14:46:19 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Иброҳим Усмонов: "Сулҳ ин додани имтиёз ба гуруҳе нест" – I

 

Панҷуми апрели соли 1994, яъне расо 20 сол қабл, дар Маскав даври аввали гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон оғоз ба кор кард. Ҳафт сол муқаддам нависандаи ин сатрҳо суҳбате дошт бо устоди гиромиқадр профессор Иброҳим Усмонов-намояндаи ҳукумат дар музокироти сулҳ, ки  он замон нақши муҳимеро дар ин гуфтушунидҳо иҷро мекард. Ҳафт сол қабл варианти мухтасари ин мусоҳиба дар яке аз ҳафтаномаҳо ба табъ расида буд. Чун нуктаҳое, ки дар ин мусоҳиба ироа шудаанд, ҳанӯз ҳам моҳияти рӯзмарагии худро гум накардаанд, дар арафаи ин санаи таърихӣ дар шакли пурратар чоп шудани ин мусоҳиба, ба фикри мо аз аҳамият холӣ нест.

 

ibrohim-usmonov 125457887-Устоди гиромӣ,  барои чӣ баъди ба даст даровардани истиқлолият дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣҷангҳои шаҳрвандӣ ба вуқӯъ напайвастанду танҳо дар Тоҷикистон ҳамин фоҷиъа  рух дод?

 

-Ман имрӯз ба ҳайси сиёсатмадор не, ба ҳайси муаррих сухан гуфтан мехоҳам. Барои ҳамин баъзе саволҳои шуморо тағйир дода ҷавоб диҳам, шумо, маъзур доред маро.Ҷанги шаҳрвандӣ дар аксарияти минтақаҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ё дар арафи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин ё он васила ба вуҷуд омад. Ё омаданӣ буд, пешгирӣ карданд. Исёни донишҷӯёни Тошканд ва кушта шудани қариб 30 нафар ҷавонон ва аз Тошканд табъид шудани ҷавонон ба вилоятҳои Ӯзбекистон.

 

Ҷанги байни ӯзбекҳо ва туркҳои масхадӣ дар водии Фарғона, ҷанги байни ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар водии Фарғона, ҷанги байни худии инқилобмонанди қирғизҳо, ки то ҳозир давом дорад, террори демократҳо ва дар майдони варзиш кушта шудани онҳо дар Ашқобод ва оқибати он ба сарнавишти Ашқобод, ҷанги байни арманиву озарӣ дар масъалаи Қарабоғ ва сарнавишти то имрӯз номуайяни Қарабоғ, ҷанги шаҳрвандӣ дар Гурҷистон ва оқибатҳои он, ки то имрӯз давом дорад, ҷанги шаҳрвандӣ дар Молдава, ки он то ҳозир давом дорад, ё воқеаҳои Тотористон, аввалин кишваре, ки истиқлолиятхоҳ буд аз Русия ва сарнавишти вай, ҷанги сепартистии чеченҳо ва натиҷаи он, ки қариб ҳамаи мардуми Чечен террорист эълон шуданд ва амсоли ин далел аст, ки ҷанг танҳо дар мо набуд, дар дигарҳо ҳам буд. Ман хурсандӣ кардан намехоҳам, ки дигарҳо ҳам ҷанг доштанд.

 

Ман фақат ҳақиқати таърихро ёдоварӣ кардан мехоҳам. Ҷанги мо як ҷанги дар мафҳум барои ман нофаҳмо аст. Ин ҷанги миллӣ набуд, ҷанги сиёсӣ набуд, ҷанги динӣ набуд, намедонам чӣҷанге дар ин миёна пайдо шуданаш мумкин, ки бошад. Агар ҷанги сиёсӣ мебуд, пас бояд ду қувваи бо ҳам қатъии сиёсӣ мавҷуд мебуданд. Вале демократҳо ба андеша ба коммунистҳо наздиканд, онҳо ҳамроҳи нерӯҳои Иттиҳоди исломӣ буданд ва на ҳар касе, ки дар ҳукумат буд, коммунист ҳам буд.

 

Ин динӣ набуд, зеро диндорон дар ҳарду ҷониб ҳам буданд, ҳарду тарафро ҳам ҳимоя мекарданд. Ин масъалаи миллӣ набуд, тоҷикон ба муқобили ҳеҷ миллат наҷангиданд, балки ба муқобили худ ҷангиданд. Пас ин ҷанг, шояд ҷанги мақомталошӣ буд, ё чизе ба ин монандтар буд. Аслан ин ҷангҳо бояд ниҳоят зуд ба анҷом расанд. Бадбахтона, ин ҷанг дар мо зиёд давом кард. Аз ҷанги дуюми ҷаҳон зиёдтар давом кард ин ҷанге, ки дар Тоҷикистон ба роҳ кашидем. Агар аз моҳи майи соли 1992 то анҷоми кори Комиссияи Оштии Миллиро дар назар дошта бошем, ин ҳамин хел як фосилае шуд.

 

Пас ман гуфтанӣ ҳастам, ки ин ҷанг хоси ҳама буд ва дар мо шакли номуайяни ин ҷанг омада буд. Вале шукр, ки мо сулҳ кардем ва ин сулҳро ҳамаи халқи Тоҷикистон кард ва ин сулҳро онҳое, ки аз номи халқ, аз номи ҳукумат ба ин гуфтушунидҳо вакил шуда буданд, онҳо карданд. Ин сулҳро онҳое карданд, ки дар маҳалҳо ба оташбас нигоҳ карданд ва ниҳоят тасмими ин сулҳро ду роҳбар гирифтанд, ки барои ҳамин чиз меарзад, ки ба ҳамаи одамҳое, ки  зикрашон рафт, миннатдорӣ кард.

 

-Дуруст аст. Ба ҳар ҳол бар мегардем ба ҳамон давраи музокирот. Бо вуҷуди ҳамин қадар сол идома  пайдо кардани ҷанг, билохира ҷонибҳо маҷбур шуданд, ки ба сари мизи музокирот бишинанд. Чи омилҳо онҳоро маҷбур кард, ки масъаларо аз тариқи гуфтушунид ҳал бикунанд?

 

-Мо дар бораи омилҳои эҳсосотияш зиёд гуфтаем. Дар бораи он, ки миллати мо таърихи бузурги фарҳангӣ дорад, фарҳанги бузург дорад ва ин ҷангҳо кори мо не, касби мо не, лиҳозо мо ба ҷангҳо ба зуди хотима додем, ва дуруст аст, ки ин омилҳо ҳам буданд. Аз ҷониби дигар омили ватанпарварии миллати тоҷик ҳам буд, омили дигар, зарурати пешгирии хатари аз байн рафтани давлати мо буд. Вале омилҳои табиӣ, омилҳои воқеии ин чизро ҳам мо бояд мадди назар бигирем. Агар вазъияти зиндагии мардуми тоҷик берун аз хоки худ монанди имрӯза мебуд, мо ба сари гуфтушунид ба ин наздикӣ наменишастем.

 

Монанди имрӯза чӣ гуна аст? Ҳозир тоҷикон одат кардаанд, ки дар кишварҳои дигар зиндагӣ кунанд. Дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, дар Урупо ва ҳатто  дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикони Тоҷикистонро дар назар дорам. Агар ҳамин ҳолати одатшуда мебуд он вақт, сулҳи мо барвақт шурӯъ намешуд. Он вақт ҳолати мурғи хонагиро доштем. Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ, ҳатто қабл аз ин, дар даврони ҳукумати подшоҳӣ ҳам дар ватан зистанро одат карда буданд. Аз ватан берун рафтан монанди кӯдаке, ки ду дақиқа кӯча равад, аз тарси модараш боз мегардад, ана ҳамин хел ҳолати хонанишинӣ дар мо ҳукмрон буд.

 

Ҳар касе, ки аз Тоҷикистон берун рафт, гарчи озодии бештар дошт, имконияти бештар дошт, пулу моли бештар дошт, хатар аз сараш дур буд, лекин дилаш мекафид аз ғуссаи он, ки дар хонаам чи шуд. Хонааш вайрон шуда буд. Вақте рафтанаш дида буд, ки хонааш вайрон шуда буд. Вақти рафтанаш дида буд, ки агар наравад, ӯро куштанашон мумкин аст, лекин боз дар ҳамон ғарибӣ ғами хонаам чи шуд аз сари ӯ дур намегардид. Мақсади ба ватан бозгаштан дар ӯ пайдо мешуд. Ғуссаи дили онҳое, ки дар ватан боқӣ монда буданд, аз ғами  онҳое, ки ҳиҷрат карда буданд, зиёдтар буд.

 

Инҳо ҳам онҳоро бозгашташонро мехостанд. Ман шоҳид ҳастам, шоҳиди зинда ва ба чашми худ дидам, ки масалан аз Қӯрғонтеппа то шаҳри Душанбе-даҳ пости тафтишкунанда буд. Сарфи назар аз ин мардум аз Қӯрғонтеппа, аз Шаҳртуз хеста ба Душанбе омада, тавассути радио ақрабои худро дар онсӯи дарё суроғ мекарданд, даъват мекарданд, хабар медоданд ба онҳо, ки чи гап аст. Яъне ин буғзи дил аст, буғз аст. Яъне мардум дар ҳарду тарафи дарё, дар ҳар куҷое, ки буданд, дилашон буғз мекард. Ва роҳбарият инро эҳсос мекард, раҳбарияти ҳарду ҷониб. Ин аст як омиле, ки тарафҳоро ба ҳам шинонд. Аз тарафи дигар дар дохили кишвар, ҷиҳати иқтисодӣ ниҳоят бад буд.

 

Масъалаи иқтисодӣ, таъмини мардум бо нон, бо маош имкон надошт, ёрӣ даркор буд. Наметавонист ин вазъият боз тӯл кашад. Агар ин вазъият тӯл мекашид, имконияти аз байн рафтани ин ҳукумат ба миён меомад. Аз тарафи дигар ҳукумат дар Тоҷикистон натавонист дастгирии умумӣ пайдо кунад. Дар амал (де-факто) Тоҷикистон ба қисматҳо тақсим шуда буд. Ҳатто Суғд аз марказ ҷудо шуд. Суғд, ки ҳам ақида ва ҳамрайъи ҳукумати мазкур буд, ҳамон ҳам амалан ҷудо шуда буд. Воқеаи соли 1993 дар ёдатон ҳаст, ки дар Зарафшон купрӯкро тарконданд. Депутатҳо ба иҷлосия моҳи декабри соли 1993 наомаданд ва амсоли ин.

 

Яъне ин хел парокандагиҳо ба вуҷуд омада буд. Пеши ин роҳро гирифтан даркор буд. Ва роҳарияти дар Хуҷанд таъйин шуда ҳам, аз ҷониби қувваҳои дигар тазйиқ меёфтанд. Воқеаи соли 1996 дар Хуҷанд рух додаро ба хотир биёред. Дар минтақаи Қаротегин вазъият тамоман носолим буд. Ҳатто дар водии Вахш ҳам вазъият чандон солим набуд. Водии Ҳисор ҳамин хел буд. Он роҳбарони ҳисорӣ, ба ном роҳбарҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ ба муқобили ҳукумате, ки худашон дар сохтмонаш иштирок карданд, нерӯву қувва бардоштанд.

 

Ин чизҳо хоҳед нахоҳед тарафҳоро водор кард, ки андеша кунанд. Ҳам тарафи ҳукуматро ва ҳам тарафи мухолифинро барои андеша вомедошт. Ва хушбахтона, омилҳои байналмилалӣ ҳам пайдо шуданд. Баъди изҳороти Нурулло Ҳувайдуллоев дар моҳи июни соли 1992 дар Хуҷанд дар бораи авзои Қӯрғонтеппа, баъди сару садоҳо баровардани кишварҳои ҳамсоя ба ин воқеаҳо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз тирамоҳи соли 1992 ба Осиёи Миёна омада буданд. Қабл аз ҳама дар ин сафар ҳадафашон Тоҷикистон буд. Ва гузорише, ки онҳо тайёр карданд, ба Созмони Милали Муттаҳид ихтор дод, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунад. Барои ҳамин аз соли 1993 Созмони Милали Муттаҳид ба ин чиз ҷиддитар машғул шуд.

 

Русия ва Эрон. Такягоҳи ҳукумат ва мухолифин. Мухолифин бидуни Эрон қуввае надоштанд. Ҳукумат бидуни Русия қуввае надошт. Инро бояд гӯем, эътироф ҳам кунем. Дар Эрон чизе пайдо шуд, ки таваҷҷӯҳи Русия даркор буд ба он. Пас ҳамфикрии Эрону Русия дар масъалаи худашон ва иртибот ба худашон ва ба онҳое, ки сарпарастӣ мекарданд ба вуҷуд омад. Ин омилҳо сабаб шуданд, ки музокирот оғоз гардад.

 

-Музокирот дар Маскав оғоз гардид. Чаро дар Теҳрон не, дар дигар ҷо не, маҳз дар Маскав?

 

Sulh-Дар марҳилаи аввал дар ин чизҳо Русия фаъолтар буд нисбат ба Эрон. Русия бештар ҳавасманд буд, ки ҳамин сулҳ ҳарчи зудтар анҷом ёбад. Чунки сохтори мавҷудаи давлати Тоҷикистон ба фаҳмиши Русия наздиктар буд. Сохторе, ки эрониҳо мехостанд, ҳанӯз дар Тоҷикистон қудрат надошт, ки барои ҷамъбаст кардан, барои ба сулҳ овардан талоши онҳо бештар шавад. Барои ҳамин Русия бештар ҳавасмандӣ зоҳир кард. Русия аз пешниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кард, бинобар музокирот дар он ҷо оғоз шуд.

 

Аз тарафи дигар ба ҳисоб гиред, ки чун Эрон бо Амрико чандон иртиботи хубе ҳам надошт ва Созмони Милали Муттаҳид ин як шӯъбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъзан ба назар мерасад, дар ҳамон ҳолатҳо Эрон барои худ лозим надонист, ки ҳамроҳи инҳо мустақиман ба сулҳ оғоз кунад. Марҳилаи аввалро ман дар назар дорам, барои ҳамин ҳама чиз тавассути Русия ҳал шуд ва албатта бо ризоияти Эрон. Чун кори сулҳ дар онҷо шурӯъ шуд, маҷлиси аввал ҳам дар ҳамон ҷо доир гардид.

 

-Шумо аз ҷумлаи яке аз роҳбарони ҳайати музокиракунандаи ҳукуматӣ будед. Мехостам дар бораи чӣ гуна ҳамон ҳайат ҷамъ шуду чӣ гуна эъзом гардид ва аввалин мулоқоти шумо бо ҳайати мухолифин дар Маскав чӣ гуна гузашт, ҳарф мезадед?

 

-Хуб. Ман аз он шурӯъ мекунам, ки тақрибан дар нимаҳои моҳи март ҷаноби Достиев маро даъват карда гуфтанд, ки музокирот оғоз мешавад. Онҳо шахси дуюми Тоҷикистон буданд дар он вақт. "Мо мехоҳем, ки гурезаҳои худро ба ватан баргардонем". Пеш аз ҳама ният ҳамин буд, ки гурезаҳои худро ба ватан баргардонем. "Шумо дар ҳамин мулоқот иштирок мекунед ва ба ҳайати ҳукуматӣ роҳбарӣ мекунед". Ман он вақт муовини раиси радиои Тоҷикистон будам. Ман гуфтам, ки "намедонам аз он тараф киҳо ҳастанд, ақидаи ман мутлақо ба ақидаи онҳо мувофиқат намекунад, ман имкони дар ин иштирок карданро надорам".

 

Достиев кӯшиш карданд, ки бовар кунонанд, ки нашуд. Гуфтанд, ки бирав. Рафтам. Рӯзи дигараш Раҳмонов, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, даъват карданд. Боз ҳамин масъала ва гуфтанд, ки "гумон накун, ки ҳамаи мо ҳамдигарро дӯст медорем. Онҳо ҳам моро дӯст намедоранд, мо ҳам онҳоро дӯст намедорем. Лекин мо ҳамаамон ба ҳар ҳол як ҷои умумии дӯстдоштание дорем, ин Тоҷикистон аст. Аз ин зиёдтар бадтар шуданаш мумкин нест. Хоҳиш мекардам, ки агар роҳбар шудан намехоҳед, ба ҳайат ҳадди ақал дохил шавед, бо ҳайат равед, ку бинем чӣ мешавад. Авзои иҷтимоиямон, авзои иқтисодиамон чандон хуб нест, шояд шурӯъи музокирот ба ҳалли ин проблема як кӯмак расонад.

 

Ин тарафи масъала ҳам ҳаст". Гуфтам хуб. Чун ду нафар шуданд ва роҳбари асосӣ ҳам ба ин чиз дахолат карданд ва ман гуфтам, ки меравам. Дигарҳо ҳам фикр мекунам ба ҳамин шева ҷамъ шуданд. Ҳайати ҳукуматии мо чи хусусият дошт? Дар байни  мо се-чор нафар барои музокирот ҳамчун шахсиятҳои сиёсӣ даъват шуданд. Гумон мекунам ин Шукурҷон Зуҳуров, ман, Амирқул Азимов, Баҳодур Абдуллоев ва Сайид Салимов буданд. Ғайр аз ин чанд нафари дигар ҳамчун намояндаҳои маҳалҳо ва ақалиятҳои миллии Тоҷикистон дар мо ҷалб шуданд.

 

Масалан, прокурори вилояти Суғд, як каси дигар аз вилояти Хатлон, як кас аз водии Ҳисор, як кас аз намояндаҳои Бадахшон ва як нафар ҳам аз намояндаҳои қавми ӯзбек Раҳим Ҳошимов ба ин ҳайат дохил шуданд. Ҳайати мо ба ҳамин шакл ташаккул ёфт ва баъд рафтем Маскав. Тарафи дигар камтар буданд. Шаш нафар буданд. Ду нафар роҳбар ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҷаноби Ҳимматзода иштирок накарданд ва таҳти роҳбарии шодравон Латифӣ мухолифин ба сари мизи музокирот  нишастанд.

 

Шурӯъи музокирот на ба манфиати мо буд. Рӯзи сеюми апрел Олег Панфилов дар "Независимоя газета" як мақолае чоп кард ва ба таври худ барои мардуми Маскав ҳайатҳоро шиносонд. Аз ҷумла ӯ  он ҷо гуфт, ки дар ҳайати Тоҷикистон асосан коммунистҳо ҷамъ омадаанд. Ном гирифт аз ман, Амирқул, Баҳодур, Сайид Салимов. Ҳатман коммунист ҳам будем.

 

Ман узви бюрои сиёсии ҳизби коммунист будам. Вақте, ки аз ҷониби мухолифин ёдоварӣ мекард, мегуфт, ки инҳо депутатҳои собиқ, вазирҳои собиқ. Воқеан ҳам ҳамин хел вазифа замоне доштанд. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода депутат, Отахон Латифӣ муовини сарвазир, Худойбердӣ Холиқназаров якчанд моҳ вазири умури хориҷа шуда кор карда буданд. Намояндаи "Растохез" вазири нақлиёт буд. Маъзарат мехоҳам, номаш дар ёдам нест.

 

-Бозоралӣ Сафаров.

 

-Бале, Бозоралӣ Сафаров. Олег Панфилов аз вазифа ва ваколатҳои онҳо, ки замоне доштанд,  мегуфт. Аз мо ваколат доштанд, лекин инро намегуфт. Ин барои Русия даркор буд, зеро барои Русияи замони Елтсин коммунист ин бади бад, аз ин бадтараш мумкин набуд. Ин ба он маъно буд, ки агар намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ана ҳамин коммунистон бошанд, ин ҳукумат ҷои дастгирӣ надорад. Ба ҳамин шакл шурӯъ шуд музокирот.

 

Хуб душвор буд бо ҳамдигар мулоқот кардан, ҳамдигарро шинохтан, ба ҳамдигар гап задан. Ҳатто гап задан душвор буд, рӯ ба рӯ шиштан душвор буд. Ҳамин тавр шурӯъ шуд дар Маскав ба ҳамин минвол. Шукр, ки шурӯъ шуд, шукр, ки ҳамдигарро шинохтем ва ҳамдигаршиносии мо имкон дод, ки ба ақрабо фаҳмонем, ки онҳо ҳам одамони бад нестанд. Боварӣ дорам, ки он тараф ҳам ҳамин гапро мегуфтанд. Ақрабо ба хешу ҳамдеҳаву ҳаммасҷиду ба дигарҳо мегуфтанд, ки роҳи сулҳро ёфтан даркор. То кай мо ин хел мегардем? Ҳамин хел халқ бовариаш зиёдтар мешуд.

 

-Бале, шумо музокиракунандаҳо аз аввалинҳо будед, ки дар доираи танг ҳам бошад, оштӣ кардед, сулҳ кардед. Ин яке аз натоиҷи ин даври музокирот буд. Боз чӣ дастовард дошт ин даври музокирот?

 

Sulh-Мо рӯзномаи музокиротро муайян кардем. Дар дувоздаҳ рӯзе, ки дар Маскав кор кардем, коре, ки карда тавонистем, гуфтем, ки бояд музокироти мо аз се масъала иборат бошад. Се гурӯҳи масоил иборат бошад: якум масоили гурезаҳо, дуввум масоили гурӯҳи ҳарбӣ, сеюм масоили давлатдорӣ аст. Ва гуфтем, ки ин чунин маъно надорад, ки як гурӯҳи масъалаҳоро ҳаллу фасл мекунем ва баъд ба гурӯҳи дуюм мегузарем. Гуфтем, ки ҳарсеи ин масъалаҳоро баробар ба анҷом мерасонем, ҳарсеашонро дар як вақт татбиқ мекунем. Гуфтем, ки мо дар бораи гузашта ҳарф намезанем. Ҳар он чи, ки дар бораи гузашта гап задан даркор буд, қаблан гуфтем.

 

Дашном додем, қаҳр кардем, гила кардем, норозигӣ кардем, баромада рафтем. Перес Баллон, ки аввалин намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар музокирот буд, гуфт, ки "мо ҳар қадар, ки дар музокирот давраҳои қадимро ба ёд биёрему аз ҳамдигар норозигӣ кунем, ҳамон қадар пеш намеравем. Яъне мо дар якҷо боқӣ мемонем. Имрӯз, ки дилро холӣ кардед, дигар ба он масъалаҳо боз намегардед. Ман ба шумо имкон намедиҳам, ки шумо  дигар ба он чиз боз гардед". Мо гуфтем, ки дуруст аст, ҳамин хел ҳам аст. Мо, тарафи ҳукумат, дар давраи аввал хостем, қабл аз ҳама гурезаҳоро боз гардонем.

 

Як матлаб ҳам тайёр кардем, як қатъномае барои бозгардонидани гурезаҳо. Аввал аз понздаҳ банд иборат буд. Баъд се банд шуд. Ва ҳеҷ чиз ҳам дар он тақрибан намонд. Ҳамонро қабул кардем. Азбаски дидем ҳеҷ ҳуҷҷат пайдо намешавад, Ливию Ботта, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд, марҳум академик Усмон Холдоров, ки ҷузъи ҳайати ҳукуматӣ буданд ва ба ҳайси намояндагӣ аз Бадахшон дар онҷо иштирок доштанд, як муроҷиатномаеро барои қабули тарафҳо пешниҳод карданд, ки бояд мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" аз ҷанг осеб набинад.

 

Ин ба музокирот ҳеҷ дахл надошт. Лек як ҳуҷҷате буд, ки онро қабул кардем. Ва аввалин бор мо тамдид кардем сулҳи Тоҷикистонро барои муддати шаш моҳ. Гуфтем ки дар тӯли шашмоҳи дигар тарафҳо аз ҷанг даст мекашанд, то ки мо имконияти музокиротро бинем, ки чи кор кунем. Чизи асосие, ки гуфтем, ин буд, ки дар ҳоле, ки садои тир аст, музокира намешавад. Аз ин сабаб мо, ки музокира шурӯъ кардем, бояд садои тир набошад. Ин аввалин муваффақиятҳои мо дар давраи аввал буд.

 

-Дар даври дуюми музокирот, ки дар Теҳрон гузашт, чандон пешравие ба назар нарасид. Вале якчанд моҳ баъд, дар машварати Теҳрон дар моҳи сентябри ҳамон сол аввалин Созишнома дар музокирот, Созишномаи оташбаси муваққатӣ ба имзо расид. Ин таҳаввулоти хуб чӣ гуна даст дод?

 

-Бале. Гап дар сари он аст, ки Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид, ки ҳамин хел ном дорад, дар мулоқоти давраи дуюм, дар моҳи июн дар Теҳрон тайёр шуда буд. Дар ҳамин мулоқот ҳамчунин андеша дар бораи таъсис додани як комиссияи муштараки назорат бар оташбас ҳам ба вуҷуд омада буд. Вале мо онро имзо карда натавонистем.

 

Сабаб чӣ буд? Агарчи ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҷаноби Ҳимматзода дар музокирот иштирок надоштанд чун даври аввал, вале дар ҳамон ҷо, дар берунҳо буданд. Бародарон мерафтанд ҳамроҳашон, албатта гуфтугӯ карда меомаданд. Ҳатто як чизи тайёршуда ҳам баъди сӯҳбати онҳо аз миён мерафт. Шарт ба миён монданд, ки мо 23 нафариро аз ҷумлаи маҳбусон ва асирон бояд иваз мекардем. Рӯйхаташ ҳам тайёр шуд. Гуфтанд, ки ҳамин рӯз имзо мекунем ва ҳамин рӯз татбиқи ин шарт шавад. Шумо равед мардумеро, ки дар маҳбасҳо ҳастанд, озод кунед.

 

Мо гуфтем, ки барои мо ду моҳ вақт даркор. Чунки иҷлосияи Маҷлиси Олӣ даъват кардан даркор, барои он мардум амнистия эълон кардан даркор, ҳамон чанд нафаре, ки ҳаст баъд онҳоро баровардан даркор. Гуфтанд, ки агар ин хел бошад, аввал равед амнистия кунед, онҳоро бароред, баъд мо ин Созишномаро имзо мекунем. Яъне Созишномаи тайёр ба имзо нарасид. Давраи сеюми мулоқот дар Исломобод ба моҳи октябр таъйин шуда буд. Вале ҷониби Эрон намехост ҳуҷҷате, ки дар Эрон таҳия шудааст, дар Исломобод ба имзо бирасад. Барои ҳамин аввалин бор як ҳайат дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд. Ин ҳайат моҳи сентябр дар Эрон ҷамъ омада буд.

 

Ман он вақт дар Ленинград будам, дар ҳайат ҳам набудам. Ва аввалин бор ба ин ҳайат ҷаноби Абдумаҷид Салимович Достиев роҳбарӣ карданд ва барои ҳамин ҳам аз ҷониби дигар Тӯраҷонзода иштирок карданд, қаблан расман иштирок намекарданд. Ба сатҳи роҳбарии мо боварӣ надоштанд. Ва дар онҷо, дар Эрон он оташбаси муваққатӣ имзо шуд. Аҳамияти ин ҳуҷҷат дар он аст, ки то ин ҳуҷҷат набуд, мо дар бораи давом кардани сулҳ гап задан наметавонистем. Дар он ҷо гуфта шуда буд, ки мо ҳамагуна амалиёти террористиро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сарҳад ва ҳам берун аз сарҳади Тоҷикистон рад мекунем.

 

Иҷрои созишномаи моро як комиссияи муштарак назорат мекунад. Ба комиссияи муштарак намояндаи Созмони Милали Муттаҳид роҳбарӣ мекунад. Ба ин комиссияи муштарак намояндагони тарафи ҳукумат ва тарафи оппозитсион дохил мешавад. Ҳар қазовате, ки дар масъалаи бархӯрдҳои дохили кишвар ин комиссия мекунад, ана ҳамон ҳуқуқи дараҷаи аввал дорад, яъне имтиёз ба ҳамон аст, на гапи ҳукумат дуруст аст, на гапи мухолифин, балки гапе, ки комиссия гуфт. Ана ҳамин навъ ҳуҷҷат имзо шуд. Вале асоси татбиқи ин ҳуҷҷат аз Покистон шурӯъ шуд.

 

(давом дорад)

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi