13:45:04 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 20

САФАРҲО БА ХОТИРИ ОБОДИВУ ТАҲКИМИ СУЛҲ

 Ҷанг  бадбахтӣ барои инсонҳо ва харобӣ  барои кишварҳо меоварад. Фарқ надорад ӯ чӣ гуна ҷанг аст. Ҷанги байни давлатҳост ё ҷанги шаҳрвандист. Бо расидани Сулҳу оромиш дар кишвар нахуст масъалаи муҳиме, ки пеш меояд, ин обод кардани харобиҳои ҷанг аст. Вале обод кардан ин хароб кардан нест, ки дар як лаҳза бидуни масраф ё маблағе даст диҳад. Биноеро, ки бунёдаш моҳҳову солҳо идома ёфтааст, метавон дар як лаҳза аз байн бурд, харобу валангор кард, оташ зад.

 

ustod nuriВале аз нав обод кардану ба истифода додани он заҳмату машаққат, вақт, харҷи зиёдеро талаб мекунад. Маълум аст, ки як кишвари ҷангзада мисли Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир нест ба ин зудиҳо харобиҳои ҷангро тармиму таъмир намояд ва корхонаҳову муассисаҳои валангор ва аз кор мондаи худро аз сари нав бо тамоми қудраташ фаъол намояд. Барои чунин кореро анҷом додан сармоя ва сармоядорони хориҷиро ба ин ҷо ҷалб кардан даркор буд. Маълум буд, ки бидуни кӯмаки онҳо раванди барқарории хоҷагии халқ хеле ҳам тӯл хоҳад кашид.

 

Бинобар ин бо дархости Комиссияи Оштии Миллӣ ва раҳбарияти ҷумҳурӣ Созмони Миллали Муттаҳид рӯзҳои 24 – 25 ноябри соли 1998 дар шаҳри Венаи Австрия конфронси давлатҳои саҳмгузор (донор) – ро даъват намуд. Ман низ ҳамчун Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ба ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президент Раҳмонов Эмомалӣ сарварӣ мекард, шомил будам. Дар Конфронс намояндагони 45 давлати ҷаҳон, 15 муассиса, бунёд ва барномаҳои системаи СММ, 17 созмонҳои дигари байналмиллалӣ, муассисаҳои молӣ ва созмонҳои ғайри давлатӣ ширкат варзиданд.

 

Ҳадафи ин конфронс дар умум иборат аз ҷамъ овардани 65 миллион доллари амрикоӣ барои маблағгузории чорабиниҳое буд, ки бевосита бо татбиқи Созишномаи Сулҳи байни тоҷикон, мусолиҳаи сиёсӣ, демократикунонии ҳаёти иҷтимоӣ, ба ҳаёти мулкӣ гусел кардану шомили ниҳодҳои қудратӣ намудани собиқ размандаҳои ИНОТ, гузаронидани ислоҳот дар сохторҳои қудратӣ, баргардонидани муҳоҷирин ва фирориёне, ки дар дохили кишвар иҷборан ҷои зисти худро тарк кардаанд, барқарор кардани манотиқи дар ин ҷанг аз ҳама бештар осебдида нигаронида шуда буданд.

 

Ҳангоми суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳои ин конфронси байналмиллалӣ эҳсос кардам, ки ширкаткунандагони он бо як таваҷҷӯҳи зиёд мехоҳанд бифаҳманд, ки сулҳи байни тоҷикон пойдору устувор аст ё на. Ман аз мушкилоти раванди Сулҳ рӯйрост ҳарф задам. Вале ҳозиринро мутмаин сохтам, ки Сулҳи байни тоҷикон бебозгашт аст, агарчи ҳанӯз ҳам нотавонбинону душманони зиёде дошта бошад ҳам, аммо тоҷикон дигар қасд ба ҷони ҳамдигар нахоҳанд кард.

 

Яке аз душманони асосии Сулҳи байни тоҷикон ин фақру нодорӣ дар ҷомеа аст, ки дар ин панҷ соли даргириҳо 80 фоизи ҷамъияти Тоҷикистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст. Кӯмаки кишварҳои саҳмгузор метавонад дар мубориза бо ин душмани иҷтимоӣ таъсири мусбат расонад. Дар хотимаи ин конфронси кишварҳои саҳмгузор эълон шуд, ки ширкаткунандагони он омодаанд барои таҳкими раванди Сулҳ дар Тоҷикистон ба маблағи 96 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намоянд, ки аз ин маблағ 39 миллион доллари он бевосита ба чорабиниҳои дар ҳадафи конференсия эълоншуда сарф хоҳад шуд.

 

Мутаассифона, ба кори ин конференсия, ба натиҷаи он ҳодисаи аз тарафи гурӯҳи террористони Ризвон Содиров гаравгон гирифтани ду шаҳрванди фаронсавие, ки дар созмонҳои хайрия дар шаҳри Душанбе кор мекарданд, таъсири манфӣ расонд. Баъзе аз иштироккунандагони ин конференсия аз вазъи ҷиноӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

 

Аз 8 то 11 декабри соли 1997 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон нишасти 8 -  уми сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) барпо гардид. Ин Созмони бонуфузи кишварҳои исломӣ соли 1969 дар Работ пойтахти Марокаш таъсис ёфта аст. Феълан 55 давлати ҷаҳон узви он ба ҳисоб мераванд. Созмони Конфронси Исломӣ дар умум имрӯз манофеи 1 миллиарду 200 миллион мусалмонони дунёро ҳимоя мекунад.

 

 Дар нишасти Теҳрон раҳбарони зиёда аз 30 давлат ширкат карда буданд. Кишварҳои боқимонда низ намояндагони дигари олимартабаи худро ба ин конференс фиристода буданд. Дар кори конференс Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофе Аннан ба сифати нозир ширкат кард. Дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ман низ ба ҳайси Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ шомил будам. Дар суханронии худ сарвари ҳайати намояндагони  Тоҷикистон Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз хусуси раванди Сулҳ  дар кишварамон ҳикоя намуд.

 

Раиси Ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммади Хотамӣ, ки ҳамзамон раиси нишасти 8 – уми сарони кишварҳои СКИро ба ӯҳда дошт, «раванди Сулҳро дар Тоҷикистони дӯст ва бародар воқеаи фараҳбахш номид» ва миннатдории худро ба Раиси Ҷумҳур Раҳмонов ва Раиси КОМ «барои ҳамкориҳои якҷояву самарабахшамон дар роҳи татбиқи раванди Сулҳ ва оромӣ дар Тоҷикистон» изҳор намуд. ӯ инчунин қайд кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Созмони Конфронси исломӣ хоҳиш мекунад, ки кӯшиш ба харҷ диҳанд то раванди Сулҳ дар Тоҷикистон истиқрор ва истеҳком ёбад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi