00:07:08 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Амнияти Осиёи Марказӣ дар «Бозии бузурги нав» - I

Комёб Ҷалилов, «Рӯзгор»

Дар мақолаи гузашта “Бозии бузург” идома дорад” (Рӯзгор № 2), саволе гузошта шуда буд: “Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин шароит чӣ кор бояд кунанд”? Дар шароити феълӣ бо назардошти сиёсати ҷаҳонӣ ва робитаҳои байни давлатҳои минтақа ва вобастагии сиёсати онҳо ба ин ё он кишвари абарқудрат ҷавоби қаноъаткунандае додан ғайри имкон мебошад, зеро худи сиёсат ин дастурест барои дастаи ҳоким, ки манофеи қуввои сиёсии мушахасеро таъмин менамояд ва дар ин сиёсат дӯсту душман ба ҷӯз аз манфиат вуҷуд надорад.

top liders 2013Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бузурги таърихии дунё буда, дар чорроҳаи тамадунҳо ва маънавиёти ҷаҳонӣ қарор гирифта, на фақат бо таъриху фарҳанги ғанию бостонии худ, балки бо дороӣ ва сарватҳои табиӣ ва инсонӣ машҳур ва маъруфи олами Ғарбу Шарқ гардида буд. Дар шароити феълӣ ин сарзамин ва мардуми кӯҳанбунёди он аз нав бори дигар баъд аз «Бозии бузург» дар фазои геополитикии муосир дар мубориза алайҳи фишори нерӯҳои қудратталаби берунмарзӣ ва аҷнабӣ ба «Бозии бузурги ҷадид» рӯ ба рӯ гардидааст.

Ёдовар мешавем, «Бозии бузург» ки зиёда аз ду садсола ба таври таззоду фоҷиабор аз тарафи давлатҳои абарқурати аврупоӣ, ба хусус Бритониёи Кабир ва Русия, баъдан ИМА ва Шӯравӣ идома ёфта буд. Бозигарон кӯшиши зиёде барои таъсиру нуфузи хешро дар ин сарзамин васеъ гардондан ва сарватҳои маънавӣ ва моддии онро соҳиб гардидан ба роҳ андохта буданд.

Вале чуноне мебинем, агарчи ин бозиҳо бо ба имзо расидани созишнома дар бораи муқаррар намудани давлати “буферие” миёни Империяи Бритониё ва Руссия Афғонистон («Хати Дюран» соли 1893) ва сарҳад байни Империяи Руссия ва Империяи Бритониё аз байни дарёи Панҷ (соли 1895) ба охир нарасид ва бозӣ идома дорад. Ин ҳарду тақсими марзӣ то кунун ҳамчун масъалаи баҳсноку таърихан то охир эътироф нагардида ва танзим нашуда боқӣ  мондаанд.

Марзҳои давлатҳои соҳибистиқлоли Афғонистону Покистони муосир дар ҳудуди марзи кунунии худ танҳо бо назардошти он соҳибистиқлолие ташаккул ёфтаанд, ки созишномаҳои имзо шудаи солҳои 80- ум ва авохири солҳои 90- уми қарни Х1Х байни Англия ва Русия ба онҳо дода буд.

Тоҷикистону дигар давлатҳои собиқ ҷамоҳири Шуравии Осиёи Марказӣ, инчунин дар асоси тақсими сарҳадоте, ки Шуравӣ муайян карда буд, пас аз пош хӯрдани ин ҳокимият мустақилияти нисбии худро ба шакли давлатҳои этникӣ ба даст оварданд. Собиқан агар созишномаҳо ва тақсимоти сарҳадоти давлатҳои Осиёи Марказӣ манфиатҳои ду империяи абарқудрати он замонро инъикос ва ҳифз менамуданд, акнун дар «Бозии бузурги ҷадид» Россия майл ба Ғарб кардааст, чунки дар бозии ҷадид бозингарони аслан шарқӣ, мисли Чину Ирон, Ҳиндустону собиқ ҷамоҳири Шуравӣ ба майдон омадаанд.

Чуноне гуфта будем дар Осиёи Марказӣ «Бозии бузурги нав» идома дорад. ИМА, Русия ва Чин, феълан бозингарони асосӣ, аз сиёсати ҷадиди ҷаҳоншавӣ истифода намуда, манфиати геополитикии худро муайяну амалӣ ва идеологияи сиёсати давлатҳои ин минтақаро таъин менамоянд.

Амрико дар Осиёи Марказӣ бо падидаҳое, чун эҳтимоли афзоиши талоши Русия барои эҳёи манофеи аз даст рафтааш дар ин минтақаи бой аз манбаъҳои табииву инсонӣ ва аз ҳама бештар аз сиёсати Чин нигарон буда, мехоҳад таъсири ин рақибонашро дар минтақа ба ҳар роҳе бошад коҳиш диҳад. Ба гуфти муҳаққиқи аршади Сандуқи Мерос дар ИМА Ариэл Коэн, ИМА бояд дар сиёсати худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба се чиз: амният, бозору демократия ва ҳукумати мутамаркази хуб аҳмият диҳад ва ҳамкориашро ба кишварҳои ин минтақаи аз нигоҳи стратегӣ муҳим, тақвият бахшад1 .

Сафарҳои ахири мақомоти ИМА ба Тоҷикистон ва изҳороти низомиёни рус аз силсилаи барномаҳоест, ки дар чорчӯбаи бозиҳои геополитикӣ дар минтақа анҷом дода мешаванд.

Тоҷикистон дар ин бозӣҷойгоҳи хоси худро доро мебошад. Чунки дар бозии нави сиёсӣ дар минтақа Тоҷикистон метавонад дар Афғонистон, дар Покистон, дар Ҳиндустон, дар Ирон як нақши муайянро дар бозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ иҷро кунад. Дар ин бозиҳои геополитикӣ ҳам Русия, ҳам Иттиҳоди Аврупо ва бахусус ИМА, ҳар кадоме талош доранд, то нуфузи худро ба ҳар роҳ дар минтақа нигоҳ доранд ва дар ин росто Тоҷикистон дар меҳвари асосӣ қарор гирифтааст. Дар ин бозӣ, бахусус ИМА манфиатдор аст, нуфузи Тоҷикистонро, ки нисбат ба ?збакистон дар минтақа аз ҷиҳати фарҳангӣ ва маънавиёт дар ояндаи наздик эътибори зиёдтар ва таъсирбахштар дар кишварҳои минтақа хоҳад дошт, истифода намояд2 .

Соли 2014-ум созишномаи ҳузури даҳсолаи пойгоҳи низомии Руссия дар Тоҷикистон ба поён мерасад. Чуноне маълум аст Руссия аз авохири соли 2011 то имрӯз чандин бор тавассути генералҳои олимақом ва сиёсатмадорон тамдиди ҳузури пойгоҳашро дар Тоҷикистон барои 49 сол масъалаи ҳалшуда эълон намуда ва аввалин бор дар муносиботи 20 солааш, қабл аз Тоҷикистон Шартномаи ҳузури базаи 201-ро дар Дума ба тасвиб расонд ва онро Президенти Руссия имзо намуд.

Вале ин созишнома то ҳол аз тарафи Тоҷикистон имзо нашудааст ва баъзе сиёсатмадорон ва шореҳони рус иброз доштаанд, ки Тоҷикистон шартҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст. Фишори иттилоотӣ ба Тоҷикистон аввал барои тамдид ва феълан тасвиби шартномаи базаи Руссия ба авҷи баланд расида ва барои Ҳукумати Тоҷикистон дарди сари зиёде эҷод карда ва мекунад. Саволе ба миён меояд: ин дарди сар барои ҳукумат зарур буд? Барои ҷавоб бояд вазъияти худи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба назар гирифта шавад.

Чуноне ки маълум аст, дар силсилаи мулоқотҳо аз тарафи ҷонибҳо ҳузури ҳарбии Руcсия дар Тоҷикистон, ширкати Руcсия дар посбонӣ ва ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дутарафа ва дурнамои ин муносибатҳо дар давраи то соли 2014 баррасӣ гардиданд. Барои чӣ фақат то соли 2014? Чунки ҳузури низомии Руссия баробар ба хуруҷи низомии зътилофи зиддитеррористӣ ба анҷом мерасад ва масъалаи зарурати пойгоҳи низомии Руссия дар ин минтақа ба миён омадааст.

Ба гуфтаи коршиносон феълан муносиботи ду кишвар Руссия ва Тоҷикистон каме сард шудааст ва ин чандин сабаб дорад: 1) Сангтудаи-1; 2) ҳосил нашудани тавофуқ оид ба саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун; 3) истифодаи пойгоҳи Айнӣ; 4) баҳси бозгашт ва ҳузури марзбонони рус дар ҳимояи марзи Тоҷикистон.

Пойгоҳи низомии 201-и Руссия дар Тоҷикистон барои таъмини амният ва суботи Руссия ва манфиатҳои он дар Осиёи Марказӣ ва умуман дар тамоми Шарқ дорои аҳамияти хос ва ба манфиати ҳам Руссия ва ҳам Тоҷикистон мебошад, ба шарте манфиати Тоҷикистон ба назар гирифта шавад.

Масълаи дубора овардани марзбонони Руссия, агарчи масъалаи байни Руссия ва Тоҷикистон бошад ҳам бо назардошти бозии нави сиёсӣ, Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба назар гирад, ки кишвараш инчунин аъзои СҲШ ва дигар шартнома ва паймонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад ва барои аз сари нав овардани низомиёни Руссия ба ин сарҳад бояд мавқеи Чин, Узбакистон ва Афгонистонро ба инобат гирад.

Руссия минтақаи Осиёи Марказиро минтақаи манфиатҳои худ мешуморад ва дар ин бозӣ мехоҳад як бозингари хеле фаъолтар дар Осиёи Марказӣ шавад. Аз ин рӯ барои нигоҳ доштани таъсир ва манофеи худ мекӯшад аз нуфузи Амрико, Чин ва Эрон бикоҳад, зеро нек медонад, ки густариши нуфузи ин кишварҳо манфиатҳои онро зери по мекунад. Ба ин мақсад чандин паймону созмонҳо таъсис намуда, ки охиринаш Иттиҳоди гӯмрукӣ ва тарҳи Иттиҳоди АвруОсиё мебошад, ки кайҳо боз ташвиқ мешаванд.

Ба фикри бисёриҳо ин як навъ талоши Руссия барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли ҷадид мебошад. Баҳори ҳамин сол (2013) тарҳи Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд, ки то 60 миллиард доллар сармояи русӣ ба ин минтақа, аз ҷумла то 12 миллиард доллар ба Тоҷикистон гӯё ҷалб хоҳад шуд. Дар матбуоти Руссия ин тарҳро “нақшаи нави Маршалл” барои Осиёи Марказӣ, бо ишора ба барномаи кӯмаки Амрико ба эъмори баъди Ҷанги дуввуми ҷахонӣ дар Аврупо номгузорӣ ва муқоиса мекунанд.

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi