11:04:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

ҶАЛОЛИДДИН МАҲМУДОВ: «РОЗҲОИ НОГУФТАИ СУЛҲИ ҒАРМ»-2

 

 -Хуб, кор аз чӣ шурӯъ шуд?

- Масалан, чӣ хел шурӯъ шуд? Ҳарду ҷониби ҳайати Комиссияи муштарак назорат бар созишномаи Оташбас чандин маротиба бо водии Қаротегин сафарҳои хидматӣ доштем. Мардум бештар аз беадолативу ғоратгариҳо дар постҳои низомиёни ҳукуматӣ шикоят мекарданд. Аз ҳамин Душанбе то Ҷиргатол қариб 30 пости низомиёни ҳукуматӣ гузошта шуда буд. Ғайр аз ин дар ҳар сари қадам метавонист як шахси мусаллаҳе, ки мансубияташ маълум набуд, вале бисёриҳо онҳоро намояндагони дастаҳои мусаллаҳи мухолифин меномиданд, ба рӯйи раҳ баромада мардумро ғорат ва чуру чаповул кунад.

 

Ҳамин шикоятҳои беҳад зиёди мардум боис шуд, ки дар бораи ҳалли қазия сахт биандешем. Ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки постҳои худро аз роҳҳо бигирад. Ҳукумат мегуфт агар мо постҳои худро бигирем, ки кафолат медиҳад, ки ҷойи постҳои моро постҳои мусаллаҳони мухолифин намегиранд.

Вазъиятро амиқ омӯхтем. Ба хулосае омадем, ки то вақте ки ҷанг аст, намешавад, ки ин постҳоро аз байн бурд, намешавад, ки амниятро таъмин кунем. Барои он ки амният таъмин шавад, ҳадди ақал як имзои созишномаи муваққатӣ ҳам бошад, лозим ҳаст. Зарурат пеш омад, ки бо қумандонҳо сӯҳбат кунем. Қумандонҳо пароканда буданд ва марказашон дар Толуқони Афғонистон буд. Ҳар кадоме аз онҳо наметавонист, ки чизе аз пеши худаш бигӯяд. 

Лозим буд, ки онҳоро дар як ҷо ҷамъ кунем то байни ҳам маслиҳат кунанд. Ҷойи ҷамъшавии қумандонҳо шаҳрчаи Ғармро интихоб кардем. Вале аввал лозим буд, ки онҳоро сиҳату саломат ба ин ҷо биёрем. Ин кор танҳо аз тариқи роҳи омма иҷро мешуд. Таври маълум дар роҳ постҳои зиёде буданд, ки аз онҳо гузаштан лозим мешуд. Ҳукумат таъмини амнияти қумандонҳоро ба гардан гирифт. Мо бо роҳҳои мошингард тамоми қумандонҳоро ба истиснои қумандонҳои Тавилдара дар Ғарм ҷамъ кардем. 

Аз тарафи ҳукумат ҳам як ҳайат рафт. Ҳайати ҳукумат бисёр калон буд, сатҳаш ҳам баланд буд. Шумо тасаввур кунед, ки аз ҷониби мо дар сатҳи қумандонҳоии оддӣ ва аз ҷониби ҳукумат ҳама вазирҳо, он ҳам вазирҳои ниҳодҳои қудратӣ, мушовирони президент дар ин сӯҳбат ширкат мекарданд. Ин чиз аз сулҳхоҳии ҳукумат дарак медод.
 
-Шумо тавоноӣ ва салоҳиятро доштед, ки чунин як музокиротро роҳандозӣ кунед?

-Ширкаткунандагони мухолифини гуфтушунид аз лиҳози донишу малака, албатта, он тавоноиро доштанд, ки бо ҳайати баландпояи ҳукуматӣ дар сатҳи баробар музокира карда тавонанд. Ин ҷо фақат масъалаи салоҳият матраҳ буд. Салоҳияти мо камтар буд. 

Хуб, дигар мо маҷбур шудем, ки бо устод Нурӣ дар тамос шавем. Устод Нуриро гуфтем, ки ҳамин хел вазъият аст, чӣ кор кунем? Устод ҳам хоҳиш кард, ки аъзои Комиссияи муштарак аз ҷониби мухолифин як сафар кунед ба Афғонистон то вазъиятро инҷо биомӯзем. Ҳангоми сафар ба Афғонистон вазъиятро ба роҳбарият гуфта додем. Ба устод моҳияти кори кардагиамонро фаҳмондем. 

Устод Нурӣ моро дуруст дарк кард. Вале буданд дар Афғонистон касоне, ки аз кори мо сахт ибрози норозигӣ мекарданд. Бо писханд моро кабӯтари сулҳ мегуфтанд, хоин мегуфтанд. Ҳатто дар ҳамон ҷаласае, ки дар хонаи худи устод Нурӣ шуд, дар ин ҷаласа бархе аз аъзои Шӯрои ҷиҳодӣ пешниҳод карданд, ки Ҷалолиддин ҳамин ҷо ба ҳабс гирифта шавад. Чунки бе иҷозати роҳбарият ин корро кардааст. Аз касе напурсидааст. Хело гапҳои зиёд буд. 

Мусоҳибаҳои мо дар радиои Би Би Си ҳаст. Аз баъзе аз шахсиятҳои аввал шунидем, ки нодуруст кардааст комиссияҳои инҳо. Ҳатто ба хотири ман ҳаст, ки ҳамон ҷаласаи Ғармро сабт карда ба Афғонистон бурда будам. Дар навор сабт шуда буд, ки ман бо қумандонҳои ҳукуматӣ оғӯш ба оғӯш салом карда будам. Наворро дар онҷо монданд, тамошо карданд ва гуфтанд, ки «нафарони мо, ки дар Душанбе ба онҳо оғӯш ба оғӯш салом мекунанд, инҳо дигар рӯҳияи ҷиҳодияшон аз сарашон меравад». 

Ба ҳамин монанд боз гапҳои хеле зиёд буданд дар ҳамон вақт. Ҳамин хел мушкилот доштем, ба ҳар ҳол ҳамин хел шурӯъ шуда буд. Вале устод Нурӣ бо як солории ба худ хос ҳамаи ин гапҳоро рад кард ва пешниҳоди моро дар бораи фиристодани як ҳайати сатҳаш баландтар барои идомаи гуфтушунидҳову таҳкими он чи ба даст омада буд, пазируфт. Баъди чанде чунин як ҳайат бо сарварии Давлат Усмон, ки Султони Ҳамад, Муҳаммадалии Ҳаит, Мирзо Муҳаммадии Навид, Неъматуллоҳи Билол ба он дохил буданд, ба Тоҷикистон сафар карданд ва кори моро идома доданд. Алҳамдулиллоҳ, ки дигар кор хуб шуд. 

-Ба фикри шумо барои чӣ баъди се моҳи созишномаи Ғарм боз даргириҳо шурӯъ шуданд. Иллаташ дар чӣ буд?

-Иллати асосӣ ҳамин буд, ки пунктҳои Протоколи сулҳи Ғарм аз ҷониби ҳукумат пурра иҷро нашуда буд. Бояд, ки тамоми нирӯҳои мусаллаҳ аз роҳҳо гирифта мешуданд. Пости Лаби Ҷарро нагирифтанд. Нирӯҳои дар минтақаи аэропорт доштаашонро ҳукумат нагирифт.Дар даруни Ғарм нирӯҳои ҳукуматӣ озод гашту гузор мекарданд. 

Тибқи шартнома бозори Ғарм бояд дар контроли нерӯҳҳои мусаллаҳ намебуд. Ҳамин гуна нақзи шартнома ба мушоҳида мерасид, ки баъдан дигар оҳиста-оҳиста ҳамдигарнофаҳмиҳо шуду ба задухӯрд оварда расонд. Рости гап, задухӯрд он қадар дуру дароз набуд. Ҳамон як даргирӣ дар шаҳраки Ғарм шуду ба зудӣ ором шуд. Нирӯҳои зиёди ҳукумат ба асорати нерӯҳои оппозитсион афтода буданд. Зиёда аз 70 нафар.

Онҳо ба Тоҷикобод интиқол дода шуда буданд. Худи ҳамон вақт аз ҷониби устоди марҳум амр шуд оҷилан ин асиронро бе ягон шарту шароити дигар фавран озод намоянд. Тавассути Комиссияи мо шояд, ки комиссияи Давлат Усмон ҳам дар он ҷо буд, ҳамаи ҳамин усаро беиваз, бешарт озод шуданд. Бале, ҳамин хел як даргирии ҷузъӣ буд, даргирии ҷиддӣ набуд. 

-Чӣ хел даргирии ҷиддӣ набуд, ки минтақа пас аз ин даргирӣ пурра ба зери контроли нерӯҳҳои оппозитсион гузашт? Ин магар нақзи ҳамон Созишнома набуд?

-Дуруст аст. Вале фақат ҳамон шаҳраки Ғарм дар контроли нирӯҳои оппозитсион гузашту дар аэропорт, дар Лаби Ҷар нирӯҳои ҳукуматӣ боқӣ монданд. Ба зери назорати нирӯҳои мухолифин гузаштани шаҳраки Ғармро баъзеҳо аз заъфи ҳукумат медонистанд, ки ба фикри ман ин нодуруст аст. Ман чунин нуқтаи назар дорам, ки ҳукумат қодир буд, ки нирӯҳои худро сарҷамъ карда боз ба ҳуҷум гузарад ва шаҳраки Ғармро боз аз сари нав ба контроли худ бигирад. Вале ин корро ба хотири нарехтани хуни зиёд накард. Ин бошад бори дигар аз сулҳхоҳии ҳукумат хабар медод. 

-Дар ҷараёни фаъолияти Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ду узви он аз ҷониби оппозитсион дар пайи ҳамлаҳои террористӣ мафқудуласар шуданд. Мешавад, ки дар бораи ин ҳодисаҳо ва қисмати баъдинаи ин ду нафар чанд ҳарф бизанед?

-Ҳамон бародаре, ки дигар намедонам марҳумаш бигӯем ва ё нагӯем, шояд дар куҷое ҳаст пайдо мешавад, Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов, ки ҳамраиси комиссия буд, рӯзона аз маркази шаҳр дуздида шуд. Мутаассифона, ҳамроҳи ӯ танҳо ронанда буд. Дигар аз мо касе ҳам набуд. Мо дар меҳмонхона дар зери амнияти ҳамонҳо будем. Амнияти моро он замон дар Душанбе вазорати амният ё худ кумитаи амният таъмин мекард. 

Тақрибан як ҳафта буд, ё се-чор рӯз пештар аз ҳамон гум шудани Ҳоҷӣ Музаффар эълон карда буданд, ки дигар мо чанд рӯз амнияти шуморо таъмин карда наметавонем, хоҳиш мекунем аз меҳмонхонаҳо берун набароед. Шахсиятҳое, ки амнияти шуморо таъмин мекунанд, муваққатан ҳозир нестанд. Он вақт, ба хотиратон бошад, ҳар як вазир, ҳар як масъули ҳукумат, як нафар- ду нафар шахсони ҳозирбошу таъминкунандаи амният доштанд. 

Мегуфтанд, ки мо ҳамагӣ як баталиони амниятӣ дорем. Муҳофизон намерасанд. Баъзеашонро аз ин баталёни амниятӣ ҳатто ба ҷабҳаҳо бурда буданд. Ҳақиқатан ба мо мегуфтанд, ки чанд рӯз ба берун набароед. Мутаассифона, он рӯзҳо дигар мо хаёл мекардем, ки амният комил шудааст, рафту омадҳои бе ҳозирбош доштем. Дар ҳамин вақт, дигар аз ҷониби кӣ шуд, чӣ шуд дигар маълум нест. Ҳозирбош надошт, ҳамроҳи ронандааш ин воқеа шуд. 

Ва он нафари дигараш, ки Муҳиддин Ҳасанов ном дошт, он ҳам аз як сафаре, ки ба Афғонистон карда буд, дигар барнагашт. Дигар ман дар ин бора чизе намедонам. Дар Душанбе ӯ намояндаи Ризвон дар Комиссияи оташбас буд. 

- Таври маълум муносибати Ризвон бо роҳбарияти мухолифин он замон чандон хуб набуд. Пас барои чӣ намояндаашро шомили Комиссияи оташбас кардед?

Намояндаи Ризвон ҳанӯз соли 1994 шомили Комиссия шуда буд. Он замон Ризвон ҳанӯз ба раҳбарияти оппозисиюн вафодор буд. Баъд аз он ки дар охир ва ё аввалҳои соли 1995 Ризвонро аз сарфармондеҳии нирӯҳои мухолифин сабукдӯш карданд, намояндааш дар Комиссияи оташбас монд. Ман намояндаи Ризвонро пештар намешинохтам. 

Вақте ки ба Афғонистон сафар кард, дигар барнагашт. Ва нафароне, ки ҳамроҳаш рафта буданд аз Созмони Милали Муттаҳид гуфтанд, ки ба онҳо гуфта будааст, ки се рӯз баъд меоям. Ба ҳар ҳол даҳан ба даҳани мардум буд, ки Ризвон намояндаашро даъват кард ҳамроҳаш гирифт. Дар бораи ин ду нафар дигар маълумот надорам. Худо раҳмат кунад падари Ҳоҷӣ Муаффарро бо ҳамроҳии як хоҳараш мегуфт, ки «ин ҳодисаро мо дар пеши мағозаи «Олами китоб» бо чашми худ дидем. 

Дидем, ки як гурӯҳ як нафарро ба сараш линча кашида, зада-зада дар як мошин дароварда истодаанд. Мо 40-50 қадам он тарафтар будему ин ҳодисаро медидем. Ҳатто ба гӯшаи хотирамон намеомад, ки ин бахтбаргашта писар ва додари мо ҳаст. Агар медонистем шояд коре мекардем». 
Чунин ҳодисаҳо он вақт дар ҳар қадам рух медод. Мардум медид, вале касе ҷуръат намекард, ки эътироз кунад, кӯмак кунад. Дигар ҷои шикоят ҳам набуд он вақт. Намедонистӣ, ки ба куҷо равам, пеши кӣ шикоят кунам. Нирӯҳои қудратии ҳукумат то дараҷае заъф доштанд, ки контрол карда наметавонистанд авзоъро. 

-Дар бораи дигар аъзоёни комиссияи муштараки назорат бар оташбас чӣ гуфтанӣ доред?

Мутаассифона, ҳозир ман феҳристи ҳамаи онҳоро дар даст надорам. Дар тӯли ин се сол ба 32 нафар афзоиш ёфтанд. Иваз мешуданд. Ҷониби ҳукумат зиёдтар иваз мешуд. Сабаб? Як моҳу ду моҳ кор мекард, мансабаш медоданду мерафт. Ман метавонам ягон рӯзи дигар феҳристи ҳамаи ҳамон 32 нафарро эълон кунам. Имрӯз ба ёдам мерасад аз шахсиятҳои маъруфе, ки аз ҷониби ҳукумат буданд, Худо раҳматаш кунад Азиз Рӯзиев буд -намояндаи вазорати умури дохила, Зафар Икромов буд мушовири Президент. Аз ҷониби мо Ҳоҷӣ Музаффару Муҳиддину Шамсиддин, Иззатулло, хонум Улфатмоҳ буд, Фақат як нафар хонум узви ин Комиссия буд, ки он ҳам аз ҷониби мо буд. Сайидшариф буд аз Ванҷ, банда будаму Юсуфи Ҳаким.

Аз ҷониби ҳукумат Мирзоев ном афсаре намояндаи вазорати дифоъ буд. Абдунабӣ Сатторзода аз ҷониби мухолифин ва Ҳамрохон Зарифӣ аз сӯйи ҳукумат узви ҳамин Комиссияи оташбас буданд. Баъди истиқрори сулҳ Абдунабӣ Сатторзода чанд муддат муовини вазири корҳои хориҷа кор кард. Ҳамроҳхон Зарифӣ бошад ҳамакнун вазири корҳои хориҷаи кишвар мебошад. Боз шахсиятҳои дигари шинохта буданд, ки мутаассифона, ҳамин ҳозир ному фамилияашон ба хотирам намерасад. Барои ин аз онҳо узр мехоҳам. 

(давом дорад)

Мусоҳиб Султони Ҳамад 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi