00:57:00 03-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ 4 УЗВИ ҶИӮ

Пулиси Тоҷикистон аз кушта шудани чаҳор узви Ҷунбиши Исломи Ӯзбакистон ва боздошти як нафари дигар дар шимоли кишвар хабар медиҳад. Ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбеи 18 октябр дар пайи як амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ ва марзбонии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Исфараи вилояти Суғд рух додаст.

 

Ҳамчунин дар маҳали ҳодиса миқдори зиёди аслиҳа кашф ва мусодира шудаст. Гуфта мешавад дар ин ҳодиса як нафар пулис аз ҷумлаи ОМОН ё гурӯҳи вижаи бахши пулиси вилояти Суғд захмӣ шудаст. Маҳмадуло Асадулоев, сухангӯйи Вазораит умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки бо эҳтимоли зиёд “афроди кушташуда ва як нафаре ки боздошт шуд, аз ҷумлаи аъзои гурӯҳе ҳастанд, ки дар ҳафтаи гузашта аз вуруди онҳо ба қаламрави Қирғизистон гузоришҳо пахш шуда буданд.”

 

Оқои Асадуллоев афзуд, ки зимни боздошт ин афрод "бо истифода аз силоҳ муқовимат карданд ва маъмурони интизоми ночор буданд алайҳи онҳо низ аз силоҳ истифода кунанд. Вай афзуд: “ҳоло маъмурони интизомӣ ва амниятӣ машғули таҳқиқи ин ҳодиса ва асомии афроди кушташуда ҳастанд.”

 

Манобеъи пулиси Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳро дар қатли Саидумар Саидов, раиси бахши кофтукови ҷиноии пулиси ноҳияи Исфара, ки дар авосити моҳи сентябр рух дода буд, мазнун медонанд. Қаблан пулиси Тоҷикистон эълом дошта буд, ки асомии афроди мазнун дар ин ҳодисаро дар ихтиёр дорад.

 

Ин дар ҳолест, ки манобеъи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон идаъо доштанд, ки рӯзи 14 октябр як гурӯҳи даҳнафари мусалаҳ аз марзи Тоҷикистон убур карда, ба сӯйи постгоҳи марзии Қирғизистон мавсум ба Қӯқтош гулула шиллик карданд. Гуфта мешуд, ки ин афрод дар пайи таъқиби нерӯҳои интизоми Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуданд ва “ин гурӯҳи ҷиноие буда ва ба ҳаракат ва ё ҷунбишҳои исломие рабт надорад.”

 

Вале, масъулони Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлати амнияти милии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 17 октябр бо пахши як баёния изҳор дошта буданд, ки “ҳеч як мавриди убур аз марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мушоҳида нашудаст.” Бо ин вуҷуд, масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки “барои мушаххас кардани ин ҳодиса бо ҳамтоёни қирғизи худ табодули итилоъро роҳандозӣ карданд.”

 

Рӯзи якшанбеи 18 октябр нерӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки “ин гурӯҳ вориди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шудаст.” Ҳамчунин гуфта мешуд, ки “чун ин деҳа қаламрави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, онҳо наметавонанд барои боздошти ин гурӯҳ ба ин русто ворид шаванд.”

 

Вале, эълом шуда буд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон дар атрофи ин русто ҳастанд ва роҳҳои фирори ин гурӯҳро таҳти назорати худ қарор доданд. Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки дар робита ба ин ҳодиса Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муроқибати марзҳои худ дар ин минтақаро тақвият додаанд.

 

Ҳамакнун рӯшан шуда, ки алорағми изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, нерӯҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар дар бораи ин гурӯҳ итилоъ доштанд ва машғули тадобири боздошти онҳо будаанд. Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки изҳороти ахири нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин робита як амри гумроҳ сохтани аъзои ин гурӯҳ будааст.

 

Зимнан, ноҳияи Исфара аз манотиқе дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки нуфузи ислом дар миёни сокинони он бештар маҳсус аст. Теъдоди бештаре аз афроде, ки ба итиҳоми узвият дар ҶИӮ ва “Байъат” дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуданд, аз ҷумлаи сокинони ин минтақа ҳастанд. Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки аз соли 1997 ба ин сӯ узвияти 84 нафар сокини ин ноҳия дар ҶИӮ ошкор шуда, ки беш аз 40 нафари онҳо муҷозот шуданд.

 

Рӯзи ҷумъаи гузашта додгоҳи вилояти Суғд панҷ нафар аъзои дигари Ҷунбиши Исломи Ӯзбакистонро аз 7 то 11-солӣ ба зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин Анвар Қаюмов, раҳбари ин гурӯҳ ба ҳукми абад маҳкум шуд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854