02:11:29 03-уми Июни 2025 сол

ИФТИТОҲИ НАХУСТИН МАРКАЗИ ИСМОИЛИЯ

Карим Оғохони Чаҳор, раҳбари исмоилиёни чаҳон ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахустин Маркази Исмоилия дар минтақаро ифтитоҳ карданд, ки ҳамзамон панҷумин маркази Исмоилия дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

 

Маросими ифтитоҳи ин марказ бо қироъати суроъ ва тарҷумаи он ба забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ оғоз шуд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони Чаҳор суханронӣ карданд ва оқои Раҳмон ба нақши Карим Оғохони Чаҳор ва шабакаи тавсеъаи вай дар рушди омӯзишу парвариш ва арсаҳои дигар дар ҷаҳон ва Тоҷикистон таъкид кард. Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи марказ дар кишварро далели ҳамкориҳои муваффақи миёни давлаташ бо шабакаи тавсеъаи Оғохон унвон кард.

 

Карим Оғохони Чаҳор дар навбати худ гуфт, ки фаъолияти маркази ҷадид шомили доир кардани барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ буда ва дарҳои он барои кулия мардуми Тоҷикистон боз хоҳад буд.

 

Мухолифати барои бунёди марказ

Президент Раҳмон д ар суханрониаш ба ин нукта ишора кард, ки бархе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ, дар ин кишвар, бахши аъзами он суннимазҳаб ҳастанд, бо ифтитоҳи Маркази Исмоилия дар Душанбе мухолифат доштаанд. Қаблан бархе аз расонаҳои Тоҷикистон низ дар ин замина назароте дар бораи ончи "хатароти ношӣ аз эҷоди мухолифат дар миёни мусалмонон дар кишвар" унвон мешуд, матолиб интишор карда буданд.

 

Аммо Акбар Тураҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ки дар маросим ширкат дошт ин ақидаро, ки пайравони исмоилия ё фаъолияти ин марказ мунҷар ба эҷоди мушкилоте дар Тоҷикистон хоҳад шуд, нодуруст хонад ва гуфт: ”Исмоилия яке аз равияҳои дини ислом аст ва шахси ман пайравони онро чун бародар медонам. Мо ҳама тоҷик ҳастем ва солҳои тулонӣ бо ҳам зистаем.”

 

Зарурати маркази исмоилия

Дар ҳоле ки дар толори маркази исмоилия меҳмонони зиёде аз соири кишварҳои ҷаҳон, мақомоти Тоҷикистон ва сокинони ин кишвар ба суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони Чаҳор гӯш медоданд, садҳо нафар аз сокинони Душанбе дар рӯбарӯи сохтмони Маркази тозабунёд таҷаммуъ карда буданд.

 

Бештари онҳо, ҷамъияти исмолиии кишвар буданд, ки тавассути расонаҳо дар бораи ифтитоҳи ин марказ ва ширкати Карим Оғохони Чаҳор дар маросими ифтитоҳи он иттилоъ ёфта ва умед доштанд, то раҳбари исмоилиёнро аз наздик бубинанд ва иттилоъ дар мавриди фаъолиятҳои аслии маркази исмоилияро пайдо кунанд.

 

Гулдасата яке аз сокинони шаҳр гуфт: "Мардум дар орзуи ифтитоҳи ин марказ буданд. Ман исмрӯз хеле дар ҳаяҷонам. Зеро мо пайравони исмоилия қаблан як маркази вижае, ки тавонад, афроди зиёдеро дар маросимҳо гунҷонад надоштем ва маҷбур будем дар рӯзҳои ҷумъа дар ҷамоъатхонаҳои кучак намоз гуорем. Аммо ҳоло метавонем ин ҷо биёем ва якҷо бо дӯстону пайвандон намоз гузорем.”

 

Ин дар ҳолест,ки масъулони тарҳи бунёди Маркази Исмоилия дар Душанбе гуфтанд, ки ин марказ бештар фарогири барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ хоҳад буд. Дилором, як хонуми дигаре, ки бо кӯдакаш ба марказ омадааст, мегӯяд, ки чун дар марказ клоссҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла инглисӣ барои кӯдакон доир хоҳад шуд, вай умед дорад духтар худро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва текноложии ҷадид ба инҷо биёрад.

 

Маркази нахустини исмоилиён дар минтақа

Маркази исмоилия дар Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ маркази мушобеҳи дигар, ки дар манотиқи мухталифи ҷаҳон бунёд шудааст. Чаҳор маркази дигар дар солҳои мухталиф дар Ландани Бритониё, Ванкувери Конодо, Лиссабони Портуқол (Партугалия) ва Дубайи Иёлоти Муттаҳидаи Арабӣ сохта шуда будаанд.

 

Баъд аз зуҳри рӯзи 11 октябр, Карим Оғохони Чаҳор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти тулонӣ анҷом дод. Баъд аз ин мулоқот Оғохони чаҳор фарзандони худро ба оқои Раҳмон муаррифӣ кард. Гуфтаи мешавад, ин охирин дидори расмии Карим Оғохони Чаҳор аз Тоҷикистон хоҳад буд ва аз ин ба баъд писари вай Шоҳзода Хусейн, масъулияти падарашро дар фаъолиятҳои шабакаи Оғохон дар Тоҷикистон бар уҳда хоҳад гирифт.

 

Яке дигар аз барномаҳои умдаи ин шабака дар Тоҷикистон, ки коршиносон бар аҳамияти он таъкид мекунанд, буеёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар устони Бадахшони кишвар аст. Тарҳи ин донишгоҳ ба гуфтаи масъулон мунҳасир ба фард буда, донишгоҳи нахустини байналмилалӣ воқеъ дар минтақаи баландкӯҳ хоҳад буд, ки ба ибтикори Карим Оғохони Чаҳор ва бо сармоягузории шабакаи тавсеъаи вай дар Тоҷикистон сохта мешавад.

 

Коршиносони иқтисодӣ пайваста бар нақши шабакаи тавсеъаи Оғохон дар бунёди пулҳо ва роҳҳои иртиботи дар ин кишвар низ муҳимм арзёбӣ мекунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854