11:22:11 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бобоназарова: Аз фурудгоҳ бурдани Зайд Саидов зарурат надошт

Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки Зайд Саидов худаш ба Тоҷикистон баргашт ва омода буд, ба пурсишҳои тафтишот посух гӯяд, аз фурудгоҳ бардошта бурдани ӯ ягон зарурати “оперативӣ” надошт.

bobonazarova-19052013Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари созмони “Перспектива плюс” ба мо гуфт, Зайд Саидовро бисёриҳо огоҳ карда буданд, ки барнагардад, ки боздошт хоҳад шуд, вале ӯ худаш омад. Ба ин далел, мегӯяд, ин ҳуқуқдон, аз фурудгоҳ гирифтани нафаре, ки бо пои худ баргаштааст, маъно надошт:

“Хуб мешуд, ки ӯ меомад, фардо даъваташ мекарданд расман ва худаш мерафт. Ин ҳам аз нигоҳи қонун ва ҳам аз нигоҳи гуманизм беҳтар буд. Агар ӯ ягон мақсади дигар медошт, метавонист наояд. Бисёриҳо маслиҳат ҳам дода будандаш, ки наояд. Ман ҳеҷ зарурати аз фурудгоҳ гирифта бурдани ӯро намебинам. Ҳамон вақт фавран дастгир мекунанд, ки агар хатари фирори он нафар мавҷуд бошад, ё ба тафтишот халал расонда тавонад. Фикр мекунам, ки бояд бо истифода аз механизми ҳуқуқӣӯро расман даъват мекарданд. Ҳол онки ӯ худаш омадааст.”

Зайд Саидов. Ноогоҳӣ ё Ва-банк?

Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов боз шудани парванда алайҳи муваккилаш Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид. Оқои Қудратов рӯзи якшанбе ба Озодӣ гуфт, Зайд Саидов вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва ҳамчун вакил аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст. Ба гуфтаи ин ҳуқуқдон, мақомот барои боздошт ё оғози парванда алайҳи вакили халқ бояд бо ризоияти маҷлисе, ки ӯ узваш аст, ибтидо вайро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кунанд.

Зайд Саидовро, ки соати сеи шаби 19 май аз Аврупо баргашт, билофосила аз фурудгоҳ ба идораи шаҳрии Ожонси мубориза бо фасод бурдаанд.

Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон баъди чанд соат  бо пахши як иттилоияинтиқоли Зайд Саидов аз фурудгоҳ ба идораи ин ниҳодро ҳамчун "даъват" муаррифӣ кард.Дар ин иттилоия, ки субҳи якшанбе пахш шуд, аз ҷумла омадааст, ки «дар истеҳсолоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад.»

Тибқи ин иттилоия, ин ҳолатҳо дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев - собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва мудири пешини корхонаи кимиёвии  шаҳри Исфара, ки тобеъи вазорати саноат мебошад, ошкор шудаанд.

Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, "ба сабаби он ки аксари шоҳидони ҳаводис аз тафтишот ба хориҷи ҷумҳурӣӣ аз маконҳои зисти худ фирор кардаанд, ба хотири таҳқиқи воқеъиву пурра ва беғаразона зарур дониста шуд, ки мӯҳтарам Саидов Зайд Шерович аз фурудгоҳ ба ниҳодҳои Ожонсӣ оварда шавад ва ӯ худаш аз дафтари ниҳодҳои Ожонсӣ дар ин бора ба хешовандонаш тавассути телефон хабар дод." Аммо Ожонсӣ аз шарҳи бештар ба хотири махфӣ нигоҳ доштани сирри тафтишот худдорӣ намудааст.

Бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ, Зайд Саидов аз соатҳои тақрибан севуними шаб дар идораи шаҳрии Ожонсии мубориза бо фасод қарор дорад.

Зайд Саидов субҳи якшанбе бо ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Аврупо ба Душанбе баргашт. Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, мақомоти Оҷонсии фасод ба писари Зайд Саидов гуфтаанд, ки падарашро баъд аз посух додан ба чанд пурсиш ҷавоб хоҳанд дод. Дар ҳамин ҳол, оқои Қосимов аз он нигаронӣ кард, ки мақомот ба Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов, вакилони мудофеъи Зайд Саидов иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд.

Хабарнигорони Озодӣ аз фурудгоҳ хабар доданд, ки бо вуҷуди борони шадид дар Душанбе, ба пешвози ин соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноат, ки дар пайи эълони азмаш барои таьсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар моҳи апрел таҳти таъқиб қарор гирифт, аьзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, як идда аз шахсиятҳои шинохта, чун шоира Гулрухсор ва ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова, ва наздикони Саидов ба фурудгоҳ омада буданд, вале ӯ аз фурудгоҳ берун наомад.

Раиси пешини Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон Зайд Саидов аз 11 май  ба унвони раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дошт. Хабарнигорони Озодӣ гузориш доданд, ки аъзои ин даста аз фурудгоҳ берун шуданд, вале худи Зайд Саидов дар дохили фурудгоҳ монд.

Баьдан хабар расид, ки вайро билофосила ба Оҷонсии мубориза бо фасод бурдаанд. Ин ниҳод рӯзи 10 май зидди ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, ки бунёди баландтарин бинои пойтахт – “Душанбе-Плаза”-ро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз кардааст. Таври маълум, баъди азмаш барои ташкили ҳизби Тоҷикистони нав зидди Зайд Саидов чандин парванда боз кардаанд.

Рӯзи 11 май дафтари матбуоти додситонии шаҳри Душанбе хабар дод, ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов “бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.” Моддаи 170 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳамчун ҷазои бисёрзанагӣ  то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 маоши ҳадди ақал (то 80 000 сомонӣ)-ро пешбинӣ кардааст.

Мақомоти додситонӣ рӯзи 11 май манзилҳои марбут ба Зайд Саидов дар Душанберо ҷустуҷӯ карда, чанде аз наздикони ӯро барои бозҷӯӣ ба додситонӣ бурданд. Ба дунбол, Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ шоми 11 май эълон кард, ки аз рӯзи 10 май алайҳи ширкати “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз кардааст. Ин ниҳод “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-ро ба “изофанависӣ” ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ, муодили беш аз 400 000 доллар айбдор мекунад.

Ин мавҷи парвандаҳо алайҳи вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 6 апрел бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз азми худ барои ташкили ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав рӯзи 10 май дар як нишасти хабарӣ аз таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов хабар дода, гуфт, ба ӯ тавассути паёмак таҳдид кардаанд, ки агар аз фикри сохтани ҳизб даст накашад, алайҳаш “чора” хоҳанд андешид. Ин гурӯҳ ҷустуҷӯи манзилҳои Зайд Саидов ва бозпурсии наздиконашро фишори сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гурӯҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад. Худи Саидов низ ин иттиҳомотро ба ибтикораш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав марбут медонад ва радд мекунад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, аз соли 1999 то 2006 раиси кумитаи саноат ва баъдан вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди барканориаш аз мақом ба соҳибкорӣ баргашт. Зайд Саидов соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд. Аьзои ин Шӯро 12 май дар пасманзари таьқиботи саршуда зидди раисаш ин ниҳодро ба сурати осемасарона барҳам доданд.

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуровро дар бар мегирифт. Ҷамшед Ҳафизов ахиран аз ин гурӯҳ канор гирифт. Ҳафизов дар мусоҳиба, ки дар нашрияи "Фараж" чоп шуд, дар шарҳи ин тасмим гуфт, аз як сӯ, тамоми аҳдофи пешгузоштаи ҳизби навро дар паёми ахири раисиҷумҳур пайдо кард ва аз сӯи дигар, наздиконаш ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки : "Ҷамшед, ба ту чӣ намерасад?"

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi