“ДИЛЗАНАК-2013” ЯГОН ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ НАОВАРД
Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран нахустин ҷаласаи солонаи ин ҳукумат дар 20 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бидуни эълони кадом тағйироти кадрӣ ба поён расид.
Ва он ҳам алорағми интизороти маҳофил ва матбуот, ки қабл аз ин ҷаласа дар соли интихобот аз эҳтимоли ба як тағйироти ҷиддӣ дар ҳайъати кобинааш иқдом кардани Эмомалӣ Раҳмон зиёд ҳадс мезаданд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳар сурат, чунин ислоҳот барои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон як амри зарур аст ва шояд бо наздиктар шудани замони интихобот оқои Раҳмон ин қартаро аз бағал берун бикашад, вале дигар ба сурати як гашти пешазинтихоботӣ.
Оромии фавқулодда дар ҷаласаи имсола
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъмулан тасмимҳои муҳими кадриашро дар рӯзҳои ҷаласаи солонаи ҳукумат ва гоҳо ҳатто аз минбари ҳамин ҷаласа эълон мекард. Ин ҷаласаро ба ҳамин далел дар маҳофил “Дилзанак” ҳам ном додаанд. Барои мисол, соли гузашта дар рӯзҳои ҳамин ҷаласаи солона Матлубхон Давлатов - муовини сарвазир, Рамазон Раҳимов – вазири дохила, Нуриддин Саидов – вазири маориф, Рустам Менглиев – вазири адлия ва вазири собиқи амният Хайриддин Абдураҳимов раҳбари кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таъйин шуданд.
Имсол бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интизор мерафт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тағйироти боз ҳам ҷиддитар дар ҳайъати кобинааш иқдом кунад. Як амри дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, ки аз аввали сол маъракаи густардаи ба нафақа гусел кардани ходимони солдидаи идороти давлатиро оғоз бахшид, ба маҳофил аломате дод, ки ин шояд як навъ заминасозӣ барои барканории дастикам 5 узви ба синни нафақа расидаи ҳукумат, ба мисли сарвазир Оқил Оқилови алакай 69-сола, ё вазири энержӣ Шералӣ Гул бошад.
Раҳмон аз ҳукуматаш розист
Пас чаро ин ҷаласа ба фарқ аз ҷаласоти солҳои қабл бидуни кадом тағйироти пурсарусадо поён ёфт? Тарафдорони давлат мегӯянд, арқоми эълоншуда дар ин ҷаласа ҳокии пешрафтҳои кишвар дар соли гузашта буд ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран ба ҳамин далел аз кори ҳукуматаш розист. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд:
“Аз рӯи ҷамъбаст ва баҳое, ки дод, ҷаноби олӣ натиҷаҳоро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ мусбат арзёбӣ кард ва як соли бобарор хонд соли 2012-ро. Аз ин маълум мешавад, ки командааш хуб кор кардааст ва ӯ аз ин команда розӣ ҳам ҳаст.”
Дар назархоҳие, ки қабл аз ҷаласаи ҳукумат миёни хонандагони сомонаи Озодӣ анҷом шуд, 36 дарсад гуфтанд, ки чизеро интизор нестанд, 44 дарсад гуфтаанд, танҳо ҷойивазкунӣ хоҳад шуд ва танҳо 11 дарсад мутмаин буданд, ки тағйироти ҷиддӣ мешавад. Аммо ба як пурсиши ҳафтаномаи “Нигоҳ”, ки оё “кадоми ин масъулинро пагоҳ ба истеъфо фиристодан мехостед?” 16 дарсад раиси “Барқи Тоҷик” Абдуллоҳ Ёров, 14 дарсад вазири энержӣ Шералӣ Гул ва 11 дарсад раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуровро ном бурданд.
Вазирони “яккачин”
Дар маҳофил мегӯянд, чанд омил дар байн буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро бар хилофи фикри дар ҷомиа шаклгирифта аз тасмимҳои муҳими кадрӣ дар рӯзҳои ҷаласаи солонаи ҳукумат манъ кард. Ба ақидаи таҳлигарон, дар Тоҷикистон ҷомиа ягон абзори фишор ё таъсиргузорӣ ба ҳукуматро ҳатто дар ҷараёни интихобот надорад.
Ва ҳукумат, ки инро хуб медонад ва назорати тамоми раванди интихобот - аз пешбарии номзадҳо то шумориши раъйҳо - дар дасташ ҳаст, чандон дар фикри қаноат додани хостҳои ҷомиа намебошад. Аз сӯи дигар, меафзоянд мусоҳибони мо, дар ҳукумати кунунӣ алакай нафароне “яккачин” шудаанд, ки ба тамоми хостҳои оқои Раҳмон ҷавоб медиҳанд ва дар соли интихобот “хафа” кардани, барои мисол, Қосим Қосимов ё ҳамон Шералӣ Гул, ки қудои раисиҷумҳур ҳам ҳаст, аслан барои Эмомалӣ Раҳмон зарурат надошт.
Таҳлилгар Эраҷи Амон мегӯяд, як ҳадафи асосии ҳукумати Раҳмон дар соли 2013 бурдани интихоботи моҳи ноябр аст ва азбаски тими феълӣ аз ӯҳдаи таъмини пирӯзии ӯ мебарояд, оқои Раҳмон ҳам дар 10 моҳи монда то интихобот ларзондани киштии ҳукуматашро салоҳ надонист:
“Тайи 20 соли раҳбарии Раҳмон мо боре надидем, ки ба фикри ҷомиа гӯш диҳанд. Ҳарчиро ки мехоҳанд, ҳамонро мекунанд. Аз тарафи дигар, ин ҳама ба интихобот робита дорад. Ҳоло дар ҳукумат онҳое курсинишинанд, ки лабайгӯи Раҳмонанд ва ҳар амри ӯро бе каму кост иҷро мекунанд. Ӯ имрӯз наметавонист нафарони навро дар он ҷо монад, чунки то интихобот ҳама нозукиҳоро ба онҳо ёд дода намешавад. Барои ҳамин, имрӯз касеро аз кор нагирифтанд.”
Бояд аввал формат маълум шавад
Ба бовари маҳофил, ҳанӯз дар Қасри Миллат як иродаи сиёсии комил ба тағйири ҷиддии кадрӣ пухта нарасидааст. Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилии “Бозтоб” мегӯяд, як сабаби аслии чунин “ором” гузаштани ҷаласаи ҳукумат то ҳол маълум набудани шаклу шеваи ширкати ҳукумат ва формати муносибаташ ба интихоботи моҳи ноябр буд:
“Шояд иқдомҳоеро, ки дар назар гирифтааст, баъдтар эълон кунад. Шояд ягон иқдом ё ислоҳоти ҷиддӣ, ки бисёриҳо интизор доранду дар борааш сӯҳбат мекунанд, сурат ҳам нагирад. Ва агар тасмими ниҳоӣ ба ин бишавад, ки худи ҷаноби Раҳмон ё ягон номзаде ки ӯ мехоҳад, ба интихобот биравад, фикр мекунам, аз аввали баҳор ба баъзе иқдомҳои ислоҳотхоҳонааш оғоз хоҳад кард.”
Ин гаштҳои пешазинтихоботӣ, ба бовари таҳлилгарон, метавонад ҳамон тармими зоҳирии кобина, аз ҷумла рӯфтани баъзе чеҳраҳои бадном аз мансабҳои баланд, ё эълони як қонуни афвро, ки бисёриҳо дар арафаи солгарди 20-уми иҷлосияи 16-ум интизорашро доштанд, дар бар бигирад.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳам эҳтимоли дар моҳҳои баъдӣ даст ба тағйироти кадрӣ задани Эмомалӣ Раҳмонро истисно намекунад: “Мардуми мо ба як чиз одат кардааст, ки бояд ҳатман дар ҷаласаи ҳукумат ягон тағйирот шавад. Ин корро ҷаноби олӣ метавонад баъдан ҳам анҷом диҳад. Дар сурате ки ягон раҳбар ё мансабдор ба талабот мувофиқат накунад, ё камбудӣ зоҳир кунад, ӯро ҳар вақт барканор карда метавонад.”
Тағйирот ногузир аст
Раҷаби Мирзо мегӯяд, таҳаввулоте ки дар ҷаҳон ва минтақа мегузарад ва рӯз то рӯз ба Тоҷикистон ҳам наздик мешавад, як ислоҳоти фарогир дар сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистонро, ки ба ақидаи бисёриҳо, дар ҳоли ҳозир, асосан бар пояи аслҳое, чун маҳалгароӣ, авлодбозӣ ва садоқат ба шахси раҳбар, асос ёфтааст, ба як амри ногузир табдил медиҳад. Ӯ меафзояд:
“Дигар маълум аст, ки ҳукумат бо ҳамин тими мавҷуда дар муқобили он ҷараёнҳое, ки қариб меоянд ё пайдо мешаванд, истодагарӣ карда тавонад. Ҳоло мардумро ҳам дигар намешавад бо шиорҳои мафтункунандае, чун сохтани Роғун, ё сесола захираи орду гандум ба худ ҷазб кард. Пас мемонад як роҳи радикалӣ, ки муборизаро бо дохили худаш шурӯъ бикунад. Аз сӯи дигар, таҷрубаи 20 сол нишон дод, ки аз як ҷо ба ҷои дигар шинондани ин ё он мансабдор ягон мушкилро ҳал накард, балки ҳатто барои худи ҳукумат баръакс мушкилот пеш овард.”
Ба ҳамин тартиб, “Дилзанак”, ки дар маҳофил ба ҷаласаҳои солонаи ҳукумат ном додаанд, ба фарқ аз солҳои қаблӣ имсол ба оромӣ гузашт. Ҳадди ақал дар мазҳари ом ва ҳадди ақал то замоне ки, ба таъбири Раҷаби Мирзо, роҳу шеваи ширкати ҳукумат дар интихоботи моҳи ноябр рӯшан ва тиме, ки Эмомалӣ Раҳмон бо худ ба ин корзор хоҳад бурд, маълумтар шавад.
Вале як мусоҳиби дигари мо дар Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон то ҳол ягон интихоботи пуррақобату демократӣ надошт, ки имсол доир кунад, ва баъид нест, агар Раҳмон ҳадди аксар бо як тармими рӯякии кобинаи худ иктифо карда, бо ҳамин тими қадими санҷидашудааш ба интихобот биравад.
«Озодӣ»