04:48:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД ИБРОҲИМИ НАЗАР: «УСТОД НУРӢ НАГУЗОШТ, КИ МАКТАБИ ОЛИРО ТАРК НАМУДА …»

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» тасмим гирифтааст, ки дар арафаи солгарди таъсисёбии ҲНИТ бо як қатор собиқадорони ин ҳизб мусоҳибаҳо ороста ба муштариёни гиромии хеш дар бораи таърихи чилсолаи ин ҳизб аз забони худи аъзоёни он маълумоти бештаре дар ихтиёр гузорад. Нахуст бо Саид Иброҳими Назар, яке аз муассисони Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муовини аввали раиси ин ҳизб дар солҳои 1990-1992 сӯҳбат меороем. Дар оғоз аз ӯ хоҳиш мекунем, ки зиндагиномаи хешро мухтасаран ба мо шарҳ бидиҳад.

/images/stories/2013/02/28_2-said-ibrohimi-nazar-2013.jpg-Дар деҳаи Кули ҷамоати Даҳанаи вилояти Кӯлоб дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудаам. Худораҳматӣ падарам сӯфӣ Назар ҳам илмдӯстдор буд ва ҳам диндӯстдор буд. Муллоҳоро дӯст медошт. Ба хонаи домулло Хӯҷаи Лавова рафтуомад мекард. Дар 40-45 солагиаш падарам қуръонхон шуд. Падарам ҳар сари чанд вақт ба мактаб барои фаҳмидани равиши таълиму тарбияи фарзандонаш мерафт ва дар дарсҳои муаллимон ҳузур медошт.

Ҳамзамон бисёр мехост, ки мо фарзандонаш, донишҳои динии мукаммал дошта бошем. Аз ин рӯ ҳангоме, ки синфи се ё чор мехондам, маро ба пеши муллои деҳаамон, мулло Қодир, барои сабақ гирифтан бурд. Вале мулло Қодир рад кард. Гуфт: «Ман барои бачаи ту нав акнун мадраса бунёд мекунам?». Оби чашми падарам рехт. Қиблагоҳам бо муллоҳои зиёде рафтуомад дошт. Азҷумла бо мулло Фарез, мулло Булбул ва ғайра.

-Пас дар назди кӣ таълими аввалияи диниро гирифтед?

-Падарам чанд рӯз пас маро ба деҳаи Девонахоҷа ба назди мулло Фарез бурд. Ин деҳа аз қаряи мо тақрибан 5-6 километр дуртар ҷойгир шудааст. Ҳамон вақт тахминан дар синфи чор ё панҷ мехондам. Падарам дар аввали сӯҳбат ҷуръат накард мақсади омаданашро ба домулло бигӯяд. Домулло дар охир худаш аз падарам мақсади ташриф овардани қиблагоҳамро пурсид. Падарам тарсида- тарсида мақсадашро гуфт. Домулло ҳамон замон рӯй ба сӯи қибла карду даст ба дуо бардошт ва аз Худои бузург хост, ки аз шогирдони қобилаш бошам.

Худи ҳамон рӯз ман дар хонаи домулло Фарез монда ба гирифтани дарсҳои динӣ шурӯъ кардам. Танҳо як ҳафта баъд ба хона баргаштам. Ҳамин тариқ то синфи 10-ум ман қариб ҳар рӯз ба назди домулло Фарез рафта сабақ мегирифтам. Дар ҳамон ҷо форсихон шудам. Қуръону фарзу айн ва чоркитобро дар пеши ҳамин домулло фаро гирифтам. Мактабро низ хуб тамом кардам ва соли 1976 ба шӯъбаи дастгоҳ ва асбобҳои мошинсозии факултети механикӣ ва технологӣ Институти Давлатии Политехникии Тоҷикистон дохил шудам.

-Таҳсил дар Институт чӣ тавр ҷараён гирифт?

-Дар Институт ҳам хуб мехондам. Аз соли дуввуми таҳсил шурӯъ карда то охири таҳсил акси ман дар лавҳаи фахрии беҳтарин донишҷӯёни Институт овезон буд. Барои як фарзанди деҳқони оддӣ ин хеле пешравӣ буд.

Шурӯъ карда аз курси 2 стипендияи ҳаҷман бештар мегирифтам. Ҳамзамон маро ба сифати лаборанти яке аз кафедраҳои Институт ба кор қабул карданд. 62 сӯм стипедия ва 45 сӯм лаборантӣ маош мегирифтам. Худам худамро таъмин мекардам. Намозҳоямро дар вақташ мехондам. Дар курсҳои болотар вақт ёфта рафта аз баъзе муллоҳо сабақ мегирифтам. Каме сарфу наҳв хондам. Хулоса, баъзе донишҳои ибтидоиямро такмил кардам. Дар ҳамин давра бо як муллобачае, ки ӯро Абдуллоҳи хурдӣ мегуфтанд, шинос шудам. (Ӯро Абдуллоҳи Хаттоб низ мегуфтанд.

Дар асл Додхудоев Абдураҳмон ном дошт ва соли 1958 дар деҳаи Ҷӯи Бодоми ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд шудааст. Таълими диниро дар пеши шодравон домулло Қиёмиддин, Эшони Саидимрон, мулло Эшонҷон, махсуми Убайдуллоҳ ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гирифтааст. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Заруриёти динӣ» мебошад. Соли 1992 дар ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳодат расидааст. С.Ҳ.») Ӯ ба ман зиёд таваҷҷӯҳ кард. Зеро аз Кӯлоб будану донишҷӯ будан ва ҳамзамон аз дин бохабар будан дар он замон хеле падидаи нодир буд.

Аз ман се-чор сол калонтар буд. Бо як шиносоӣ рафиқ шудем. Адреси худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ман дод. Ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст: кӯчаи Маданият, 49, А. Баъд як рӯз ба наздаш рафтам. Дарро ба рӯям як писарбача кушод. Гуфтам, ки ба ман Хитобов Абдулло даркор. Он писарбача чизе нагуфта саросемавор дарро пӯшиду дохил даромад. Баъди лаҳзае худи Абдуллоҳи Хурдӣ аз хона баромада баробари маро дидан хандид. Гуфт:

-Бачаҳоро тарсондӣ. Дар ин ҷо номи маро ба он тарзе, ки гуфтӣ, касе намегирад.

Ба дохили хона даромада то дер сӯҳбат кардем. Баъд аз ин қариб ҳар моҳ ман ба назди Абдуллоҳи Хитоб мерафтам ва сабақ мегирифтам. Боре дар ин ҷо ман бо мулло Абдуллоҳи Калонӣ, яъне устод Нурӣ, ҳамсӯҳбат шудам. Рости гап, то ҳамон замон ман дар бораи мулло Абдуллоҳи Калонӣ ягон маълумот надоштам. Фикр мекунам, сӯҳбати мо низ тасодуфӣ набуд. Тарҳрезишуда аз сӯи устод ва Абдуллоҳи Хурдӣ буд. Ин тақрибан ба тирамоҳи соли 1978 рост меояд. Бо устод хеле сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Пурсид, ки падарам кист, чи кора аст, дар пеши кӣ таълими динӣ гирифтам ва ба ҳамин монанд боз саволҳои дигар дод.

Баъди сӯҳбат, вақте, ки дар Душанбе аз баъзе одамҳои наздик ва эътимоднок дар бораи мулло Абдуллоҳи Калонӣ пурсидам, хеле зиёд тавсифу таърифашро карданд. Чун фаҳмиданд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шудам, хеле тааҷҷуб карданд, ки чи тавр ба ман муяссар шуд, ки бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам. Рости гап, баъзе устодонам ба ман ҳасад низ бурданд. Ман ҳамон вақт фаҳмидам, ки бо одами хеле бузурге ҳамсӯҳбат шудаам.

-Аз ҳамон давра дар бораи устод Нурӣ боз чӣ хотираҳое дар ёди шумо нақш бастааст?

-Охирҳои курси саввум буд. Дар таълими донишгоҳӣ ягон мушкиле надоштам. Вале шавқи аз худ кардани донишҳои исломӣ дар ман чунон боло гирифт, ки лозим донистам рухсатии академикӣ бигираму ба омӯзиши дарсҳои динӣ ҷиддитар машғул шавам. Ин ниятамро ба Абдуллоҳи Хурдӣ дар яке аз сафарҳоям ба Қӯрғонтеппа гуфтам. Абдуллоҳи Хурдӣ дар навбати худ ин суханҳоро ба мулло Абдуллоҳи Калонӣ, яъне устод Нурӣ, мерасонад. Баъдан дар як сӯҳбате, ки доштем, устод Нурӣ ба ман муроҷиат карда гуфт, ки аз ин ниятам даст кашам.

Хонданамро дар Институт идома диҳам. Баръакс, кӯшиш кунам, ки боз хубтар хонам…«Барои мо инженер, духтур, мутахассисони дигар соҳа, ки тақводор бошанд, мусалмон бошанд, даркоранд. Таҳсилатро идома деҳ». Ҳамзамон азхудкунии дарсҳои диниямро низ бе таваққуф идома диҳам. Хулоса, ман маслиҳати устодро гирифта Институтро бо баҳои аъло дар вақташ хатм кардам. Устод Нурӣ агарчи аз ман 12 сол калон буд, вале бо ман ҳамчун бо як дӯсташ муомила мекард. Бояд гуфт, ки устод як хислати хуб дошт. Ҳеҷ вақт худашро аз дигарон боло намегирифт.

Ҳамин тариқ ҳангоми дар курси панҷум хондан дар пеши домулло Маҳмадсаиди Язгуломӣ дарси исломӣ мегирифтам.

Соли 1979 ман аллакай аз мавҷудияти як ташкилоти динии пинҳонкор воқиф шудам. Чунки ҳангоми сӯҳбатҳояш бо ман устод Нурӣ гоҳ-гоҳ аз вуҷуд доштани чунин ташкилоте ҳарф мезад.

-Аниқ чӣ мегуфт устод? Ташкилот, созмон, ҷамъият ё ҳизб?

-Аниқ дар ёдам намондааст, вале бо эҳтимоли зиёд калимаи ташкилотроо истифода мебурданд. Шояд устод ҳамон вақт дар бораи ману хешовандони ман аз домулло Хӯҷаи Лавова ва мулло Булбул пурсида бошад ва эътимодаш ба мо зиёд шуда бошад. Мулло Булбул низ аз олимони хуби давр буд. Ӯ қироати хуб дошт. Дар мадрасаҳои Бухоро низ хонда буд. Ман мулло Булбулро солҳои ҳафтод вақте, ки дар мактаби миёна мехондам, дида будам.

Соли 1979 ман аллакай аъзои расмии ташкилот будам. Дар баъзе ҷаласаҳо моро даъват мекарданд, баъзе супоришҳо медоданд. Баъди хатми Институт устоди донишгоҳиям Қурбонов Ҳайдар Қурбонович, нахустин доктори илмҳои техникӣ дар соҳаи техникӣ дар Тоҷикистон, мехост, ки ба кори илмӣ машғул шавам. Худо раҳматаш кунад, одами бисёр хуб буд, мутаассифона, баъди ҳамин ҷангҳо кушта шуд. Ӯ мехост, ки ман дар Институт бимонам.

Вале як қатор омилҳое буданд, ки сабаб шуданду ман ба заводи Кӯлоб (КОЗТО) ба кор рафтам. Ин соли 1981 буд. Мулло Абдураҳимро ман аввалин бор дар Кӯлоб дидам ва ҳамон ҷо бо ӯ шинос шудам. Дар завод маро ба кори хуб қабул карданд. Баъдан дар давоми як сол аллакай ман ба сатҳи ҷонишини раиси шӯъбаи техникӣ расидам. Корҳоям хуб буданд. Дар ин ҷо ман ҳам дарс медодам ва ҳам худам таҳсиламро давом медодам.

ӣ шуморо водор сохт, ки он замон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Қӯрғонтеппа биравед?

-Шавқи таҳсил боз боло гирифт. Тахминан охирҳои соли 1984 ва ё аввалҳои соли 1985 ба Қӯрғонтеппа рафтам. Дар муассисаи гармидиҳии шаҳр ба ҳайси инженери хадамоти садамавӣ ба кор қабул шудам. Як шабонарӯз кор мекардам, се шабонарӯз дам мегирифтам. Дар айни замон таҳсиламро дар ин ҷо давом додам. Ман бархилофи қоидаҳои маъмул, ки толибилмон одатан дар пеши як устод мехонданд, банда дар як вақт аз ду устод, мулло Абдуллоҳи Хаттоб ва мулло Айёмиддин Сатторов сабақ мегирифтам. Дар пеши инҳо боз сарфу наҳв мехондам, таърихи ислом, тафсиру ҳадис ва ғайраро мехондам. Ин тахминан яку ним сол давом кард, ки мулло Абдураҳим омад ва хоҳиш кард, ки маро боз ба Кӯлоб фиристонанд. Соли 1986 ба Кӯлоб баргаштам. Дар Кӯлоб бештар ба таълими толибилмон машғул мешудам. Соли 1986 ба сабаби хабардор шудани мақомоти амниятӣ аз фаъолияти пинҳонкории мо як муддат кори худро суст кардем.

-Устод Нурӣ соли 1986 боздошт гардид ва баъдан ӯро ба муддати якуним сол маҳбус намуда ба Сибир бадарға карданд.

-Бале, Соли 1988 устодро хабаргирӣ ба Сибир рафтем. Аввал Хабаровск рафтем, аз он ҷо ба Комсомолск на Амуре ва аз Комсомолск на Амуре ба Амурск гуфтани шаҳрчаҳаке будааст, ҳамон ҷо рафтем. Устод дар ҳамон шаҳрак мӯҳлати ҷазоро мегузаронд. Вале мо устод Нуриро надидем. Зеро як ҳафта пеш аз рафтани мо он касро ҷавоб дода буданд. Аммо мулло Неъматуллоҳи кӯлобиро, Худо раҳматаш кунад, дар ҳамон ҷо пайдо кардем. Дар ҳамин ахир онҳоро якҷо карда будаанд. Онҳо дар ҳамин шаҳрча ҳуқуқи озод гаштанро доштаанд, вале то адои ҷазо на хориҷ шуданро аз он ҷо.

-Шумо ҳамон вақт бо исломхоҳони Русия дар тамос будед, ё иртибот доштед?

-Соли 1989 иртиботи роҳбарони ҳаракат бо хориҷиён зиёд шуд. Махсусан бо мусалмонони Русия. Мо бо намояндагони ҳаракатҳои исломии ғайрирасмии Қафқоз, азҷумла Доғистон ва Чеченистон робита барқарор кардем. Мо Муҳаммад Салоҳиддинро аз Тотористон мешинохтем, Аҳмад Қозӣ Ахтаеви доғистониро мешинохтем. Бо онҳо ҳамон замон дар хусуси таъсиси як ҳизби исломии умумииттифоқӣ машваратҳо мекардем. Билохира соли 1990 тасмим гирифта шуд, ки Анҷумани таъсисии Ҳизби НИ ИШ дар Астрахан баргузор гардад.

Дар ҳамон қаторае, ки ба Астрахан мерафтем, мо аъзои Наҳзати Исломии Тоҷикистон тақрибан 35-40 нафар будем. Азҷумла устодам мулло Абдуллоҳи Хаттоб низ буд. Умуман аз Тоҷикистон дар ин анҷуман 80 нафар вакил буд. Боқимондаҳо бо дигар роҳҳо ба Астрахан рафтанд. Мо ба Астрахан тақрибан нисфи шаб расидем. Аниқтараш истгоҳе, ки мо бояд мефаромадем, аз Астрахан дар масофаи сӣ-чил километр дур воқеъ буд. Шаб автобус набуд. Касе набуд, ки моро пешвоз гирад. Ин анбӯҳи одамон дар як шаҳри бегона таваҷҷӯҳи кормандони мақомоти дохиларо ба худ ҷалб кард.

Пеши роҳамонро гирифта пурсиданд, ки аз куҷоему ба чи кор ба ин шаҳр омадаем. Рости гапро гуфтем. Боз пурсиданд, ки роҳбаратон кист? Касе ҷавоб надод. Баъд аз ин банда гуфтам, ки ман роҳбари ин гурӯҳ ҳастам. Дигар бо ман саволу ҷавоб мекарданд. Маълум буд, ки аз баргузории Анҷуман хабардор ҳастанд. Моро ба ҳамон маҳали баргузории Анҷуман бурданд. Рӯзи дигар Анҷуман баргузор гардид. Рости гап, аз тарафи мақомоти амниятӣ ва ё дохила кӯшиши халалдор кардани кори Анҷуман буд. Вале ба ҳар ҳол Анҷуман баргузор гардид.

-Ҷараёни Анҷуман чӣ гуна гузашт?

-Вакилони Тоҷикистон хеле фаъол буданд. Дар тақдирам будааст, ки маро муовини аввали раиси ҲНИ ИШ интихоб карданд. Раиси ҳизб Аҳмад Қозӣ Ахтаев, олими хуби исломӣ, ки табиби хуб низ будааст, интихоб гардид. Забони русиву арабиро хеле хуб медонист. Дар ин Анҷуман Муҳаммад Салоҳиддин аз Тотористон, Ҳайдар Ҷамол аз Маскав буданд. Вакилон аз Озарбойҷон, аз Доғистон, аз Чеченистон буданд. Аз Ӯзбакистон як ё ду нафар буданд. Анҷуман гузашт. Мақомоти ҳизб интихоб гардид.

Қароргоҳ Маскав муайян шуд. Аз вакилони тоҷикистонӣ Сайид Умар Ҳусайнӣ дар ҳайати комиссияи тафтишотӣ буд, Давлат Усмон раиси шӯъбаи ташкилии ҳизб интихоб шуд. Банда бо ҳамроҳии раис Аҳмад Қозӣ Ахтаев Масква рафтем то ҳизбро дар мақомот расман сабти ном кунем. Моҳи июли соли 1990 Ҳизби НИ ИШ расман дар вазорати Адлияи СССР ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ аз моҳи июни соли 1990 то моҳи ноябри соли 1991 ман расман корманди ҲНИ ИШ будам ва дар Маскав зиндагонӣ мекардам. Моҳе як маротиба ба Тоҷикистон меомадам.

-Ин кор бо роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон ҳамоҳанг шуда буд?

-Бале, аслан дар ҳамон ҲНИ ИШ ҳам ҳама бо маслиҳати устод Нурӣ кор мекарданд. Ҳамеша маслиҳатҳои ӯро ба инобат мегирифтанд. Аҳмад Қозӣ Ахтаев устод Нуриро хуб мешинохт ва эҳтиром мекард. Ягон қарори ҷиддиро бе машварат бо устод Нурӣ қабул намекард.

-Баъди богашт аз Астрахан дар Тоҷикистон касе ба сари шумо фишор наовард? Зеро акнун ҳам шуморо мешинохтанд, вале дар Тоҷикистон намехостанд ин ҳизбро эътироф кунанд.

-Ман вақте, ки ба Кӯлоб, ба хона омадам ба ман гуфтанд, ки чанд маротиба шудааст, ки ҳам аз мақомоти дохила ва ҳам аз мақомоти амниятӣ нафарҳое туро суроғ карда ба хона меоянд. Хулоса баъди омадани ман ҳам чанд нафаре омаданду хостанд, ки маро ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр баранд. Гуфтам: «Бе даъватнома ман ба ҳеҷ куҷо намеравам. Марҳамат, расман даъватнома биёред, ман аз қонун итоат мекунам». Ҳамин тариқ даъватнома оварданду маро ба идораи милисаи шаҳр бурданд. Дар он ҷо чанд нафар ҳамзамон бо ман сӯҳбат мекарданд. Корманди мақомоти дохила тунду тез бо ман сухангӯиро шурӯъ кард. Ба ӯ гуфтам, ки оҳиста гап занад. Ман на ягон муттаҳам ҳастаму на ягон ҷинояткор.

Агар гап дар бораи ҲНИ ИШ равад, ба Шумо ҳамчун раҳбари дуввуми он эълон медорам, ки ин ҳизб дар вазорати адлияи СССР номнавис шудааст. Шумо ҳақ надоред бо ин оҳанг бо ман гап занед. Ва аз ҷоям хестам. Гуфтам: «Ман ин тарзи муомиларо қабул надорам». Дар ҳамин вақт як нафари дигаре, ки зоҳиран корманди мақомоти амниятӣ буд ва хеле зирак ба назар мерасид, ба тарафи ҳамон корманди милиса рӯ оварда гуфт: «Ман як чиз мегӯям. Дар давоми 70 соли даврони шӯравӣ мо аз Тоҷикистон, ягон нафаре, ки дар ягон созмони умумииттифоқӣ шахси дуввум ба ҳайси раҳбар бошад, надоштем. Барои ман фарқ надорад, ки он ҳизби исломӣ ҳаст ва ё ягон ҳизби дигар. Шахсан ман фахр мекунам, ки ин мардак тоҷик аст ва роҳбари як ҳизби умумииттифоқӣ». Баъд аз ин суханони корманди амниятӣ бо ман муносибати дуруст карданд ва баъди сӯҳбати на чандон тӯлоние маро ҷавоб доданд.

- Шӯъбаи тоҷикистонии ҲНИ ИШ-ро чӣ гуна ташкил кардед?

- Ин моҳи октябри соли 1990 буд. Ман аз Маскав омадам. Тамоми омодагиҳоро дидем. То лаҳзаи охирин тасмим нагирифта будем, ки конференсияи таъсисиро дар куҷо мегузаронем. Вакилонро, ки тақрибан 500 нафар буданд, бо риояи эҳтиёткорӣ дар хонаҳои аъзо ва роҳбарони ҳизб ҷо ба ҷо кардем. Рӯзи баргузории конференсия, 6-уми октябр, маҳалли баргузории конференсияро муайян кардем, ва тақрибан 40-50 мошини сабукравро омода сохтем, ки вакилонро сари вақт ба он ҷо, ки дар маҳаллаи Чортути ноҳияи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ буд, бубаранд.

Дар роҳ аз ҷумлаи шогирдони навраси худ сари ҳар чандсад метр дар даст латта роҳнишондиҳанда гузошта будем. Хулоса мақомоти амниятӣ аз кори конференсия танҳо баъди он хабардор шуданд, ки мо тамоми масъалаҳоро дида баромада қарори худро дар бораи таъси бахши тоҷикистонии ҲНИ ИШ қабул карда будем. Баъди он ки мақомоти дохила ва амниятӣ ба идомаи кори конференсия иҷозат надоданд, маро ва боз чанд нафари дигарро гирифта ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ленин бурданд. Дар он ҷо дар як муддати кӯтоҳ аз болои мо гӯё барои вайрон кардани қоидаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода ҳамон замон парвандаро ба суди ноҳия фиристоданд ва суди ноҳия ҳамон лаҳза парвандаро баррасӣ кард.

Дар вақти баррасии парванда дар ёдам ҳаст, ки раисикунанда бо як тарзи дағал бо ман муомила мекард. Ӯ ба ман рӯи рост гуфт, ки исломатро рафта дар ҷангал соз, дар Эрон соз. Ин ҷо барои ту ҷо нест. Ба ӯ гуфтам, ки ман шаҳрвандӣ ҳамин кишварам ва тибқи конститутсия аз ҳаққи шаҳрвандиям дифоъ карда истодаам. Хулоса эълон кард, ки маро 15 шабонарӯз ҳабс кунанд, вале дар берун аз чӣ сабаб бошад, ки гуфтанд 500 сӯм ҷарима супорам, ман аз ҷазо озод. Дигаронро низ ба ҳамин тарз ҷазо ва сипас ҷавоб доданд. Ҳамин тариқ яку ним сол ман муовини аввали раиси ҲНИ ИШ будам.

-Дар давраи табадуллоти августии соли 1991 дар Маскав, ки бо номи табаддулоти ГКЧП машҳур аст, шумо дар куҷо будед?

- Ман ҳамон вақт дар Тоҷикистон будам. Ҳамон рӯзи оғози табаддулот бояд ба Маскав мерафтам. Вале ҳам дар ин ҷо ва ҳам дӯстони маскавӣ аз он ҷо тавассути телефон маслиҳат доданд, ки як чанд рӯз аз сафар ба Маскав худдорӣ кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Баъди дар Маскав ором шудани вазъият ба он ҷо рафтам, ки аллакай дари ин ҷо вазъият бӯҳронӣ шуда буд. Мардум ба майдон рехтанд. Мардум аз мавқеи дар қиболи ГКЧП гирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ норозӣ буданд ва ба нишонаи эътироз ба майдон баромаданд. Дар байни онҳо аъзои ҲНИ ИШ низ буданд.

Вале ман он вақт дар ин ҷо набудам. Аллакай Маскав рафта будам. Лекин медонам, ки ҳамон гирдиҳамоии моҳи августии соли 1991 билохира бо истиқлоли давлатии Тоҷикистон оварда расонд. Баъдан гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони ҳам ҳукумати вақт ва ҳам мухолифони ҳукумат, яъне нирӯҳои муттаҳидаи исломӣ -демократӣ дар майдони «Озодӣ» яке паси дигаре шуд. Бо талаби митингчиёни мухолифини ҳукумат ҳайкали Ленин дар майдони марказӣ поин карда шуд. Ёдатон бошад ҷонибдорони Ҳизби Коммунист барои барчидани ҳайкали Ленин тазоҳурот карданд ва Шӯрои Олӣ талаби онҳо, яъне манъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломиро ба инобат гирифт.

Дар навбати худ ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва нирӯҳои демократӣ гирдиҳамоӣ карданд, ки ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолияти расмӣ дода шавад. Ҳамчунин талаб карданд, ки фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ ва моликияти он миллӣ карда шавад, интихоботӣ президентӣ баргузор гардад. Шӯрои Олӣ ин талаби иштироккунандагони митинги ҷонибдорони нирӯҳои исломӣ-демократиро ба инобат гирифта ба ҳукми қонун даровард. Агарчи фаъолияти Ҳизби Коммунист манъ нашуда бошад ҳам, моликияти Ҳизби Коммунист миллӣ кунонда шуд. Ба Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон расман иҷозати фаъолият доданд. Рӯзи интихоботи президентӣ таъйин гардид.

-Ба фикрам, дар ҳамин давра Анҷумани муассисони ҲНИТ низ баргузор гардид. Он чӣ тавр гузашт?

-Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Анҷумани таъсисии худро охирҳои моҳи октябри соли 1991 дар ҳамон қасре, ки замоне моли Ҳизби Коммунист буду чорабиниҳои асосии худро он ҷо мегузаронд, яъне қасри имрӯзаи ба ном «Кохи Ваҳдат», баргузор кард, ки дар он қариб ҳафтсад вакил ва меҳмон ширкат намуд. Дар ин Анҷуман раиси ҲНИ ИШ Аҳмад Қозӣ Ахтаев, меҳмонон Ҳайдар Ҷамол, Муҳаммад Салоҳиддин ва ғайра иштирок доштанд. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб интихоб гардид. Давлат Усмон муовини аввал ва банда муовин интихоб шудам.

Баъдан дар интихоботи президентӣ ҷонибдорони мухолифин шикаст хӯрданд. Раҳмон Набиев ба сари қудрат омад.Фишорҳо болои мухолифин зиёд шуд, шахсиятҳои алоҳида мавриди таъқиб қарор мегирифтанд. Боз гирдиҳамоиҳо ташкил шуданд. Дар ду майдон «Шаҳидон» ва «Озодӣ».

Мутаассифона, муқовиматҳои сиёсӣ билохира ба задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд.

-Ҳангоми шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ шумо дар куҷо будед?

-Моҳи майи соли 1992 мо як гурӯҳ Кӯлоб рафтанӣ шудам. Чун вазъияти амнияти роҳ аз тарафи Кофарниҳон чандон хуб набуд, тасмим гирифтем, ки бо роҳи Панҷу Фархор ба Кӯлоб равем. Дар Фархор марзбонони рус моро дар як пости расмӣ манъ карда аснод пурсиданд. Нишон додем. Диданду иҷозати идомаи сафарро низ доданд. Вале баъди чанд метр ҳаракат кардани мошин болои сарамон тир парронданду талаби манъи ҳаракатро карданд. Даъво карданд, ки мо гӯё ғайриқонунӣ дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳузур дорем ва кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳадро кардем.

Бо ҳамин иттиҳом моро гирифтанду ба боздоштгоҳи марзбонони рус дар ноҳияи Маскав, ҳоло Ҳамадонӣ, бурданд. Аз болои мо бо иттиҳоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Аз телевизони Русия моро нишон доданд. Ҳангоме, ки дар боздоштгоҳи марзбонҳои рус дар ноҳия Ҳамадонӣ будам, се маротиба нафарони Сангак Сафаров, як бор одамони Бӯрихон Ҷобиров омада талаб карданд, ки моро марзбонҳои рус ба онҳо диҳанд. Марзбонҳои рус ин корро накарданд.

-Шуморо дар он ҷо то кай нигоҳ доштанд?

-Тақрибан баъди 15-20 рӯз аз мақомоти амниятии вилоятии Кӯлоб омаданду моро ба боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб бурданд. Дар боздоштгоҳи Кӯлоб анқариб се моҳ будем. Дар ҳамин давра дар Кӯлобу манотиқи атрофи он таъқибу куштори аъзои наҳзат ва демократҳо, ҷонибдорони онҳо хеле авҷ гирифт. Масалан мулло Неъматуллоҳи кӯлобӣ ҳамон вақт ба шаҳодат расид. Агар дар ёдатон бошад моҳи август буд ё барвақттар дар Хоруғ як санади сулҳ ба имзо расид. Моро тибқи ҳамон санад авф карданд ва ҷавоб доданд. Рости гап, пеш аз он ки аз боздоштгоҳ бароям як корманди ҳамон ҷо ба соати дастам нигоҳ карду гуфт:

-Ҳамин соататро ба ман намедиҳӣ?

Гуфтам:

-Охир, ин ба худам даркор аст.

-Ба худат дигар даркор намешавад, гуфт ӯ.

Рости гап, аз ин суханон эҳсоси нохушӣ карда бошам ҳам, соатро ба ӯ додаму гуфтам:

-Дигар ба ягон кас ин хел гапҳои нороҳаткунанда нагӯ.

Вақте ки ба берун баромадам ва вазъиятро дар берун дидам, ба худ гуфтам, ки он корманди боздоштгоҳ беҳуда ин ҳарфҳоро нагуфта будааст.

ӣ иттифоқ уфтод?

-Як гурӯҳ силоҳбадастон мо ҳашт нафарро гирифта дар як мошини маршрутка рост ба Кӯлоб, ба ситоди Сангак Сафаров бурданд. Дар боздоштгоҳи марзбонҳои Русия моро мезаданд. Гумон мекардем, ки задан ҳам ҳамин қадар мешавад. Лекин вақте, ки дар Кӯлоб, дар бинои омӯзишгоҳи касбӣ -техникии рақами 32 шурӯъ кардан моро ба задан, заданҳои қаблӣ дар назарамон мисли навозиш метофтанд.

Дар ин ҷо бераҳмона мезаданд. Ман дар ҳамон ҷо худораҳматиҳо Шайхи Камолро бо фарзандонаш, Муҳаммадлоиқро, бобои Мирзоалиро бо ду писараш, бобои Муҳаммадталабро бо ду писараш дидам. Шайхи Камол, бобои Мирзоалӣ, бобои Муҳаммадталаб инвалидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Мо дар камераи марг маҳбус будем. Баъди чанд рӯз аз камераи мо бародарон Ҷумъахон, Давлаҳмад ва Обидро, ки бачаҳои шаҳри Кӯлоб буданд, ҷавоб доданд ва бурданд ба дигар ҳуҷраи маҳбас.

Дигар шароити боздошти онҳо хубтар буд. Хешовандонашон барояшон хурду хӯрок меоварданд. Барои мо мумкин набуд. Ба мо дар зарфи як ҳафта танҳо як хлеб доданд. То ҳоло дар тааҷҷубам, ки чаро сумкаҳои моро нагирифтанд. Дар сумкаам ман ҷойнамоз доштам ва каме гандумбирён. Ҳамин гандумбирёнро боэҳтиёт мехӯрдем.

-Дар ин ҷо аз шумо чӣ мехостанд?

-Баъди чанд рӯз ба назди мо Иброҳимов Исмоил омаду гуфт: «Нависед, ки мо мехоҳем ба Қӯрғонтеппа ба ҷанг равем». Мо гуфтем, ки «Наменависем». Моро бераҳмона лату кӯб карданд. Дидем, ки халосӣ нест, навиштем. Одам зери шиканҷа ҳар корро мекардаст. Сари ҳарчанд вақт ба ҳуҷраи мо Шайх Камолро меоварданд, Муҳаммадлоиқро меоварданд. Ҳардуяшон ҳам маъюб буданд. Дасту пойҳояшонро шикаста буданд. Намедонам барои чӣ онҳоро ба ҳуҷраи мо оварда нишон медоданд.

Шояд барои тарсондани мо бошад. Хулоса, мо бо талаби аъзои Фронти халқӣ навиштем, ки мехоҳем ба ҷанг, ба Қӯрғонтеппа равем. Ин суханони мо маънои имзо кардан ба ҳукми қатли худамон будааст. Онҳо аризаҳои моро барои он гирифтанд, ки баъди ба қатл расондан агар касе муддаъӣ шавад, ки куҷо шудем, онҳо ҳамин аризаҳоро нишон медиҳанд, ки ихтиёран ба ҷанг рафтанду дар он ҷо кушта шуданд. Барои ҳамин нақшаи гурезро кашидем.

Шароити боздошти маҳбусон дар ПТУ-и 32-и Кӯлоб хеле содда буд. Ҳатто оддитарин талаботи зиндонҳо ба инобат гирифта намешуд. Мо ки то ин ҷо ду зиндон: зиндони марзбонони рус дар ноҳияи Маскав ва зиндони Кӯлобро дида будем, боварӣ доштем, ки аз ин ҷо гурехтан мумкин аст. Имкони фирор хеле зиёд буд. Барои мо аҷиб он буд, ки як рӯз пеш аз фирор зиндонбонҳо ба мо хӯрок ва ҳатто харбуза ҳам доданд. Мо ҳис кардем, ки таги ин коса нимкосае ҳаст. Вале чи гуна нимкоса дарк намекардем.

-Фирор чӣ гуна сурат гирифт?

/images/stories/2013/02/28_1-said-ibrohimi-nazar-2013.jpgҲамон бегоҳӣ бо истифода аз ҷойнамозҳо мо як банд сохтему байни асру шом, дар як вақте, ки посбонҳои зиндон дар ғафлат буданд, аз тирезаи ошёнаи дуввум фаромада роҳи фирорро пеш гирифтем. Ин рӯзи 9-уми сентябри соли 1992 буд. Бояд гуфт, ки мардуми оддӣ, ки дар назди бозорчаи он ҷо буданд, ин лаҳзаро диданд, вале ягон нафари онҳо вокунише нишон надод. Зеро акнун мардум он нафратеро, ки як вақтҳо дар қиболи мо, муллоҳои ҷавон, доштанд, бо ин зулме, ки фронтихалқичиён нисбати онҳо карданд, фаромӯш намуданд.

Ба ҳар ҳол мардуми дар берунбуда ин амали моро нодида гирифт ва мо ба тарафи теппаҳо фирор кардем. Дар ҷои ваъдагӣ фақат ду нафар ҳозир шудем. Баъди маслиҳати кӯтоҳе ҷудо шудем. Ман аз тариқи теппаҳо роҳи Қоқободро пеш гирифтам. Шабона дари хонаи як дӯсти қадрдонамро кӯфтам. Дарро кушод ва маро дидан замон ба хона таклиф намуд. Вай медонистааст, ки ман дар зиндон будам ва имрӯз фирор кардам. Хулоса, дар зарфи қариб чанд моҳи охир ҳамон шаб бори аввал дар хонаи ҳамон дӯстам шикамсерӣ таъом хӯрдам.

Рӯзи дигар дӯстам маро ба ҷои амнтаре интиқол дод. Як рӯз баъд ба хона рафтам. Дар он ҷо низ аз фирори мо хабар доштаанд. Як хоҳарзодаам гуфт, ки дар Кӯлоб митинг мешудаасту дар он митинг, вовчикҳо, бояд суханронӣ мекардаанд. Аммо аз сабаби фирори вовчикҳо аз зиндон митинг баргузор намешавад. Ҳамон ҷо ман фаҳмидам, ки чаро як рӯз пеш бар хилофи одат ва муқаррарот дар зиндон ба мо таъом доданд. Дар хона будани мо ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам барои худи ман хатар дошт. Аз ин сабаб дар як ҷои амнтари кӯҳӣ барои худ паноҳгоҳе сохтам ва тайи қариб ду ҳафта он ҷо будам. Ба ман аз хона хӯрок меоварданд.

Баъди ду ҳафта аз Душанбе яке аз шиносҳоямон ба Кӯлоб дар як мошини сементкаш семент овард. Ман дар дохили бочкаи ҳамин мошини сементкаш то Норак рафтам. Дар Норак минтақаи амн гуфта аз мошин фаромада дар дигар мошин савор шудам. Дар ағбаи Шаршар маро кӯлобӣ гуфта аз мошин фароварданд. Онҳо силоҳбадастони гурӯҳи Ризвон будаанд. Ҳарчанд номамро гирифтам ва гуфтам, ки ман кистам, вале маро қариб буд, ки аз байн баранд. Хайрият, ки дар байни онҳо нафаре номи маро шунида будааст ва ӯ хоҳиш кард, ки маро ҷавоб диҳанд. Шукри Худованд, ки маро ҷавоб доданд.

-Дар Душанбе бо чӣ кор машғул будед?

Дар шаҳри Душанбе то моҳи декабр бо табобат машғул будам. Бо устод Нурӣ иртибот доштем. Миёнаҳои моҳи декабр буд. Барои Маскав рафтан билети ҳавопаймо гирифтам. Устод маро ва Саидумар Ҳусайниро ба наздаш даъват кард. Мулоқоти мо дар минтақаи колхози «Россия» баргузор гардид. Дар ин сӯҳбат устод аз ман хоҳиш кард, ки Маскавро як тараф гузошта бо ӯ бошам. Ман ҳам розӣ шудам. Ҳамон рӯз дар минтақаи Мавлоно як иддаъ аз тарафдорони оппозитсияро ҷанговарони Ғаффор Мирзоев боздошт намуданд, ки дар байнашон бародари устод Нурӣ худораҳматӣ Ҳоҷӣ Ато низ буд.

Ғаффор Мирзоев гуфт, ки ин ашхос гуноҳ надоранд ва онҳоро раҳо бояд кард. Мо ҳамроҳи устод Нурӣ будем, ки бародари устод омада ин қиссаро карданд. Дигар аз ҳамон лаҳза мо бо устод Нурӣ будем. Устодро ба ноҳия Кофарниҳон бурдем ва дар як хонаи амнияташ нисбатан таъмин ҷо кардем. Аҳли хонаводаашонро низ ба ҳамон ҷо овардем. Сипас аз он ҷо ба Комсомолобод ва Тавилдара рафтем. Як шаб дар Тавилдара будем. Охирҳои моҳи декабр мо ағбаи Хобу Руботро гузашта ба Қалъаи Хумб расидем. Баъдан марзро убур карда ба улусволии Дарвози Афғонистон гузаштем.

-Дар ёдатон нест, ки кадом деҳаи улусволии Дарвоз буд?

Агар хато накунам деҳаи Моҳи Май буд. Аз он ҷо ба Аҳмадшоҳи Масъуд пайғоми барқӣ фиристоданд, ки устод Нурӣ бо аҳли хонаводааш марзро гузашта мехоҳад ба назди муҳоҷирини тоҷик биравад. Аз он ҷо хабар доданд, ки интизор шаванд барои бурданашон чархбол мефиристанд. Мо ду рӯз интизор шудем, ки чархбол наомад. Баъдан бо ҳамроҳии устод Нурӣ боз ба тарафи марзи Тоҷикистон гузаштем ва ба сӯи Хоруғ роҳ пеш гирифтем.

Тахминан си-чил километр рафта будем, ки чархболҳои афғонӣ дар фазои Афғонистон пайдо шуданд. Баъди дар деҳаи Моҳи Май нишастан тахминан 20 дақиқа пас боз ба ҳаво баланд шуданд. Онҳо фарзандони устод Нуриро бо худ бурданд. Мо чанд муддат дар Хоруғ будем. Акбаршоҳ Искандаровро дар Хоруғ дидем. Баъд аз Хоруғ Ишкошим рафтем. Аз Ишкошими Тоҷикистон гузаштем ба Ишкошими Афғонистон.

-Моҳҳои январ-феврали соли 1993 бархе аз муҳоҷирини тоҷик, ки аз водии Вахш ба Афғонистон гузашта буданд, дар Афғонистон наистода аз тариқи Ишкошими Афғонистон мехостанд ба Бадахшони Тоҷикистон биёянд.

-Бале, дар Ишкошими Афғонистон ин қадар гурезаи тоҷик зиёд буд, ки ҳисобаш гум. Бисёриҳо мӯҳтоҷи хӯроку либос буданд. Устод Нурӣ як каме кӯмакашон кард. Сипас мо дар ҳамон ҷо як мошини боркашро аз соҳибаш дар панҷсад доллар харидем. Ману устод дар кабини мошин ва гурезаҳои зиёдеро ба болои мошин савор карда ба Баҳорак омадем. Аз он ҷо баъд ба Файзобод омадем. Зану фарзандҳои устод Нурӣ низ дар ҳамин Файзобод ӯро 10-15 рӯз боз мунтазир буданд. Ҳамроҳашон Саидумар Ҳусайнӣ низ буд.

Саидумари Ҳусайнӣ вақти муҳоҷират дар роҳ аз мо қафо монда буд. Вақте мо фарзандҳои устод Нуриро дар Афғонистон гузошта ба Тоҷикистон баргаштем, Саидумар Хусайнӣ аз дигар роҳ сарҳадро убур карда ба назди онҳо меравад. Ин ҳамон лаҳзае будааст, ки чархболҳо омаданд. Саидумар ҳам ба чархболе савор шуда ҳамроҳи аҳли хонаводаи устод ба Файзобод меояд. Баъди чанд муддате ҳавопаймое ба Файзобод омаду мо тавассути он ба Кобул рафтем. Дар онҷо устоди шодравон профессор Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Давлати Исломии Афғонистон устод Нуриро ба ҳузур пазируфт.

Як лаҳзаи хеле ҷолиби сӯҳбати устод Нурӣ бо устод Раббонӣ ба ёдам меояд. Ҳангоме, ки сӯҳбат дар бораи вазъияти Афғонистон рафт устод Нурӣ ба устод Раббонӣ гуфт, ки оё намешавад, ки бо оқои Ҳикматёр сулҳу оштӣ кунанд. Устод Раббонӣ, дар посухи устод Нурӣ табассуми зебое карда буд, ки садои таркише дар наздикиҳои қаср баланд шуд. Устод Нурӣ пурсид, ки ин чӣ буд? Устод Раббонӣ бо ҳамон табассуми ширин дар лабон ба устод Нурӣ гуфт:

-Ин оқои Ҳикматёр буд, ки ба саломи Шумо бо рокет алайк гуфт.

Ҳамин лаҳзаро баъди тақрибан 17 сол дар дидори ахирам бо алайҳираҳма устод Раббонӣ дар Теҳрон ба ёдашон овардам.

-Устод Нурӣ ва шумо аз кадом вақт бо ҳаллу фасли масоили муҳоҷирини тоҷик ҷиддӣ машғул шудед?

-Баъди сӯҳбат бо устод Раббонӣ ва маслиҳату машваратҳои муфид бо ҳамроҳии устод Нурӣ аввалҳои феврали соли 1993 ба Толуқон баргаштем. Устод ба кори роҳбарӣ ба умури муҳоҷирину муҷоҳиддин машғул шуду ман бошам бо иҷозати ӯ аввал ба минтақаи наздисарҳадии рӯ ба рӯи Шӯрободу ноҳияи Маскав ва сипас дар моҳи марти соли 1993 ба Тоҷикистон гузашта ба деҳаи худамон рафтам. Модарам мариз буданд. Ман дар Тоҷикистон бисёр истода натавонистам. Бо кӯмаки дӯстон боз пинҳонӣ дар як тайёраи боркаш ба Русия рафтам.

Чанд муддат дар Маскав будам. Бо даъвати устод Нурӣ тахминан август ё сентябри соли 1993 ба Теҳрон рафтам. Дар Теҳрон устод Нурӣ маро сармуҳаррири нашрияи «Пайки пирӯзӣ» таъин карданд. Ҳар боре, ки аз Афғонистон ба Эрон меомаданд, маро бо худ ба тамоми мулоқотҳову дидорбиниҳояшон ҳамчун ёвар мебурданд. Ёдам ҳаст боре ба Кобул ҳам рафта будем. Дар он даври гуфтушунидҳои сулҳ, ки дар Покистон баргузор шуд, ҳамроҳаш будам.

Маро соли 1995 моҳи май ё июн ба Алмаато барои ширкат кардан дар музокироти ҳайатҳои гуфтушунидкунанда фиристод. Дар ҳама ҷо ҳамчун ёвари устод Нурӣ ман дар мулоқотҳо ширкат мекардам. Баъдан ҳамчун сармуҳаррири нашрияи сиёсии Ҳаракати наҳзати Исломии Тоҷикистон «Пайки пирӯзӣ», ки дар Теҳрон ба нашр мерасид ва дар байни муҳоҷирин дар Афғонистону Эрону Покистон инчунин дар баъзе манотиқи Тоҷикистон паҳн мешуд, ифои вазифа намудам. Соли 1996 боз ба Маскав баргаштам ва бо корҳои тиҷорӣ машғул шудам.

-Баъд аз ин шумо дигар дар ин гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон ширкат надоштед?

-Не, чаро? Ҳар гоҳе, ки устод Нурӣ ба Маскав меомад, ман ҳамроҳаш мебудам ва дар вохӯриву мулоқотҳояш ҳамчун ёвараш ширкат мекардам. Ҳамин тариқ дар мулоқоти ӯ бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ширкат кардам. Баъди барқарории сулҳ то соли 1998 ман дар Маскав бо корҳои тиҷорӣ машғул будам. Зиндагиям хуб буд. Соли 1998 устод маро ба Душанбе даъват кард.

Аз ҳисоби саҳмияи сӣ дар сада ба ман низ вазифаҳои мухталиферо пешниҳод карданд. Вале ман чун шарту шароити корро дидам, рости гап, худам розӣ нашудам, ки номзадии маро ба ягон вазифаи давлатӣ расман пешниҳод кунанд. Рӯи рост мегӯям. Маоше, ки дар он ҷо бояд мегирифтам, барои хӯрондану пӯшондани хонаводаам кифоя намекард. Аз ин рӯ розӣ нашудам. Баъдтар маро бо пешниҳоди устод Нурӣ, ки ҳамон вақт Раиси Комиссияи Оштии миллӣ буд, узви зеркомиссияи сиёсии КОМ таъйин карданд.

То мунҳал шудани КОМ ман дар ҳамин вазифа кор кардам. Баъдан дар соли 1999 ба ҲНИТ дубора иҷозати фаъолият доданд. Ба кори ҳизбӣ гузаштам. Раҳбарии раёсати фарҳанги ҳизбро ба дӯш доштам. Дар ҳамин давра маҷаллаи «Сафинаи умед»-ро таъсис додем. Баъдан бахши таҳлил ва барномарезии ҳизбро роҳбарӣ кардам. Чанд муддат аст, ки мушовири сиёсии раиси ҲНИТ ҳастам. Оиладорам, шукри Худо ҳашт фарзанд дорам. Бачаҳо оиладору хонадоранд. Фарзандҳои болиғам ҳама мактабҳои олиро хатм карда соҳибмаълумотанд. Ду нафарашон дар аспирантура мехонанд.

-Бубахшед, хонуми Шумо аз рӯи шунидам як зани руси мусалмоншуда буд. Худо раҳматаш кунад, чанд вақт пеш аз дунё даргузашт. Мегӯянд барои Наҳзати Исломии Тоҷикистон хизматҳои шоёне кардааст. Мешавад, ки дар борааш каме бештар ҳикоя кунед?

- Бале, соли 1993 вақте, ки ба Маскав баргаштам, бо маслиҳати дӯстони маскавиям чанд муддат ба таълими исломӣ машғул будам. Ба як гурӯҳ дарс медодам. Азҷумла як духтараки рус, ки ба тозагӣ исломро қабул карда будааст, дар ин гурӯҳ дарс мехонд. Тақдир будааст, ки мо якдигарро нағз дидем ва бо расму русуми исломӣ моҳи июли соли 1993 издивоҷ кардем. Баъдан мефаҳмам, ки набераи лашкаркаши машҳури руси қарни мо маршал Жуков будааст. Ҳамон Жукове, ки артиши Олмони фашистиро ба зону шинонд. Тақрибан ҳамон давра устод Нурӣ маро ба Теҳрон даъват кард. Ба устод Нурӣ гуфтам, ки ман хонадор шудам ва завҷаам рус аст. Чӣ кор кунам? Ба фикрам тавассути телефон гап мезадем. Устод гуфтанд:

-Ту фарзанди манӣ. Агар ӯро худат гирифта бошӣ, ӯ низ дигар фарзанди ман аст. Ҳардуятон биёед. Хулоса ман завҷаамро гирифта ба Теҳрон рафтам. Устод Нурӣ ҳардуи моро қабул карда падарвор насиҳат намуд. Ба завҷаам аз мушкилоти мо гуфт. Ҳушдораш дод, ки дар роҳи интихоб кардааш ранҷу машаққатҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Худораҳматӣ хонумам гуфт, ки ин чизҳоро ӯ хуб мефаҳмад ва ба ҳар мушкилот омодааст, ки сабру тоқат кунад. Устод маро насиҳат кард, ки нагузорам хонумам хор шавад, эҳтиромашро ба ҷо биёрам.

Хуб, сулҳ шуд. Ба Тоҷикистон омадем. Дар ин ҷо забони тоҷикиро чунон хуб ёд гирифт, ки агар гап мезад, намояндаи дигар миллат буданашро аз гуфтораш касе дарк намекард. Бо забони соддаву фаҳмои тоҷикӣ гап мезад. Бо забони тоҷикӣ амри маъруф мекард, мақола менавишт. Мақолаҳояшро бо ду забон менавишт. Ба забони тоҷикиву русӣ. Ба духтарҳо аз забони форсӣ, таҷвиди Қуръон, ақида дарс мегуфт.

-Хешу ақрабои хонуматон ба ин издивоҷи шумо чӣ гуна назар мекарданд?

Дар давраҳои аввали хонадоршавӣ модараш бо ӯ чандон муносибати хубе надошт. Рӯзе хонумамро гирифта ба назди хушдоманам рафтам. Дар сӯҳбат ба ӯ гуфтам, ки дар дини мо агарчи падару модар мусалмон набошанд ҳам, вале ҳурмату эҳтироми онҳо шарт аст. Духтаратон, ки ислом овардааст, вазифадор аст, ки шуморо эҳтиром кунад. Хурсанд шуд. Баъд аз ин муносибати мо хеле хуб шуд. Рафту омад мекардем.

Дар сӯҳбатҳои худ бо модар, хоҳари калонӣ ва дигар хешовандонаш хонумам аз ислом ҳарф мезад ва бартарии дини мубини исломро аз дигар динҳо мегуфт. Медидам, ки ин шеваи гапзании хонумам самараи худро дорад. Дар яке аз ҳамин гуна баҳсҳои хонаводагӣ, ки ман низ ҳузур доштам, писари аппааш аз мавқеи холааш тарафдорӣ кард. Ба падари писар ин гапҳо писанд наомаданд. Ӯ ба занаш гуфт, ки агар ту исломро қабул кунӣ, аз ту ҷудо мешавам.

Даҳ рӯз пеш аз вафоти ҳамсарам аппааш аз Маскав ба аёдаташ омада буд. Дар рӯзҳои қабл аз маргаш ҳам кӯшиш мекард, ки ҳарчи бештар аппаашро ба ислом наздик созад. Боре аз ман хоҳиш кард, ки ӯро бо аппааш танҳо гузорам. Ман ба хонаи дигар гузаштам. Вале садои сӯҳбати онҳо ба гӯшам мерасид. Хонумам ба аппааш мегуфт, ки «аз умри ман рӯзҳои ба шуморе мондаанд. Ман инро медонам. Ман намехоҳам, ки ту ҳам мисли модари меҳрубонам аз дунё беимон биравӣ. Як чизро бароят мегӯям, ки Худованд яккаву ягона ҳаст. Ҳазрати Исо писари Худо нест. Худо писар надорад. Ҳазрати Исо пайғамбари Худо ҳаст. Ҳазрати Муҳаммад ҳам пайғамбари Худо ҳаст».

Аппааш бо мақсади рафтану рухсатии меҳнатӣ гирифтану баргаштан озими Маскав шуд. Чанд рӯз пас дар ин ҷо хонумам аз дунё даргузашт. Баъди чанде ман Маскав рафтам. Дар он ҷо аппаашро дидам. Аз ман пурсид, ки пеш аз марг хоҳараш оё чизе гуфта буд? Гуфтам, ки бале гуфта буд. Хоҳиш карда буд, ки аввалан алоқаамро аз шумоён канда накунам. Дуввум аз шумо бипурсам, ки бо маслиҳати ӯ чӣ кардед? Аппаи хонумам об дар чашм гуфт, ки хоҳарам ҳақ ҳастанд. Вале ман имрӯз дар як вазъияти хонаводагие гирифторам, ки бароям хеле душвор аст тасмими қатъӣ гирифтан. Ман медонам, ки хоҳарам ҳақ буд…».

Ба ӯ гуфтам, ки «муҳим ҳамин аст, ки Ҳақ ба ҷониби хоҳар буданро дарк кардаед. Худованд худаш меҳрабон ва мушкилкушо ҳаст…».

-Парвардигори таборак ва таъоло модари фарзандҳои шуморо ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба худи шумо сабри ҷамил бидиҳад ва саодати ин дунёву охиратро насиб кунад. Омин!

Ташаккур барои ин сӯҳбати хуб.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi