00:47:42 03-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК МАСЪУЛИ ДОДСИТОНӢ

Пулиси Тоҷикистон як корманди Додситонии кулли ин кишварро дар қочоқи маводди мухаддир мазнун медонад. Гуфта мешавад, ки ин корманди додситонӣ, ки номи вай эълом намешавад, ба ҳангоми интиқоли беш аз 127 килугром анвоъи мухталифи маводди мухаддир дар яке аз посгоҳҳои ҳумаи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

 

Ҳарчанд ин додситон аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст, вале маъмурони интизомӣ тавонистаанд ӯро дар маҳалли дигари пойтахти Тоҷикистон боздошт кунанд. Манобеъи пулис хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 14 октябр дар посгоҳи пулиси роҳи мавсум ба “Варзоб” дар ҳумаи шимолии шаҳри Душанбе рух додааст. Маъмурони пулис худрави “Toyota Prada”, ки шумораи сабти пулиси роҳи вилояти Хатлонро дошт, барои бозрасӣ манъ кардаанд.

 

Дар посух ба тақозои боз кардани боғоҷи ин худрав, ронанда шаҳодатномаи додситониро нишон додааст. Вале баъд аз дархости дубораи намояндаҳои пулис, ин шахс аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст. Кормандони пулиси роҳ ба таъқиби ин шахс пардохтанд ва баъд аз фурсате дар ҳумаи дигари шаҳр ин худравро пайдо кардаанд, вале ронандаи он нопадид шуда буд.

 

Маъмурони пулис аз дохили худрав 119 килугром тарёк, 9,5 килугром бангдона ва 8 килугром ҳашиш ошкор ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин аз дохили ин худрав шаҳодатномае аз ронанда низ пайдо шудааст, ки гуфта мешавад аз масъули назорати бахши Додситонии кулли Тоҷикистон дар умури ниҳодҳои амниятӣ будани ронандаи ин худрав шаҳодат медиҳад.

 

Дар пайи амалиёти вижа, ин шахс боздошт шуда ва ҷустуҷӯйи ду нафари дигари мазнун дар ин қазия идома дорад. Ин дар ҳолест, ки дар нишасти ахири матбуъотии худ Бобоҷон Бохонов, Додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши мавориди ҷароим дар фаъолияти маъмурони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

 

Вай ҳамчунин гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон низ ба далели нақзи қонун боздошт шудааст. Вале, барои бори нахуст аст, ки чунин як масъули Додситонии кулли кишвар ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт мешавад. Ҳарчанд дар гузашта аз мавориди зиёди даст доштани маъумрони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар қочоқи маводди мухаддир гузоришҳо шуда буд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854