ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИИ ДАНИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
Пэр Стиг Меллер муътақид аст, ки нақши мушорикати Тоҷикистон дар мубориза бо терурисм дар Афғонистон хеле муҳимм аст. Гуфта мешавад, ки ҳоло чанд фарванд ҳавопаймоҳои низомии Дания, ки дар амалиётҳои низомии Афғонистон саҳм доранд аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе истифода мекунанд.
Ин матлаб рӯзи панҷшанбеи 8 октябр дар дидори Пэр Стиг Меллер, вазири хориҷаи Дания бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ будааст. Президент Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои урупоӣ алоқаманд аст ва изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Урупо дар ҳалли масоили минтақавӣ ба Осиёи Марказӣ мусоъидат хоҳад кард.
Пэр Стиг Меллер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки вай оқои Раҳмонро барои ширкат дар конфронси байналмилалии тағйири иқлим, ки қарор аст, дар моҳи декабр дар Копенгаген, пойтахти Дания баргузор шавад, даъват кардааст. Ҳамчунин оқои Меллер аз мушорикати Тоҷикистон дар амалиёти зиддитеруристии нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон изҳори сипос кард. Вай афзуд, ки “нақши Тоҷикистонро дар таъмини субот дар минтақа калидӣ арзёбӣ мекунад.”
Дар ҳамин ҳол оқои Меллер аз ироаи ҷузъиёти ҳамкориҳои низомии кишвараш бо Тоҷикистон худдорӣ кард. Вале тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, ҳоло 3-4 фарванд ҳавопаймоҳои низомии боркаши “Геркулес-130”-и Дания, ки дар музофоти Ҳилманди Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд, аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва хадамоти пойгони низомии Фаронса дар ин фурӯдгоҳ истифода мекунанд.
Зимнан, тибқи иттилоъи ин манобеъ, дар канори низомиёни Фаронса, ҳамчунин ҳавопаймоҳои борбари низомии Омрико ва Олмон низ барои пур кардани маводди сӯхт дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ист мекунанд. Дар посух ба ин суол, ки давлати Дания барои тақвияти равобит бо кишварҳои мусалмоннишин баъд аз қазияи корикотурҳо чӣ тадобире рӯйи даст гирифтааст, оқои Меллер гуфт: "Дар асл ин мавзӯъ танҳо ба фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ вобаста аст ва давлати Дания наметавонад дар ин замина мудохила кунад.”
Дар моҳи январи соли 2006 рӯзномаи “Jyllands-Posten” Дания бо интишори 12 корикотури Муҳаммад пайғамбар ба бурузи эътирозоти густурда дар кишварҳои мусалмоннишин алайҳи ин кишвар мунҷар шуд. Дар ин эътирозот даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Бархе аз кишварҳои исломӣ фаъолияти сафоратхонаҳои худ дар Данияро муттавақиф сохта, тавлидоти ширкатҳои ин кишварро таҳрим карданд.
Дар ҳамин ҳол вазири хориҷаи Дания баъд аз мулоқоти имрӯзи худ бо президент Раҳмон аз баргузории конфронси байналмилалии бахшида ба Имоми Аъзам, дар шаҳри Душанбе дар оғози ҳафтаи ҷорӣ истиқбол кард. Ба эътиқоди вай баргузории чунин ҳамоишҳо ба дарки дурусти моҳияти мазҳаб ва ҳамзистии намояндагони адёни мухталиф мусоъидат мекунад.
Қарор аст, дидори Пэр Стиг Меллер аз Тоҷикистон боз ду рӯзи дигар идома ёбад ва дар ин муддат вазири хориҷаи Дания бо раванди иҷрои бархе аз тарҳҳое, ки аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мешаванд, ошно хоҳад шуд.
Би-Би-Си