БАРХЕ АЗ САЛОҲИЯТҲОИ ДОДСИТОНӢ БА ДОДГОҲ ГУЗАШТ
Бархе аз салоҳиятҳо, аз ҷумла судури иҷоза барои боздошт аз додситонӣ ба додгоҳҳо мунтақил шудааст.
Кодекси ҷадиди мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 14 октябр тасвиб шуд, ҳамчунин салоҳияти мусодираи амвол ва маболиғи бонкӣ ва гӯш додан ва сабт кардани сӯҳбатҳои телефонии ашхоси мазнун ё гумонбар дар ҷароимро аз додситонӣ ба додгоҳҳо таҳвил додааст. Ба хотири омода набудани шароити иҷрои куллия муфоди ин қонун дар ҳоли ҳозир, тасмим шудааст, ки ин Кодекс аз моҳи апрели соли оянда мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
Бахтиёр Худоёров, вазири адлия ё додгустарӣ, ки дар иҷлоси маҷлиси намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон нукоти ин санадҳои қонуни ҷадидро шарҳ медод, ҳадаф аз ин ислоҳотро таҳкими ҳокимияти судӣ ё қазоӣ ва боло бурдани нақши додгоҳҳо дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон дар кишвар хонд. Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Худоёров, бо пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсиюнҳои алайҳи шиканҷа ва оид ба ҳуқуқи кӯдак ва санадҳои дигари байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба системи қазоӣ бояд ислоҳоти ҷиддӣ ворид шавад, то ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад.
Тоҷиддин Тӯраев, намояндаи порлумон таъкид кард, ки дар Қавонини ҷадиди мурофиавии ҷиноятӣ эътирофоти афроди гумонбар, ки аз роҳҳои зӯрӣ, шиканҷа, таҳдид ва усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст омадааст, бидуни эътибор арзёбӣ шудааст. Ҳамакнун тибқи кодекси ҷадиди ҷиноӣ доираи салоҳиятҳои ҳимоягарон ё вакилони мудофеъ васеътар шуда ва ба онҳо иҷозаи ширкат дар корҳои бозрасию бозҷӯйӣ дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар системи қазоии Тоҷикистонро ба хотири "поин будани салоҳияти додгоҳҳо ва вукалои мудофеъ дар баробари додситонӣ ва додситонҳо" интиқод мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, бештари намояндагони порлумон зимни тасвиби санади ҷадиди ҳуқуқӣ дар бораи раванди таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ, аз ин ки кодекси ҷадид мавриди иҷрои сареъ дар додситонӣ ва додгоҳҳо қарор мегирад, тардид карданд. Зеро ба гуфтаи онҳо барои иҷрои муфоди ин қавонин ба теъдоди бештари судя ё қозиҳои додгоҳ ниёз вуҷуд дорад.
Ба ин далел, муддати иҷрои Қавонини ҷадиди мурофиавии ҷиноятӣ на аввали моҳи январ, балки аввали моҳи апрели соли оянда муқаррар гардид. Зимнан, Қавонини феълии мурофиавии ҷиноятӣ дар моҳи августи соли 1961 тасвиб шуда ва борҳо ислоҳ гардидааст.
Би-Би-Си