11:26:26 16-уми Августи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Баҳонаҳои нав ба нави Ӯзбекистон

 Нерӯгоҳи барқии обии «Фарҳод» дар қисмати шимолии Тоҷикистон  ҷойгир буда,  дар рӯдхонаи  Сирдарё сохта шудааст. Ба сохтмони обанбори «Фарҳод» соли 1947 асос гузоштанд. Давраи пуршавии ин нерӯгоҳ солҳои 1947 ва 1953-ро дар бар мегирад. Масоҳати умумии обанбор 48 км мураббаъ буда, ҳаҷми ғунҷоишаш 350 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

map-300313Дарозиаш 46 км тӯл кашида, бараш 3,1 км ва умқи миёнаи он 7 метр мебошад. Иқтидори нерӯгоҳи мазкур 126 МВт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ба ҳисоби миёна 830 миллион кВт-ро ташкил дода, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии обӣ барои Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ки шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои атрофи онро пурра бо барқ таъмин мекунад. Оби обанбор низ то ҳол асосан барои таъмини заминҳои кишти ҷумуҳурии  ҳамсоя истифода мешавад. 

Ҳудуде, ки дар он сохмони нерӯгоҳи барқии обии «Фарҳод» ҷойгир шудааст, соли 1933 аз ҷониби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба муҳлати 40 (чиҳил) сол ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ҳамчун иҷора дода шуда буд. Мавқеи ҷойгиршавии обанбор дар  Тоҷикистон аст, танҳо ба хотири сохмони нерӯгоҳ ба Ӯзбекистон иҷозат дода шуд.

Масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Фарҳод», ки дар хоки Тоҷикистон бино шуд, ба манфиати Ӯзбекистон қарор дошта, дар ҳама давру замон мавриди гуфтугузорҳо буд. Аз ҷумдла, дар машварате, ки моҳи январи соли 1948 Б. Ғафуров бо И.В.Сталин дошт ва дар он раиси Совети Вазирони Тоҷикистон Ҷ. Расулов ва Котиби КМ ПК Иттифоқи Советӣ А.Жданов иштирок доштанд, мавриди баррасӣ қарор гириф.

Дар он машварат Б. Ғафуров гуфта буд, ки дар ҳудуди ҷумҳурии мо ӯзбекҳо истгоҳи барқии обии «Фарҳод»-ро сохтанд. Сталин ботааҷҷуб пурсид, «Чаро дар ҳудуди шумо? Чӣ хел шудааст?» Аз тарзи пурсидани  Сталин маълум мегардад, ӯ ба ин чиз розӣ нест, вале қабл аз вай қарор ба имзо расида буд. Ҷ. Расулов ба суоли Сталин посух мегӯяд, ки қарори ҳукумати иттифоқ баромада буд.

Мо маҷбур розӣ шудем. Дар натиҷа ду ҳазор хоҷагӣ аз замини назди ҳавлӣ ва боғу роғ маҳрум шуданд. Ҳақиқатан ҳам он вақт Тоҷикистон ба хотири Ӯзбекистон ва қарори Иттифоқи Шӯравӣ розӣ шуда, ба кӯчонидани сокинонаш иқдом кард. Гар ҳамин гуна кор ба Ӯзбекистон меафтод, ин давлат асло розӣ намешуд. Чуноне ки имрӯзҳо мо бо чашми сар дида истодем ва  онҳо пофишорӣ доранд.

То соли 2000 сарбанд обанбори «Фарҳод» аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон назорат карда мешуд. Аз соли 2000 ин ҷониб назоратро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифт. Айни замон ба ӯҳдаи хадамоти миллитсияи тоҷик  вогузор карда шудааст. Вақте кишвари ҳамсоя сарбанди обанборро назорат мекард, гуфта буд, ки сарбанди нерӯгоҳи барқии обии «Фарҳод» ҷавобгӯй ба ҳамагуна шароит сохта шуда, аз мустаҳкамтарин сарбанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Баъди ба Тоҷикистон гузаштани назорат, Ӯзбекистон ба нохоҳаму адоват рӯй оварда, гуфтааст, ки сарбанди обанбори «Фарҳод» метавонад хароб шуда, шуморе аз минтақаҳои аҳолинишини Ӯзбекистонро зери хатари ғарқшавӣ қарор диҳад. Ба ақидаи Ӯзбекистон, гӯё ки ҷониби Тоҷикистон оддитарин меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва тартиби истифодаи ин обанборро ба ҷо намеорад, ки метавонад боиси рахна шудани сарбанд шавад.

Масъулони Тоҷикистон иддаои Ӯзбекистонро бепоя хонда гуфтанд, ки дар атрофи обанбор нафақат манотиқи аҳолинишин, балки чанд деҳаҳои худи Тоҷикистон ҳам ҷойгир аст, ки дар сурати рахна шудани обанбор,  низ зери об хоҳанд монд ва ҳеҷ кас дар Тоҷикистон намехоҳад ки ба онҳо зарар расад.

Саволи матраҳ он аст, ки чаро то рӯзи зери назорати Ӯзбекистон будани ин нерӯгоҳ Ӯзбекистон овоз баланд накард, вале баъди ба дасти Тоҷикистон афтодани назорат инқадар баҳонаву нохоҳамӣ пеш меорад? Муҳлати иҷора кайҳо ба охир расида бошад  ҳам, мамлакати ҳамсоя замини Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад Ӯзбекистон бо ин ҳама бадгӯиҳо мақсади дубора  таҳти назари худ гирифтани обанборро дорад.

Айни ҳол Ӯзбекистон ният дорад, ки ҳам сарбанд ва ҳам обанборро тамоман аз худ кунад. Давлати ҳамсоя мехоҳад, ки ин обанбор моликияти Ӯзбекистон бошад. Ин кишвар бемантиқона то ҳол иддаои соҳибӣ ба обанбори «Фарҳод» мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат нахоҳад дод, то обанбори «Фарҳод» ба ихтиёри  Ӯзбекистон вогузор шавад. Тоҷикистон низ худаш инконият дорад ва метавонад истгоҳро пурра зери назорати худ бигирад. Табиист, ки Тоҷикистон ба ин розӣ нахоҳад шуд.

Паз аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳи «Фарҳод» яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дониста шуда, аз умдатарин мушкилоти байни ду ҳамсоякишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи ба кӣ  тааллуқ  доштани ин обанбор ба ҳамагон маълум аст, ки бояд дар дасти Тоҷикистон бошад. Зеро муҳлати роҳбарии Ӯзбекистон ба истгоҳ кайҳо тамом шуд. Нерӯгоҳ дар хоки Тоҷикистон буда, бешаку шӯбҳа дар ӯҳдаи Тоҷикистон бояд бимонад.

Таҳлилгарон бар онанд, ки сабаби дигари иғвоангезии давлати ҳамсоя низ маҳз ҳамин аст. Масъалаи гази табиӣ ва қатъи интиқоли барқ, иҷозат надодани барқи Туркманистон тавассути ҳудудаш, манъи қатораҳои Тоҷикистон дар сарҳад, ҷорӣ сохтани раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, мушкилоти марзӣ  ва амсоли он, аз ҷумлаи қазияҳои бавуҷудовардаи Ӯзбекистон мебошад, ки ба обанбору сарбанди «Фарҳод»  ва тарҳи сохмони нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» вобаста аст.

Дар воситаҳои ахбори омма гуфта шудааст, баъзе соҳибназарони ӯзбек бар ин ақидаанд, ки ҷониби Ӯзбекистон шарт гузоштааст, дар сурати баргардондани обанбори «Фарҳод» мушкилоти иқтисодӣ,  нақлиётӣ иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои дар равобити ҳар ду ҷумҳурӣҷойдошта  ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Ҳатто аз тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» низ ин давлат дастгирӣ хоҳад кард. Аммо ба ин чиз бовар кардан хеле душвор аст, чунки то ҳол Ӯзбекистон чандин шартномаву созишномаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи имзокардаашро амалӣ насохтааст. Ӯзбекистон қонуну қарорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиро зери по карда, бар хилофи меъёрҳои байналмилилӣ баромада, аз Тоҷикистон талаб дорад, то обанбори "Фарҳод"-ро ба ихтиёри ӯ супорад.

Давлати ҳамсоя дар минтақа мушкилзо аст. Барои ба ҳадаф расидан аз ҳама роҳу равиш истифода мекунад. Бинед, ки Ӯзбекистон замоне зидди сохтмони «Роғун» буд, вале барои он ки обанбори «Фарҳод»-ро соҳиб шавад, сиёсатмаобони ин давлат ба чиҳо розӣ шуданд. Ин розигии онҳо дер намемонад, зеро эшон боз дар пайи ҷустуҷӯи кадом сарчашмаи мушкилот ҳастанд. Ба ҳар ҳол ба чизе ноил ва муваффақ нахоҳанд гашт.   

Муҳаммад Маҷид



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1