16:36:07 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба Маҳмадалӣ Ҳайит оғоз шуд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, айни замон фарзияҳои дар даст буда дар робита ба ин ҳамла, аз ҷониби гуруҳи оперативӣ мавриди санҷиш қарор дорад.

hayitov-20042013Ин манбаъ мегӯяд, муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков ва гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ҳозир шуда, ҷои ҳодисаро аз назар гузарониданд.

Дар ҳамин ҳол вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки шомгоҳи рӯзи гузашта мавриди ҳуҷуми афроди номаълум қарор гирифта буд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Хабарнигори мо, ки субҳи рӯзи шанбе аз ӯ дар бемористони Қаряи Болои Душанбе аёдат намуд, мегӯяд, ҷаноби Ҳайит ба ҳуш омадааст, аммо ба сахтӣ сӯҳбат мекунад.

Дар назди утоқе, ки Маҳмадалӣ Ҳайит бистарӣ мебошад, маъмурони пулис навбатдорӣ мекунанд ва монеи вуруди аёдаткунандагон мешаванд. Маъмурони пулис ба хабарнигори мо иҷозат надоданд, ки бо дастгоҳҳои аксбардорӣ ва сабт, вориди утоқи оқои Ҳайит шавад.

Дар суҳбат ба хабарнигори мо, ҷаноби Ҳайит гуфт, ки пас аз намози шом дар назди хонааш мавриди ҳамлаи ду ҷавони ношинос қарор гирифтааст: «Ин ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ман бастагӣ доранд. Афроде, ки ин ҳамларо ташкил карданд, муқобили баргузории таҷлили 40-солагии таъсисёбии ҲНИТ ҳастанд, вале ман умедворам ин маърака баргузор хоҳад шуд."

Ӯ умедворӣ кард, ки мақомот омилони ин ҳамларо, ки ба гуфтаи вай "душманони сулҳи тоҷикон мебошанд" пайдо намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Хонаи Озодӣ ё Freedom House, як созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар мақараш дар Амрико, хостори таҳқиқи қазияи латукӯби Маҳмадалӣ Ҳайит шудааст. Ин созмон бо пахшия як иттилоия, фишору таъқиби як соли ахир алайҳи ҲНИТ-ро ба интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон рабт дода ва аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва Амрико хостааст, ки ин масъаларо бо ҳукумати Тоҷикистон дар миён бигузоранд.

Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯянд, шоми рӯзи ҷумъа тахминан соати 19:40 дақиқаи вақти Душанбе ҳангоми бозгашт ба хона дар маҳаллаи 91-уми пойтахти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳаитов-муовини раиси ин ҳизб дар даромадгоҳи манзили зист аз пушт мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст.

Сухангӯи ин ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мо гуфта буд, ки зоҳиран ҳамла бо фаъолиятҳои сиёсии Ҳаитов иртибот дорад. Сайфуллозода афзуд, ки ҳоло Ҳаитов бо ҷароҳатҳо ба бемористони минтақаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст.

Ду сол пеш худи сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода ҳам дар тақрибан ҳамин хел вазъият дар маҳаллаи 112-уми пойтахти Тоҷикистон лату кӯб шуда буд, вале масъулони ҳамла ёфт то ҳанӯз номаълум ҳастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi