02:13:23 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАСКАВ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ рӯзҳои 21-23 октябр ба Маскав сафар мекунад.

 

Дар ҷараёни сафари серӯзаи худ президент Раҳмон ҳамчунин аз Санкт-Петербург дидан мекунад ва бо мақомоти баландпояи Русия мулоқот мекунад. Дар ин сафар таваҷҷӯҳи асосӣ ба иҷроиши созишномаҳои то ҳол амалкунанда равона хоҳад шуд, мегӯяд дафтари раёсатҷумҳурӣ. Инчунин, интизор меравад, ки “як қатор созишномаҳои дуҷонибаи нав” миёни Русияву Тоҷикистон ба имзо расад, менависад РИА Новости, ҳарчанд тафсилоти ин санадҳо дар даст нест.

 

Коршиносон мегӯянд, аз мавзӯъоти муҳимме, ки дар дидори раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия дар Маскав матраҳ хоҳад шуд, пардохти маблағ барои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва бунёди нерӯгоҳи Роғун мебошад.

 

Ахиран, Сергей Степашин, раиси Палатаи бозрасии Русия, ки дар оғози моҳи октябр ба Душанбе омада буд, гуфта буд, мавзӯъи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар дидори президентони ду кишвар дар Маскав ҳал хоҳад шуд. Степашин, дар як моҳи ахир, дуввумин мақоми баландпояи Русия буд, ки ба Душанбе барои баррасии мавзӯъи пойгоҳи низомии Русия омада буд. Як моҳ қабл, Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия, низ ба Тоҷикистон барои баррасии ин мавзӯъ омада буд.

 

Коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки натиҷа надодани сафарҳои мақомоти Русия аз Тоҷикистон дар ин авохир зарурати мулоқоти мустақими Раҳмон бо Медведев, дар Маскавро бештар кардааст.

 

Бархе аз манобеъ рақами дархости Тоҷикистонро барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия солона 300 миллион доллари амрикоӣ гуфтаанд. Бархеи дигар мегуфтанд, шояд ин пардохт мустақим набошад ва ба шакли дигаре, масалан ба шакли сармоягузорӣ дар эҳдоси неругоҳи «Роғун» сурат бигирад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854