16:53:17 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СТРАТЕГҲОИ АМРИКОВУ ТОҶИКИСТОН ЧИРО БАҲС КАРДАНД?

Аз масоили амнияту иқтисод то эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, озодии баён ва даъват ба интихоботи шаффофи президентӣ аз мавзуъҳои мавриди баҳси машваратҳои дуҷониба буданд.

/images/stories/2013/02/21_mizi-gird-210213.jpg

Блейк дар поёни мулоқотҳояш бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар ин дидору гуфтугӯҳо ҳамкориҳои миёни ду кишварро матраҳ кард ва тааҳҳуду стратегияи дарозмуддати кишвараш дар амри амният ва суботи Афғонистонро таъкид намуд. Ӯ гуфт, дар канори Афғонистон ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико, ҳамчунин таъмини амнияти марзҳо, мубориза бар зидди маводи мухаддир ва терроризмро фаро гирифтаанд.

Масъалаи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва ҳамчунин интихоботи раёсати ҷуҳмур дар соли 2013, аз мавзӯҳое буд, ки Роберт Блейк дар рӯзи аввали сафари дурузааш бар аҳамияти онҳо таъкид кард. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки барои баргузории як интихоботи шаффофи президентӣ бо бо САҲА ҳамкорӣ кунанд:

«Мо бовар дорем, ки бояд як интихоботи бисёрҳизбӣ баргузор шавад. Албатта, ҳизби ҳукмрон метавонад номзади худро интихоб ва пешниҳод кунад, аммо дигар ҳизбҳо ҳам бояд ин имконро дошта бошанд. Боз таъкид мекунам, ки ҳукумат дар ҳамкорӣ бо САҲА ва дигарон бояд бикӯшад, ки як интихоботи озод, шаффоф ва мунсифонаро ба намоиш гузорад».

Намояндаи вижаи котиби давлатии ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар садри як ҳайати амрикоӣ ҷиҳати ширкат дар даври чоруми машваратҳои сиёсии кишвараш ва Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Ҷониби Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ сарварӣ мекард. Аммо ин машваратҳои пушти дарҳои баста баргузор шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натиҷаи машваратҳои сиёсии миёни ин кишвар ва ИМА-ро муассир арзёбӣ кардааст.

Давлат Назриев, сарвари Департаменти иттилооти ва таҳлили вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин даври машваратҳои дуҷонибаи кишварҳо рушди иқтисод ва тиҷорат, таъмини муҳити солими сармоягузорӣ, вазъи ҳуқуқи башар, озодии баён, дин ва эътиқод, амнияти марзҳо ва мубориза бар зидди маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ӯ гуфт, масъалаҳои рушди зерсохторҳои нақлиётӣ ва марзӣ, амалӣ кардани тарҳҳои роҳи оҳан ва обу муҳити зист низ аз мавзӯҳои ин нишаст буданд. Ҷаноби Назриев дар шарҳи хусусияти ин машваратҳои сиёсӣ гуфт, ки онҳо солона ду бор баргузор мешаванд ва ҳадаф шарҳи вазъият  ва мушкилоти ҳамкориҳои дуҷониба аст:

«Дар соҳаҳое, ки ман номбар кардам, албатта, муваффақиятҳо дорем ва бархе мушкилот ҳам ҳастанд, бахусус масоили иқтисодӣ. Аммо нишондодҳое ҳастанд, ки ду ҷонибро қаноатманд карда наметавонанд. Масалан, табодули мол, ё вуруди сармояи амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон. Ин гуна масъалаҳо ҳастанд ва тасмим гирифтанд, ки корро сари ин масъалаҳо идома медиҳанд».

Роберт Блейк ҳам изҳор дошт, ки барои  вуруди бештари сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат мусоидат мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, Амрико дар оянда санади «Ҷексон – Веник» - ро ки дар тиҷорат бо кишварҳое назири Тоҷикистон маҳдудият эҷод кардааст, бозбинӣ мекунад.

Аммо Давлат Назриев мегӯяд, дар машваратҳои сиёсӣ масоили низомӣ баррасӣ намешаванд, аз ҷумла ин, ки то куҷо барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон қаламрави Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.

Гардиши мол миёни Амрикову Тоҷикистонро мақомот назаррас арзёбӣ намекунанд. Ин рақам чизе бештар аз 300 миллион долларро ташкил медиҳад, аммо бино ба маълумоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин кишвар бузургтарин кӯмакрасони Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки шурӯъ аз соли 1991 то ба ҳол ҳудуди 1 миллиард доллар кӯмак кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, машваратҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе бо раҳбарии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА, баргузор шуд ва ҳамчунин намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ низ ширкат карданд.

Зимнан, нахустин мушовараи сиёсии ду кишвар моҳи феврали соли 2010 дар шаҳри Вашингтон доир шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар солҳои 2011 ва 2012 дар Душанбе ва Вашингтон баргузор шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi