо ибтикори афроди зинафъ сурат гирифтааст, ки пештар расонаҳо аз ҳуввияти онҳо гузориш карда буданд ва навишта буданд, кор бо пойдармиёнии фарде, ки аз он ба унвони намояндаи Ҳасан Асадуллозода ном бурда шуда, сурат гирифтааст.

Ӯ меафзояд: "Аввал, ин корро шахсони ғайрирасмӣ амалӣ гардонидаанд. Дуюм, ба воситаҳои ғайрирасмӣ, яъне бо истифодаи манфиатҷӯии маъмурони амниятии АМА ташкил карда шуд, ки ин, аллакай, муносибатҳои коррупсионӣ мебошад."

Оқои Зойиров мегӯяд ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи оқои Қувватов пас аз боздошти ӯ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шуда, ки хилофи қонун аст: "Яъне оғози кори ҷиноӣ баъд аз боздошт шудани як фард, аллакай, сохта ва супоришӣ буда, барои истирдод асос шуда наметавонад."

Ба гуфтаи оқои Зойиров баъд аз боздошти оқои Қувватов афроди ғайрирасмӣ барои амалӣ сохтани истирдоди ӯ ба Дубай сафар мекунанд то масъулони Амороти Муттаҳидаи Арабиро мутақоъид ба истирдоди ӯ кунанд: "Барои истирдоди У. Қувватов шахсони гуногуни ғайрирасмӣ дар Дубай, ба мақомотҳои дахлдор бо пешниҳоди маблағҳои калон ташриф овардаанд, яъне, майли маъмурони амниятии АМА – ро барои истирдоди У. Қувватов, аз нигоҳи манфиатҷӯӣ, таъмин кардаанд."

Раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон мегӯяд дар ниҳоят ба ин натиҷа расидааст, ки боздошти раҳбари эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24" "сохта, ғаразнок, моҳиятан сиёсӣ буда, барои истирдод ягон асоси ҳуқуқӣ мавҷуд нест." Ӯ мегӯяд агар оқои Қувватов боздошт намешуд, алайҳи ӯ парванда ҳам боз намешуд.

Раҳбари ин ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон дар баёнияи худ мегӯяд боздошти оқои Қувватов барои аз байн бурдани як фарди "ислоҳотталаб, интихоботталаб ва даъвогари ҳуқуқҳои худ" анҷом шудааст, ки аз давлати Тоҷикистон гоҳо дар шакли эътирозҳои эҳсосотӣ, вале дар чаҳорчӯби қонун интиқод кардааст.

Оқои Зойиров боздошти Умаралӣ Қувватовро марбут ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 медонад, ки ба эҳтимоли қавӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунии Тоҷикистон яке аз номзадҳои асосӣ дар он хоҳад буд, фарде ки беш аз 20 сол аст зимоми умурро дар кишвар дар даст дорад.

Оқои Зойиров тақозо кардааст, ки ба раҳбари "Гурӯҳи 24" иҷоза дода шавад барои баргузории интихоботи шаффоф, озод ва демукротик саҳм бигзорад. Баёнияи раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон дар робита ба боздошти оқои Қувватов нахустин баёния дар ин замина нест.

Рӯзи 11 январ Созмони Афви Байналмилал низ бо пахши баёнияе аз сарнавишти раҳбари "Гурӯҳи 24" дар сурати истирдод ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон мегӯяд дар сурати истирдод оқои Қувватов ба хатари шиканҷа ва соири ашколи бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин созмон мегӯяд мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сурати истирдоди оқои Қувватов тааҳҳудоти байналмилалии худ дар заминаи манъи комили шиканҷа ва бадрафториҳои дигарро зери по хоҳанд гузошт. Афви Байналмилал аз ҳамагон хостааст зери номае унвонии мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷиҳати худдорӣ аз истирдоди оқои Қувватов ба Тоҷикистон имзо бигзоранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi