12:49:15 01-уми Июли 2025 сол

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 36

Баъзе фармонҳои Раиси Ҷумҳур дар робита бо фаъолияти КОМ

ФАРМОНИ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардондани аъзоёни КОМ бо мукофотҳои ҶТ»

/images/stories/2011/08/21_ustod-nuri_21.8.2011.jpgБарои хизматҳои арзанда дар бобати татбиқ кардани пунктҳои шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва корҳои намоёну босамар дар ҳайати Комиссияи Оштии Миллӣ  мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Аъзоёни Комиссияи Оштии Миллӣ  бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шаванд:

Ордени «ИСМОИЛИ СОМОНӢ»

Достиев Абдулмаҷид Салимович - муовини якуми Раиси Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ

Нурӣ Сайид Абдуллоҳ – Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ     

Тӯраҷонзода Ҳоҷӣ Акбар – муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ордени «ДӮСТӢ»

Алиев Зариф – муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи Оштии Миллӣ

Мӯминҷонов Баҳриддин – сардори шуъбаи тайёрии ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Назаров Талбак – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пӯлодов Ҳомид – муовини Раиси вилояти Ленинобод, узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ

Сангинов Ҳабибулло – муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси зеркомиссияи низомии КОМ

Усмонов Иброҳим Кенҷаевич – Раиси Кумитаи МО ҶТ оид ба корҳои байналхалқӣ муносибати байни миллатҳо ва фарҳанг, раиси зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ

Файзмуҳаммадов Муҳаммадалӣ – муовини раиси зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ

Ҳайдаров Хайрулло – муовини раиси зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ҳимматзода Муҳммадшариф – Раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ҳамидов Халифабобо – мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо парламент ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ 

Ниёзов Ҷумъабой - аъзои зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ордени «СПИТАМЕН»

Абдуллоев Баҳодур Наҷмиддинович – намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хадамоти амнияти Федералии Русия

Абдусаломов Одинабек – узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Алиев Амрохон Ҷураевич - корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амирбеков Атобек – узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Назаров Олим Бозорович – узви гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Низомов Мирзохӯҷа – Раиси кумитаи гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ

Пиров Саъдулло – муовини сардори раёсати бехатарии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Пӯстиев Мадаким Азизович – узви гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Раҳмонов Тағой – ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Холов Маҳмадраҳим – роҳбари гурӯҳи кории зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ҳомидов Рустам Мирзохӯҷаевич – корманди Вазорати Амнияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ордени «ШАРАФ»

Абдудраззоқов Абдулманон – директори заводи таҷҳизоти оббарории Ҳисор, узви зеркомиссияи низомии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ашӯров Музаффар Қурбонмаҳмадович – Раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсионӣ

Бахтӣ Меҳмон Муҳаббатович – Раиси маркази таблиғи адабиёти Тоҷикистон

Зуҳуров Шукурҷон – Раиси зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ

Латифӣ Отахон – Раиси зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ (Баъди маргаш)  

Мақсудов Додарҷон Маҳмудович – муовини Раиси Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсионӣ

Оромбеков Шамсиддин – Мудири шӯъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сатторов Абдунабӣ - узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ

Шодиев Ҳақназар – Мудири шӯъбаи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шомаҳмадов Файзиддин Имомиддинович - узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ

Юнусов Толибой Ҷабборович – Муовини директори маркази таҳқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғозиев Саид Қиёмиддинович -  узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ

Ҷалилзода Мансур – узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ

Бозгул Додхудоева – узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ

Медали «ҶАСОРАТ»

Абдулазизов Қурбоналӣ Хоркашевич – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қамбаров Суфиҷон Мақсудович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзоев Дилшод Қурбоналиевич – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норимов Негмат Ҳасанович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайаҳмадов Нуралӣ Саймуҳиддинович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафаров Шермаҳмад Муродович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худоёров Толиб Сафарович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шамсиддинов Ҳоким Пириевич – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонов Абдусалом Сафаралиевич – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали «ХИЗМАТИ ШОИСТА»

Алиев Қурбонхон Амирхонович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амрхудоев Назрибек Исмонбекович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахмедов Баракатулло Атохоҷаевич – сармутахасисси шӯъбаи ташкилии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раҳбари воҳиди сохтори Комиссияи Оштии Миллӣ

Мардонов Алимардон Давлатович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саломов Маҳмадрасул – узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ

Солиев Ҳоҷӣ Шарофович -  директори меҳмонхонаи «Вахш» шаҳри Душанбе

Шарипов Асомиддин Тоҷидинович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарипов Искандар Ашӯрович – корманди Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Унвони фахрии «АРБОБИ ИЛМ ВА ТЕХНИКАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Олимов Кароматулло – мудири кафедраи фалсафаи институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, узви зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи Оштии Миллӣ.

Унвони фахрии «ҲУҚУҚШИНОСИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН»

Шоев Шермаҳмад Тешаевич – муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви зеркомиссия ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ.

Унвони фахрии «КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН»

Салимов Саид -  Раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон.

«ИФТИХОРНОМА» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулҳадов Файзулло Абдулназарович – котиби матбуотии муовини Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ

Кабиров Муҳиддин Тиллоевич – ёвари Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ

Назаров Давлат Назарович – роҳбари воҳиди сохтор ва мудири шӯъбаи умумии Комиссияи Оштии Миллӣ

Сабуров Ҷорубалӣ Астанакулович – ёвари муовини Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов

ш. Душанбе, 18 августи соли 1999, №1289

ФАРМОНИ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ гардидани фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ».

Мутобиқи Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, баргузоршавии иҷлосияи якуми Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил шудани мақомоти роҳбарикунандаи он ва иҷро шудани талаботи Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фармон медиҳам:

Фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ ва ҳамаи мақомоти он аз 1 апрели соли 2000 қатъ карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов

ш. Душанбе  31.03.2000

Поён

Назари Шумо

Security code
навсозӣ