01:48:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нишасти матбуотии гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав»

 Имрӯз, 10-уми майи соли 2013, дар толори маҷлисҳои бинои маъруф ба «Гулистон тур»-шаҳри Душанбе нишасти матбуотии гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» баргузор гардид.

1.tojikistoni-nav-10052013Нишасти матбуотиро узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов кушода изҳор дошт, ки дар ин нишаст бояд раиси гурӯҳи ташаббускор соҳибкори маъруфи кишвар Зайд Саидов изҳороти ин гурӯҳро ба хабарнигорон иброз медошт. Вале ҳамагӣ 15 дақиқа пеш аз оғози ин нишасти матбуотӣӯро ба идораи яке аз ниҳодҳои қудратии яке аз ноҳияҳои Душанбе барои сӯҳбат даъват карданд. Аз ин сабаб изҳороти ин гурӯҳро ба хабарнигорон Маҳмудҷон Қосимов баён кард, ки матни пурраи онро мо дар зер меорем.

Изҳороти гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав»

Гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби «Тоҷикистони нав» иттило медиҳад, ки фаъолияташ дар чаҳорчӯбаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва барои гузаронидани анҷумани таъсисии Ҳизб омодагӣ мегирад. Шарти асосии фаъолияти мазкур ошкорбаёнист ва аз ҷараёни корҳо чӣ тариқи вохӯрӣ бо ҷонибдорону нафароне, ки ба Ҳизби таъсисёбанда таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд ва чӣ тавассути расонаҳои расмии хабарӣ ҳамагуна маълумоти дархостшавандаро бидуни ҳамагуна мамониат пешниҳод намудаасту менамояд.

Алҳол омодасозии лоиҳаи Оинномаву Барномаи Ҳизб дар арафаи анҷомёбист. Бо назардошти талаботи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили гурӯҳҳои ҷонибдорони Ҳизб ва интихоби вакилон ба анҷумани таъсисии он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Ҳамзамон мутахассисони варзидае, ки ба гурӯҳи ташаббускору ҷонибдорони он шомиланд, таҳияи чанд пешниҳодотеро ҷиҳати такмилу тақвияти сиёсати самараноки иқтисодии кишвар бар ӯҳда доранд ва умед дорем моҳҳои наздик онҳоро мавриди таваҷҷӯҳи марбута қарор диҳем.

Мутаассифона, фаъолияти гурӯҳи ташаббускор мувоҷеҳ ба душвориҳост ва зимнан ҳолату ҳодисаҳое ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳанд, ки боиси нигаронианд. Чунончи, таҳдид ба ҷони Сарвари гурӯҳ дар сурати аз иқдом аз хусуси таъсиси Ҳизб даст накашиданаш аллакай садо дод. Ину ҳолатҳои дигари ташвишовар водорамон кард, ки тавассути муроҷиат ба Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хоҳиш намоем, ки чораҳои зарураи марбутаро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолиятамон, ки онро Конститутсияи кишвар (моддаи 28) кафолат додааст, биандешанд.

2.tojikistoni-nav-10052013Амалиёти якбораи санҷишии анқариб ҳамаи идораву иншооте, ки ба фаъолияти тиҷоратии мавсуф робитае доштанд ва ё доранд, аз ҷониби мақомоти давлатии назоративу санҷишӣ шурӯъ шудааст. Ҳатто нахустинбор дар таҷрибаи сафарҳои мунтазаму пайваста ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия, кофтуковии мӯшикофонаи шахсии ӯ дар фурӯдгоҳи шаҳри Маскав сурат гирифт. Дар ин рабт, итминон дорем, манъи истифодаи толори маҷлисии Иттифоқҳои мустақили касабаи ҷумҳурӣ ба хотири гузаронидани анҷумани таъсисии Ҳизб, бо вуҷуди қарордоди қаблӣ аз ин хусусу пардохти ҳаққи иҷора, амали тасодуфӣ нест.

Гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» вобаста ба авомилу зуҳуроту падидаҳое, ки ё фаъолияташро халалдор мекунанд ва ё онро миёни мардум нодуруст маънидод карданӣ мешаванд, зарур медонад изҳор намояд:

1.Такрор ба такрор тазаккур медиҳем, ки ҳадафи стратегиамон – ширкат на дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ, балки дар интихоботи парлумонии соли 2015 аст.

2.Ҳадафи тариқи Ҳизб вориди сиёсат шуданамон сирф мусоидат ба ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар тавассути таҳияву пешниҳоди ҳуҷҷатҳои марбута аст ва чун далели самимияту масъулият дар ин маврид, мо аллакай ба таҳияи чанде аз онҳо шурӯъ кардаем.

3.Ҳушдор медиҳем, ки ҳамагуна амале, ки дар робита ба фаъолияти гурӯҳи ташаббускор сурат мегиранд, шарти ногузирашон риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурист. Аз ин рӯ ҳамагуна амали дигарро қотеъона маҳкум менамоем ва аз мақомоти марбутаи давлатӣ хоҳиш дорем, эҳтимолияти ҳамагуна иқдому аксуламали иғвоангезеро, ки мақсад аз он бадном кардани мову ҷонибдоронамон аст, қотеъона пешгирӣ намоянд.

Гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав»

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi