20:57:56 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ҲНИТ ХУДРО БАРОИ ИНТИХОБОТИ ОЯНДА ОМОДА МЕКУНАД

Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон аз тариқи баргузории давраҳои омӯзишӣ барои нозирони интихобот ва таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷориро шурӯъ кардааст.

/images/stories/2013/01/30_irpt_30012013.jpgСаидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ин ҳизб ва узви порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ки омода кардани нозирон ва гурӯҳҳои таблиғотӣ фурсат ва заҳмати зиёде мехоҳад, аз ин лиҳоз, ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) корҳоро дар ин самт аз ҳоло оғоз кардааст.

Ҳамзамон, оқои Ҳусайнӣ хабарҳо дар бораи таъсиси Ситоди интихоботии ҲНИТ-ро бепоя хонда ва гуфт, ки ин гуна ситод пас аз баргузории анҷумани ҳизб ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ таъсис хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, ӯ интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷориро барои ин ҳизб як таҳаввули муҳим хонда ва гуфт, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар садад аст дар ин тадбири сиёсӣ фаъъолона ширкат кунад.

Муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт: "Мумкин аст ин ҳизб дар интихобот номзади худро пешниҳод кунад ё аз номзади мустақилле, ки барномааш бо аҳдофи ҳизби наҳзати исломӣ созгор аст, пуштибонӣ кунад."

Интизор меравад тасмими ниҳоӣ дар ин замина дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар остонаи интихобот баргузор хоҳад шуд, иттихоз шавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби ҳокими халқи демукрот гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар пешниҳод хоҳад кард.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки танҳо дар сурати пешниҳоди номзади ягона аз ҷониби аҳзоби мухолифи давлат имкон дорад дар баробари Президент Раҳмон рақиби муносибе пайдо шавад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва узви порлумон, гуфт, ки ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳеч эътилофе напайваста, балки номзади худро муъаррифӣ хоҳад кард.

Иддае аз коршиносон мегӯянд номзади ҲНИТ, ки бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, метавонад дар интихобот бо номзади ҳизби ҳоким рақобат кунад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки дар шароити феълӣ ҷомеъаи Тоҷикистон барои пазируфтани номзади ҳизби наҳзати исломӣ омода нест ва мумкин аст кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, низ аз ин номзад пуштибонӣ накунанд.

Аз ин лиҳоз, оқои Ҳакимов мӯътақид аст: "Дар сурати ҳимояти ҲНИТ аз номзаде мустақил ва ғайриҳизбӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон метавон интизор дошт, ки ин интихобот воқеъан рақобатӣ шавад."

Иқтисоддон Давлати Усмон низ, ки дар интихоботи соли 1999 ба унвони номзади ҲНИТ ширкат карда буд, гуфт, ки ба далели шаффоф набудан ва набуди рақобати солим ширкати номзади ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ "талафи вақт" хоҳад буд.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳуриро, ки аз ҷониби эътилофе аз аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи давлат таҳия ва тавассути намояндагони ҲНИТ ба порлумон ирсол шуда буд, рад кард.

Лағви муқаррароти марбут ба ҷамъоварии имзои 5 дар сад аз раъйдиҳандагон барои сабти номи номзадҳо, эҷоди шароити баробар барои намояндагии аҳзоб дар марокизи раъйгирӣ ва таъмини шаффофият дар натиҷагирӣ аз интихобот аз ҷумлаи ислоҳоти пешниҳодии мухолифон буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi