07:30:01 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 11

 Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10>Қисмати 11

Маълумоти зидду нақиз дар бораи хисороти амалиёт

Дар масъалаи талафоту хисороти ин амалиёти ҷангӣ ҷонибҳои даргир маълумоти зидду нақизеро ба хабарнигорон ироа карданд. Ҷониби ҳукумат хабар дод, ки  аз ҷумлаи низомиёни ҳукумат 9 нафар куштаву даҳҳо нафар  захмӣ шудаанд. Ҳудуди 120 нафар ба асорат афтоданд. Ҳукумат дар бораи талафоти мусаллаҳони мухолифин чизе нагуфт.

/images/stories/2011/11/02_sulh-hadyai-khudo_11_1.jpgДар навбати худ ҷониби мухолифин талафоти сарбозони ҳукуматиро 8 нафар ва талафоти нирӯҳои худашонро ду нафар гуфт. Теъдоди усарои ҳукуматиро 108 нафар нишон дод. Аммо Ҳерд Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон талафоти ҷонии ҳукуматро чор нафар ва талафоти мухолифинро як нафар эълон кард.

Дипломати олмонӣ дар сӯҳбати телефонии рӯзи 3-уми декабр низ  бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз эҳтимоли густариши ҷанг  боз як бори дигар ибрози ташвиш кард. Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ин сӯҳбат хоҳони «фавран қатъ кардани ҷанг аз ҳарду ҷониб  ва мавриди баррасӣ қарор гирифтани сабабҳои сар задани ин ҷанг шуд».

 Ҷониби ҳукумати Тоҷикистон низ дар як баёнияи худ талаб кард, ки «нирӯҳои оппозитсия ба мавқеи мувофиқи Протоколи Ғарм дошта баргарданд. Агар онҳо бо ин талаб розӣ шаванд, мо омода ҳастем, ки амалиётҳои худро қатъ кунем ва сари мизи гуфтугӯ нишинем», омадааст дар ин баёния, ки аз тариқӣ  бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» мунташир шудааст.

 Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 2-уми декабр дар машварати сарони давлатҳои аъзои САҲУ дар шаҳри Лисабони Португалия суханронӣ мекард, ба масъалаи гуфтушуниди сулҳ дахолат намуда аз ҷумла гуфт: «Ба ақидаи мо ба ҷуз музокироти мусолиматомез бо мухолифини мусаллаҳ роҳи дигар нест ва мо барои ҳарчи зудтар ба анҷом расондани ин музокирот тамоми тадбирҳоро меандешем».

Лидерон омодаи ҳали қазия бо роҳи сулҳанд

Дар чунин шароит ва вазъи сиёсиву низомии хеле ҳассосу муташанниҷ ибрози бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кардани қазияи Тоҷикистон аз сӯйи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва раҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз дурандешиву вазъиятро дуруст дарк кардани ин ду сиёсатмадор гувоҳӣ медод. Вазъ барои бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл кардани қазия акнун мусоид шуда буд. Гап дар сари он аст, ки  ҳамон шабу рӯз дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ нафароне, ки намехостанд қазия бо роҳи сулҳ ҳаллу фасл шавад кам набуданд.

Махсусан аз ҳисоби фармондеҳони низомӣ. Аҷиб ин буд, ки агарчӣ онҳо тарафдори бо роҳи ҷанг ҳал кардани қазия буда бошанд ҳам, вале амалан кори муҳимеро дар ин самт анҷом дода наметавонистанд. Баръакс сарбозони зиёдеро дар ҷангҳо кушта медоданд, иддае ба асорат меафтоданд. Ба сарбозӣ, аниқтараш ба ҷанг бурданӣ ҷавонон кори хеле дандоншикане шуда буд. Пешравиҳои ахири низомии размандагони мухолифин барои Эмомалӣ Раҳмон метавонистанд ҳамчун як дастак хизмат кунанд.

Ба ин маънӣ, ки  ӯ метавонист бигӯяд «то шумо фармондеҳон масоилро бо роҳи низомӣ ҳал мекунед, размандагони мухолифин манотиқи таҳти нуфузи хешро то дари хонаҳоятон васеъ мекунанд. Барои он ки чунин як кор сурат нагирад, бигузоред, ки ман қазияро бо роҳи сулҳ ҳаллу фасл кунам». Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ аз ин пешравии размандагонаш агарчи зоҳиран қаноатманд буд, вале аз таҷрибаи ҷангҳои дохилии Афғонистон медонист, ки ҳар як пешравӣ дар ҷангҳои шаҳрвандӣ дар пай шикасту ақибнишинӣ дорад ва он комёбии муваққатист.

Роҳи дуруст ва устувори ҳалли қазия албатта ин музокироти мусолиматомез ва гузашт кардан аз худ дар ин гуфтушунидҳо буд ва ҳаст. Хулоса ҳарду лидери ҷонибҳои даргир барои бо роҳи музокирот ҳаллу фасл кардани масъалаи ҷангу сулҳи Тоҷикистон омода буданд. Вазъи сангарҳои набард танҳо омиле набуд, ки ҷонибҳоро барои бо роҳи сулҳ ҳал кардани қазия водор мекард. Дигар омилҳо низ буданд. Чи тавре ки дар боло низ гуфтем, яке аз онҳо зуҳури толибон дар саҳнаи сиёсати бузурги ҷаҳонӣ буд.

Таъсири зуҳури толибон ба раванди  сулҳи тоҷикон

Ба сари қудрат омадани толибон дар Кобул  ба вазъи сиёсиву низомии Тоҷикистон  бевосита ва бавосита таъсири хеле амиқе гузошт. Бевосита ба ин маъно, ки ҳукумати профессор Раббонӣ, ҳукумате, ки ҳам расмиву ҳам ғайрирасмӣ аз муҳоҷирину размандагони тоҷик солҳо пуштибонӣ мекард, дигар рӯйи рост аз роҳбарони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки ё бо ҳукумати Тоҷикистон ҳарчи тезтар сулҳ бикунанд ва ё пойгоҳҳои низомиашонро аз хоки Афғонистон бикашанд.

/images/stories/2011/11/02_sulh-hadyai-khudo_11_2.jpgИн талабҳо на танҳо ба он хотир буданд, ки ҳукумати Раббонӣ дар мубориза ба муқобили толибон шадидан мӯҳтоҷи кӯмакҳои низомиву иқтисодӣ ва дастгириҳои сиёсии ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳукумати Тоҷикистон аз ӯ маҳз ҳамин чизро мехост, балки боз аз он хотир низ буданд, ки дар сурати ақибнишиниҳои эҳтимолӣ ва дар минтақаи таҳти нуфузи толибон мондани пойгоҳҳои низомии мухолифини тоҷик, хатари бо толибон пайвастану ба душмани ҳукумати Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд табдил шудани размандагони тоҷик низ реалӣ буд.

Дар ҳамон шабу рӯз дар дохили нирӯҳои сиёсиву низомии мухолифини тоҷик буданд гурӯҳҳое, ки ошкоро тақозои бо толибон пайвастанро мекарданд. Ба ақидаи онҳо «Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд манофеи муҷоҳиддини тоҷикро сарфи назар карданд. Онҳо намебоист бо ҳукумати Тоҷикистон муносибатҳои ҳасанаро барқарор мекарданд, намебоист Ризвон ва гурӯҳашро дастгирӣ мекарданд ва ғайраву ҳоказо».

Ҳамаи ин сару садоҳоро бидуни шаку шубҳа ҳам профессор Раббонӣ ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд мешуниданд ва пурра дар ҷараёни он чи дар миёни роҳбарони мухолифин мегузашт буданд. Аз ин рӯ масъаларо дар пеши устод Нурӣ кӯндаланг монданд. «Ё сулҳ мекунӣ, ё пойгоҳҳои низомиятро барҳам медиҳӣ ва ё онҳоро аз хоки Афғонистон берун мекашӣ!».

Таъсири бавоситаи ба сари қудрат омадани толибон дар Кобул ба вазъи сиёсиву низомии Тоҷикистон аз тариқи  тасмимгириҳои кишварҳои зидахл дар қазияи Тоҷикистон Русияву Эрону Ӯзбекистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст.

Русия чаро сулҳталаб шуд?

Русия дар паси гурӯҳи толибон рақиби сарсахти худ дар саҳнаи бузурги сиёсатҳои ҷаҳонӣ Амрикоро медид.  Аслан Русия гурӯҳи толибонро бозичаи дасти Покистон меҳисобид, вале Покистоне, ки иқтисодиёт ва сиёсаташ сахт аз ИМА вобастагӣ дошт. Дар сурати Афғонистонро пурра ба тасарруфи худ даровардан аз эҳтимол дур набуд, ки толибон кишварҳои Осиёи Миёнаро ҳадафи навбатии худ қарор медоданд.

Минтақаеро, ки бо вуҷуди он ки давлатҳояш панҷ сол боз худро мустақил эълон кардаанд, инак амалан 150 сол боз дар зери нуфузи Русия қарор доранд. Дар сурати ба Осиёи Миёна ҳамла кардани толибон  зарбаи нахустинро сарбозони Русия, ки он замон ҳанӯз ҳам дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон мустақар буданд, мутаҳаммил мешуданд. Барои Русияе, ки дар дохили худ бо ҷанги Чеченистон андармон буд, ворид шудан ба ҷанги нав ба муқобили толибон ва ғолиб баромадан дар он аз имкон  ва тавони иқтисодиаш берун буд.

Аз ин рӯ барои Русия муҳим ва муфид он буд, ки дар Афғонистон дар сари қудрат ҳукумати Раббонӣ бошаду гурӯҳи амрикогарои толибонро аз байн бубарад ва ё ақаллан аз пешравии ӯ ба Осиёи Миёна ҷилавгирӣ кунад. Ва аммо Русия ба ҳукумати Раббонӣ танҳо дар он сурат дуруст кӯмак карда метавонист, ки агар дар Тоҷикистон сулҳу субот ба вуҷуд меомад. Яъне барои Русия ҳам сулҳи Тоҷикистон ҳамчун обу ҳаво зарур шуда буд.

Русия дурнамои манфиатҳои геополиткии худро дар шароити нав дар сулҳи Тоҷикистон медид. Русияе, ки чор сол қабл низомиёнаш яке аз омилони сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуда буданд ва ҷанг дар Тоҷикистон ҳамон замон ҷавобгӯйи манофеи Русия ба шумор мерафт, имрӯз ба хотири манофеи стратегиаш боз сулҳталаб шуда буд.

Ӯзбекистон ва мухолифини ҳукумати Тоҷикистон

Айнан ҳамин чизро дар бораи Ӯзбекистон низ гуфтан мумкин аст. Ҳукумати Ӯзбекистон низ бо дахолати рӯирости низомиву сиёсиаш боиси сар задан ва  густариш ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Ислом Каримов бисёр мехост, ки дар Тоҷикистон як ҳукумати дастнигар ва ҳамеша таҳти контрол дошта бошад. Чун хостаҳояш амалӣ нашуданд алайҳи ҳукумати ба сари қудрат овардааш иқдом кард.

Дар дохили ин ҳукумат мухолифини навро аз ҳисоби мансабдорони рӯи кор баровардааш  (А. Абдуллоҷонов ва дигарон) ба вуҷуд овард. Роҳбарони мухолифини пешини ин ҳукуматро, ки як вақтҳо душмани худ низ меҳисобид, ба расмият шинохт ва ба Тошканд барои мулоқот  даъват намуд. Дар ин мулоқотҳо кӯшид, ки мухолифини пешин ва мухолифини нави ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳам бипайвандад ва алайҳи ҳукумати ӯ ба ҷанг даъват намояд.

Ваъдаи додани кӯмакҳои ҳангуфтро низ кард. Чун мухолифини пешин даъвати идомаи ҷангро бо пуштибонии Ӯзбекистон напазируфтанд, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки бо мухолифинаш сулҳ карда онҳоро дар қудрат саҳим донад. Акнун ҳукумати Ӯзбекистон низ бо дарназардошти хатари толибон ва дурнамои манфиатҳои хеш мехост баъди сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ҳукумате рӯи кор биёяд, ки манфиатҳои Ӯзбекистонро аз ҳарвақта дида бештар дар мадди назар дошта бошад.

Ё ақаллан дар ин ҳукумат шахсиятҳоеро дошта бошад, ки аз манофеи ҳукумати Ӯзбекистон ҷонибдорӣ кунанд. Хулоса Ӯзбекистон низ дар ҳамин давраи таърихӣ манфиатдор буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор шавад.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi