23:50:22 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Амнияти Осиёи Марказӣ дар «Бозии бузурги нав» - II

Комёб Ҷалилов, «Рӯзгор»

Юрий Крупнов, яке аз мубаллиғони "Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ", дар сафари ахираш ба Душанбе орзӯи эҳёи "кишвари бузург"-еро, мисли Иттиҳоди Шӯравӣ намуда ва барномаи сохтани "кишвари бузург"-и хеле содаро пешниҳод намудааст: 1) сохтани Иттиҳоди АвруОсиё, кишвари бузурги нав бо ҳифзи истиқлолияти давлатҳои этникии пасошуравӣ; 2) Осиёи Марказӣ барои сохтани Иттиҳоди АвруОсиё пойгоҳи асосӣ буда, Тоҷикистон кишвари калидии ин иттиҳод маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ равобити Тоҷикистону Русия бояд дар авлавияти мутлақ қарор бигирад; 3) 12 миллиард доллар сармоя ҷалбшуда аз Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар 20 соли наздик бояд истифода шавад.

bozii-buzurg-2 2013

Ин як ҷузъи бозии нав мебошад. Бисёриҳо ёд доранд, ки дар соли 2004 дар ҷараёни сафари Путин ба Душанбе Русия ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар сармоя, аз ҷумла 600 миллион барои Роғун ваъда дода буд, вале танҳо қарордоде, ки иҷро гардид, ки ба поён расондани сохтмони ниматамоми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ишора мекард ва он ҳам дар баҳои аз худ кардани 75 дарсади саҳмияҳои ин нирӯгоҳ мебошад.

Сангтуда-1 бояд дарси ибрате барои Тоҷикистон шавад. Аввалан чӣ тавр шуд, ки бештар аз 75% саҳмияҳо ба ширкати русӣ дода щуд? Дуввум чаро дар сурате, ки Тоҷикистон барқи истеҳсол мекардаи худро бо 2 цент мефурӯхт, розӣ шуд барқе, ки дар дохили кишвараш ва аз сарватҳҳои табииаш истеҳсол мешавад, бо қимати 4.3 цент харидорӣ кунад? Чаро дар шартномаҳои имзошуда интиқоли барқ таввасути ноқилхо ва таҷҳизоти "Барқи тоҷик" ба назар гирифта нашудааст? Саволҳои зиёде ба миён меояд, ки ҳалли онҳоро фақат он шахсони масъуле, ки шартномаҳоро имзо кардаанд, медонанду халос.

Аллакай нишонаҳое ҳаст, ки шаш санаде, ки дар охири соли 2012 аз ҷониби президентҳо имзо шуда буд, мисли гузашта ҳама рӯи қоғаз мемонад . Тоҷикистон чун шарики стротегӣ ҳама шартҳои қарордоду муоҳадаҳои бо Русия имзо намударо бечуну чаро иҷро менамояд.

Ба фикри коршиосон ягона воҳиди амнияти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) шуда метавонад, ба шарте, ки Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ба он аъзо шаванд. Аммо нишонаҳое ҳаст, ки на фақат ИМА, балки Чин ва Руссия низ барои қабули ин кишварҳо ба ин созмон розӣ нахоҳанд шуд. Руссия ҳатман узвияти Эрону Покистон, Чин бошад узвияти Ҳиндустонро мушкил хоҳанд кард. Дар ин ҳол Толибон, ҲИУ, "Ал-Қоида" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон фаъол шуда, аз тарафи бозингарони сиёсии минтақа ҳомӣ ва пуштибон пайдо намуда, вазъитро ноором ва ба манфиати худ истифода мекунанд.

Сиёсатмадорони минтақа бояд дар назар дошта бошанд, ки сиёсати бартараф намудани хатарҳои муосир, ки аз берун ва ё аз дохили кишварҳои шӯравии минтақа пайдо шуданашон мумкин аст ва метавонанд ба субъектҳои амниятии ин давлатҳои ба шакли этникӣ таъсисёфта зиён расонанд ва сабаби халалдор гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият ва сохтори конститутсионии онҳо шавад, пеш аз ҳама ба сиёсати ҳусни тафоҳуми давлатҳои этникии пасошуравӣ байни худашон вобаста мебошад.

Байни Тоҷикистону Руссия, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чандсад шартномаву қарордодҳо дар ҳама соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ баста шудааст. Такрор шавад ҳам, хело муҳим аст, ки давлатҳои минтақа бо назардошти манофеи мардуми худ ва арзишҳои ҷамъиятӣ на фақат шартномаву қарордодҳо қабул намоянд, лозим аст, ки ин шартномаву қарордодҳо татбиқу ташвиқ шаванд ва иҷрооти онҳо пеш аз ҳама аз масъулини ҳокимияти давлати қотеъона талаб карда шавад.

Яке аз чунин шартномаҳо "Аҳднома оид ба амнияти дастаҷамъӣ", мебошад, ки бо мақсади татбиқи нақшаҳои умумии Русия ва собиқ ҷамоҳири шуравии Осиёи Марказӣ сарони давлатҳои ИДМ 15 маи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расонда буданд. Тибқи ин шартнома Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ӯҳдадор шуданд ва ҳастанд ки дар ҳифзи марзи ҷанубии мамлакатҳои ИДМ дар самти ҷануб, ҳамзамон ба Тоҷикистон дар рафъ намудани таҳдиди берун аз марзи ҷануб ҷой дошта ширкат карда ва кӯмак расонанд.

Бо вуҷуди ин, ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба Федератсияи Русия дар солҳои ҷанги Тоҷикистон зарур омад, ки бо ҷиддият иҷро намудани ин Шартномаро аз ҷониби кулли иштирокчиёни он талаб кунад, чунки рӯз то рӯз мухолифини силоҳбадасти тоҷик дар Афғонистон неруманд гардида, хатари аз байн рафтани ҳокимияти русгароро эҷод мекарданд Ба ҷуз аз ин, созмонҳои низомӣ - сиёсӣ ва ҷонибҳои зери сарварии генерал Дустум, ки барои Руссия ва Узбакистон нақши буферро бояд баҷо меоварданд ва мебоист марзи ҷанубии ИДМ- ро аз фишори нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки дар он сӯи марзи давлатӣ қарор гирифта буданд, ҳифз намоянд, баръакс генерал Дӯстум барои васеъ намудани доираи нуфузи худ дар шимоли мамлакат бо президенти он вақтаи Афғонистон марҳум Бурҳониддин Раббонӣ мубориза мекард ва аз ӯҳдаи вазифа набаромад.

Дар ибтидо, то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ноил гаштан ба ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, марзбонони рус ва минбаъд бо ҳамкорӣ бо Қирғизистону Қазоқистон ва феълан аз тарафи марзбонони худи Тоҷикистон мустақилона амнияти марзи давлатии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз карда мешавад.

То замони таҳти назорати пурра гузаштани сарҳад байни Афғонистон ва Тоҷикистон ба сарҳадбонони Тоҷикистон, мунтазам дар марзи давлатӣ муқовимати силоҳнок миёни марзбонон, (аслан Руссия) ва нерӯҳои дар он тарафи марз будаи тоҷик, сабаби қурбониҳои зиёди ҷонӣ мегардиданд . Танҳо баъд аз андешидани чораҳои таъҷилии иловагӣ, яъне роҳи сулҳ, дар охири солҳои 90-уми асри ХХ ва мустаҳкам намудани сарҳад аз тарафи худи тоҷикон пешгирии ҷиноятҳои фаромарзӣ имконпазир гардид. Ёдовар мешавем, ки дар вазъияти кунунӣ Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи таҳдиди ягон кишвари хориҷӣ қарор нагирифтааст ва худаш низ нақшаи ҳамла ба кишвареро надорад.

Агар даргириҳо дар водии Вахё ва Раштро ба ёд биёварем, мақомоти Тоҷикистон тирамоҳи соли 2010 эълом дошта буданд, ки аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хоки ин кишвар аз Афғонистон ворид шуда ва бо гуруҳҳои мустақар дар ин манотиқ якҷо амал карда буданд. Айнан сарвари Кумитаи мардумии наҷоти ватани Қирғизистон Абдумаҷид Мадумаров низъ эълом дошт, ки гӯё аз хадамоти махсус иттиллоъ гирифта будааст, ки дар навоҳии ҷанубии Ҷон-Олой ва Навкат аллакай ду урдугоҳи размандагон мебошад, ки то 250 нафар ҷангӣ доранд ва аз эҳтимол дур нест бо гурӯҳе, ки аз Афғонистон ба Қирғизистон меоянд, "18 июл (2010) дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои мустақар дар дохили кишвар, шаҳрҳои Ӯш, Навкат ва ҷазираҳои марзии Сух ва Шоҳимардон дар марзи Узбакистонро ғасб кунанд".

Оё мо ягон бор фикр кардаем ки "гурӯҳҳои мустақар дар ин манотиқ"-ро кӣ таъмини моддӣ ва маънавӣ мекунад?

Ба ақидаи баъзе коршиосон Покистон ва Афғонистон дар солҳои охир таҳти фишори байналмилалӣ маҷбур шуданд, шароити ҳузур дар сарзаминҳои қабиланишинро барои ҷангиёни хориҷӣ тангтар кунанд. Барои ин гурӯҳҳо роҳи вуруд аз сарҳади Тоҷикистон ба Осиёи Миёна ва пайдо кардани пойгоҳ дар шарқи Тоҷикистон низ ғайри имкон гардидааст, чунки Тоҷикистону Афғонистон дар чанд соли охир қариб ҳамаи гурӯҳро дар сарҳад аз байн бурда роҳбаронашонро нобуд сохт ё ба зиндон андохтанд.

Аммо ба фикри баъзе таҳлилгарон хатар аз дохил ва зиёдтар аз самти шимол афзудааст, чунки дар вақтҳои охир ҲИУ, Ал Қоида ва дигар гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз муҳоҷирони корӣ дар Русияу Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон тарафдорони худро истихдом ва дар кишварҳои пасошуравӣҷобаҷо мекунанд ва имкони бозгашт ба минтақа аз "самти шимол бештар шудааст, то аз самти Вазиристон"и Покистон.

Умуман таҷаммӯъи чирикиҳои хориҷӣ дар хоки кишваре бидуни мусоидати онҳо аз тарафи қуввои махсус ва ё мақомоти он кишвар имкон надорад. Он кишварҳое, ки дар минтақа бозии сиёсииро мебаранд ва даъвои лидериро доранд, ҳанӯз аз оғози солҳои 90 ба тарбияи ҳадафмандонаи гуруҳҳои махсус пардохта буданд, то баъдан аз онҳо ба ҳайси василаи сиёсати худ истифода баранд.

Ҳамин тавр, ягона омили асосие ки метавонад сулҳу оромӣ ва ҳамфаҳмиро дар байни давлатҳои минтақа пойдор кунад, баррасӣ ва таҷдиди назари шартномаву қарордодҳо байни онҳо ва иҷрооти ин шартномаву қарордодҳо ба хотири ваҳдати миллиро дар дохили ҳар давлати ба шакли этникӣ сохта шуда, риоя кардан мебошад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi