22:58:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 31

ЗЕРКОМИССИЯИ НИЗОМӢ

 

РАИСИ ЗЕРКОМИССИЯ САНГИНОВ ҲАБИБ

Сангинов  Ҳабиб  29 – уми маи соли 1950 дар шаҳраки Новободи ноҳияи Ғарм дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1968 мактаби миёнаи ҳамин маҳалро хатм намуд ва ба шӯъбаи инжинерии факултаи механикии Институти Политехникии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1974 баъди хатми Донишгоҳи мазкур барои кор ба Вазорати Корҳои Дохилаи ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

ustod nuriФаъолияти меҳнатиашро дар ин вазорат ӯ аз вазифаҳои инспектори ГАИ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе шурӯъ мекунад. Соли 1985 ба Академияи ВКД ИҶШС, воқеъ дар шаҳри Москва дохил шуда, онро соли 1987 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси соҳаи ҳифзи ҳуқуқ хатм намуда ва дар ҳамон сол аз сӯи ВКД ИҶШС ба рутбаи полковники милиса сазовор дониста шуд. Аз соли 1987 то соли 1991 сардори Бозрасии Давлатии Автомобилии (ГАИ) Тоҷикистон ва аз соли 1991 то замони оғози даргириҳо сардори Сарраёсати ВКД Тоҷикистон оид ба нақлиёт буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан тарки Ватан мекунад.

Аз соли 1990 то 1995 депутати халқии Шӯрои Олии ҶТ. Таъсискунанда ва Президенти нахустин бунёди хайрияи «Умед» барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба муҳоҷирини тоҷики муқими кишварҳои ИДМ мебошад. Аз соли 1994 узви раёсати ИНОТ ва узви ҳайати ИНОТ дар гуфтушунидҳои Сулҳи байни тоҷикон буд. Аз моҳи июли соли 1997 раиси зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Барои хизматҳои арзандааш дар роҳи татбиқи Созишномаи умумии Сулҳ бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст. 18 – уми июни соли 1999 тибқи саҳмияи сӣ дар сада Ҳабиб Сангинов ба вазифаи муовини аввали вазири корҳои дохилаи ҶТ таъин мешавад. Ҳабиб Сангинов 11 – уми апрели соли 2001 – ум аз ҷониби ашхоси силоҳбадасти номаълум ба қатл расонда мешавад.

АЪЗОИ ЗЕРКОМИССИЯИ НИЗОМӢ

КАРИМОВ АБДУРАҲИМ

Каримов Абдураҳим 2 маи соли 1951 дар деҳаи Гулисои ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб хатм кардааст. Баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе омада, таҳсилро дар назди уламои маъруфи дини мубини Ислом идома дода, ҳамзамон дар идораҳои гуногуни шаҳр фаъолият кардааст. Соли 1987 ба Техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1989 хатм намудааст.

Соли 1993 бар асари воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат намуда,  дар ҳайати роҳбарияти низомиву сиёсии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ИНОТ фаъолият кардааст. Аз моҳи июли соли 1997 то феврали соли 1998 узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Моҳи феврали соли 1998 тибқи саҳмияи 30 дар сада Раиси Кумитаи Гумруки назди Ҳукумати ҶТ таъин карда мешавад.

Дар ин вазифа то моҳи маи соли 1999 кор кардааст. Моҳи июни соли 1999 муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъин гардидааст. Донишҷӯи курси чоруми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи Аграрии ҶТ мебошад.

АБДУСАЛОМОВ ОДИНАБЕК

Абдусаломов Одинабек 25 – уми ноябри соли 1954 дар ноҳияи Ҷиргатол таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби миёнаро хатм намуда аз соли 1973 то соли 1975 дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмони Шарқӣ хизмати аскариро ба ҷо овардааст. Соли 1976 ба Институти политехникии шаҳри Вентепилси Ҷумҳурии Сотсиалистии Латвия дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси лоиҳакаши сохтмони биноҳои мулкӣ хатм намудааст.

Аз соли 1981 то соли 1984 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси муаллими мактаби миёна фаъолият кардааст. Соли 1984 ба шӯъбаи ғоибонаи факултети таъриху филологияи Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1989 хатм намудааст. Баъди хатми донишкада то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар мактабҳои миёна бо таълиму тарбияи насли наврас машғул будааст.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба хориҷи кишвар ҳиҷрат намуда, чанд муддат дар Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон ба ҳайси муҳоҷир умр ба сар бурдааст. Абдусаломов Одинабек донандаи хуби илмҳои шаръӣ ба ҳисоб меравад. Илмҳои шаръиро дар назди домуллоҳои машҳури давр, аз ҷумла домулло Музаффар, домулло Файзулло ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз худ кардааст.

Ҳангоми дар муҳоҷират буданаш дар ҳайати раҳбарияти Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон  ва Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсияи Тоҷик шомил буд ва барои ба даст омадани Сулҳу субот дар кишвар хизматҳои арзандае кардааст. Аз моҳи феврали соли 1998 то 1 – уми апрели соли 2000 – ум узви зеркомиссияи низомии КОМ буд. Барои хизматҳои хубаш дар барқарории Сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо фармони Президенти кишвар бо ордени «Спитамен» мукофотонида шудааст.

АМИРБЕКОВ АТОБЕК

Амирбеков Атобек 10 январи соли 1950 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ – и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда,  солҳои 1956 – 1966 дар мактаби миёнаи рақами 6 шаҳри Хорғ таҳсил намуд. Соли 1966 ба факултаи математикаи Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1971 онро бо тахассуси муаллими математика ва нақшакашӣ хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиро аз моҳи ноябри соли 1970 ҳамчун муаллими математикаи мактаб – интернати рақами 2 – и шаҳри Душанбе сар карда, баъди он аз моҳи августи соли 1971 то моҳи майи соли 1972 барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват шуда, то моҳи майи соли 1973 дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия адои хизмат намуд.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ, аз моҳи августи соли 1973 то моҳи августи соли 1975 ба сифати муаллими математика ва нақшакашии мактаби миёнаи рақами 2 шаҳри Хоруғ кор кард. Аз моҳи августи соли 1975 то охири соли 1992 дар Донишгоҳи Давлати Омӯзгории шаҳри Душанбе ба сифати лаборанти калон, ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедра, инчунин муовини декани факултаи математика кор кард.

Моҳи декабри соли 1992 бо сабаби муқобилияти ҳарбӣ – сиёсӣ дар Тоҷикистон ҷои кор ва истиқомати доимӣ – шаҳри Душанберо тарк намуда, ба шаҳри Хоруғ кӯчида дар мактаби миёнаи рақами 3 ва Донишкадаи Давлатии шаҳри Хоруғ кор кард. Моҳи июни соли 1996 ҳамчун узви Комиссияи муштарак оид ба назорати оташбас, ки мувофиқи музокирти Теҳрон (с. 1994) таъсис дода шуда буд, ба Душанбе баргашт ва то моҳи сентябри соли 1997 дар ҳайати он ва аз моҳи июли соли 1997 то 1 – уми апрели соли 2000 узви зеркомиссияи низомии Комиссияи оштии миллӣ шуда кор кард.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 24 январи соли 2000 ба вазифаи муовини раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда, бо сабаби 23 июли соли 2000 дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Хоруғ рақами 41 вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, 12 сентябри соли 2000 аз ин вазифа озод карда шуд.

Солҳои 1980 - 1984 дар аспирантураи назди Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ш.Душанбе таҳсил карда 15 марти соли 1985 дар шаҳри Киев рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Тарраққӣ додани саводи графикии талабагони синфҳои 6-8 дар дарсҳои геометрия ва нақшакашӣ» оид ба методикаи таълими математика химоя намуд. Бо қарори Кумитаи давлатии оид ба маорифи халқи ИҶШС 21 марти соли 1991 соҳиби дараҷаи илмии дотсент гашт.

Дар солҳои 1996 – 1997 узви ҳайати музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои Ашкобод, Теҳрон ва Москва буд. Аз соли 1997 дар Муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут дар шаҳрҳои Москва (1997, 1998, 1999, 2000. 2001) ва Душанбе (1999) ширкат меварзад. Дар баробари ин дар сӯҳбатҳою мизҳои мудаввари гуногун оиди масоили сиёсии муҳими Тоҷикистон дар ш. Душанбе иштирок менамояд.

Солҳои 1997, 1998 дар ҳайати гурӯҳи сиёсатмадорон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амрико сафар намуд. А. Амирбеков барои хизматҳояш дар роҳи татбиқи Созишномаи Сулҳ моҳи августи соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Спитамен» сарфароз гардонида шуд. ӯ ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар вазифаи узви Кумитаи оид ба қонунияти кониститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон кор мекунад.

ҲАЙДАРОВ ХАЙРУЛЛО

Ҳайдаров Хайрулло 1 – уми июни соли 1949 дар қишлоқи Зувайри ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро соли 1966 дар ноҳияи Фархор хатм кардааст. Соли 1966 ба Институти Хоҷагии Қишлоқи РСС Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси агроном – иқтисодчӣ хатм менамояд. Аз моҳи июли соли 1971 то июни соли 1973 ҳамчун афсар дар сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи СССР хизмат кардааст. Аз моҳи августи соли 1973 то октябри соли 1975 аввал дар автобазаи рақами 5, баъдан дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор ҳисобчӣ шуда кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 1975 ба сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи СССР ҳамчун афсар даъват мешавад ва то ба имрӯз дар сафи Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор карда истодааст. Соли 1997 Академияи Ситоди Генералии Нерӯҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русияро тамом кардааст. Полковники Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи июли соли 1997 то апрели 2000 муовини раиси зеркомиссияи низомии КОМ. Барои хизматҳои арзанда дар бобати татбиқи Созишномаи умумии Сулҳ бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст. 

РАҲМОНОВ ТАҒОЙ

Раҳмонов Тағой 10 июни соли 1936 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ҷамъиятишинос, номзади илми фалсафа, дотсент, корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тағой Раҳмонов аввал мактаби ҳафтсоларо дар зодгоҳаш, баъд соли 1956 мактаби миёнаи ба номи Сталинро дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет  хатм кардааст. Солҳои 1956 – 1961 дар факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил карда, ба ихтисоси муаллими таърихи мактаби миёна соҳиб шудааст. Тағой Раҳмонов солҳои 1961 – 1965 муаллими мактаби миёнаи рақами 5 - и шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1965 – 1969 мудири шӯъбаи маслиҳатӣ ва ноиби ректори донишкадаи омӯзгории Кӯлоб оид ба таълими ғоибона будааст.  Солҳои 1969 – 1971 аспиранти пажӯҳишгоҳи фалсафаи АФ СССР дар Масква буд. Баъди дифои рисолаи номзадӣ аз соли 1972 то соли 1979 дар шӯъбаи фалсафаи Аф Тоҷикистон вазифаи ходими илмию мудири бахшро адо мекунад.

Соли 1979 Тағой Раҳмонов бо тавсияи Президиуми АФ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб таъин карда мешавад ва дар давоми даҳ сол (1980-1990) ба ин муассисаи илмӣ – педагогӣ ҳамчун ректор сарварӣ мекунад. Соли 1991 дар вазифаи Котиби Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб кор кардааст. Хизмати Тағой Раҳмонов дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ, педагогӣ, тарбияи насли навраси Тоҷикистон намоён аст. Вай яке аз тадқиқотчиёни маъруфи проблемаҳои фалсафа, маданияту муносибатҳои сиёсии ҷомеаи муосир буда, муҳаққиқи шинохтаи ҷумҳурӣ дар ин соҳа ба шумор меравад. Тағой Раҳмонов зиёда аз 40 мақолаву тадқиқотҳои монографӣ навишта, муаллифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ барои донишҷӯён аз фанни сиёсатшиносӣ мебошад.

Тағой Раҳмонов 6 – уми июли соли 1997 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Комиссияи Оштии Миллӣ ворид гардида, то 1 апрели соли 2000 дар кори он фаъолона ширкат дошт ва ба ҷараёни истиқрори сулҳ саҳми арзанда гузоштааст. Дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» (1986), «Корманди Шоистаи Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995), «Аълочии мактабҳои олӣ» (1997), Тағой Раҳмонов18 августи соли 1999 барои хизматҳояш дар истиқрори Сулҳ дар Тоҷикистон бо ордени «Спитамен» мукофотонида шудааст.  Тағой Раҳмонов феълан мушовири калони дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АБДУРАЗЗОҚОВ АБДУМАНОН

Абдураззоқов Абдуманон 1- уми октябри соли 1954 дар деҳаи Хоҷачилдиёри поёни ҷамоати ба номи Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1970 мактаб - интернати посёлкаи Калинини шаҳри Душанберо хатм карда худи ҳамон сол ба факултаи механикии Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон дохил мешавад. Абдураззоқов Абдуманон ин Донишкадаро соли 1975 бо ихтисоси муҳандис – механик бо муваффақият хатм кардааст.

Пас аз хатми Донишкада бо роҳхат ба заводи Тоҷикселмаши ноҳияи Конибодом ба кор фиристода шуда дар он ҷо аввал муҳандис – технолог, баъд ҷонишини сармуҳандис   шуда кор кардааст. Аз соли 1978 то соли 1980 дар заводи навтаъсиси Ленинободселмаш ҷонишини директор оид ба истеҳсолот шуда кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 1980 то моҳи апрели соли 1984 мудири шӯъбаи саноати кумитаи партиявии шаҳри Конибодомии Партияи Коммунистии Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Сипас то моҳи июни соли 1986 ба ҳайси директори заводи Ленинободселмаш ифои вазифа намудааст. Аз соли 1986 то сентябри соли 1987 аввал мудири шӯъбаи ташкилӣ ва баъдан котиби кумитаи партиявии ноҳияи Ҳисории Партияи Коммунистии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Сипас дар заводи таҷҳизоти тормозии шаҳри Конибодом масъулияти сармеханикиро ба дӯш доштааст. Аз соли 1990 то ба имрӯз дар заводи таҷҳизоти оббарории ноҳияи Ҳисор ба сифати директор ифои вазифа менамояд.

Абдулманон Абдураззоқов солҳои 1990 – 1995 депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз моҳи июли соли 1997 то 1 – уми апрели соли 2000 – ум узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Барои хизматҳои намоёнаш дар роҳи барқарории Сулҳу субот ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.   

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi