17:39:08 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Қисмати аввал > Қисмати дуввум > Қисмати саввум

Муносибати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба сулҳи Ғарм

Баъди ин иҷлосия муқовиматҳои сиёсӣ ва низомии байни ҳукумат ва оппозитсион хеле шиддат мегирад. Дар ҷавоби даъвоҳои оппозитсия, ки ҳукумат дар дохили кишвар низ ҷонибдорони худро чандон зиёд надорад, ҳукумат дар шахсияти Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов, раҳбарони парламенти кишвар аз як сӯ ва аз тарафи дигар роҳбарони аҳзоби коммунистӣ, демократӣ, халқӣ-демократӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои қавмиву динӣ 11-ум марти соли 1996 созишномаи Ризоияти Ҷамъиятиро ба имзо расонданд.

sulhi-tojikon_2112122.jpg

Нуқтаи муҳим он аст, ки ба ин созишнома гурӯҳи теҳронии ҲДТ, ки чанде пеш дар сангари ИНОТ буд, имзо гузоштааст. Ҳукумат дар муборизаи хеш алайҳи мухолифин кӯшиш мекунад, ки аз роҳу усули мухталиф истифода барад. Аз ҷумла дар пайравӣ ба мухолифин, ки то андозае тавонистанд Маҳмуд Худойбердиевро дар даврони ошӯбаш ба манфиати хеш истифода намоянд, ҳукумат тасмим гирифт бевосита ба фармондеҳони оппозитсион, ки асосан иҷрокунандаи амру фармонҳои роҳбарияти ИНОТ ба ҳисоб мерафтанд, дар тамос шавад ва то он ҷое, ки имкон даст медиҳад, онҳоро  ба тарафи хеш моил созад.

Дар ин кор мехостанд аз имкониятҳои комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбас васеъ истифода намоянд. Вале аъзои мухолифини ин комиссион баъди рабуда шудани ҳамраиси комиссия Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов бо сабаби адами амният, набудани кафолати таъмини амният аз сӯи ҳукуматдорон Тоҷикистонро тарк карда буданд. Ҳукумат дар номаи  худ ба намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем кафолати таъмини амнияти комиссионро ба ӯҳда гирифт ва баъди чанде аъзои ҷониби мухолифин боз ба Тоҷикистон баргаштанд ва ба фаъолияти хеш идома доданд.

Ҳини сафарҳои якҷояи худ ба манотиқи ҷанг аъзои ҳукуматии комиссияи муштарак, ки аз шахсиятҳои хеле донишманду варзида иборат буданд ва собиқаи хуби корӣ дар ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла қудратиро доштанд, дар тамосҳои худ ба фармондеҳони оппозитсион кӯшиш мекарданд ҳарчи бештар ба эҳсосоти миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва инсонгарии онҳо нохун бизананд. Роҳҳои дигари таъсиррасонӣ, аз ҷумла бо истифода аз риштаҳои хешутаборӣ низ  ба кор бурда мешуданд. Ваъдаҳову ҳавасмандгардониҳо ҳам аз услуби кори онҳо буд.

Табиист, ки ин талошҳои ҳукумат барои ба тарафи худ гардонидани фармондеҳони оппозитсион аз назари роҳбарияти оппозитсион, ба хусус роҳбари он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки шабакаи хеле пурзӯри иттилоотӣ дар ихтиёр дошт, наметавонист пинҳон бимонад. Бо розигии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фармондеҳони минтақаи Қаротегин ҳайатҳои ҳукуматиро барои музокира кардан мепазируфтанд, бо онҳо хуб муомила мекарданд, мулоқотҳо меоростанд ва майли худро барои ба роҳи мусолиоматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон изҳор медоштанд.

Ҳадаф аз ин ризоияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин навъ музокироти сулҳ аз чӣ иборат буд? Пеш аз ҳама дур кардани офати ҷанг аз сари як минтақа- минтақаи сераҳолӣ ва бегуноҳ, мардуми азияткашида. Мантиқи Нурӣ содда ва фаҳмо  буд: «Агар шартҳои созишномаи сулҳ фармондеҳонро, ки умдатан аз аҳолии ҳамон маҳал ҳастанд, қонеъ месозад, пас бигузор чунин шавад. Муғоири хоҳиши мардум пофишорӣ набояд кард. Ин ба суди кори умум нахоҳад анҷом пазируфт». Аз сӯи дигар баъд аз ин Сулҳи Ғарм ҷанг ба Тавилдара, ба минтақае кашида мешуд, ки аҳолии мулкӣ дар он хеле кам мезист ва нерӯҳҳои мусаллаҳи оппозитсион дар он пурзӯртару қавитар ба назар мерасиданд.

Размандагони мухолифин шебу фарозиҳои минтақаро хеле хуб медонистанд, ки ин дар ҷанг як навъ бартарии хеле ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Дар сурати нобарориҳо нерӯҳои оппозитсион чандин роҳҳои ақибнишинӣ ба пойгоҳи асосии худ, бо Афғонистонро доштанд. Вале дар сурати шикаст додани қувваҳои низомии ҳукумат, онҳо имконияти ворид шудан ба минтақаи Кӯлобро пайдо мекарданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ медонист, ки баъди имзои созишномаи сулҳи Ғарм як қисми размандаҳои минтақаи Қаротегин ихтиёран ба нерӯҳои Мирзо Зиёев хоҳанд пайваст. Ана ҳамин гуна натоиҷро аз сулҳи Ғарм Сайид Абдуллоҳи Нурӣ интизор буд. Ва аммо муовинони вай Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва шодравон Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки дар Эрону Покистон зиндагӣ мекарданд, чун аз асли нақша ва мақсади Сайид Абдуллоҳи Нурӣ воқиф нашуда буданд, ин сулҳро як навъ худсарии фармондеҳони минтақаи Қаротегин ҳисобида онро амалан номақбули бидуни мувофақа ба роҳбарияти оппозитсион арзёбӣ карданд.

Ҳадаф ва интизороти ҳукумат аз сулҳи Ғарм

Азбаски ҳамон шабу рӯзҳо дар Тавилдара ва минтақаи атрофи Душанбе заду хӯрдҳои шадиде байни нерӯҳои низомии ҳукумат ва қувваҳои мусаллаҳи оппозитсион мерафт, ҳукуматдорони вақт бисёр мехостанд, ки дар минтақаи Қаротегин оташи даргириҳоро хомӯш созанд ва бо ин роҳ ба роҳбарияти оппозитсион бигӯянд, ки агар шумо  дар музокироти сулҳ аз худ инъитоф нишон намедиҳед, мо метавонем бидуни шумо бо қумандонҳоятон ба тавофуқ бирасем. Аз сӯи дигар ҳукуматдорон бо ин сулҳи Ғарм ба қумандонҳои саркаши худ (Маҳмуд Худойбердиев, Ибод Бойматов ва дигарон) мехостанд бигӯянд, ки бубинед, мо бо душманони худ забон ёфта истодаем. Шумо-ку бо мо ҳамсангаред!

Чаро мо байни худ мухолифат кунем?  Хулласи гап, ҳукумат ба бастани чунин як созишнома дар Ғарм хеле сахт ҳавасманд буд ва аз ҳамин рӯ нерӯҳои хеле варзидаи ақлонии худро ба ин кор сафарбар кард. Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амният, Сайдамир Зуҳуров, вазири амният, А.С.Чубарев, муовини вазири дифоъ, Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди Президентӣ, Мизроб Кабиров, – мушовири калони раиси ҷумҳур, А.Олимов, прокурори низомӣ, Б.Абдуллоев, муовини вазири амният, Ш.Сайидамиров, фармондеҳи қувваҳои дохилии ВУД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти музокира кардан бо қумандонҳои минтақаи Ғармро ба дӯш доштанд.

Ҳайати фармондеҳони минтақаи Қаротегинро Мирзохӯҷа Низомов, фармондеҳи кулли минтақаи Қаротегин раҳбарӣ мекард. Дар ин ҳайат Маҳмадрӯзӣ Искандаров, қумандони ноҳияи Тоҷикобод, эшони Азиз, ҷонишини қумандони ноҳияи Комсомолобод, Мирзохӯҷа Аҳмадов, қумандони Ғарм, Сироҷиддин Давлатов (Серёжа), қумандони Ғарм ва Қосимҷон, яке аз қумандонҳои дараи Ромит шомил буданд. Гуфтушуниди ҳайатҳо 15-16-уми сентябри соли 1996 дар шаҳраки Ғарм ба вуқӯъ пайваст.

Агарчи тарафҳо дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ба Протоколи қатъи ҷанг имзо карда бошанд ҳам, вале дарк намуданд, ки сатҳи музокирачиён, алалхусус ҷониби оппозитсион, салоҳияти ҳаллу фасл кардани масъалаҳои мубрами мавриди ихтилофро надорад. Зарурати болотар кардани сатҳи музокиракунандагонро пеш аз ҳама худи фармондеҳони мухолифини ҳамин минтақа, аъзои комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбас аз ҷониби оппозитсион дарк намуданд.

Чунки онҳо салоҳияти аз қумандонҳои дигар минтақаҳо, бахусус Тавилдара, Бадахшон, атрофи Душанбе, ки даргириҳо дар ҳамин ҷо ҳанӯз ҳам давом мекард, намояндагӣ карданро надоштанд. Бештар аз ин фармондеҳони дигар минтақаҳо, ки ин сулҳро як навъ хиёнати фармондеҳони минтақаи Қаротегин арзёбӣ карда буданд (бехабар аз нақшаву нияти сарфармондеҳи олии артиши НИТ), онро кори дасти аъзои комиссияи муштарак аз ҷониби оппозитсион пиндошта, воридшавии ҳайати ин комиссияро ба минтақаи худ мамнӯъ эълон карда буданд.

Ҳукумат дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари қатъи ҷанг

Хулоса, ҳукумат медид, ки барои дар дигар минтақаҳо ҳам қатъ кардани даргириҳо бояд бо шахсиятҳои нав ба нав, фармондеҳони то ҳанӯз ҳам ношинохта рӯ ба рӯ шавад, онҳоро барои қабули сулҳ мутақоид созад. Вале дар ҳамин ҳол на ҳамаи онҳо хоҳиши ба ҳукуматиҳо дар тамос шуданро доштанд. Масалан, ҷониби ҳукумат бисёр кӯшишҳо ба харҷ дод, ки фармондеҳи Тавилдара шодравон Мирзо Зиёевро ба музокироти сулҳи Ғарм бикашад, аммо ноком монд. Бинобар ин ҷониби ҳукумат низ эҳсос кард, ки барои даст ёфтан ба қатъи ҷанг дар тамоми минтақаҳо бояд бо як ҳайати босалоҳияти оппозитсион дар тамос шавад, ки онро ҳамаи фармондеҳони мухолифин эътироф намоянд.

evgeniy-mikhaylov_11111.jpgВа ин ҳайат бояд ҳатман дар дохили кишвар фаъолият кунад. Шояд ҳукуматдорон ин заруратро хеле пештар аз баргузории гуфтушуниди Ғарм эҳсос карда буданд. Зеро пешниҳоди ба дохили кишвар рафтани як ҳайати баландпояи сиёсиву низомии мухолифин ба хотири кор бурдан бо фармондеҳони оппозитсион бори аввал аз забони намояндагони ҳукумат Зафар Икромов, сармушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифов, муовини вазири  умури хориҷаи Тоҷикистон ҳини мулоқоти раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо фиристодаи вижаи Раиси Ҷумҳури Федератсияи Русия Евгений Михайлов садо доданд.

Ин мулоқот 23 июли соли 1996 дар Қундуз, дар дафтари кории волии  ин вилояти Давлати Исломии Афғонистон ба вуқӯъ пайваста буд. Ин маротибаи сеюм буд, ки раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо намояндаи махсуси Президенти Русия Борис Елтсин дар Афғонистон мулоқот мекард. Бори аввал Евгений Примаков, раиси хадамоти кашфи беруна (Служба внешней разведки)-и Русия 31 июли соли 1993, баъди ҳодисаи  суқути бунгоҳ (застава)-и 12-уми марзбонони Русия дар Тоҷикистон ба Кобул омад ва бо миёнҷигарии Раиси Ҷумҳурии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ оиди роҳҳои ҳаллу фасли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон мулоқот кард.

Бори дуюм моҳи майи соли 1995 боз ҳам дар Кобул бо намояндаи вижаи Президенти Русия Облов оиди сулҳи Тоҷикистон мулоқот карда буд.  Вале ин дафъа намояндаи вижаи Президенти Русия Евгений Михайлов,  собиқ консули Русия дар Мазори Шариф, пешниҳоди Борис Елтсин дар бораи дар Маскав гузаронидани мулоқоти навбатии лидерони ҷонибҳои дар қазияи Тоҷикистон даргирро оварда буд.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi