19:24:32 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 8

 

 

БАЁНИЯИ

 

Муштараки Раёсат ва Фармондеҳони Низомии

 

Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик

 

 

Мо, аъзои раёсат ва фармондеҳони низомии Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик аз иқдоми муштараки Комиссияи Оштии Миллӣ ва Президент оид ба авфи иштирокдорони муқовиматҳои сиёсӣ - низомӣ ва размандагони ИНОТ изҳори қаноатмандӣ намуда, ин амали башардӯстонаро иқдоми навбатие дар роҳи таҳкими татбиқи Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар меҳисобем. Воқеан, барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ эътимоду боварии тарафҳо чизи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.

 

Мутаассифона, раванди кунди иҷрои Созишнош-номаи  умумӣ эътимод ба сулҳро коста карда буд. Ва дар чунин шароит қабули санади мазкур метавонад эътимоди заъифгаштаро бори дигар барқарор ва устувор гардонад ва мо умедворем дар дигар самтҳо низ чунин иқдомҳои ҷиддии сиёсӣ гузошта мешавад.

 

Кишвари мо ҷанги шаҳрвандиеро аз сар гузаронид, ки дар он наметавонад танҳо як тараф муҷрим ҳисобида шавад. Умедворем бо татбиқи ин Қарор дар ҷомеаи Тоҷикистон саҳифаи нав кушода мешавад ва дар он таҳкими қонуният ва волоияти он таъмин мегардад. Мо ҷонибдории худро аз ин санад эълом намуда, бар ин ақида ҳастем, ки аз ин ба баъд ҳар кӣ қонунро вайрон кунад, бояд дар назди қонун ба ҳайси шаҳрванд ҷавоб диҳад ва амали ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба тарафе нисбат дода нашавад.

 

Раёсат ва қумандонҳои низомии ИНОТ,

 

ноҳияи Кофарниҳон, деҳаи Тангаӣ, 12 маи с. 1999

 

Проблемаи дигаре, ки то дер ҳалли худро пайдо карда натавонист ва мӯҷиби ба дарозо кашида шудани иҷроиши Протоколи масоили низомӣ ва умуман Созишномаи Умумии Сулҳ гардид, ин масъалаи вазорати дифоъ буд. Тибқи асноди ба имзорасидаи Сулҳ яке аз ниҳодҳоҳои қудратии Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебоист дар чаҳорчӯбаи саҳмияи 30 дар сада ба ихтиёри ИНОТ дода мешуд. Ҳукумат ба ин розӣ буд, ҳатто бо имзои Раиси Ҷумҳур Э.Ш.Раҳмонов ба унвонии раиси КОМ номае ирсол шуда буд, ки дар он дар қатори дигар симматҳо барои ба вазифаи вазири дифоъ пешниҳод кардани номзад хоҳиш шуда буд.

 

Яке аз довталабони ин мансаб аз ҷониби ИНОТ ҷаноби оқои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода буд. Вале на қумандонҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ ва на ҷониби ҳукумат ин дархости ӯро қабул надоштанд. Ҷониби ИНОТ номзадии фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии ИНОТ Мирзо Зиёевро пешниҳод кард ва дар ин бора расонаҳои хабарӣ иттилоъ низ пахш карданд. Вале баъди чанде ҷониби ҳукумат аз ин раъйи худ баргашт ва изҳор намуд, ки омода нест ин вазифаро ба ихтиёри намояндаи мухолифин бисупорад.

 

Дар мулоқотҳои зиёди худ бо Раиси Ҷумҳур, ин масъала мукарраран мавриди муҳокима қарор мегирифт. Дар яке аз сӯҳбатҳо Раиси Ҷумҳур сабабҳои чунин тасмим гирифтани ҳукуматро зери хатар қарор гирифтани раванди Сулҳ номид. Агарчанде, ки пазируфтани ин раддия хеле душвор буд, вале ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими раванди истиқрори оштии миллӣ маротибаи чандум буд, ки аз худ гузаштҳо нишон дода шуд. Зеро таҷрибаи Афғонистони ҳамсоя баръало нишон дода буд, ки пофишориҳо кардан дар масъалаҳои мушобеҳ бо чӣ натоиҷ анҷом меёбанд.

 

Албатта барои мутақоид кардани мухолифини ин тасмими Раиси Ҷумҳур дар дохили ИНОТ лозим буд, ки корҳои зиёдеро ба анҷом бирасонам. Аз ҷумла, бо қумандонҳо ва фармондеҳони нерӯҳои низомии ИНОТ пайваста сӯҳбатҳое дошта бошам. Чунин сӯҳбатҳо бо раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки пешбинӣ шуда буд вазифаи ӯро ба Мирзо Зиёев пешниҳод намоем, гузаронида шуданд. Бояд қайд кард, ки Маҳмадрӯзӣ бори дигар ҷавонмарди сулҳдӯсту ватанпараст будани худро нишон дод.

 

Ҷониби ҳукумат низ дар навбати худ ба иқдомҳое даст зад, ки боиси ҳарчи тезтар ҳал шудани ин масъала гардиданд. Чунончи, Маҷлиси Олии Тоҷикистон 30 – уми июни соли 1999 – ум қарор қабул кард, ки Кумитаи Давлатии оид ба Ҳолатҳои фавқулоддаро ба Вазорати Ҳолатҳои Фавқулоддаи ҶТ табдил диҳад. Салоҳият ва вазоифи он нисбатан васеътар карда шуданд ва чанд рӯз баъд бо фармони Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии ИНОТ Мирзо Зиёев вазири он таъин карда шуд.

 

Дар ҷараёни ба ҳаёт татбиқ кардани талаботи Протоколи низомии Созишномаи Умумии Сулҳ борҳо бо проблемаҳое рӯ ба рӯ омадем, ки агар ҳалли саривақтӣ ва оперативонаи он ба вуқӯъ намепайваст, фазои кишварро аз сари нав дуди ғализи ҷанг мепечонд. Чунин буданд ҳодисаҳое, ки моҳҳои март - апрели соли 1998 дар Кофарниҳон ва моҳҳои - апрел ва маи соли 1998 дар шаҳри Душанбе рух доданд. Пас аз декабри соли 1996 баъди қатъи даргириҳо дар мамлакат ин аввалин бор буд, ки баъзе аз дастаҳои мусаллаҳи ҷиноҳои сулҳкунанда муқобили ҳамдигар боз яроқ гирифтанд ва ба сӯи ҳамдигар оташ кушоданд.

 

Дар натиҷа мутаассифона, боз даҳҳо тан куштаву даҳҳо тани дигар захм бардоштанд, нафарҳои зиёде ба асорат уфтодаву мафқудуласар шуданд. Сабаби асосии рух додани ин ҳодисаҳоро ман дар адами эътимоди қавӣ ба ҳамдигар донистам. Душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик кӯшиш карданд, ки дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос нобоварӣ ва беэътимодиро ба мақсадҳои худ истифода кунанд ва аз нав Тоҷикистонро ба гирдоби тӯфони ҷанг бикашанд. Хушбахтона, роҳбарияти ҳарду ҷониб аз ин аҳдофи нопоки онҳо саривақт пай бурда, садди роҳи сар задани фоҷиа гардиданд, ки боиси яъсу ноумедии душманони Сулҳу ваҳдати тоҷикон шуд.

 

Вале зарбаи асосиро нотавонбинони оштии миллӣ ва ваҳдати тоҷикон ҳамон вақт таҳаммул карданд, ки собиқ полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев бо беш аз ҳазор размандаи худ вориди шимоли Тоҷикистон шуд ва ба раванди Сулҳи байни тоҷикон таҳдиди реалӣ намуд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи тақдирсоз раҳбарияти ИНОТ, КОМ ва фармондеҳону размандагони ИНОТ, ки ҳанӯз ҳам шомили сохторҳои қудратӣ нашуда буданд, шабехуни ин дастаи ҷангҷӯро шадидан маҳкум намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки алайҳи он ба ҳар роҳи восита паҳлӯ ба паҳлӯи сарбозони ҳукуматӣ мубориза хоҳанд бурд. Комиссияи Оштии Миллӣ худи ҳамон рӯз изҳороти зеринро тавассути расонаҳои хабарии олам мунташир сохт…

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2453----lr-8.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi