00:50:20 20-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ГУЛ

 

 Имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон идома ёфт. Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо маросими истиқболи расмии ӯ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи меҳмони олимақом тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ ва салом додан ба онҳо, эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду давлат сурат гирифт.

Дар маросими расмии истиқбол ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид. Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ҳамин бино нахуст мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гашт.

Баррасии масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар идома ёфт.

Аз пайвастагии муколамаи сиёсии миёни ду давлат, хусусан муколамаи сатҳи олӣ ва ҳамчунин аз афзоиши мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Туркия, ки ҳаҷми умумии он ду сол боз аз 500 миллион доллари амрикоӣ мегузарад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарони ду давлат ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳанӯз хеле зиёданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ширкатҳои туристӣ, мубодилаи донишҷӯёну олимон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ аз самтҳои афзалиятнок барои густариши минбаъдаи муносибатҳои судманди ду кишвар маънидод гардид. 

Тарафҳо ҷонибдории худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва мусоидат ба барқарорсозии фазои сулҳу созиш ва пешрафти иқтисодии Афғонистон низ таъкид намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул имзо гузоштанд.

Ду санади дигар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба мутақобилан бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаи хизматӣ ва махсус ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2009-2010 мебошанд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар назди хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ иттилоъ дода, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро умедбахш арзёбӣ намуданд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистону Туркия нақшаҳои густурдаи ҳамкорӣ доранд ва баҳри татбиқи амалии онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла қарор шудааст, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба Тоҷикистон дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва барои ворид шуданаш ба Созмони Ҷа?онии Тиҷорат кӯмак расонад. 

Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул изҳор дошт, ки Туркияву Тоҷикистон чун шарикони боэътимод аз мавқеъ ва ташаббусҳои ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Абдулло Гул ҳамчунин ба густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасамндӣ карда, аз ҷумла таъкид намуд: 

«Мо медонем, ки боигарии асосии Тоҷикистон об аст ва масоили вобаста ба об ва гидроэнергека аз масъалаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия аст» ва ҳамчунин афзуд, ки «Туркия омодааст дар сохтмони неругоҳҳои обии хурду миёна ва бузурги Тоҷикистон иштирок намояд».

Абдулло Гул ҳамчунин иттилоъ дод, ки соҳибкорони кишварашро ба сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ташвиқ мекунад. 

President.tj 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi