23:09:23 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НОМАИ МАСЪУД СОБИРОВ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Масъуд Собиров бо ирсоли як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар таҷдиди назар кардани Вазорати адлия дар сабти номи Оинномаи ҳизб, мусоидат кунад.

/images/stories/2013/02/11_masud-sobirov-110213.jpgМасъуд Собиров, ҳамчун раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми феврал ба мо гуфт, ки бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хоҳиш кардааст, ки дар таҷдиди назар кардани Вазорати адлия дар нисбати ин ҳизб кӯмак намояд.

Дар номаи Масъуд Собиров гуфта мешавад, ки “Вазорати адлияи Тоҷикистон бо амалҳои носанҷидаи худ дубора Ҳизби демократро дучори кашмакашҳои дохилӣ кард. Ва ин ҷудоиандозиҳо дар миёни демократҳо огоҳона буда ба хотири таъсири манфӣ расонидан ба ҷараёни омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли 2013 анҷом дода шудааст.»

Масъуд Собиров мегӯяд, вақте Вазорати адлия бо пешниҳоди гурӯҳи демократҳо бо сардории Саидҷаъфар Исмонов Оинномаи ҳизбро дубора сабти ном кард, ягон маротиба ӯро барои рӯшанӣ бахшидан ба ин масъала даъват накард, дар ҳоле, ки матни Ойинномаи аслӣ ва муҳри ҳизб дар дасти вай мебошад.

Ба таъкиди Масъуд Собиров, "пас имрӯз ҳар гуруҳе метавонад аз номи ҲҲДТ, ҲНИТ ва ё ҲКТ ва ё ҳар ҳизби дигаре ҷамъомад баргузор намуда, онро "анҷуман" эълон намояд ва ҳуҷҷатҳои сохтаашро ба вазорати адлия пешниҳод кунаду вазорат бошад бидуни таҳлилу баррасӣ, раиси ғайриқонуниро эътироф намояд."

Дар ин нома омадааст, ки то кунун Вазорати адлия хулосаи расмии худро ба Масъуд Собиров пешниҳод накардааст ва танҳо аз тариқи расонаҳои хабарӣ дар бораи сабти номи Оинномаи ҳизб хабар додааст ва ҳанӯз рӯшан нест, ки раиси аслии ҳизб кӣ мебошад. Масъуд Собиров дар номаи худ аз президент хоҳиш кардааст, ки барои рӯшанӣ андохтан ин қазия аз сӯи Вазорати адлия, мусоидат кунад.

Аммо Қурбон Бобоев, сардори Раёсати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлия рӯзи душанбе ба мо гуфт, ки баргузории анҷумани ҲДТ ин кори дохилии ҳизб аст ва ин ниҳод ба он дахолат накардааст. Вай афзуд, ки пешниҳоди тағйиру илова ба Оиннома кори ҳар ҳизбу созмон аст ва Вазорати адлия муваззаф аст, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ, онро санҷад ва тасдиқ ё рад намояд.

Қурбон Бобоев афзуд, ки анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Оинномаро пешниҳод кард ва дар зарфи бештар аз як моҳ ҳамаҷониба санҷида ва сабти ном шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбон Бобоев, бо сабти ном шудани Оиннома, Вазорати адлия Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси ҳизби демократӣ эътироф мекунад.

Дар моҳи декабри соли гузашта Анҷумани 11-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси раиси нави ин ҳизб интихоб кард. Ин анҷуман бо иштироки 86 нафар вакил аз ҳавзаҳои минтақавии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-уми декабр баргузор шуд.

Дар ин анҷуман, ки онро кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон даъват кард, танҳо ду масъала - ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ва интихоби раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакилон сараввал ба Оинномаи ҳизб чанд тағйир ворид карданд, ки ҳамакнун раиси ин ҳизб ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад.

Ҳамин тавр Вазорати адлияи Тоҷикистон дар таърихи 5-уми феврали соли равон Оинномаи ин ҳизбро дубора сабти ном кард ва аз эътирофи Саидҷаъфар Исмонов ба ҳайси раиси он, хабар дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi