04:51:46 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 15

Султони Ҳамад

Раббонӣ ва Масъуд вориди амал мешаванд

Як ҷониби сулҳкунанда пешниҳодҳои ҷониби дуввумро  ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул намедонист. Хулоса устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд чун диданд, ки пешравие дар ин мулоқот нест, риштаи амалро ба дасти хеш гирифтанд. Онҳо бо ҳарду ҷониби музокиракунанда сӯҳбат карда тарафҳо, махсусан ҷониби мухолифинро мутақоид сохтанд, ки имзои Созишномаи сулҳ ба манфиати онҳо анҷом хоҳад гирифт.

/images/stories/2011/12/14_foto_1412_1.jpg«Ҳама ақидаҳо, ҳама ниятҳо, ҳама ҳадафҳо танҳо бо Ватан арзише доранд. Танҳо дар Ватан онҳо амалӣ мешаванд. Ҳадафи бе Ватан ба чӣ кор меояд? Бе Ватан онро дар куҷо татбиқ хоҳӣ кард? Барои ҳамин аввал соҳибватан шавед» барин суханҳои устод Раббонӣ болои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъсири амиқе гузошта буданд, ки баъдҳо онҳоро дар чанд суханронии хеш иқтибос меовард. Тақрибан бо ҳамин мазмун Аҳмадшоҳи Масъуд бо Давлати Усмон сӯҳбатҳое дошт.

Баъди сӯҳбати рӯ ба рӯ ва дар алоҳидагӣ бо роҳбарони Давлати Исломии Афғонистон ҳарду лидери Тоҷикистон ба роҳбарони ҳайатҳои гурӯҳи кории ин мулоқот Иброҳим Усмонов ва Отахон Латифӣ тавсияҳое дар бораи омода кардани асноди ин вохӯрӣ доданд. Ба ҳайати  гурӯҳи кории ҳукумат Баҳодур Абдуллоев, Саид Салимов, Ҳақназар Шодиев, Зариф Алиев ва ба ҳайати гурӯҳи кории мухолифин Давлати Усмон, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҷумъабой Ниёзов, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ дохил мешуданд.

Бояд гуфт ба ғайр аз ин нафарони номбаршуда аз ҷониби ҳукумат шахсиятҳои маъруфе ҳамчун Сайдамир Зуҳуров, Шукурҷон Зуҳуров, Давлат Бобоев ва Алиҷон Солибоев  Президенти кишварро дар ин сафараш ҳамроҳӣ мекарданд. Баъди гирифтани тавсияҳо барои аъзои гурӯҳҳои корӣ тақрибан боз як шабонарӯз лозим шуд, ки се ҳуҷҷатро омода бисозанд. Якум «Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ», дуввум «Изҳороти муштараки Парезиденти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди Мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ» ва ҳуҷҷати саввум «Созишномаи Президенти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик С.А.Нурӣ».

Ду ҳуҷҷати аввалро рӯзи 11-уми декабр соати 14 ҳарду лидери сулҳкунанда ва намояндаи вижаи ДК СММ Ҳерд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Воқеан Ҳерд Дитрих Меррем бори аввал буд, ки ба ҳуҷҷати имзо намудаи раҳбарияти олии ду ҷониби музокиракунанда имзои худро мегузошт. Дар ду мулоқоти қаблии хеш (Кобул-майи 1995, Теҳрон-июли 1996) Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ танҳо бо пахш намудани як Изҳороти муштарак иктифо карданд. Вале дар Хустдеҳ, чӣ тавре ки дидем, ба ҷуз аз як Изҳороти муштарак боз як Протокол низ ба имзо расид ва як Созишномаи дигар омодаи имзо шуд. Ба қавли устод Раббонӣ бо дарназардошти баъзе аз назокатҳои «кори дипломатӣ» қарор шуд он дар Маскав дар нимаи дуввуми моҳи равон ба имзо бирасад.

Мулоқоти Хустдеҳ сарнавиштсоз буд, вале… 

Аз сабаби он ки мулоқоти Хустдеҳ дар сатҳи олӣ ва натоиҷи он сару садоҳои зиёдеро дар матбуоти дохиливу хориҷӣ ба бор овард ва ба таври зидду нақиз арзёбӣ шуд, нахуст мехоҳем матни ин аснодро пурра пешкаши хонандагони арҷманд кунем. То ин ки хонандагон баъди хондани вокунишҳо ба ин мулоқот  бо доштани ҳуҷҷати асосӣ худашон битавонанд ба як хулосаи зарурӣ биёянд. Аз сӯи дигар дар баъзе расонаҳои расмии кишвар мавриди ба назар нагирифтани ин аснод ҳини  баёни натоиҷи раванди музокирот ба мушоҳида мерасад.

/images/stories/2011/12/14_foto_1412_2.jpgМасалан, ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ Телевизиони тоҷик беш аз 20 филми ҳуҷҷатӣ дар бораи таърихи истиқлолият таҳия ва ба нашр расонд. Таҳиякунандагони ин силсилафилмҳо муддаӣ ҳастанд, ки  ин кори онҳо як навъ солномаи таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ҳангоме, ки дар бораи мулоқоти сарнавиштсози Хустдеҳ  дар филми «Соли 1996» сухан меравад, филмсозон на танҳо симои устод Нуриро боре ҳам нишон намедиҳанд, балки номашро ҳатто намегиранд.

Дар бораи мулоқоти Хустдеҳ айнан ин ду ҷумларо меоранд: «Рӯзҳои 10-11-уми декабри соли 1996 дар Хусдеҳи улусволии Фархор воқеъ дар қисмати шимоли Афғонистон мулоқоти ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди Мухолифин доир шуд. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти хело мураккаб ва печидаи Афғонистон, ки хатари аз ҳар ҷониб сар задании муноқишаҳо вуҷуд дошт (? С.Ҳ) бо роҳбари  Иттиҳоди мухолифин сари мизи гуфтушунид нишаст ва 11-уми декабр сардори давлат ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик «Изҳороти муштарак» қабул намуданд» (Филми ТВТ «Истиқлол соли 1996»). 

Аз ин ду ҷумлае, ки ҳам мантиқан ва ҳам услубан хароб ҳастанд, тамошобин дар бораи як рӯйдоди дар ҳақиқат муҳиму сарнавиштсози миллат чӣ фаҳмид? Ба мавқеъ ҳаст ёдовар шавем, ки маҳз ҳамин телевизион расо 15 сол пеш  шоми 12-уми декабр баъди мулоқоти Хустдеҳ барои тамошобинони Тоҷикистон дар як барномаи вижаи қариб яксоата аз натоиҷи ин мулоқот гузориши муфассале дода буд. Дар чор соли охир ин бори аввал буд, ки дар телевизиони тоҷик роҳбари ИНОТ сухан мегуфт. 

Ин бори аввал буд, ки бо нишон додани чеҳрааш ӯро таҳқир намекарданд, дашном намедоданд. Ҷаллоду хуношом намегуфтанд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба сӯҳбаташон бо президент Эмомалӣ Раҳмон истинод оварда аз ҷумла гуфт: «Мо дар ин вохӯрӣ ба як чизҳои умедворкунанда расидем ва боварӣ дорем, ки дар Тоҷикистон сулҳи сартосарӣ ва пойдор барпо хоҳад гардид». Ин суханҳо албатта дар дили ҳазорҳо тамошобинони «оинаи нилгун» шӯълаи умедро фурӯзон кард. Гузориши хабарнигори ин телевизион низ аз ин мулоқот хеле муфассал ва умедворкунанда буд.

/images/stories/2011/12/14_foto_1412_3.jpgАз ҷумла, дар он омада буд: «Дар асоси Протоколи қабулшуда аз соати 00 – 12 – уми декабри соли 1996 то имзои Созишномаи Маскав ҳама гуна амалиёти ҷангӣ қатъ карда мешавад. Тарафҳо қисмҳои ҳарбии худро аз роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ дур бурда, дар самти Тавилдара постҳои худро дар ду ҷониби ағбаи Каранак муқаррар месозанд. Ҳамзамон дастаҳои мухолифин аз маркази Тавилдара ба деҳаи Дашти Шер бароварда мешаванд.

Ҳамчун таҳкими эътимод хизматчиёни ҳарбии ҳукуматӣ, ки дар ҷабҳаҳои гуногун ба гарав ва асир гирифта шудаанд, озод карда хоҳанд шуд. Дар Протокол инчунин дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчунин фаъолияти органҳои маҳаллии ноҳияҳо ва дигар чораву тадбирҳое, ки ба мӯътадил гардонидани вазъият дар минтақаи Қаротегин ва Тавилдара мусоидат мекунанд, инъикоси ҳамаҷонибаи худро ёфтанд».

Барои ҳамин ҳам аз он ки матбуоти расмии имрӯза аз ин аснод ёд намекунад ва ё ёд кардани онро зарур намешуморад, лозим медонам, ки ҳуҷҷатҳои сулҳро дар лаҳзаҳои муносибу мувофиқ ҷониби дигари масъули ҳифзи сулҳ чопу нашр намояд.

ПРОТОКОЛ

 

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АВЗОИ ҲАРБИЮ СИЁСИИ МИНТАҚАҲОИ ДОҒ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои Қаротегину Тавилдараро, ки вақтҳои охир тезутунд шудааст, баррасӣ намуда, дар арафаи мулоқоташон дар Маскав тасмим гирифтанд:

1. Аз соати 00 таърихи 12 декабри соли 1996 то имзои Созишнома дар Москав ҳамагуна амалиёти ҷангӣ қатъ карда шавад.

2. Тарафҳо қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбиии худро аз роҳи Ду¬шанбе - Хоруғ оқибтар мегиранд. Дар самти Тавилдара тарафҳо назоратгоҳҳои худро мутаносибан дар ду ҷониби ағбаи Каранак ҷойгир мекунанд (назоратгоҳи ҳукуматӣ дар шӯъбаи № 1, назоратгоҳи мухолифин дар деҳаи Саридашт). Онҳо аз намояндагии СММ хоҳиш мекунанд, ки барои назоратгоҳҳои зикршуда ба ҳайси нозир намояндагонашонро муайян намоянд. Ҳамзамон ба ин дастаҳои мусаллаҳи мухолифин аз маркази Тавилдара бароварда ба деҳаи Дашти Шер оқиб кашида мешаванд. Артиши ҳукуматӣ дар ағбаи Хобуработ ва маҳали Лаби Ҷар меистад.

3. Тарафҳо назоратгоҳҳои низомии хешро аз сари роҳи Ду¬шанбе - Ҷиргатол мебардоранд. ИМТ дастаҳои мусаллаҳи худро аз маркази ноҳияҳои Комсомолобод, Ғарм, Тоҷикобод ва Ҷиргатол мебарорад. Баталони қувваҳои дохилаи ВКД дар Ғарм дар мавқеи пештараи худаш боқӣ мемонад.

4. Барои таъмини эътимод ИМТ хизматчиёни низомии артиши ҳукуматро, ки дар асари воқеаҳои охир дар Тавилдара, Комсомолобод, Ғарм, Тоҷикобод ва Ҷиргатол гирифтор шудаанд, озод мекунад. Аз намояндагии СММ дар ҶТ ва КБСС хоҳиш шавад, ки барои иҷрои ин амали башардӯстона ҳамкориашро дареғ надорад.

(Идома дорад)

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10 > Қисмати 11 Қисмати 12 > Қисмати 13 > Қисмати 14 > Қисмати 15



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi