00:55:58 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СТИГ МЕЛЛЕР

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллерро ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Дания ва дар маҷмӯъ бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

 

«Таҳкими равобит бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва мо омодаем бо давлатҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла бо Дания робитаҳои гуногунҷанба дошта бошем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. «Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат мавқеи калидӣ дорад ва мо ба вусъати ҳамкорӣ бо он манфиатдорем», - посух дод Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер.

 

Масоили вобаста ба пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ки моҳи декабри соли равон дар як конфронси ҷаҳонии сатҳи олӣ дар пойтахти Дания шаҳри Копенҳаген баррасӣ мешаванд, мавзӯи асосии сӯҳбат буд.

 

Пер Стиг Меллер иттилоъ дод, ки дар Копенҳаген яке аз ҳамоишҳои Конфронси ҷаҳонии иқлим ба мавзӯи пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо бахшида мешавад, ки барои Тоҷикистон низ бисёр муҳим аст. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили амнияту субот ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон сурат гирифт.

 

Мусоидат ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа аз роҳҳои асосии таҳкиму густариши муносибатҳои судманд маънидод гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва саноатии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти калони минтақавӣ мебошанд, зоҳир карда шуд.

 

Вазири корҳои хориҷии Дания аз мавқеи Тоҷикистон оид ба масоили амнияту субот, ҳалли мушкилоти вобаста ба гармшавии иқлим, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва дигар масоили ҳалталаби минтақавию ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии кишвари худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодӣ бо кишвари мо таъкид намуд.

 

Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи декабри соли равон дар Дания бояд Созишномаи ҷаҳонии Копенҳаген ба имзо расад ва он аз соли 2012 ба баъд ба ҷойи Протоколи Киото оид ба пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра, ки мӯҳлаташ ба охир мерасад, фаъолият хоҳад кард.

 

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854