ГУФТУГӮ БО СОБИҚАДОРИ НИЗОМИИ БРИТОНИЁ
Ҷон Бёрч, (John Birch) раиси собиқи Коллеҷи мутолеъоти дифоъии Бритониё ва низомӣ ва сиёсатмадори кӯҳнакори бритониёӣ тӯли ҳафтаи ҷорӣ дар раъси ҳайате аз ин коллеҷ сафари омӯзишии худро аз Тоҷикистон анҷом дод. Оқои Бёрч ҳадаф аз омадани ин ҳайат ба Тоҷикистонро ошноӣ бо вазъи кунунии Тоҷикистон ва омӯзиши зарфияти ин кишвар барои ширкати бештар дар раванди бозсозӣ дар Афғонистон хонд. Ин ҳайат дар ҷараёни сафар бо мақомоти мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла бо Ҳамрхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.
-Бо дарназардошти душвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ, Тоҷикистон чи гуна метавонад дар бозсозии Афғонистон ширкати фаъол дошта бошад?
-Оре, дақиқан Тоҷикистон бо он мушкилоте ки худаш дорад, наметавонад барои Афғонистон кумакҳои иқтисодӣ ва ё низомӣ бикунад, аммо он чӣ тоҷикон метавонад дар дастарсӣ ба сулҳу оромиши воқеъӣ барои кишвари ҳамарзаш бикунад, ин тақвияти муроқибат аз марзи муштараки худ бо Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди мухаддир, аслиҳа ва убури афроди машкук аст. Ҳамчунин бо дарназрдошти он, ки мардумони ин кишварҳо қарнҳои зиёде бо ҳам ба сар мебурданд, ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ ва иҷтимоъии сокинони Афғоннистон ва Тоҷикистон ба суди ҳар ду кишвар хоҳад буд.
-Дар мулоқоти шумо бо мақомоти Тоҷикистон дар ин бора суҳбатҳое анҷом гирифт?
-Оре, паёме, ки мо пас аз мулоқотҳо бо вазири хориҷаи Тоҷикистон ва бархе дигар аз мақомоти ин кишвар дарёфт кардем он буд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низом ӣ надорад ва беҳбуди вазъи иқтисод ӣ метавонад, низоъҳои мав ҷ уд дар ин кишварро ҳал кунад. Ва сиёсати мо дар Афғонистон низ ҳамин аст, мо аз шунидани ин ақида дар Тоҷикистон хушнуд шудем. Қабл аз ҳама худи мардуми Афғонистон бояд бештар барои ҳалли мушкилоти кишварашон талош кунанд. Ва бо таваҷҷуҳ бо он ки дар шимоли Афғонистон бештар сокинони форсизабон ба сар мебаранд ва бо мардуми Тоҷикистон муштаркоти забонӣ, фарҳангӣ ва сунатӣ доранд, ширкати мардуми тоҷик дар ҳалли қазияи он кишвар низ арзанда ба назар мерасад.
-Бо дарназрдошти он ки Русия яке аз шуракои аслии давлати Тоҷикистон аст ва дар ин кишвар пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар мустақарр ҳаст, оё ширкати Русия чун шарики Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи Афғонистон низ назаррас хоҳад буд?
-Ман фикр мекунам, ки Русия метавонад бо кумак барои марзбонони тоҷик дар ин росто нақш дошта бошад. Аммо чун Русия дар гузашта дар Афғонистон таҷриба дошта ва сабақҳое андухтаст, фикр намекунам, ки онҳо дубора тавонанд дар Афғонистон ҳузури бевосита дошта бошанд.
-Ахиран дар бархе аз расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ суҳбат аз он меравад, ки яке аз роҳҳои ҳалли нооромиҳо дар Афғонистон музокира бо толибон будааст. Шумо дар ин маврид чи назар доред?
-Мо аввал бояд ҳуввияти толибонро мушахас шиносем, ки онҳо дақиқан киҳо ҳастанд, ки ин ҳам саволи печидаест. Ба ақидаи шахсии ман, мо бояд бо толибон музокира бикунем, бояд бо онҳо ба тавофуқе дар бораи оянда бирасем. Зеро аз таҷрибае ки ман дар гузашта дар Қибрис доштам, мегӯям, ки он ҷо мо бо портизанҳо меҷангидем ва дертар ба мо пешниҳод шуд, то бо онҳо музокира бикунем. Аввал мо барои музокирот розӣ набудем, вале баъдан водор шудем, ки бо онҳо сари мизи музокирот бишинем ва ба сулҳ бирасем. Мо бояд толибонро ба шуракои худ барои дастрасӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон табдил диҳем.
-Ба назари шумо ҳамкориҳо ва равобити миёни Тоҷикистон ва Бритониё дар чи сатҳ қарор дорад?
-Ман фикр мекунам, ки муносиботи миёни ин кишварҳо дар марҳалллаи кунунӣ бад нестанд. Аммо аз он мутаасифам, ки бо он зарфияте ки дорем, метавонистем кумакҳои бештаре ба Тоҷикистон кунем. Хеле мехостам, ки донишҷӯёни бештаре аз Тоҷикистон дар Бритониё таҳсил кунанд, аммо бо шарте, ки дубора ба ватанашон барои идомаи фаъолият бозгарданд.
Ташаккур барои суҳбат!
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си