01:54:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 21

НАҚШИ СММ ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲУ ОШТИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

ustod nuriДар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто қабл аз оғози он тарафҳои муқовиматкунанда дар Тоҷикистон мустақилона борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, ки оташи даргириҳоро фурӯ нишонда, ҳарчӣ тезтар ба як сулҳу салоҳ биёянд. Чунин иқдомҳо чандин бор дар шаҳри Душанбе, Калининобод, Хоруғ ва ғайра сурат гирифтанд. Вале мутаассифона, нерӯҳои сиёсиву низомие, ки дар дохил ва берун аз кишвар ба идомаи ҷанг манфиатдор буданд, нагузоштанд, ки ин нияти нек ба вуқӯъ пайвандад. Баръакс, онҳо тавонистанд тухми кинаву адоват, нобоварӣ ба якдигарро дар замири бародарон бисабзонанд ва ҷангро ҳам ба паҳно ва ҳам ба дарозо бикашанд.

 

Худо медонад, ки ин ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон боз чӣ қадар давом мекард, агар миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ ба вуқӯъ намепайваст. Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчӣ аввалҳои сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ҳамчун давлат эълон карда бошад ҳам, вале ба узвияти СММ ҳамчун кишвари мустақил моҳи марти соли 1992 пазируфта шуд. Дар як давраи хеле мураккаб ва ноороми таърихии худ, аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Намояндагон ва коршиносони ин созмон агарчи он замонҳо то андозае дар ҷараёни воқеаҳои ин кишвар қарор гирифта бошанд ҳам, вале мутаассифона ба таври ҷиддӣ ба проблемаи Тоҷикистон қариб як сол баъд машғул шуданд. Махсусан баъди он, ки як гурӯҳи начандон калони ҳайати СММ иборат аз ходимони сиёсӣ, низомӣ моҳи январи соли 1993 ба Тоҷикистон омад ва ба омӯзиши вазъият машғул шуд, кор ранги дигар гирифт.

 

Моҳи апрели соли 1993 Дабири Кулли СММ Бутрос Бутрос Ғоли дипломати варзида Исмат Киттаниро Намояндаи Вижаи худ дар умури Тоҷикистон таъйин намуд. Исмат Киттани дар даврони фаъолияти худ ба ҳайси Намояндаи Дабири Кулли СММ борҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Арабистони Саъудӣ сафарҳо намуда, бо роҳбарони ин кишварҳо, раҳбарияти мухолифин сӯҳбату мулоқотҳо ороста зарурати бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистонро матраҳ кард. Хизмати шоёни Исмат Киттани дар ҳалли мушкилоти Тоҷикистон аз он иборат буд, ки ӯ тавонист ҷонибҳои даргирро мутақоид созад то қазияро аз тариқи гуфтушунид ҳал намоянд.

 

16 декабри соли 1993 Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Бутрос Бутрос Ғоли ба ҷои Исмат Киттанӣ, дипломати уругваӣ Рамиро Пирис Баллонро Намояндаи Вижаи худ дар Тоҷикистон таъин намуд. Дар зарфи ду моҳи аввали соли 1994 дипломати уругваӣ борҳо ба Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии ӯзбекистон сафарҳо карда, бо раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон, кишварҳои мазкур ва раҳбарони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбатҳо ороста, билохира ҳар ду тарафро ба оғози гуфтушунидҳои сиёсӣ розӣ кунонд. 5 – уми апрели соли 1994 даври нахустини гуфтушуниди мусолиматомези байни тоҷикон дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия сар шуд.

 

То рӯзи ба имзо расидани Созишномаи Умумии Сулҳ, яъне 27 июни соли 1997  1180 рӯзи расо Созмони Миллали Муттаҳид дар музокироти Сулҳ байни тоҷикон миёнҷигарӣ кардааст. Дар ин муддат ҳар гоҳ, ки музокироти Сулҳ ба бумбаст мувоҷеҳ мешуд маҳорати дипломатӣ, кордонии Намояндаҳои Вижаи ДК СММ Рамиро Пирис Баллон ва махсусан Ҳерд Дитрих Меррем, файласуф ва дипломатӣ олмонӣ сабаби он мегардид, ки дар раванди гуфтушунидҳои сиёсӣ монеаҳо бартараф ва пешравиҳо ба вуҷуд биёянд. Борҳо шудааст, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳои сулҳкунанда пешниҳодҳои якдигарро намепазируфтанд ва ҳатто баррасӣ кардан намехостанд. Хавфи барҳам хӯрдани раванди музокирот пеш меомад. Дар ин вақт намояндаҳои Созмони Миллал варианти худро пешкаши ҷонибҳои музокиракунанда мекарданд ва бисёр вақт ин пешниҳодҳо ба тағйироти начандон калон мақбули ҳарду тараф мегардид.

 

Гуфтан зарур аст, ки фаъолияти миёнҷигарии СММ танҳо бо ширкат дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои гуфтушунидкунанда иктифо намекард. Ҳайати Намояндагии СММ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи декабри соли 1994 дар Душанбе расман дафтари кории худро ифтитоҳ намуда буд, дар кори назорат бар Созишномаи оташбас ба ҳайати комиссияи муштарак кӯмаки беандоза мекард. Нозирони низомии ин намояндагӣ кӯшишҳо ба харҷ медоданд, ки эътимоду боварӣ байни ҷонибҳо барқарор шавад. Дар табодули усаро бо маҳбусони сиёсӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ширкат мекарданд. Дар расондани кӯмакҳои башардӯстона саҳм мегирифтанд. Умуман корҳои зиёди муфидро иҷро мекарданд.

               

Миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид баъди дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ бар пояи сифатан нав бароварда шуд. Аз ин ба баъд ҳам ходимони сиёсӣ ва ҳам нозирони низомии Намояндагии  СММ дар Тоҷикистон бештар ба корҳои амалӣ, асосан ба кори ба ҳаёти воқеӣ татбиқ намудани талаботи Созишномаи Умумии Сулҳ машғул шуданд. Масалан нозирони низомии ҳайати намояндагии СММ дар Тоҷикистон ҷараёни сабти номнависии размандагони ИНОТ, ба қайд гирифтани силоҳу муҳимоти онҳо, аз муоинаи тиббӣ гузаштану шомили сохторҳои қудратии ҳукумат гардидани онҳоро тибқи Созишномаи Умумии Сулҳ назорат мекарданд. Пеш аз ин амалиёт онҳо дар баргардонидани нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ аз Давлати Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон мусоидат намуданд.

 

Ин амал низ таҳти назорати бевоситаи онҳо ва кӯмаки нерӯҳои «Ҳомии Сулҳи кишварҳои ИДМ» сурат гирифт. Дар даврони фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ борҳо табодули усаро бо маҳбусони сиёсӣ сурат гирифт, ки нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон дар ҷараёни татбиқи онҳо нақши муҳимро бозиданд. Дар самаранокии фаъолияти худи Комиссияи Оштии Миллӣ саҳми ходимони ҳайати Намояндагии СММ хеле бузург аст. Онҳо дар якҷоягӣ бо ходимони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои сарнавиштсоз аз қабили «Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ», қонун «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ», қонуни Конститутсияи ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фаъолона ширкат варзиданд. Дар интихоботи парламентӣ бошад ба ҳайси нозирони байналмиллалӣ иштирок доштанд.

 

Дар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомии кишвар саҳми кишварҳои кафили Сулҳи байни тоҷикон Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон хеле бузург аст. Аксарияти ин кишварҳо ҳайатҳои музокиракунандаи ҷонибҳоро пазируфта, барои самаранок гузаштани гуфтушунидҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи Умумии Сулҳ намояндаҳои доимии ин кишварҳо дар Тоҷикистон, яъне сафирони ин кишварҳо якҷоя Гурӯҳи Тамосро ташкил доданд, ки ҳар ҳафта як маротиба таҳти сарварии Намояндаи Вижаи Дабири Кулл мулоқотҳо доир мекарданд ва ҳолати татбиқи Созишномаи Умумии Сулҳро мавриди баррасӣ қарор медоданд. Гурӯҳи Тамос беш аз 130 мулоқот доир намуд, ки бешубҳа дар пешрафти раванди истиқрори сулҳу оштии миллӣ нақши муҳим бозиданд.

 

Чи тавре, ки дар боло низ қайд кардем, ҳайати Намояндагии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Гурӯҳи Тамос дар роҳи барқарории Сулҳу субот дар Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст. Ман аз ҳамкории чунин дипломатҳои варзида ва пуртаҷриба аз қабили Намояндаҳои Вижаи ДК СММ дар Тоҷикистон Р.П.Баллон, Ҳерд Дитрих Меррем, Ян Кубиш, Иво Петров, собиқ сарвари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Марин Бухоара ва Ҳамоҳангсози Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пауло Лембо ва ғайра бо Комиссияи Оштии Миллӣ дар ҳалли масоили Сулҳ дар Тоҷикистон хеле миннатдорам. Дар воқеъ, хизматҳои шоён ва арзандаи онҳо буд, ки тарафҳо тавонистанд ҳарчӣ зудтар ба сари мизи музокирот бишинанд ва мушкилоти худро бо роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл намоянд.

 

Ман имрӯз аз он кормандони Созмонҳои байналмиллалие ёдовар мешавам, ки ҷони ширини худро дар роҳи барқарории Сулҳу субот дар Тоҷикистони мо аз даст доданд. Онҳо ҳашт нафаранд. Шаш нафар атбои хориҷӣ ва ду нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ кор мекарданд. Майор Шевчуки лаҳистонии 50 – сола, майор Адолфо Шерпеггеи уругваии 38 – сола, Ютака Акинои ҷопонии 48 – сола ва Ҷӯраҷон Маҳрамови тоҷикистонии 47 – сола моҳи июли соли 1998 ҳангоми адои вазифаи худ дар мавзеи Лаби ҷар ба шаҳодат расиданд. Як моҳ баъд аз ин ҳодиса моҳи августи соли 1998 афсари умури амниятии Ҳайати Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Йори де Марко ба ҳалокат расид.

 

Қабл аз ин ҳодисаҳо моҳи сентябри соли 1995 як нозири низомии СММ шаҳрванди Австрия ва як корманди созмони байналмиллалӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифа ҷони худро аз даст додаанд. Мо болотар дар яке аз бобҳои ҳамин рисола дар бораи ҳалокати шаҳрванди Фаронса зани шуҷоъ Карен Манн гуфта будем. Халқи Тоҷикистон фидокории онҳоро дар роҳи ба даст даровардини Сулҳу субот дар кишвари мо ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотир фаромӯш нахоҳад кард. То абад дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ номи онҳо ба некӣ нақш хоҳад монд. Мо дуо мекунем, ки Худованди бузург охирати онҳоро низ обод бигардонад. Омин.

 

(Идома дорад)

Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3847----lr-21.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi