09:23:07 01-уми Июни 2025 сол

ДАЪВОИ ҶСШК «САНГТӮДА-1» БЕАСОС АСТ

 

 Сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» нозир Ёдгорӣ телефонӣ бобати он ки дар матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он пайдо шудани хабар дар бораи даъвои он, ки мушкилоти асосии идомаи сохтмони «Сангтӯда-1» дар он аст, ки қарзи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» пардохт нашудааст, асоси воқеӣ надорад. 

Гап сари он аст, ки маблағи сметаи хароҷоти сохтмон дигар асту пардохти ҳаққи барқ дигар. Дар сметаи хароҷот нишон дода нашудааст, ки як қисми сохтмон бояд аз ҳисоби фурӯши барқ ба анҷом расонида шавад. Баръакс, маблағи муштараки хароҷоти сохтмон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷудо карда ба ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» пардохт шудааст. Аз ин хотир, ҶСШК нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» барои манъ кардани корҳо дар сохтмон бояд асосҳои раднашаванда дошта бошад.

Дар бобати қарзи барқ бошад, имрӯзҳо дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорахои оҷилӣ, аз ҷумла ҷудо кардани қарзи имтиёзнок андешида мешавад.

-Ширкати «Барқи тоҷик» дар мӯҳлати наздиктарин дар асоси протоколи то ин вақт ба имзорасонида маблағи қарзро пардохт хоҳад кард,-афзуд Нозир Ёдорӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854