22:23:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

 Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ. Зарифӣ 28 май сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Нурбердӣ Амонмуродовро ба ҳузур пазируфт. Сафири Туркманистон ба Ҳ. Зарифӣ нусхаи эътиборномаи худро супорид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазъияти имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баҳои мусбат дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт муайян намуд. Вай таваҷҷӯҳи сафирро ба имкониятҳои мавҷудаи вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат ҷалб кард. Вазир дар бораи ҳамкории ҳар ду давлат сухан ронда, зикр намуд, ки вақтҳои охир роҳҳои истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавзӯи баҳсу мунозира ва нофаҳмиҳо ва ҳатто сабаби муташанниҷ гардидани вазъият мегардад.

 

 Ин натиҷаи нодуруст шарҳу тавзеҳ додани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъалаҳо мебошад. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ пеш аз ҳама ба ҳалли проблемаҳои обу энергетикаи минтақа, проблемаҳои экологии баҳри Арал ва сафарбар намудани манбаъҳои он барои ноил гардидан ба рушди устувори ҳамаи мамлакатҳои минтақа равона шудааст.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати ҶТ дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои гидроэнергетикӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ба инобат гирифтани манфиати давлатҳои ҳамсояро пеш гирифтааст.

Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба иштироки Туркманистон дар фаъолияти Консорсиуми байналмилалии анҷоми сохтмони НБО Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафири Туркманистон аз вазъияти муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистон бо кишвараш изҳори қаноатмандӣ карда, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дилпур сохт, ки барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду ҷумҳурӣ бо назардошти умумияти таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии дӯстона ва бародаронаи халқҳои тоҷику туркман кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Наргис Бойахмедова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi