ЧАРО ВАЗИРОН БОЗДОШТ НАМЕШАВАНД?
Фаттоҳ Саидов, роҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод мегӯяд, давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 115 адад ҷиноятҳои вобаста ба ришваситонӣ ошкор гардидаанд, ки 105 ададаш аз ҷониби шахсони мансабдори сохторҳои давлатӣ содир шудаанд. Фаттоҳ Саидов гуфт, ҳарчанд борҳо Оҷонсӣ нисбат ба он ки мансабдорони давлатиро дар содир кардани амалҳои коррупсионӣ ошкор намекунанд, мавриди интиқод қарор мегирад, вале беш аз 100 нафар мансабдорро ҳангоми содир кардани ин ҳолат боздошт намудан кори саҳл нест.
Ӯ ҳамчунин гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 677 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта, ошкор шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 261 ададаш ҷинояти дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ аст. Аз ин теъдод, 36 ададаш маблағҳои калон ва махсусан калонро ташкил медиҳад. Ӯ мисол овард, ки дар корхонаи воҳиди давлатии зидди малах, тобеъи Вазорати кишоварзӣ, як миллиону 562 ҳазор сомониро бо таври нақдӣ барқарор кардаанд.
Фаттоҳ Саидов афзуд, дар руйхати мансабдороне, ки ҳангоми содир кардани амалҳои коррупсионӣ боздошт шудаанд, кормандони рутбадори сохторҳои қудратии кишвар ҳам ҳастанд. Аз он ҷумла, 2 полковник, 2 подполконик ва 1 майори раёсати ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳашт ҳолат 70 ҳазор доллар тамаъ гирифта, феълан ҳукм гирифтаанд.
Абдулло Ҳабибов, собиқ генерали тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд аз таъсисёбии ин ниҳод як сол зиёд шуда бошад ҳам, аммо ин ниҳод то ҳанӯз натавонистааст, ки ягон вазири коррупсионери сатҳи давлатиро ошкор кунад. Боздошти танҳо сардорони раёсат ва ё кормандони поёнии соҳаи маориф ва тиб ва сохторҳои қудратӣ маънои онро надорад, ки коррупсия дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст.
Абдулло Ҳабибов афзуд, ӯ интизор будааст, ки баъди ваъдаи се моҳ қабл додаи роҳбари оҷонсӣ ягон вазири коррупсионер дастгир мешавад, аммо ин тавр нашудааст. Абдулло Ҳабибов меафзояд, аз фаъолияти ин ниҳод маълум мешавад, ки волоияти қонунро исбот карда натавонист. Ва танҳо дар сатҳи миёна ҳолатҳои фасодро боздошт мекунад.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгар, бар он назар аст, ки дар сатҳи болотар боздошт кардани мансабдорон бо гуноҳи даст доштан ба фасодзадагӣ барои он ба вуҷуд намеояд, ки аввалан худи мавқеи ҳукумат номаълум аст. Зеро, боздошти фасод дар симои мансабдорон, яъне, вазирон ва аъзои ҳукумат меравад. Ва боздошти вазирон кори мушкил аст. Раҷаби Мирзо гуфт, аввал мегуфтанд, ки боздошти вазирон гӯё ба амнияти давлат хатар дошта бошад.
Ва баъдан назари роҳбари оҷонсӣ ин шуд, ки боздошти вазирон кори хеле мушкил аст, зеро вазир ва муовинонаш худ бевосита пора намегиранд. Раҷаби Мирзо афзуд, ин ҷо як ирода ва сиёсати муаяйни надоштани ҳукумат мувофиқ омадааст, ки боздошти намудани мансабдорони сатҳи баланди давлатиро анҷом диҳанд. Вагарна, дигар маълум аст, ки дар заминаи гуфтугузор ва ҳолате, ки мансабдорон доранд, бо ин ҷурм муттаҳам кардани дилхоҳи онҳо кори осоне хоҳад буд.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»