04:35:26 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 23

Дар фароварди ин боб мехостам аз хусуси омилҳое ҳарф бизанам, ки барои эҷоди Сулҳ дар Тоҷикистон замина ба вуҷуд оварданд. Омили асосие, ки барои бунёди Сулҳ дар кишвари мо шароит фароҳам овард, ин фарҳанг, маданияти баланди инсонӣ доштани ҳарду ҷониби музокиракунанда буд. Ба хусус афроде, ки дар раванди музокирот ва истиқрори Сулҳ шахсан ширкат варзиданд ин сифатҳои ҳамидаи инсониро доро буданд.

 

СозишномаНақши ҳайатҳои музокиракунандаи гуфтушуниди байни тоҷикон аз ҷониби ҳукумат дар аввал таҳти роҳбарии вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров ва муовини аввали сарвазир Муҳаммадсаид Убайдуллоев баъдан вазири корҳои хориҷӣ академик Талбак Назаров ва аз ҷониби ИНОТ таҳти сарварии муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ба эътидол овардани авзои кишвар, қатъи даргириҳо ва қабул шудани санадҳои муҳим хеле бузург аст. Маҳз ҳамин афроди ватанпарасту миллатдӯст аз ақли солим кор гирифта, дар ин давраи барои миллату давлат сарнавиштсоз манофеи миллӣ ва якпорчагии онро аз ҳамаи манофеи дигар боло донистанд.

 

Сабру таҳаммул дар муқобили якдигар силоҳи таъсирбахше буд, ки аз он ҳарду ҷониби сулҳкунанда истифода карданд. Агар ҳарду ҷониб дар масъалаи Сулҳ кардан иродаи содиқ ва тасмими ҷиддӣ намедоштанд, агар дар ҳолати эҳсоси хатар ба раванди Сулҳ аз ҳаққи худ гузашт намекарданд, дар гумон буд, ки ба ин зудиҳо дурри мақсуд ба каф биёяд. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷараёни мусолиҳа сиёсатмадорони ҷонибҳои сулҳкунанда наметавонанд фикри фармондеҳону размандагони худро ба инобат нагиранд.

 

Ман ҳамчун раҳбари ИНОТ Худованди бузургро шукргузор ҳастам, ки қариб тамоми фармон-деҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ бо як эмони комил аз раҳбарияти худ итоат карданд ва амру фармонҳоро бе чуну чаро ба ҷо оварда, силоҳу муҳимоти худро ба замин гузоштанд ва қисми зиёд шомили сохторҳои қудратӣ шуданд ва идае ба ҳаёти осоиштаи мулкӣ гузаштанд. Барои расидан ба ин мақсад дар байни онҳо корҳои зиёди тарбиявӣ ва фаҳмондади-ҳӣ гузаронида шуд. Ба хусус ба хотири алоқаманд кардани онҳо ба ҳаёти осоишта қариб ҳамаи муҳим-тарин фармондеҳони ИНОТ ба навбат ба шаҳр даъват мешуданд ва чанд муддат дар шароити оромиву осоиштагӣ истиқомат мекарданд.

 

Чи тавре, ки дар яке аз бобҳои рисола ёдовар шудем, ҳангоми тақсимоти саҳмияи сӣ дар сада кӯшиш кардам то баъзе шахсиятҳои сиёсиву низомие, ки метавонистанд дар оянда барои раванди сулҳ мушкилот эҷод намоянд, ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин карда шаванд. Ин тарзи ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва инчунин озод гузоштани воридшудагон ба сохторҳои ҳукуматӣ дар интихоби мавқеи сиёсии минбаъдаашон ба таҳкими эътимоду боварии ҷонибҳо дар муносибат ба ҳамдигарӣ мусоидат кард.

 

Бале, омилҳое, ки заминаи Сулҳро ба вуҷуд оварданд хеле ҳам зиёд буданд. Вале кам набуданд камбудиҳову норасогиҳо ва ҳатто хатарҳое, ки раванди Сулҳро зери суол қарор медоданд. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Комиссияи Оштии Миллӣ агарчӣ як ниҳоди мустақилро мемонд ва аъзои он салоҳиятҳо ва имтиёзҳои хеле баланд ҳам доштанд, вале он суратҳисоби махсуси худро надошт. Яъне дар ихтиёри ин Комиссияи бонуфуз бевосита ягон буҷаи зарурие гузошта нашуда буд.

 

Ба ақидаи ман агар аз ҷониби донорҳо ё худ кишварҳои саҳмгузор дар ихтиёри КОМ буҷаи кофӣ гузошта мешуд, он гаҳ мушкилоти аз Афғонистон овардани муҳоҷирину размандаҳо, бо қароргоҳҳо, хобгоҳҳои умумӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ ҳаллу фасли худро ба осонӣ ва зудӣ пайдо мекард. Ҳамин камбудии асосӣ боиси ба дарозо кашида шудани иҷроиши талаботҳои асосии Протоколи низомӣ ва дар умум тамоми асноди Созишномаи Сулҳ гардид.

 

Яке аз сабабҳои асосии дигари ба дарозо кашида шудани иҷроиши нуктаву талабҳои Протоколҳои Созишномаи Умумии Сулҳ дар он буд, ки ҳангоми тасмимгирӣ оиди ин ва ё он масъалаи муҳими раванди Сулҳ ҷониби ҳукумат на ҳамеша салоҳияти комил доштани худро дар ҷараёни тасмимгирӣ исбот мекард. Буданд ҳодисаҳое, ки пас аз муддати муайяни қабул шудани қарор намоян-дагони ҳукуматии КОМ баъди маслиҳат бо раҳбарияти Ҷумҳурӣ ақидаи худро доири ин ва он қарори аз ин пеш ба тасвибрасида тағйир медод. Албатта чунин муно-сибат мушкилоти иловагиро ба ҷой меовард ва вақти зиёдро барои баҳсу мунозираҳои иловагӣ мегирифт.

 

Бо вуҷуди ин душвориҳо Комиссияи Оштии Миллӣ рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро кард. Вале қабл аз қатъ шудани фаъолияти КОМ ман дар мулоқотҳоям ба сиёсат-мадорони дохиливу хориҷӣ, роҳбарони ҳукумат, намоян-дагони созмонҳои байналмиллалӣ, журналистон борҳо гуфтам, ки ҷомеаи батозагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ хориҷ шудаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мӯҳтоҷи мақоми муштараке ҳаст, ки намояндагони ҳарду ҷониб ба он самимона боварӣ ва эътимоди комил дошта бошанд ва дар лаҳзаҳои ташаннуҷи авзо, ки бо эҳтимоли қавӣ дар оянда аҳёнан ба вуқӯъ хоҳанд пайваст, барои ҳаллу фасли мушкилот ба он муроҷиат намоянд.

 

Бигузор он мақом аз ҷиҳати теъдод хеле камтар аз КОМ мебуд, вале бояд иҷрои функсияи КОМ – ро ба дӯш мегирифт. Зиндагӣ ва гузашти айём нишон доданд, ки он пешгӯиҳои банда, мутаассифона дуруст баромаданд. Таъсиси чунин як мақоми муштарак, дар таҳти итоати Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ҳам моҳияти худро гум накардааст. Таҷрибаи қариб сесолаи КОМ барои мо ва ҷомеаи байналмиллалӣ дарси ибратомӯзе бояд бошад.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4191----lr-23.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi