17:17:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 14

Султони ҲАМАД

«Ба Қундуз не, балки ба Тоҷикистон омадам»

Имрӯз, душанбеи 9-уми декабри соли 1996. Агарчи мардуми муҳоҷир аз расонаҳои хабарӣ аллакай медонанд, ки ҳавопаймои СММ аз Қандаҳор ба мақсади Қундуз соати 11 парвоз хоҳад кард ва танҳо соатҳои се ба Қундуз хоҳад расид, вале боз ҳам субҳи барвақт ба Майдони ҳавоии ин шаҳри муҳоҷирпарвар омадаанд. Имрӯз толибилмони хурдсол бештар ба назар мерасанд. Онҳо дар як гӯшае шеърҳои дар васфи раҳбар ва ҳаёти муҳоҷирӣ азёднамудаи хешро бо шавқ такрор намуда истодаанд…

/images/stories/2011/12/05_latifi_51211.jpgИнак соат 2-ву чил дақиқаи вақти маҳаллӣ. Ҳавопаймои СММ дар фазои Қундуз намудор мешавад. Як бор гирди Майдон давр хӯрда сипас нармак ба замин менишинад. Дари он кушода мешавад. Аввал эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз он берун мешавад. Сипас устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Давлати Усмон, Отахон Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов, Худойбердӣ Холиқназаров, Абӯбакри Нурӣ ва боз як ҳозирбоши устод Нурӣ, ки мутаассифона, ба ёд оварда наметавонам, ки кӣ буд, поён мешаванд.

Онҳоро бо гулу гулдаста ва шеъру таронахонӣ толибилмони мадрасаҳои Боғи Ширкат ва кормандони Кумитаи фарҳанг пешвоз мегиранд. Лаҳзаҳо хеле самимиву эҳсосбарангезанд. Мана раиси Дастгоҳи иҷроияи раҳбари ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дӯсти деринаи худ Отахон Латифиро гарм дар оғӯш мегирад. Дар чашмони пурмеҳри устоди журналистони тоҷик ашк ҳалқа мезанад.

Суханони нахустини устод Латифӣ дар хотирам он лаҳза нақш бастанд, ки  дар муроҷиат ба муҳоҷирин мегуфт: «Бовар кунед, ҳамдиёрони азиз, ки баъди фурӯдгоҳҳои Ҳироту Қандаҳор шуморо дида гумон кардам на  ба Қундуз, балки ба Тоҷикистон омадаам. Шукри Худо  ки ба дидори ҳамдигар мерасидаем».

Аз фурӯдгоҳ меҳмононро рост ба шаҳри Қундуз, ба идораи раёсати  Кумитаи муҳоҷирин бурданд. Дар он ҷо  онҳоро бо фаъолияти  Кумитаи муҳоҷирин аз наздик шинос карданд. Дар ҳамин ҷо маълум шуд, ки мулоқоте, ки байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бояд имрӯз дар Бандари Шерхон сурат мегирифт, ба сабаби дер ба Қундуз расидани як ҷониби гуфтушунидкунанда лағв гардид.

Мулоқот бояд дар рӯзҳои наздик баргузор гардад. Замон ва макони мулоқотро Аҳмадшоҳи Масъуд ба роҳбарони мухолифин  баъдтар хоҳад гуфт. Шарт ҳамин ки роҳбарони мухолифин бояд дар як-ду рӯзи наздик  ҳамеша дар ҳолати омодабош ба ин мулоқот қарор бигиранд. Он шаб ҳама ҳайати музокиракунанда ва дигар роҳбарони мухолифин дар Қундуз меҳмони раиси Кумитаи муҳоҷирини Қундуз Мавлавӣ Ҳақназари Ғойибназар буданд.

Давлат Усмон ба қазияи ду ҳавопаймо рӯшанӣ меандозад

Табиист, ки дар сӯҳбати хеш меҳмонону мизбонон бештар атрофи қазияи ҳавопаймои СММ ва сабабҳои маҷбуран поин шудани он ба фурӯдгоҳи Шинданд сухан мекарданд. Ба гуфтаи Давлат Усмон парвоз аз Машҳад ба Қундуз  бояд рӯзи 6-уми декабр сурат мегирифт. Иҷозаи парвози ин ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии толибон низ барои ҳамин рӯз гирифта шуда будааст. Вале он рӯз устод Нурӣ аз Теҳрон ба Машҳад дертар мерасанд ва парвози ҳавопаймои СММ ба Қундуз ба рӯзи дигар мононда мешавад.

Мутаассифона, намояндаи дар Машҳад будаи СММ ин тағйиротро бо тарафи толибон ҳамоҳанг намекунад ва дар натиҷа ин ҳодиса рух медиҳад. Худораҳматии Ҷумъабой Ниёзов ба ёд оварданд, ки чи гуна ҷангандаҳои толибонро дар осмон аввал устод Нурӣ ва Давлат Усмон диданд ва сипас онҳоро  ба дигарон нишон доданд. Баръало дидан мумкин буд, ки пилоти ҷангандаи толибон ба халабони ҳавопаймои СММ ишора мекард, ки поин шавад, мегуфт Ҷумъабой Ниёзов.

Давлат Усмон нақл кард, ки баъди ба майдони ҳавоии Шинданд фаромадан яке аз сарбозони толиб дарро кушода вориди ҳавопаймо шуд. Баъди дидани шиносномаҳои мусофирон ба ҳамраҳаш бо забони пашту гуфт, ки «Раббонӣ дар ин ҷо нест». Устод Отахон Латифӣ қисса намуд, ки чи тавр дар фурӯдгоҳи Қандаҳор Давлат Усмон ба онҳо ҳамон лётчикеро нишон додааст, ки ҳавопаймои СММ-ро маҷбур ба нишастан кардааст. Ӯро Сиддиқ мегуфтаанд ва ӯ чанд сол пеш дар шаҳри Токмаки Қирғизистон касби халабонӣ (лётчикӣ)-ро ахзуд карда будааст.

Забони русиро хеле хуб медонистааст. Воқеан, ҳамин Сиддиқ тахминан як солу се ё чор моҳ қабл аз шинондани ҳавопаймои СММ ҳавопаймои русии ИЛ-76-ро, ки барои ҳукумати профессор Раббонӣ силоҳу муҳимот мебурдааст, маҷбуран дар фурӯдгоҳи Қандаҳор поин карда будааст. Баъди бештар аз як соли дар асорати Толибон будан дар расонаҳои хабарии ҷаҳон иттилое пахш шуд, ки тибқи он гӯё лётчикҳои Русия ҳавопаймои худро гирифта фирор кардаанд.

Дар робита ба ҳамин нукта ҳамон Сиддиқ ба Давлати Усмон гуфтааст, ки «дар асл халабонҳои рус фирор накардаанд. Балки онҳоро ба ивази се тайёра  пулҳои даҳҳазорсӯмаи афғонӣ, ки дар Русия чоп шуда дар Афғонистон дар муомила буданд, иҷозат додем, ки бо ҳамроҳии ҳамон тайёраашон «фирор» кунанд».

Масъуд боз аз худ дарак медиҳад

Тақрибан нисфи шаб буд, ки намояндаи волии Қундуз ба хонаи Мавлавӣ Ҳақназар омада паёми Аҳмадшоҳи Масъудро ба устод Нурӣ расонд. Тибқи он ҳайати гуфтушуниди ҷониби мухолифин бояд, ки фардо соати 9-и субҳ дар Толуқон омодаи мулоқот бо раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шавад.

Субҳи рӯзи дигар баъди хондани намози бомдод устод ва ҳамраҳонаш  бо мошинҳои сабукрав савор шуда роҳи Толуқонро пеш гирифтанд. Масофаи байни Қундуз ва Толуқон тахминан 80 километрро ташкил медиҳад. Тақрибан соати 9-и субҳ буд, ки устод Нурӣ ва ҳайати музокиракунандаи ҷониби мухолифин ба қароргоҳи Марказии ҲНИТ ба Толуқон расиданд. Ҳамон замон худи Аҳмадшоҳи Масъуд ба қароргоҳ омад ва аз устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ хоҳиш кард, ки  ҳайати музокиракунадаро гирифта ба мавзеи «Чаман»- ҷое, ки  чархболҳо онҳоро интизор ҳастанд, биравад.

Аҳмадшоҳи Масъуд аз устод хоҳиш намуд, ки ба ҷуз аз як нафар дигар силоҳбадастеро ҳамроҳаш дар ин чархболҳо нагирад. Боқимонда муҳофизонашро метавонад тариқи мошинҳо ба қарорргоҳи дар Фархор будаи Масъуд бифиристад.  Ба гуфтаи Масъуд ҷониби ҳукумат таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ташриф оварда феълан дар қароргоҳи  Хустдеҳи улусволии Фархор ҳастанд. Азбаски ҳама омода буданд, ба мошинҳо савор шуда ба мавзеи «Чаман» омаданд. Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Cайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳамроҳии чанд нафари дигар дар як чархбол боқимондаҳо ба чархболи дигар савор шуданд.

Мулоқоти деринтизор билохира оғоз мешавад

/images/stories/2011/12/05_sulh-51211.jpgЧархболҳо баъди 18 дақиқаи парвоз дар як майдончаи қаряи Хустдеҳ дар паҳлӯи чархболи ҳайати ҳукуматӣ  нишастанд. Бале, ҳайати ҳукуматӣ аллакай дар ҷои мулоқот ҳозир буд. Ин бори дигар аз нияти ҷиддии сулҳталабии ҷониби ҳукумат, махсусан лидери он Эмомалӣ Раҳмон, гувоҳӣ медод. Бояд иқрор шуд ба Афғонистоне, ки аксари манотиқаш дар зери қудрати толибон буд ва  ба хусус ба он минтақае, ки мухолифини мусаллаҳи ҳукуматаш дар онҷо дорои ҳама гуна силоҳи нав, азҷумла силоҳи ҳавопаймозани «Стингер», буданд, махсус барои дарёфти сулҳу субот дар кишвар сафар кардан ин амалро ба ҷуз аз ҷавонмардиву омода будан ба худфидоӣ чизе дигаре наметавон арзёбӣ кард.

Бархе аз сиёсатмадорону коршиносон дар ҳамон вақт ва ҳоло ҳам дар ҳамин назаранд, ки талоши Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳ ин талош барои ҳифзи пояҳои ҳукуматаш буд. Шояд дар ин гуфтаҳо заррае ҳақиқат бошад. Кӣ намехоҳад пояҳои ҳукуматаш пойдор бошанд? Вале ман ба ин назарам ва мутмаинам, ки саъйу кӯшиши ӯ дар ин сафари пурхатараш асосан барои истиқрори  сулҳу оштӣ, ки ягона роҳ барои дарёфти ваҳдати миллӣ ва бақои якпорчагии кишвар боқӣ монда буд, ба харҷ дода шудааст. Расидан  ба ҳамин  гуна ҳадафҳои воло инсонро метавонад ба чунин амалҳои ба ҳаёти хеш хавфнок водор бисозад. Зеро чашидани ҷоми шаҳодат дар чунин кори хайр оғози ҳаёти ҷовидона аст.

Соати 10-и рӯзи сешанбеи 10-уми декабри соли 1996 нахустин ҷаласаи музокирот дар сатҳи олӣ шурӯъ шуд.Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раисҷумҳури ДИА профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар ҳузури журналистон кушод. Сипас Герд Дитрих Меррем, Аҳмадшоҳи Масъуд, Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ибрози умедворӣ карданд, ки мулоқот дар пай натоиҷи мусбат хоҳад дошт.  Баъдан Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ се соат пушти дарҳои баста як ба як сӯҳбат карданд.  Аммо ба натиҷае нарасиданд.

Аз рӯйи нақшаи пешакӣ мулоқот бояд дар тӯли рӯзи 10-уми декабр бо имзои се санади муҳим ба анҷом мерасид. Вале азбаски тарафҳо дар аввал камтар майли ба якдигар гузашт кардан доштанд, намози аср наздик шуда бошад ҳам, пешравие дар ин мулоқот ба чашм намерасид. Тарафҳо аз якдигар чӣ тақозо доштанд?  Чи тавре, ки қаблан ишора кардем, ҷониби мухолифин мехост, ки Парлумони Тоҷикистон мунҳал шуда ба ҷои он як органи муштараки қонунбарор дар раъсаш намояндаи оппозсиюн таъсис дода шавад, ки он ҳукумати феълиро ба истеъфо фиристода ба ҷойи он ҳукумати муташаккил аз намояндагони ҳарду ҷонибро таъсис бидиҳад.

Ва ин ҳукумат марҳила ба марҳила мушкилоти мавҷудаи байни ҳукумат ва мухолифини мусаллаҳро ба тадриҷ ҳаллу фасл намояд. Дар навбати худ ҷониби ҳукумат талаб мекард, ки нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин фавран ҷангро қатъ карда,  тамоми он минтақаҳоеро, ки ишғол карда буданд вогузошта ба қароргоҳхои худ баргарданд ва ҳукумати маҳаллии он минтақаҳоро ба расмият бишносанд, ба кори онҳо халал эҷод накунанд ва ба тадриҷ халъи силоҳ шаванд, муҳоҷирин ба Ватан баргашта дар ҷойҳои пештараи худ кор кунанд. Танҳо дар ин сурат ҳукумат розӣ ҳаст, ки дар назди Парламенти мавҷудаи кишвар ниҳодеро муташаккил аз намояндагони ҳарду ҷониб  таъсис бидиҳад, ки вазифаи он ҳаллу фасл кардани мушкилоти низомӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва муҳоҷирин бошад.

(Идома дорад)

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10> Қисмати 11 Қисмати 12> Қисмати 13> Қисмати 14 >



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi