21:34:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИҚОДИ РАҲМОН АЗ ФАСОД ДАР НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ

 

 Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки фаъолияти нерӯҳои марзбонии кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир чандон муассир набудааст. Президент Раҳмон аз вуҷуди мавориди фасод ва суистифода аз мақом дар суфуфи нерӯҳои интизомӣ, амниятӣ ва низомии Тоҷикистон изҳорӣ нигаронӣ кардааст. 

Ин матлаб рӯзи панҷшанбе, 28 май, дар ҷараёни баргузории маросими таҷлил аз 15-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчанд дар як соли ахир коҳиши иртикоби ҷароим аз сӯйи низомиёни тоҷик мушоҳида шудааст, вале бо ин вуҷуд ин раванд нигаронкунанда боқӣ мемонад. 

Ба гуфтаи вай, бархе аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва низомӣ ҳамчунон даст ба аъмоли марбут ба фасод мезананд. Оқои Раҳмон хабар дод, ки танҳо дар соли гузашта ҳудуди сад тан аз кормандони ин ниҳодҳо ба далели даст доштан дар сирқати маболиғи буҷет, ришваситонӣ ва суйистифода аз мақом ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. 

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи вай, аз соли 2004 бад ин сӯ, 485 нафар маъмурони интизомӣ ва 4070 низомии тоҷик даст ба аъмоли ҷиноӣ задаанд. 

Президент Раҳмон аз масъулони Вазорати дифоъ, кишвар, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати марзбонӣ, куимтаи умури изтирорӣ, Горди миллӣ, Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир ва Ожонсии мубориза бо фасод, додгоҳҳо ва додситонӣ даъват кард, ки суфуфи ин ниҳодҳо "аз афроди тасодуфӣ ва таммаҷуй" поксозӣ шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштааст, ки фаъолияти нерӯҳои марзбонии кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир чандон муассир набудааст. 

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир дар фаъолияти марзбонон авлавият дорад, вале дар соли гузашта ин ниҳод танҳо 1350 килугромм маводди мухаддиррро кашф ва мусодира кардаанд ва дар ин робита бист шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст. 

Ба эътиқоди президенти Тоҷикистон, ин рақам хеле кам аст, зеро ниҳодҳои дигари интизомӣ дар кишвар дар маҷмуъ беш аз ҳашт тунн маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд. 

Вай ҳамчунин гуфтааст, ин дар ҳолест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон дар ин муддат 287 табаъайи тоҷик бо 693 килугромм маводди мухаддир боздошт шудаанд. 

Ба эътиқоди президент Раҳмон, дар ин замина адами ҳамгиройӣ дар фаъолияти нерӯҳои марзбонӣ, Идораи гумрук ва Ожонси муборизаи маводди мухаддир эҳсос мешавад. 

Оқои Раҳмон афзудааст, дар шароите, ки пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар эҳсос мешавад, таъмини амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар бояд дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор дошта бошад. 

Дар ҳамин ҳол, бештаре аз соҳибназрон муътақиданд, ки мизони пойини ҳуқуқ дар суфуфи ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва низомӣ омили аслии даст задани кормандони онҳо ба ҷиноят будааст. 

Ришваситонӣ, ки аз маъмултарини ин ҷароим маҳсуб мешавад, ба эътиқоди соҳибназарон дар фаъолияти куллия ниҳодҳои интизомӣ ва аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ мушоҳида мешавад. 

Зимнан, ахиран гузориш шуда, ки Додситонии низомӣ алайҳи се маъмури марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин афрод барои мусоъидат ба убури ғайримуҷози атбъои тоҷик аз марзи ин кишвар ба Афғонистон мазнун дониста мешаванд. 

Дар ҳамин ҳол, президент Раҳмон дар ҳамоиши таҷлил аз 15-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки тақвияти ҳифозати марзи ин кишвар бо Афғонистон на танҳо бозгуи манофеъи кишварҳои ҳамсуд аст, балки ба чигунагии таъмини амнияти Иттиҳодияи Урупо низ таъсир мегузорад. 

Интиқоди президент Раҳмон аз ниҳодҳои амниятии кишвараш замоне сурат мегирад, ки гузоришҳо аз масдуд шудани марзҳои шимолии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон аз суи масъулини марзбонии Ӯзбакистон ҳикоят мекунанд. 

Ба дунболи даргирии афроди мусаллаҳ бо неруҳои давлати Ӯзбакистон дар шаҳрҳои Хонобод ва Андиҷон дар наздикии марзи ин кишвар бо Қирғизистон рӯзҳои 25 ва 26 май баста шудани марзҳои миёни ду кишвар гузориш шуда буд.

www.bbc.co.uk/tajik 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi