02:36:52 04-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 9

 

 

ИЗҲОРОТИ КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

Субҳи рӯзи 4 ноябр дастаҳое мусаллаҳе, ки ба он Маҳмуд Худойбердиев фармондеҳӣ мекунад, аз хоки кишвари ҳамсоя ба шаҳрҳои Чкаловск ва Хуҷанд ҳамла оварда, майдони ҳавоии Хуҷандро ишғол ва биноҳои идораи корҳои дохилӣ ва амнияти вилоят ва аскарони ҳукуматиро муҳосиро намуданд. Қувваҳои ба маркази вилояти Ленинобод дохилшуда боиси куштаву маҷрӯҳ шудани одамони бегуноҳ гардидаанд. Онҳо ба кувваҳое такя мекунанд, ки зидди раванди сулҳу осоиш дар кишвари мо ва муқобили дӯстию ҳамзистии осоиштаи ҳамаи халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Комиссияи Оштии Миллӣ, ки барои таҳкими сулҳу осоиши мамлакат таъсис дода шудааст, ҳар гуна тавтиа ва амалиётро, ки боиси халалдоршавии раванди сулҳ дар Тоҷикис-тон мегардад, маҳкум менамояд. Мо мӯътақидем, ки дар вата-ни мо ҳамагуна масъалаҳоро бидуни силоҳ ва зӯроварӣ ҳал кардан мумкин аст. Кишварамон дар натиҷаи ҷанги ҳамватанӣ чунон вайрон ва мардумонамон чунон саргардон шуданд, ки онҳо тобу тоқати вайронию сарсонии бештар аз онро надоранд. Мо аз онҳое, ки оромиши мамлакатро халалдор кардаанд, қатъӣ талаб мекунем, ки аз ин амалиёти душманонаашон нисбат ба ҳалқи тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистон даст кашанд, силоҳҳои худро супоранд.

 

Комиссияи Оштии Миллӣ сиёсати сулҳдӯстонаи Прези-денти мамлакат мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмоновро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд ва барои ҳимояи раванди сулҳ ва оштии миллӣ омодагии худро изҳор мекунад. Комиссияи Оштии Миллӣ аз кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон ва созмонҳои байналмиллалӣ хоҳиш мекунад, ки дар ҳалли мусолиҳатомези мушкили ба амал омада мусоидат намоянд.

 

Раиси Комиссияи

Оштии Миллӣ                                                                                        Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

 

ш. Душанбе 4 ноябрисоли 1998.

 

Мавқеи қотеъонаи КОМ дар қиболи таҳоҷуми нерӯҳои зархарид ба дохили Тоҷикистон дастгирии на танҳо мардуми заҳматкаши кишварро ба дунбол дошт, балки созмонҳои байналмиллалии дар ҳудуди Тоҷикистон буда низ ин амали зиддибашариро якдилона маҳкум карда, бори дигар ҷонибдории хешро аз раванди истиқрори сулҳу оштӣ дар ин сарзамини ҷафокашида изҳор доштанд. Роҳбарияти ИНОТ бо вуҷуди он, ки нерӯҳои мусаллаҳи дар итоаташ буда ҳанӯз ҳам ба сохторҳои қудратии ҳукумат реинтегратсия нашуда буданд, дар машварат бо роҳбарияти давлат теъдоди муайянеро барои кӯмак расондан ба сарбозони ҳукуматӣ дар муборизаашон алайҳи дастаҳои Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) эъзом намуд.

 

Дастаи 270 нафараи нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ дар манотиқи кӯҳистонии ноҳияи Айнӣ бар зидди ҷангҷӯёни ғоратгари полковники исёнгар ҷасуриву матонат нишон дода, дар як муддати кӯтоҳ ин сарзамини муқаддасро аз вуҷуди душманони сулҳу осоиш дар Тоҷикистон поксозӣ намуданд. Дар ҷараёни татбиқи Протоколи низомӣ ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев ба Шимоли Тоҷикистон гӯё санҷише барои тарафҳои сулҳкунандаи тоҷикон гардид, ки аз он санҷиш ҳарду ҷониб сарбаландона гузаштанд. Расонаҳои хабарии олам аз ин ба баъд бештар дар хусуси он ёдовар мешуданд, ки артиши Тоҷикистон баъди ба он мунҳал шудани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ пурқудраттарин ва таҷрибадортарин қувваҳои мусалла-ҳи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

 

Биёед, хонандагони гиромӣ, худатон хулоса бароред. Дар рафти татбиқи Протоколи оиди масоили низомии Созишномаи умуммии Сулҳ 6842 нафар размандаи нерӯҳои мусаллаҳи собиқ ИНОТ ба қайд гирифта шуда аз муоинаи тиббӣ ва аттестатсия гузаронида шуданд. Аз онҳо 6079 нафарашон барои хизмати аскарӣ муносиб, 763 нафар номуносиб дониста шуданд. 401 нафар барои табобат ба Маркази «Офият» ва дигар табобатгоҳҳо фиристода шуданд. Ба мавқеъ аст бигӯем, ки Комиссияи Муштараки Тиббӣ дар байни размандаҳои ИНОТ 186 нафарро баъди муоинаи дақиқкоронаи тиббӣ ба қатори маъюбин дохил намуд, ки аз онҳо 14 нафарашон ба гурӯҳи аввал, 108 нафарашон ба гурӯҳи дуввум ва 64 нафарашон ба гурӯҳи сеюми инвалидон мансуб дониста шуданд.

 

Аз ҷумлаи маҷрӯҳин 112 нафарашон ба пою дасти сунъӣ (протезҳо) эҳтиёҷ доранд. Гуфтан лозим аст, ки ҳамаи маҷрӯҳин ва беморони ИНОТ то ҳол соҳиби имтиёзҳои ҳукуматии ба ин категория таъиншуда нестанд. Дар натиҷаи санҷиш Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсионии назди КОМ тавсия дод, ки аз ҷумлаи 6079 нафар фармондеҳ ва размандаи ИНОТ 5061 нафарашон барои идомаи хизмати низомӣ ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ шомил шаванд. Чунончи пешниҳод шуда буд, ки 1606 нафар ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1591 нафар ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди ҳукумати ҶТ, 1041 нафар ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, 773 нафар ба Вазорати Умури Дохила, 50 нафар ба Вазорати Амнияти ҶТ реинтегратсия шаванд.

 

Тибқи иттилооти мавҷуда ҳамакнун 4498 нафар размандаи ИНОТ пас аз савганди низомӣ хӯрдан шомили сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ шудаанд. Бояд гуфт, ки аксари онҳо бо силоҳу муҳимот ва техникаи дар дасташон буда шомили ин ва ё он сохторҳои қудратӣ шуданд. Тибқи маълумоти зеркомиссияи низомии КОМ, ҳайати нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон дар ҷараёни татбиқи Протоколи низомӣ 2164 мил силоҳи размандагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозит-сиони Тоҷик ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷумла 1509 адад автомат, 215 адад пулемети Калашников, 106 адад пулемети Горюнов, 20 адад АГС, 14 адад ЗУ, 19 адад ДШК, 48 адад пистолети Макаров, 21 адад карабин, 59 адад минамёт, 153 адад грантамёти дастӣ мебошад. Аз ҷумлаи муҳимот бошад беш аз 320 ҳазор тири силоҳи хафифа, 181 дона норинҷаки дастӣ, 9 дона тири БИМ – 1, (силоҳи хитоӣ), 17 дона тири СОМ – 7, (зидди тайёраҳои низомӣ), 51 адад минаи зиддитанкии размандагони ИНОТ ба қайд гирифта шуд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi