21:01:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaanuru--oshtinoma-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaanuru--oshtinoma-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaanuru--oshtinoma-2.jpg'

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 2

ШӮро, Форум, Комиссия ё таърихчаи КОМ

Вақте ки дар бораи КОМ ва фаъолияти қариб се солаи он ҳарф мезанем, табиатан суоле ба миён меояд, ки фикри таъсиси чунин як орган кай, дар куҷо ва аз ҷониби киҳо пешниҳод гардид ва он кай қабул шуда буд. Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин мавзӯъ ба раванди музокироти байни тоҷикон сабук назар меафканем.

 

Воқеан, таъсиси чунин як органи муштаракро бо номи Шӯрои Оштии Миллӣ раҳбарияти мухолифини тоҷик ҳанӯз 7 – уми декабри соли 1993, расо дар рӯзи яксолагии ҳиҷрати маҷбурӣ ба ДИА ва чор моҳ қабл аз оғози музокироти байни тоҷикон дар пешниҳодоти худ, ки низ дар рӯзномаҳои дар табъид нашршавандаи «Садои муҷоҳид» ва «Чароғи рӯз» ба табъ расида буд, дар қатори дигар таклифҳои умдаи хеш ироа намуд.

 

Вале мутаассифона, дар даври аввали гуфтушуниди ёдшуда, ки асосан дар он танҳо масъалаи рӯзномаи музокироти байни тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, проблемаи таъсиси чунин як орган ба рӯзнома ворид карда нашуд. Ин масъала дар даври дуюми музокирот (аз 18 то 26 июни соли 1994) ва мулоқоти машваратии ҳайатҳои музокиракунанда (аз 12 то 17 сентябри соли 1994), ки дар Теҳрон барпо гардиданд, низ мавриди баррасӣ қарор нагирифт.

 

Бинобар ин зарурати ташкили чунин як органро 27 сентябри соли 1994 дар муроҷиатномаи навбатии худ ба мардуми Тоҷикистон, ки аз тариқи радиои «Садои Тоҷикистони озод» ва баъдан аз тариқи рӯзномаи «Чароғи рӯз» (1994, №4) мунташир гашт, боз як бори дигар таъкид кардам.

 

Дар даври сеюми музокироти байни тоҷикон, ки аз 20 октябр то 1 – уми ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт, низ ҷонибҳо ҳалли ин масъаларо аз мадди назар дур монданд. Зеро баҳси масоили таъсиси Комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва табодули усарои низомӣ бо маҳбусони сиёсӣ пеш омад ва бадин сурат мубоҳиса дар атрофи масъалаи зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ дар ин даври музокирот низ ба миён гузошта нашуд.

 

Банда баъд аз ин боз як бори дигар дар баёнияи хеш, ки оиди роҳҳои ҳалли сиёсии қазияи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои хабарӣ 21 – январи соли 1995 пахш гардид, дар қатори иҷроиши дигар пешниҳодҳо таъсиси Шӯрои оштии миллиро аз ҳисоби ақшори зидахл дар қазияи Тоҷикистон зарур донистам.

 

Дар ин байн дар як мулоқоти рӯ ба рӯи муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Ислом Каримов, ки аввалҳои апрели соли 1995 дар Тошканд барпо гардид, Раиси Ҷумҳури ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба фикри ӯ, бояд Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон даъват карда шавад.

 

Мебоист дар он намояндаҳои тамоми ақшори ҷомеа, ҷамъиятҳои миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ширкат варзанд ва ба он Форум ё Конгресс барои ҳалли масоили мавҷудаи раванди Сулҳи тоҷикон салоҳиятҳои муайяне дода мешуд. Албатта ин як пешниҳоди хубе буд ва баргузории чунин як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо як омодагии ҳамаҷониба, бешубҳа, метавонист дар раванди Сулҳи тоҷикон нақши мусбате бозад.

 

Аз ин рӯ  ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари ИНОТ онро дар мулоқоти навбатии хеш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон барпо гардид, матраҳ намуд.

 

Дар изҳороте, ки дар хотимаи ин мулоқот аз ҷониби ду раҳбар ба имзо расид, қайд карда шуд, ки «дар мавриди даъвати Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари намояндагони ду ҷониб ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар тавофуқ ҳосил шуд. Иловатан ҳарду раҳбар ба ҳайатҳои музокиракунандаи худ дастур доданд то дар даври панҷуми музокирот байни тоҷикон масъалаҳои тайини маҳал ва таърихи баргузории Анҷуманро ҳал намоянд».

 

Моҳи августи соли 1995 аз ҷониби Раҳбари ИНОТ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар банди 2, пункти «а» дар қатори проблемаҳои сиёсӣ аз ҳалли проблемаи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Дар пункти «г» - и ҳамин банди Протокол бошад таъсиси «Комиссия оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳарду тараф риоя шудани Созишномаи умумӣ» дар назар дошта шуда буд.

 

11 – 14 сентябри соли 1995 дар шаҳри Пушкин (Федератсияи Руссия) даври 13 – уми муколимаи байни тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конференсияи Дартмут баргузор гардид, ки масъалаи асосии он мусоидат баҳри дарёфти роҳи ҳалли таъсиси як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон буд.

 

Аз сӯи иштирокчиёни ин конференсия меморандум «Дар бораи Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид, ки баъдан дар асоси он ҷониби ИНОТ ба даври панҷуми музокироти байни тоҷикон пешниҳодоти мушаххаси худро оиди таъсиси Форуми машварати халқҳои Тоҷикистон ироа намуд. Ва ҳатто варианти Низомномаи худро дар бораи таъсиси чунин як ниҳод ба муҳокимаи ҳайатҳои музокиракунанда пешкаш кард.

 

Дар даври панҷуми музокироти байни тоҷикон ҷониби ИНОТ дар баробари таъсиси Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати ташкили Шӯрои Оштии Миллиро бо қотеъият ба миён гузошт. Зеро ба қавли ҷониби ИНОТ агарчи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон доираи васеи аҳли ҷамоатчигиро ба таҳкими раванди Сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале чи тавре, ки аз лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ҳарду ҷониб пайдост, қарорҳои қабул кардаи он аз сабаби характери машваратӣ доштанашон наметавонист ҳукми қонунро бигиранд ва ба ҳаёт бечуну чаро татбиқ гарданд.

 

Бинобар ҳамин дар пешниҳодоти ИНОТ оиди ҳалли масоили сиёсӣ омада буд, ки Шӯрои Оштии Миллии доимоамалкунандае иборат аз 60 нафар ташкил карда шавад: 25 нафарӣ аз ҳарду ҷониби даргир ва 10 нафари дигар аз ҳисоби ҷамъиятҳои миллӣ. Тибқи ин пешниҳод раёсати Шӯроро бояд намояндаи ИНОТ ба ӯҳда мегирифт ва дар давраи гузариш, яъне давраи татбиқи Созишноми умумии Сулҳ, Президент ва ин Шӯрои Оштии Миллӣ ҳокимияти олии  ҳам қонунбарор ва ҳам иҷроия ба ҳисоб мерафт.

 

Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд худпароканда мешуд. Вале ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ дар кадом шакле, ки набошад, розӣ набуд. Асосан барои ҳамин ҳам даври 5 – уми музокироти байни тоҷикон яке аз даврҳои хеле ҳам мушкил, пурбаҳсу мунозира ва хеле ҳам тӯлонӣ буд. Он дар се марҳила гузашт ва дар маҷмӯъ 63 рӯз идома дошт.

 

Баъди анҷоми марҳилаи дуюми даври панҷуми музокирот, ки дар масъалаи таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ ба ягон пешрафте ноил нашуд, дар Душанбе иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Дар иҷлосия гузориши ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуд. Азҷумла, пешниҳоди ҷониби ИНОТ дар хусуси таъсиси як Шӯрои Оштии Миллӣ баҳри аз бӯҳрони сиёсиву низомӣ баровардани ҷумҳурӣ матраҳ гардид. Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ишғолкардаи ҳайати ҳукуматиро дар музокироти байни тоҷикон оиди ин масъала дастгирӣ намуданд.

 

Бадин минвол ин масъала бори дигар ба таври мушаххас танҳо дар мулоқоти саввуми Президенти Ҷумҳурӣ ва раҳбари ИНОТ дар моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон матраҳ гардид. Дар изҳороти муштараки хеш ин ду раҳбар аввалин бор эълон доштанд, ки дар мулоқоти навбатии қарибулвуқӯъи худ дар шаҳри Маскав аз таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ дарак хоҳанд дод. Ҳамин тариқ дар рафти музокирот нахустин маротиба истилоҳи «Комиссияи Оштии Миллӣ» ба ҷои ибораҳои «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон», «Шӯрои оштии миллӣ» дар ҳуҷҷатҳои дар Хустдеҳи ДИА қабул гардида, истифода карда шуд.

 

Дере нагузашта 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ роҳбарони олимартабаи ду ҷониб Созишномаеро ба тасвиб расониданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи Сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комисияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин комиссия намояндаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъин мешавад». Сипас дар худи ҳамин вохурӣ аз ҷониби ду раҳбар Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои аосии Комисиияи Оштии Миллӣ ба имзо расид.

 

21 феврали соли 1997 дар мулоқоти дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардидаи роҳбарони олимартабаи ҷонибҳо Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои аосии Комиссияи Оштии Миллӣ» ва «Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ» - ро қабул карданд.

 

Ана ҳамин тавр чор ҳуҷҷати зерин:

 

Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳбари ИНОТ дар бораи натиҷаҳои мулоқоти онҳо дар Масква аз 23 декабри соли 1996, Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии КОМ», Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ», «Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ» асоси ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти КОМ – ро таъмин намуда, салоҳият, ҳуқуқ ва вазифаҳои онро муайян кардаанд.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2063--lr-2.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi