04:20:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГЕНЕРАЛҲОИ ОППОЗИТСИЯ: ТАҚДИРРО ЧӢ ТАДБИР БОЯД?!-2

ҶАНГ ВА СУЛҲИ САЛАМШОҲ

Саламшоҳ баъд аз он ки дар Наврӯзи соли 1990 бар ҳарифи тавонову мағрур, паҳлавони маъруф Бегмати лақай дар ноҳияи Панҷ ҳангоми мусобиқаи гӯштин пирӯз гардид, обрӯ ва эътибораш ба маротиб боло рафт. Ба гирудорҳои сиёсӣ дар солҳои 1991- 92 ворид гардидани паҳлавони шинохта Саламшоҳ Муҳаббатов шаҳодати бедории фикрӣ ва бетараф набудани ӯ ба тақдири ояндаи миллату Ватан буд. 

Ва ҷараёни ҳодисоти баъдӣ хоставу нахоста ин паҳлавони номдорро ба гирдоби хеш кашид ва ӯ то замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ аз аҳдофу мароми хеш дифоъ намуда, баъди ба имзо расидани ин ҳуҷҷати барои миллати тоҷик сарнавиштсоз дар яке аз рӯзномаҳои Тоҷикистон расман эълон дошт, ки «Акнун ба ҳар касе душмани Сулҳи тоҷикон аст, ман душманам.» Ва ӯ то кунун ҷавонмардона ба қавли хеш устувор боқи монда! 

Ҳеҷ нафаре аз сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин он ҳақро надошт, ки бе мувофиқа бо генерал Саламшоҳ вориди қаламрави Бадахшон гардад ва ё даст ба ягон амалиёти ҷангӣ бизанад. Ҳодисаи барои худсарӣ ё осебу озор додани мардуми осоиштаи ин вилоят аз ҷониби генерал Саламшоҳ муҷозот шудани баъзе қумандонони гурӯҳиро шоҳидони воқеъа то ҳол ёд доранд.

Ва эътироф бояд кард, ки дар таъмини субот ва амнияти мардуми Бадахшон ӯ хеле талош ва аз худгузаштагиҳо нишон медод. Саламшоҳ аз ҷонибдорони асосии ҳарчӣ зудтар бо роҳи мусолиҳаи сиёсӣ ва гуфтушунидҳои дуҷониба ҳал намудани низоъи тоҷикон буд.

Ва ӯ нахустин аз қумондонҳои шинохтаи Иттиҳоди мухолифин буд, ки аз сулҳ сӯҳбат кард ва роҳ меҷӯст то ду ҷониби бо ҳам размандаро бар сари хони оштиву салоҳ биёварад. ӯ нахустин мақоми баландпояи ИНОТ буд, ки бо афроди баланди низомии Русия дар музокирот нишаст. 

МУЗОКИРОТИ СУЛҲ: ДАРВОЗ- СОЛИ 1993

Ва инак шарҳи мухтасари он нишасти таърихӣ, ки дар ҳеч сӯҳбате то кунун аз он ёд нашуда ва дар ҳеч расонаи хабарӣ ба чоп нарасида чунин аст:

30 декабри соли 1993 барои дидору гуфтушунид бо фармондеҳони маҳаллии Бадахшон, аниқтараш барои фаҳмидани андешаи сарвари нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон, генерал Саламшоҳ Муҳаббатов фармондеҳи Қувваҳои посдори сулҳи кишварҳои узви ИДМ, генерал-полковник Борис Евгеневич Пянков ва сардори Райёсати зудамали ин ниҳод генерал-майор Алексей Пригунов аз тариқи се чархболи низомӣ ба Дарвоз омаданд.

Аз донандагони улуми сиёсат пинҳон нест, ки тайи ҳамин беш аз 100 соли ахир Бадахшон ҳамеша барои Русия минтақаи муҳим ва дорои манофеъи сиёсӣ ва геополитикиаш будааст. Боздиди афсарони баландрутба ва баландмақоми рус аз мавзеъе, ки то ҷое таҳти контроли размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик қарор дошт ва хостори сӯҳбати вижа гаштан бо фармондеҳони муҳими ин минтақа ба хусус қумондони аршад, генерал Саламшоҳ далели он буд, ки Русия ҳеҷ гоҳ ҷонибдори дар Бадахшон доман задан ё занондани оташи фитнаи хунин набуд.

Дар он вохӯрӣ , ки дар дохили қароргоҳи низомии русҳо мустақар дар маркази ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, генерал Саламшоҳро боз чаҳор тан аз фармондеҳони шинохтаи маҳаллӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Намояндаи вижаи роҳбари ИНОТ дар Бадахшон Ҳоҷӣ Рашид, ки ба қавле раҳбарияти расмии мухолифинро дар он нишасти хосса муаррифӣ дошт, дар ҳузури генералҳои рус мавқеи пешгирифтаи давлати Русияро дар қиболи қазияи Тоҷикистон мавриди интиқод қарор дод.

Генерал Саламшоҳ аз нақши муҳим ва таъсиргузор доштани Русия дар умури сиёсии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз генерал Пянков хоҳиш намуд, ки салому паёми самимонаи ӯ ва тамоми мардуми Бадахшонро ба Борис Елсин, раисҷумҳури Русия бирасонад ва пешниҳод кард, ки ҷониби Русия барои сари мизи гуфтушунид нишондани гурӯҳҳои ба ҳам даргири тоҷик амалан мусоидат намояд. 

МАҒЛУБИЯТИ ГЕНЕРАЛИ РУС ДАР ДАРВОЗ

Яке аз шоҳидони он мулоқот ба ман нақл кард, ки дар лаҳзаи фориғ аз музокирот генерал Пригунов аз Саламшоҳ даъват кард, ки бо ӯ дар дастхобонӣ зӯрозмоӣ кунад. Саламшоҳ бо табассуми ба худаш хос «пожулуйста, но за сто литров бензина» (он замон бензин дар қаламрави Бадахшон камёфт буду қиммати гарон дошт, вале анборҳои заставаҳои русӣ пур аз маводи сӯхт буданд, шарҳи мо) гӯён бо як чолокӣ бо панҷаи қавӣ дасти ба сӯяш дароз шудаи генерали болобаланди русро дошта, баъди 30 сонияро онро рӯи миз хобонд. 

Анатолий Михеев, сардори отряди марзбонони Русия дар Дарвоз, ки як низомии қавипайкар буд, аз мағлубияти генерали лашкараш нангаш омад ва пурғурур дар рӯ ба рӯи Саламшоҳ нишаст. Даст сӯи ӯ дароз карда гуфт: «Давай попробуем!» Паҳлавонро боз шаҳди пирӯзӣ насиб шуд ва қумондонони баландрутбаи рус ноилоҷ нотавонӣ ва шикасти хешро дар муқобили қумондони тоҷик эътироф карданд. Генерал- полковник Пянков «отдайте Саламу сто литров бензина по договору, а 50 литров от меня» гӯён мусобиқаро ҷамъбаст кард. Ин ҳамаро шунида ба худ гуфтам; кош он рӯз қоидаву суннати рӯзгорони Рустаму Афросиёб роиҷ мебуд ва яқин, ки дар ҳар набард пирӯзиву сарбаландӣ насиби тоҷик будӣ.

Ин нахустин иқдоми воқеъӣ ба сӯи Сулҳ ва як назари ошкоро иброзёфтаи сиёсӣ буд, ки аз ҷониби мақоми баландпояи низомии ИНОТ матраҳ гардид. Саламшоҳ барои ин «худсарӣ» ва бе машварати роҳбароияти боло бо генералҳои рус сӯҳбат карданаш шояд танбеҳ шунид, ки баъди чанде оҷилан ба мақари Хукумати фирории мухолифин-шаҳри Толиқон ба сӯҳбати хосса даъват гардид. 

ПЯНКОВ, ҲОҶӢ РАШИД ВА ҚУМОНДОН ҶАНГИХОН 

Музокироти Саламшоҳ ва ёронаш бо генералҳои рус дар Дарвоз беш аз се соат тӯл кашид. Шоҳидони воқеъа мегӯянд, ки дар ин музокирот Саламшоҳ аз марди сиёсӣ ва низомӣ будани хеш дарак дод ва исбот кард, ки ӯ ва размандагонаш хостори сулҳ ва амнияту ободии кишварашон ҳастанд. Генералҳои рус аз намояндаи вижаи роҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Рашид, ки як шахсияти бештар мазҳабӣ ва то ҷое тундрав буд, дида бештар хостанд то бо генерал Саламшоҳ, ки ба воқеъоти дохили Тоҷикистон ва авзоъи минтақа диди тоза ва назари хоссаи хешро дошт, сӯҳбат намоянд. 

Ҷойи зикр аст, ки Ҳоҷӣ Рашиди язгуломӣ, ки инсони хеле наҷиб буду чеҳраи зебои тоҷикӣ дошт, соли 1995 ба таври асроромез ва ба ақидае гӯё бо заҳролудшавӣ ба марг расид. Генерал- полковник Пянков ва генерал Пригунов бо Саламшоҳ ва ҳайати музокирот барои хотира расмҳо гирифтанд. Он аксҳо ёдгорест аз таърихи ҷангу сулҳи миллати тоҷик, ки шояд дар бойгонии Саламшоҳ ва он генералҳои рус то кунун маҳфуз мондаанд. 

Музокироти Дарвоз дар моҳи декабри соли 1993 нахустин қадами амалӣ ва муҳимтар аз ҳама аввалин гом ба сӯи сулҳу оштӣ буд ва ташаббускораш намояндагони низомию баландараҷаи давлате гардиданд, ки дар ҷанги тоҷикон манфиатдор ва баъдан дар кори сулҳи тоҷикон ҳам саҳмгузор буданд. 

Ва бояд бойиси ифтихори Саламшоҳ ва ёронаш бошад, ки як ҷониби дигари музокирот ва аз нахустин мунодӣ ва поягузорони сулҳ онҳо буданд. Ва мутаассифона ҳамин нуктаи муҳими таърихи ҷанг ва сулҳи моро муаррихин ва ҷангу сулҳноманависони тоҷик шояд аз ноогаҳӣ ё чизи дигар бошад дар ҳеч ҷое аз мақолоту кутуби хеш зикр накардаанд.  

Нуктаи дигари ҷолиби зиндагиномаи ҷангии қумондон Саламшоҳ ин мулоқот ва пазироии ҷавонмардонаи ӯ аз қумондони Артиши Тоҷикистон, полковник Ҷангихон Давлатов, ки дар муқобилаш меҷангид, маҳсуб меёбад. Вохӯрии ду паҳлавони тоҷик, ки замони осоишта бо ҳам ошнову қарин буданд ва акнун дар соли 1995 ҳар яке размандагони мусаллаҳи ҷонибҳои бо ҳам мухолифро сарварӣ мекарданд, қиссаи аҷибу шуниданиест, ки дар Қӯрғонтеппа аз забони шоҳиди воқеъа, дӯсти гаронқадрам, паҳлавони тоҷик Эмомалии Назир шунида будам ва тафсилоташро агар умр вафо кунад, оянда барои хонанда хоҳам гуфт.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА,
(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi