18:53:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Алайҳи Зайд Саидов ва писараш парванда боз накардаем»

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи фаъолияти соҳибкории Зайд Cаидов ва ё писари ӯ, парванда боз нашудааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 14-уми май ба мо гуфт, ин ниҳод алайҳи соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ҳеҷ гуна тафтишот анҷом надода ва ё парванда оғоз накардааст.

fattoh-saidov-140513Фаттоҳ Саидов афзуд, ки қаблан муфаттишони Оҷонсӣ фаъолияти молии ҳукумати шаҳри Душанберо мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, ки аз ҷумла дар масъалаи сохтмони «Душанбе Плаза» 4 миллион сомонӣ андозе, ки ба давлат бояд пардохта мешуд, пинҳон дошта шудааст. Вай афзуд, ҳукумати шаҳри Душанбе фармоишгари сохтмони бинои «Душанбе плаза» буд ва дар давраи таҳқиқи вазъи молии ҳукумати шаҳри Душанбе, ин рақамҳо ошкор шудааст.

Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо мо Зайд Саидов хотирнишон карда буд, ки лоиҳаи мазкур 4 сол пеш ба истифода супурда шуд ва дар ин байн ҳар мушкиле, ки буд, ҳал шудааст.

Зимнан раиси Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки алайҳи писари Зайд Саидов парванда боз карда нашудааст, зеро ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» ба фарзанди вай ҳеҷ рабте надорад.

Ин дар ҳоле, ки рӯзи гузашта як манбаъ аз ин ниҳод ба хабаргузории "Азия плюс" гуфта буд, парвандаи ҷиноӣ дар иртибот бо рабудани маблағҳои давлатӣ аснои сохтмони «Душанбе Плаза» боз шудааст ва "масъулияти он бар дӯши сарони ширкат аст, на муассисаш, ки он низ на Зайд Саидов, балки писари вай Хайрулло Саидов мебошад."

Дар ҳамин ҳол Хайруллоҳ Саидов, писари Зайд Саидов низ рӯзи 14-уми май дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар нисбати ӯ ҳеҷ парванда боз нашуда ва ё тафтишоте сурат нагирифтааст.

Ин ҳама дар ҳолест ки рӯйдодҳои охир дар атрофи соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов гумонҳои аввалияро, ки  ҳизби Тоҷикистони нави ӯ шояд “тарҳи интихоботии ҳукумат” бошад, заиф кардааст.

Бисёриҳо интизор буданд, ки зуду бемониат ё бо мушкил ва кашолкорӣ сабти ном шудани ҳизби нав ё умуман номнавис нашудани он маълум хоҳад кард,ки оё ҳукумат бозиеро пеш андохтааст ё дарвоқеъ гурӯҳе аз соҳибкорону рӯшанфикрон дар қасди тозатар кардани фазои сиёсии кишвар шудаанд. Бахше аз нозирони сиёсӣ мегӯянд, бояд дид, ки ин фароянд то куҷо хоҳад рафт ва чӣ андоза ҷиддӣ хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, боз шудани ду парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳомоти начандон сангин,  мавриди бозпурсӣ ва кофтукоб қарор гирифтани наздикону манзили Саидов аз нигоҳи бархе коршиносон ҳамоно давраи дигари «сенарияи» ба саҳна овардани ҳизби ӯ «Тоҷикистони нав» ҳамчун мухолифи "ҷайбӣ"-и ҳукумат арзёбӣ мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi