05:36:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ТЕША РАҶАБ: СУЛҲ КОРИ ЯК ТАРАФ НЕСТ

Ё КОРИ АНҶОМДОДАИ УСТОД НУРӢ АЗ ЧАНДИН УНВОНИ ҚАҲРАМОНӢ БОЛОСТ

Навиштаҳои журналисти маъруфи кишвар, устод Теша Раҷабро ман ҳанӯз солҳои донишҷӯиям, солҳои ҳафтодуми асри гузашта, мехондаму лаззат мебурдам, мехондаму сабақ мегирифтам, мехондаму орзу мекардам, ки кош замоне ман ҳам мисли ӯ журналисте шавам, ки хонандагони худро дошта бошам ва пайваста дар суроғи мақолаҳои ман бошанд. Маводе, ки бо имзои Теша Раҷаб хоҳ дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Комсомолец Таджикистана», «Сухан» хоҳ дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Тоҷикистон», «Агитатори Тоҷикистон» ва ё расонаҳои дигар он замонҳо ба табъ мерасид, ҳатман масъалаи муҳими ҳаёти кишварро дар миён мегузошт, роҳи ҳалли онро нишон медод ва дар пай вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеъаи мо ба бор меовард. Аз навиштаҳои он кас эҳсос мекардам, ки рисолати як журналист дар зиндагӣ ин талош кардан баҳри беҳбудии зиндагонии мардуми кишвар аст.

/images/stories/2011/08/30_tesha-rajab1_30.8.2011.jpgУстод Теша Раҷаб ҳамеша дар роҳи иҷрои ин рисолати худ содиқ монд. Солҳои пурошӯбу фоҷеъабори ҷанги шаҳрвандӣ, чуноне ки киштишикастагонро тӯфони баҳр ба ҳар сӯ парешон месозад, ҳар киро ба ҳар сӯе афганд. Солҳо буд, ки устод аз мадди назар хонандагонаш канор уфтода буд. Зоҳиран дар чашм ноайён, вале дар асл дар пайи иҷрои рисолати хеш буд. Менавишту менавишту менавишт. Акнун китоб менавишт. Ҳабдаҳ китоб навишт ва чоп кард. Дар ин байн «Ағбаҳои зиндагӣ»-ро гузашт. «Боғи падар»-ро обод кард. Аз «Фоҷиаи тоҷикон»-у «Тақдири Тоҳир» мардумро бохабар сохт. «Киштии умед»-ро нохудо шуд, «Роғон»-ро пеш аз мо бунёд кард. Ва боз…

-Ҳоло дар зиёрат ва сӯҳбати эшон қарор дорам ва дар оғози сӯҳбат аз ӯ мепурсам, ки сайри мухтасаре дар «Ағбаҳои зиндагӣ»-и шумо дошта бошем то мӯҳтавои сӯҳбатамон ҷолибтар шавад?

-Чаро не? Марҳамат. Амакам Табаралӣ Салимзода дуюм котиби райкоми Файзобод буд. Тағоиям раиси колхози ба номи Молотов буд. Падарам агарчи ду зан гирифта бошад ҳам, вале кӯдак намеёбад. Зани сеюм мегирад. Зани сеюмаш хоҳари ҳамон раиси колхоз буд, ки шавҳараш вафот карда буд ва ду духтар дошт. Баъди як соли хонадорӣ ман таваллуд мешавам. Бобиҳоям ҳам аз тарафи модарӣ ва ҳам аз тарафи падарӣ одамони донишманд ба ҳисоб мерафтанд. Хатмкардаҳои мадрасаҳои Бухорову Самарқанд буданд. Хулоса ба муносибати ба дунё омадани ман падарам, ки як деҳқони миёнаҳол буд, тӯйи калон медиҳад. Дар тӯй Акашариф Ҷӯраевро, ки ҳамон замон овозхони машҳур ба ҳисоб мерафт, ба ҳайси ҳофиз даъват мекунад. Акашариф Ҷӯраев се шабу се рӯз дар тӯйи зодрӯзи ман барои мардуми қишлоқи Навобод, дар моҳи феврал дар берун овозхонӣ кардааст. Акнун тақдирро бинед, ки чӣ кардааст. Солҳо мегузаранду духтари ман келини Дарвозӣ писари Акашариф Ҷӯраев мешавад. Яъне духтари ман зани писари Дарвозӣ ё худ зани набераи Акашариф Ҷӯраев мешавад. Ман ҳоло аз ин духтарам соҳиби се набера ҳастам. Набераҳои ман абераҳои Акашариф Ҷӯраев низ ҳастанд.

Падарам вақте ман як сола будам аз дунё гузаштанд. Модарам дар синни панҷсолагиам вафот карданд. Ману ду апаам дигар тамоман ятим шудем. Духтаронро ба тарбияи худ тағоиям ба деҳаи ҳамсоя бурд. Модаркалони тарафи падариам, ки 115 сола буд ва дар хонаи амакиам зиндагонӣ мекард, маро ба тарбияи худ гирифт. Ҳарчанд амакам котиби райком ва тағоиям раиси колхоз бошанд ҳам вале, замона хеле душвор буд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дошт. Дар қатори дигарон мо низ сабӯсу кунҷора мехӯрдем. Ба хусус як гиёҳе буд ба торон монанд, куркухора мегуфтанд. Ҳамонро бисёр зиёд истеъмол мекардем. Ҳарчанд вазъияти зиндагонӣ мушкил буд, вале хонданро мо лаҳзае суст намекардем. Шавқу рағбатам ба хондан зиёд буд. Ҳам дар мактаби миёна, ҳам дар омӯзишгоҳ ва ҳам дар мактаби олӣ фақат бо баҳои хубу аъло мехондам. Аввалин шеърамро дар синфи ҳаштумиям вақти дар Ҳисор хондан навиштам.

Он вақт бо Бозор якҷо мехондем. Ҳамон солҳо устод Мирзо Турсунзода бо як гурӯҳ шоирон, азҷумла, Сайидалӣ Вализода, ба мактаб-интернат омада маҳфили шеъру адаб ороста буданд, Ёдам ҳаст, ки ману Бозор шеър хонда будем. Синфи ҳашт мехондем. Бисёр китоб мехондам. Маҳз ба туфайли ҳамин китобхониам ифтихори ба ҳузури устоди сухан, сарвари адибони тоҷик дар ҳамон замон Садриддин Айнӣ расиданро бароям Худованди бузург арзонӣ дошт. Китобҳои устод Айниро бисёр мехондам. Ҳикояи «Аҳмади девбанд» ба ман сахт таъсир карда буд. То ба он дараҷа, ки шабона ба кӯчаҳои деҳа баромада ба кофтани деву ҷин машғул будам. Инро мардум медидааст. Аксарият гумон мекардаанд, ки банда аз ақл бегона шудаам.

Ҳамин қиссаи ману ҳикояи «Аҳмади девбанд»-и Айниро амакам ба устод Айнӣ нақл карда будааст. Боре дар Боғи марказии пойтахт бо устод ва дигар адибон, ки дар як чойхона машғули чойнӯшӣ буданд, ҳамроҳи амакам вохӯрдем. Амакам маро ба устод Айнӣ нишон дода гуфтанд, ки ҳамон «Аҳмади девбанд» ҳамин кас мебошанд. Устод сари маро сила карда қиссаи ману ҳикояи «Аҳмади девбанд»-ро ба ҳамсӯҳбатонаш нақл мекунад ва завқ карда механданд. Баъдан ба ман муроҷиат карда боз сарамро сила намуда, даст ба китфонам гузошта насиҳат мекунад, ки бисёртар китоб хонам ва заҳмат кашам.

-Дар «Ағбаҳои зиндагӣ» дар бораи чӣ гуна дар ҳаёти шумо нақш доштани собиқ роҳбарони ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафуров, Турсунбой Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов қиссаву ҳикояҳои ҷолибе омадааст. Тақдир шуморо бо ин одамони бузург сар ба сар намуд, ки ба кам касон чунин бахт муяссар мешавад? Шамаеро аз бархурд бо онҳо метавон ёдовар шуд?

-Бале, бо супориши Бобоҷон Ғафуров маро аз миёни пахта гирифта ба хондан фиристоданд. Дар натиҷаи саволу ҷавоби кӯтоҳе, ки бо мани пойлуч (ба маънои ҳақиқии ин калимааш) дар сари замини пахта дошт, магар чизеро фаҳмид, ки аз ман пурсид, хондан мехоҳам ё на. Гуфтам бале, мехоҳам. Ман ҳамон вақт навакак синфи ҳафтро тамом карда будам. Ба бригадир супориш дод, ки маро барои идомаи таҳсил ба шаҳр фиристад. Бо Котиби авали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев бошад баъди чопи очерки «Зинабоғҳо» бархӯрд кардам. Дар майдоне, ки дар назди ҳамин Роғон ҳаст, Ҳаким Зайдов ном шахсе раиси колхоз буд. Ҳоло писараш дар ноҳия раис аст. Дар ҳамин ҷо дар назди кӯҳпора. Дар ҳамин ҷои беобӣ ҳамин Ҳаким Зайдов як боғи аҷибе бунёд кард, ки дар борааш ман як очерк навиштам бо номи «Зинабоғ» ва дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба чоп расид.

Турсун Ӯлҷабоев, ки худ журналисти варзида буд, ҳар субҳ кори худро аз хондани рӯзномаҳо шурӯъ мекард. Баробари хондани ҳамин очерки «Зинабоғ» гӯшаки телефонро гирифта ба сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Ҳоҷибоев (марҳум шоир Аминҷон Шукӯҳӣ) занг мезанад. Ин лаҳзае буд, ки ҳама кормандони рӯзнома дар «Летучка» - дар ҷаласаи кӯтоҳи ҳаррӯзаи назди сармуҳаррир будем. Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба сармуҳаррир барои чопи очерки «Зинабоғ» ташаккур баён карда аз ӯ хоҳиш мекунад, ки заҳматамро бо мукофот қадрдонӣ кунад. Марҳум Аминҷон Шукӯҳӣ хеле хурсанд шуда худи ҳамон рӯз фармон мебарорад, ки ба ман 1000 сӯм мукофот диҳанд. Ин соли 1959 буд. Ҳазор сӯми он вақт пули кам набуд. Ҳамин гуна нақши муҳимро дар ҳаёти ман устод Сотим Улуғзода низ гузоштаанд.

-Масалан чӣ гуна?

-Як китоби оп бо номи «Гардиши айём», ки 15 сол дар байни Иттифоқи нависандагон ва Нашриёти давлатӣ дар гардиш буд ва аз чопи он худдорӣ мекарданд, бо як тавсияи устод Сотим Улуғзода соли 1984 ба нашр расид. Воқеан, «Гардиши айём»-ро соли 1969 навишта опм ва мавзӯи он дар танқиди сохти давлатдории шӯравӣ буд.

-Магар бо ҳамин ном марҳум Ҷумъа Одина китобе ба оп нарасонда буданд?

-Китоби марҳум Ҷумъа Одина бо номи «Гузашти айём» баъдтар навишта шудааст. Дар ин китоби Ҷумъа Одина ҳам системаи шӯравӣ ҷо-ҷо мавриди танқид қарор гирифтааст. Дар китоби ман, ки пештар аз китоби Ҷумъа Одина навишта шудааст, мавриди танқид, ифшои камбудиҳои сохти ҳукуматдории шӯравӣ бештар аст. Воқеан, шодравон Ҷумъа Одина дастхати китоби мазкурри бандаро дар вақташ хонда буд. Дар китоб қиссаи як қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳамсафи маршал Жуков буд ва баъди аз ҷанг баргаштан дар арсаи меҳнат низ хизматҳои шоён карда буд, оварда мешавад. Ҳамин қаҳрамони китоб, ки марди воқеӣ буд, дар охир бо тӯҳмат 15 сол ба ҳабс гирифта мешавад. Яъне бегуноҳ ҷазо дода мешавад.

-Имрӯзҳо оиди навиштан ва ё нанавиштан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фикру ақидаҳои зидду нақиз зиёданд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки дар бораи ин ҷанг натанҳо набояд навишт, балки ҳарчӣ тезтар онро бояд фаромӯш кард. Дигарон баръакси инро мегӯянд. Мегӯянд, ки чунон бояд навишт то ба дигарон сабақ шавад. Шумо аллакай чанд китоб дар ин бора навиштед. Ҳатто асари бадеӣ. Азҷумла «Тақдири Тоҳир» ва «Фоҷиаи тоҷикон». Чӣ шуморо водор ба чунин иқдом кард?

-Дар масъалаи китобҳои «Тақдири Тоҳир» ва «Фоҷиаи тоҷикон» ҳаминро мегӯям, ки китобҳо дар ҳимояи собиқ оппозисиюн навишта шудааст. Солҳост, ки дар мо таблиғоти яктарафа бурда мешавад. Сулҳро кори як тараф медонанд. Мегӯянд, ки 150 ҳазор одам қурбон шуд. Ин дурӯғ аст. Тибқи омори дақиқ 354 ҳазор одам дар ин ҷанг кушта шудааст. Аввал ин ки дар ҷанги шаҳрвандӣ айбаст, ки ба нафаре унвони қаҳрамонӣ диҳанд. Айб аст, шармандагӣ ҳаст, охир. Ман дар китоби «Фоҷиаи тоҷикон» ин чизро гуфтаам. Дуввум ин ки хуб, рафту сулҳ кардан қаҳрамонӣ бошад, пас сулҳ бо кадом як тарафе баста шудааст. Як тараф наметавонад худ ба худ сулҳ кунад? Тарафи дигар ҳам дар сулҳ саҳм дорад. Пас чаро унвони қаҳрамонӣ ба раҳбари тарафи мухолиф устод Нурӣ дода нашуд? Кори кардаи Нурӣ аз даҳ унвони қаҳрамонӣ боло ҳаст. Як миллион одамро ба ҷову макони худ овардан магар ин қаҳрамонӣ нест? Ба маънои томаш ӯ қаҳрамон аст. Кори ӯ қаҳрамонӣ ҳаст.

- Романи «Тақдири Тоҳир» пеш аз аз он ки дар шакли китоб ба нашр бирасад, оё он дар Иттифоқи нависандагон муҳокима шуда буд?

- Ин китобро ман дар ҳудуди 10 сол, аз соли 1994 то соли 2004 навиштам. Қисми аввали китоб бо номи «Боғи падар» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расид. Баъдан аз чопи қисмҳои дигари он худдорӣ карданд.

ӣ гуна вокунишҳоро ба бор овард ин китоб?

-Вокунишҳои шадидро ба бор овард. Сари сармуҳаррири маҷалла фишор оварда шуд. Талаб карда шуд, ки аз чопи қисматҳои баъдии он худдорӣ кунанд. Дар адабиёти тоҷик то имрӯз танҳо устод Садриддин Айнӣ ва устод Ҷалол Икромӣ романи сегона навишта буданду халос. Романи панҷгона бошад касе нанавиштааст. Бори аввал ин корро ман кардам. Мутаассифона, Иттифоқи нависандагон ин кори маро нодида гирифт. Ман аслан аз Иттифоқи нависандагон гила дорам. Нависандае, ки дар бораи Роғон ҳамагӣ як очерк навиштааст, ӯро ба мукофоти ба номи Айнӣ пешниҳод карда, мукофотро доданд.

Ман дар ин бора як роман навиштам. Романи «Роғон». Романи ман дар матбуот низ чоп шуд, вале онро нодида мегиранд. Дар шакли китоб ҳам бо номи «Вашгирд» дар Тошканд чоп шудааст. Бояд бигӯям, ки бо номи «Роғон» онро дар Ӯзбекистон нахостанд чоп кунанд. Мухолифат бо Роғон дар роҳбарияти Тошканд аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Барои ҳамин ҳам номи романамро номи қадимии Файзобод, ки таърихи беш аз се ҳазорсола дорад, гузоштам. Дар Сари мазор ном деҳаи Файзобод дар зери замин шаҳре мавҷуд аст, ки он дар «Шоҳнома»-и Фидавсӣ бо номи Висгард зикр гардидааст. Висгард паҳлавоне доштааст бо номи Пирон.

-Устод, Шумо миёни мардум ҳамчун яке аз чеҳраҳои саршиноси мухолифини собиқ ба шумор мерафтед. Ҳукумати Тошканд, чи тавре ки медонем, дар аввал раҳбарияти мухолифинро дар доман задани бесуботиҳо дар Тоҷикистон гунаҳкор медонист. Чӣ шуд, ки Шумо боз ба Тошканд паноҳанда шудед?

-Нахуст бояд бигӯям, ки аз замони тазоҳуроти майдони «Шаҳидон» то ба Душанбе ворид шудани ҳукумати дар сессияи Хуҷанд интихобшуда ба ҷони ман се бор сӯиқасд сурат гирифт. Аввалин сӯиқасд ба ҷони ман дар ҳамин майдони «Шаҳидон» роҳандозӣ шуд. Марде мехост маро бо корд аз байн бубарад. Сӯиқасди дуввум баъди ба Душанбе ҳамла кардани нирӯҳои Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи октябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваст. Ман ҳамон вақт дар шифохонаи ҳукуматӣ дар табобат будам. Дилам дард мекард. Силоҳбадастони Кенҷаев ба беморхона омада аз як хоҳари шафқати рус, ки ҳамон вақт навбатдор буд, дар куҷо будани Теша Раҷабро пурсиданд. Худованд дар забони ҳамон занак андохт, ки гуфт «дар ҳақиқат дар ҳамин ҷо буд, ба хонааш рафт».

 

/images/stories/2011/08/30_tesha-rajab2_30.8.2011.jpgАз ин ҷо хона рафта дар он ҷо низ маро кофтанд, вале насиб ки набудааст, зинда мондем. Бо маслиҳати дӯстон ман нӯҳ моҳ дар ҳамин Душанбе дар хонаи писарам пинҳон шудам. Боре шабона як силоҳбадаст бо ҳамроҳии як милисаи дарвозӣ омаданд. Силоҳбадаст хост маро гирифта барад, вале ҳамон милисаи дарвозӣ гуфт, ки охир ин як нависандаи камбағал ҳаст. Бубин, дар хонааш чизе надорад. Чӣ кор мекунем ӯро бурда? Ӯ бошад мегуфт, ки барои ман фарқе надорад, ки ин нависанда ҳаст ва ё академик. Барои ман ин як «вовчик» мебошад. Хулоса ҳамон милисаи дарвозӣ ва он ҳолате, ки дар хонаам чизе надоштам, сабаб шуданд, ки ҳамон силоҳбадаст маро ба ҳоли худам гузорад.

Он вақт агар чизатро аз хонаат мебурданд, ҳатман худатро низ мекуштанд. То ин ки баъдан даъвои чиз накунӣ. Баъди ба ҳабс гирифта шудани Бозор Собир як писарам, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, маро ба Тошканд бурд. Ман аз замони дар мактаби олии партиявии Тошканд таҳсил карданам дар он ҷо дӯстони ҷонии хеле зиёд доштам. Дар Тошканд шароитам бисёр хуб буд. Як хонаи сеҳуҷрагӣ доштам. Дар наздикии боғи Навоӣ. Шароити хуби корӣ доштам. Ҳафт сол дар Тошканд будам. Ба хотири он ки ба ман таъна назананд, ки аз раҳи дур истода ба мо санги маломат мезанад, ман ба Тоҷикистон баргаштам. Ҳатто як китоби ман бо номи «Киштии умед» дар нашриёти Академияи Фанҳои Ӯзбекистон ба нашр расида буд.

Дар Тошканд ба пешам худораҳматии Отахон Латифӣ омад, худораҳматии Лоиқ омад. Ман рости гап аз роҳбарияти тазоҳуркунандагони майдони «Шаҳидон» гиламанд будам. Чунки ман дар давоми 60 рӯз қариб боре ҳам ба хонаам нарафта хизмати мардумро кардам, вале ҳангоме, ки аз майдон мардум баромада рафт, як нафаре аз собиқ роҳбарони тазоҳуркунанда ёфт нашуд, ки аҳволи маро бипурсад, ки «Дар чӣ ҳолӣ?». Худ ба худ маълум, ки ҳукумат бо ман чӣ гуна муносибат дошт. Барои ҳамин ҳам вақте, ки намояндагони ин ва ё он тарафи мухолифат ба Тошканд ба назди ман омада маро боз ба сиёсат даъват мекарданд, ҷавоб медодам, ки «равед, ман дигар бо Тоҷикистон коре надорам».

Дигар ба тамом ба кори эҷодӣ гузаштам. Ман 56 сол собиқаи корӣ дорам. 35 соли ин ман роҳбар шуда кор кардам. Чандин даъватҳо депутатҳои ноҳиявиву шаҳриву вилоятӣ будам. Чандинто ордену медал дорам. Се «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олии Тоҷикистон дорам. Пештар агар се «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олиро мегирифтӣ бе навбат унвон медоданд. Дорандаи ин мукофотҳо баъди бознишаста шудан нафақаи давлатӣ мегирифтанд. Соли 2000 аз Тошканд баргашта талош кардам, ки маро ба нафақаи давлатӣ сазовор донанд.

Тамоми асноди заруриро тайёр карда ба Дастгоҳи Иҷроияи Раиси Ҷумҳур супоридам. Ба ман гуфтанд, ки нафақаамро 7 сомонӣ муайян карда метавонанд. Вале агар норозӣ бошам ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунам. Рости гап, ман ба ҳукумати шаҳр муроҷиат накардам. Бубинед, 56 соли умрамро дар хизмати ҳукумат сарф кардам, вале ба ивазаш омодаанд, ки ба ман фақат 7 сомонӣ нафақа таъин кунанд. Ман дилсард шудам дигар. Гап дар сари пул нест. Гап дар сари қадру қимати инсон аст. Шукри Худо фарзандонам рӯйи коранд ва хизмати падарашонро ҳамон тавре, ки мехоҳам, карда истодаанд. Камбудӣ надорам.

-Устод, биёед сӯҳбатамонро дар мавзӯи муносибати шумову Бозор идома диҳем. Бозор Собир дӯсти қадимии шумо ҳаст. Шумо аз наврасӣ якдигарро мешиносед. Дӯсти қарин ҳастед. Шояд аз шумо беҳтар Бозор Собирро касе хубтар надонад. Оё Шумо гуфта метавонед, ки чаро Бозор Собир аз шоире, ки дар замони шӯравӣ сохти шӯравиро интиқод мекард, имрӯз ба вассофи он табдил ёфтааст? Шоире, ки мардум ӯро динситез мегӯянд? Фикри Шумо чист?

-Бозор Собир тарбияёфтаи замони шӯравист. Дар овони ҷавонӣ ва миёнсолӣ ба мушкилот ва душвориҳои зиёде дар зиндагӣ дучор омад, хусусан аз маҳалбозиҳои баъзе аз амалдорони замон ранҷу азият кашид, қаҳру ғазаби худро болои ҳамин сохту давлатдорӣ бор кард. Айбро дар ашхоси алоҳида не, балки дар сохти давлатдорӣ ҷустуҷӯ кард. Баъдан вақте, ки ин ҳукумат аз байн рафт, яъне шӯравӣ аз байн рафт ва Бозор Собир бо чашми худ сохти давлатдории капиталистиро рафта дид, аз гуфтаҳои худ нисбати давлатдории шӯравӣ пушаймон шуд.

Ман дар сӯҳбатҳо ба ӯ мегуфтам, ки ин сохтро дигар баргардонда намешавад, бефоида аст дигар дар мотами он сухан гуфтан, Ленинро таъриф кардан кори беҳуда аст. Ленин худаш як яҳудитабор буд. Вай қасоси бародарашро гирифт. Тамоми корҳои ӯ танҳо барои гирифтани қасоси бародараш буд. Ба Бозор Собир мегуфтам, ки ман дар қиёс бо худат таърихи Партияи Коммунистиро хеле чуқур омӯхтаам ва камбудиҳои ин ҳизбро ман медонам.

Аслан ман худамро гунаҳкор медонам, ки Бозор Собирро ба сиёсат бурдам. Худи Бозор Собир ҳеҷ майле ба сиёсат надошт. Мо як маҳфиле доштем бо номи «Вашгирд». Аъзои ҳамин маҳфил ба хулосае омадем, ки Бозор Собир номзадиашро барои вакили мардумӣ шудан пешбарӣ кунад. Ӯ номзадии худро пешбарӣ кард ва мо дӯстонаш маъракаи пешазинтихоботии ӯро хеле дуруст ташкил кардем ва ӯ дар интихобот аз байни панҷ номзад наваду панҷ дар сади овозҳоро гирифт ва депутат шуд.

Фикри Бозор Собир дар масъалаи ҲНИТ, ки чанде пеш сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, ин гапи ҷиддии Бозор набуд. Бозор бо як истеҳзо ин масъаларо матраҳ карда буд. Яъне ӯ гуфтанӣ буд, ки наҳзатиён, ягон кор, ки аз дасти Шумо намеояд, худро муҳофизат карда наметавонед, масҷиди дари хонаатонро сӯзонданд, вале кадом чораи муносибе пайдо карда натавонистед. Чаро даъвои ба сари қудрат омаданро мекунед ва ин хел ҳизб ба кӣ даркор? Манзури Бозор Собир ҳамин чиз буд. Дар масъалаи танқиди дин ва бузургони он албатта фикри ӯ комилан нодуруст аст. Бозор Собир динро хуб намедонад.

Ман ҷонибдори он нуқтаи назар ҳастам, ки нақши динро ҳатто дар давлатдориамон бояд пурқувват кунем. Мардум агар аз Худо натарсад, ҳеҷ қонунеро иҷро намекунад. Вайрон кардани қонун хеле кори осон аст, бо додани порае ҳукми қонун бекор мешавад. Агар мардум дар ҳақиқат аз Худо тарсанд, пас дигар суду прокурору милиса лозим намешавад. Чунки аз тарси Худо кас дигар даст ба ҷиноят нахоҳад зад. Вале дар мо замина нест барои ба сохти исломии давлатдорӣ гузаштан. Дар байни худи рӯҳониёни сатҳи боло ваҳдатро намебинӣ . Нуқтаи назарҳои уламо дар ин ва ё он масоили иҷтимоӣ, динӣ мухталифанд ва ҳатто бар зидди ҳамдигаранд. Таҳаммулпазирӣ мегӯем. Дар байни уламои ислом ин чизро камтар мебинем.

Ман аз як кори роҳбарони ҳизби наҳзат дар ҳайратам. Қотеъият дар сиёсати худ надоранд. Масалан масҷидашонро сӯзонданд, хомӯшанд. Дар интихобот ҳаққашонро гирифтанд, хомӯшанд. Сабр мекунанд. Ба фикрам замоне фаро расидааст, ҳамаи ин руйдодҳоро дар сатҳи худ бояд муҳокима кард, ки чаро чунин аст? Дар масъалаи рӯзномаи ҳизби наҳзати исломӣ ҳаминро бояд бигӯям, ки  айб аст вақте аз 40 ҳазор аъзо ва 200 ҳазор тарафдор ҳарф мезананд, «Наҷот» ҳамагӣ панҷ ҳазор нусха аз чоп мешавад. Ба фикрам бо ин услуб кор пеш намеравад.

-Ман дар баъзе масъалаҳо гузаштҳои раҳбарияти ҳизбро нағз мефаҳмам ва тарафдори онҳо низ ҳастам. Таҷрибаи рӯзгор онҳоро намегузорад, ки ба амалҳои кӯтаҳандешона даст бизананд. Як бор оқибати фоҷиъабори ин гуна амалҳоро дидем. Дар ин ҷо ба фикри ман тарафи дигар низ бояд аз худ фурӯтанӣ, хештандориву ватандӯстӣ ва дурандешӣ нишон диҳад. Нагузоранд, ки кор ба дараҷае рассад, ки мардум боз ба кӯчаҳо бирезанд. Он вақт дигар контрол кардани вазъ ғайриимкон хоҳад шуд. Душманон аз он истифода хоҳанд кард. Қувваи саввум дигар худро ошкор хоҳад кард. Шумо дар поёни китоби худ «Фоҷиаи тоҷикон» ё худ қиссаи Ҷанги Тоҷиккуш аз назари шоҳиди бевоситаи он», саволи дуруст мегузоред, ки аз ин ҷанг «чӣ гуна сабақ бояд гирифту чӣ чора бояд ҷуст?» ва ҳамзамон ба ин савол посух медиҳед. Ҳанӯз дар соли 1993 мегӯед, ки «Ба таври таъҷилӣ Конститутсияро қабул бояд кард, дар асоси интихоботи умумихалқиву бисёрҳизбӣ парлумони касбиро бояд таъсис дод, ба сохти давлатдории президентӣ бояд гузашт, Президентро аз роҳи интихобот бояд интихоб кард, озодии матбуот ва динро бояд таъмин кард, заминро ба деҳқон бояд дод, ислоҳоти пул бояд гузаронд, лашкарӣ миллиро бояд таъсис дод». Ҳамаи ин пешниҳодҳое, ки шумо ҳанӯз соли 1993 карда будед, бубинед ба тадриҷ амалӣ шуданд.

-Бале, ҳамин пешниҳодҳои худамро ҳанӯз соли 1993 аз Тошканд унвонии чандин рӯзномаҳои Тоҷикистон фиристода будам. Аммо касе чоп накард. Вале оқибат ҳамаи онҳо амалӣ шуданд.

-Хуб, акнун дар ин шароити феълӣ Шумо барои беҳтар шудани вазъ дар кишвар чӣ пешниҳод доред?

- Пеш аз ҳам ман пешниҳод мекунам, ҳукумат дигар душманковиро бас кунад. Нафарҳоеро афв кунад, ки чандон гуноҳи вазнин надоранд ва баънои томаш шурӯъ кунад ба тоҷиксозӣ. Дар сиёсати дохилӣ як барномаи мушаххаси созанда дошта бошад. Худро аз канора ба канораи дигари сиёсат назанад. Нафарҳои боҳушро ба ҳукумат гирд оварад. Аз онҳо истифода барад. Бубинед, Меҳмоншо Шарифов ном шахсе баромадааст, ки аслан ӯро ман намешиносам. Вале бисёр фикру андешаҳои ҷолибро дар матбуот матраҳ намуда истодааст. Аз чунин мағзҳо бояд истифода бурд. Ва кори хуб шуд, ки Акбар Турсонро боз ба Ватан баргардонданд.

Ҳамин гуна олимонро ҷамъ кунанд ва агар ягон андешаеро мехоҳанд дар ҳаёт ҷорӣ кунанд, пеш аз ҳама бояд дар байни ҳамин ашхос ин нақша дар миён гузошта шавад. Дар масъалаи кадрҳо. Мегӯянд, ки кадрҳо намерасанд, ин дурӯғ аст. Кадр ҳаст. Масалан доктори иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров кам кадр аст? Ақаллан пешниҳодҳоеро, ки ӯ дар матбуот мекунад, ҳамонҳоро истифода баранд.

Аз тарафи дигар дурӯғгӯӣ бояд дар сатҳи ҳукумат набошад. Ба мардум ваъдаҳои дурӯғ надиҳанд, масалан ваъдаи таъмини барқ дар фалон муддат ва ба монанди ин. Ё ба мардум замин медиҳанд, онҳо хона месозанд ва баъди чанд муддат рафта ин хонаҳоро вайрон мекунанд. Фасод дар ҳокимияти давлатиро бояд решакан кард. Маҳалгароӣ низ бар зарари давлат аст.

Аҳзоб барои давлат бояд ёрдамчӣ бошад. Аз онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ самаранок бояд истифода кард. Масъалаи эҷоди ҷои кор масъалаи муҳим аст. Бубинед, агар Русия каме муносибаташро бо мо тундтар кунад, вазъи мо хароб шуданаш мумкин. Ва баргашти муҳоҷирон вазъиятро даҳҳо маротиба душвор мекунад. Маоши мардум ночиз аства нархҳо баланд. Хизмат дар армия дар замони шӯравӣ шараф буд. Мардум худашон ба хизмат мерафтанд. Ҳоло кӯшиш мекунанд, ки хизмат нараванд. Барои чӣ? Барои он ки шароити хизмату зиндагонии сарбозон ва ҳатто фармондеҳони онҳо хеле ташвишовар аст. Дар чунин шароит мутахассисони соҳа оё меистанд? Табиист, ки ҷои кори хуб мекобанд.

Шароити деҳқонон хеле бад онҳо маҳсулоти худро ба бозор бароварда наметавонанд. Хулоса камбудиҳои зиёде ва интизори ислоҳи таъҷилӣ.

Мусоҳиб Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi