20:12:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Бозгашт"-и салоҳиятҳои додситонӣ

Маҷлиси намояндагон мақоми назоратии додситониҳои Тоҷикистонро барқарор кард. Акнун Додситони кулли Тоҷикистон метавонад алайҳи корманди Агентии зидди фасод ё додрасҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

prokuratura-24052013«Бозгашти» салоҳиятҳои ин ниҳод рӯзи 22-юми май дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии порлумон бо ворид кардани тағийрот ба қонунҳои конститутсионии «Дар бораи мақомоти прократураи Тоҷикистон», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва «Дар бораи судҳои Тоҷикистон» иттифоқ афтод.

Абдусаттор Холов, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ки дар шарҳи муаррифии ин тағйирот суҳбат мекард, гуфт, ин тасмим ба хотири тақвияти мубориза алайҳи коррупсия гирифта мешавад ва аз ин ба баъд назорати иҷроиши қонунҳо аз сӯи ниҳодҳои муҳими давлатиро ба танзим хоҳад даровард. Аз ҷумла, вай гуфт, дар гузашта додситонӣ ҳаққи боз кардани парванда алайҳи кормандони додгоҳу Агентии мубориза бо коррупсияро надошт, ё ҳамин ҳақро Агентӣ нисбати дуи дигар дошт ва ҳам додгоҳ ба тариқи истисно ин ҳақро дошт, ки алайҳи кормандони Агентӣ парванда боз кунад.

Вай афзуд, ҳоло як қатор маҳдудиятҳо, бахусус дар дахлнопазирии додрасҳо ба миён омад: «Дахлнопазирии додрасҳо мондааст, чун ин салоҳиятро Қонуни асосӣ додааст ва дигар баҳс надорад. Аммо дар гузашта додрасҳо дар ҳоли даст доштан дар ҷиноят, масалан, бекор шудани ҳалнома ва ҳукм ҷавобгарӣ дар назди қонун надоштанд. Акнун дар чунин ҳолатҳо алайҳи онҳо парвандаи маъмурӣ ё ҷиноӣ боз карда мешавад.»

 Бино ба ин тағйир, акнун додгоҳҳо, ки дар гузашта ба тариқи истисноӣ ҳаққи боз кардани парванда алайҳи кормандони Агентиро доштанд, аз ин ҳақ маҳрум шуданд. Дар навбати худ Додситони кулл ин ҳақро пайдо кард, ки алайҳи кормандони додгоҳҳо бо мувофиқати раиси Додгоҳи Олӣ парванда боз кунад, аммо дар гузашта кормандони сатҳи поёнии додгоҳҳо бо ризоияти раисҷумҳур ва додрасҳои Додгоҳи Олӣ бо ризоияти Маҷлиси Миллӣ боздошт мешуданд, ё алайҳи онҳо парванда боз мешуд. Ҳамчунин боз кардани парванда алайҳи корманди Агентӣ ҳаққи истисноии директори он маҳсуб меёфт, ҳоло ин ҳақро Додситони кул ҳам пайдо кард. Акнун Агентӣ корманди додситониро ҳам бо мувофиқати Додситони кулл боздошт мекунад, ё алайҳаш парванда боз менамояд.

Ба назар мерасад, тағйиру иловаҳои ахир бештар салоҳиятҳои Додситонии куллро афзуда, аз салоҳиятҳои суду Агентӣ кам кардааст. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон инро аз талаботи Сарқонун ва қонунгузории ҷорӣ унвон мекунад. Ба қавли ӯ, Қонуни мурофиавиву ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардани судҳоро пешбинӣ намекунад ва аз ҳамин хотир, додгоҳҳо аз ҳисоби мақомоте, ки таъқиби ҷиноӣ мекунанд, берун карда шуданд. Ба қавли ӯ, дар оғози ташкил шудани Агентии мубориза бо коррупсия, додситонӣ ҳуқуқ дошт, ки онро назорат кунад, аммо сипас ин ҳақро аз ахирӣ гирифтанд:

«Ин ба хотири он буд, ки ин мақомот ҳамчун мақомоти махсус бори нахуст ташкил шуда буд ва дар қадами аввал барои ҳама чандон фаҳмо набуд. Лекин таҷриба нишон дод, ки агар мо функсияи оғоз кардани парвандаи ҷиноиро ба додситон надиҳем, амалан назорати додситонӣ аз байн меравад. Яъне додситони ҳамчун ниҳоди нозири иҷрои қонунҳо наметавонад назорат кунад, ки дар ин мақомот чӣ корҳо мегузаранд.»

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Хайриддин Назаров мегӯяд, ин тағйирот як гуна бозии миёнимақомотиест, ки ба навҳае доираи фаъолиятҳои якеро васеъ ва дигариро танг мекунад: «Моҳиятан дар қонунгузорӣ чизе тағйир нахӯрдааст. Танҳо бархе ҷанбаҳои мурофиавиро бо қонун мушаххас карданду халос. Аз лиҳози қонун акнун дуруст карданд, ки фардо дар ҳолати пеш омадани баҳсҳо бояд чӣ кор карда шавад. Аммо инро намешавад дарк кард, ки аз ин ба баъд, бахусус дар соли интихобот ин тағйирот чӣ паёмадҳо хоҳанд дошт. Бояд мунтазир шавем.»

Иддаи дигар аз коршиносон бо ишора ба ин, ки ба додситонӣ салоҳиятҳои худро бармегардонад, ба пасманзари ин ҳаводис таваҷҷӯҳ мекунанд. Ин ниҳоди нозири қонун соли 2008, замоне ин салоҳиятҳояшро аз даст дода буд, ки сарвари Агентии мубориза бо коррупсия Додситони кулли имрӯз Шерхон Салимзода буд. Ҳамчунин раиси Додгоҳи Олӣ Нусратулло Абдуллоев буд.

Он замон аз мухолифати ин ду бо Додситони кулли вақт Бобоҷон Бобохонов суҳбат мекарданд, бахусус сари «парвандаи исфарагиҳо», ки то ба ҳол сарусадояш хомӯш нашудааст. Коршиносон мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз кашмакашҳои онҳо он замон зарурати аз Додситонии кулл гирифтани ин имтиёзҳо пеш омада буд. Акнун, ки ҳам раҳбарони Комиссияи тафтишотӣ ва ҳам додраси ин парванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҳукм гирифтанд, заруриятҳои дигар пеш омадаанд, ки таърифашро дар «боло» ҳо беҳтар медонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi