19:15:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ӯ БАРОИ ХУД НАЗИСТ...

Олиме аз амире суол карда: “Зар дӯст дорӣ ё хасм?” Амир гуфтааст: “Албатта зар”. Олим дар посух гуфтааст: “Чӣ гуна аст, ки он чӣ дӯстар дорӣ ва он зар аст, ин ҷо бигзорӣ ва он чи дӯст надорӣ ва он хасм аст, бо хештан мебарӣ?”Амирро об дар чашм омаду гуфт: “Нек панде додӣ ва ҳама панду ҳикмат андар ин суханат омад”.

Аз маҳал гап назан...

Тагай Рахмон4Дар пасманзари ҳодисоту воқеоти соли охир: боздошти халабонҳою депорти муҳоҷирини кории тоҷик ва сари буридаи Бахтиёри ғӯрамарги то ба ҳол ба ватанноварда, ки чун рӯйдоди сиёҳу бохти миллат дар соли сипаригашта арзёбӣ мешаванд, беихтиёр симои шодравон Тағай Раҳмон пеши назар овардам. Не, ӯ на аз маҳалам ҳаст, на хешу наздику ёру ошноам.

Бо ҳам он қадар ошно ҳам набудем. Чи ҷои нагуфтан, ки имрӯз моро дар замир ҳамин хислат маъво гирифта: Бештар ба доираи маҳал такя мекунем, дар коргоҳ низ бо силсилаақрабою ҳаммаҳалҳоямон атрофи худ девора месозем, ба иборае садди чинӣ... Агар сатраке ҳам нависем, яқин аст, ки дар бораи ҳаммаҳали худ навиштаем. Хуллас, аз чаҳорчӯбаи маҳал болотар роҳ намеравем...

Кист Тағай Раҳмон?

Не, ӯро дар радифисиёсатмадорон намегузорам, балки аз зумраи олиму фозилони миллат буд, ки дардошно буду дилошно. Бо сиёсат ҳам агар замоне сару кор гирифта бошад, пас сиёсатмадори асил буд, сиёсатбоз набуд. Намехост, то ду ҷониби даргири тоҷикон хунро бо хун шӯянд. Замони ба имзорасии Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ӯ шомили зеркумиссиюни низомии Комиссиюни Оштии Миллӣ буд...

Дар ҳамойиши собиқ размандагони ИНОТ бо нерӯҳои ҳукуматӣ саҳми муносиб гузошт. Он замон размандагони собиқ ИНОТ дар ҳаққи Тағай Раҳмон мегуфтанд, ки воқеан ҳам коммунисти асил аст, як гапро, ки гуфт онро ҳатман амалӣ месозад. Соли 1997. Бо Тағай Раҳмон ҳини бозгашт аз Афғонистон дар бандари Шерхон вохӯрдам...

Баъд аз панҷ соли ғарибиву дурӣ аз Ватан, дар хоку буми диёр он қадар худро хушбахт ҳисоб мекардам, ки хурсандиамро ҳадду канор набуд. Гӯиё паррандаи аз қафас раҳогаштае будам, ки дар фазои кишвар озодона дар парвоз будам. Бо ронандаи тоҷике гарм сӯҳбат доштам, аз навгониҳои кишвар мепурсидаму ӯ нақлҳои аҷоиб мекард. Ин дам афсари марзбони русе, ки чеҳрахашин буду аз даҳону биниаш бӯйи шароб меомад, наздам истоду олуда бо ҳақорат амр дод: “Канӣ тезтар аз ин ҷо дафъ шав, ин сарҳад аст, сарҳади Русия”. Хун ба сарам заду бо ҳамон оҳанги олуда бо ҳақорат посухаш додам: -Тоҷикаму соҳибмулк, шукрона, ки ғосиб наям.

Аз чунин бархурди тунду тезам афсари сарвайрон ишора ба туфангчаи дар бар овезонаш кард, ки агар истодагариву муқобилат кунам, ҳадафи тир қарор мегирам. Чи кунам, ки дасткӯтоҳ будаму тавқи гурезагӣ дар пешонӣ доштам ва он замон “бародарони бузург” соҳибмулк буданду соҳибсарҳад... Муноқишаи маро бо афсари сархуш дида марди низомипӯши олимсимои тоҷике наздам омаду насиҳатам кард: -Писарам, бо ин “соҳибмулкҳо” хархаша кардан бефоида аст, биё он сӯтар равем, - гуфту маро канор бурд.

Чун фаҳмид, ки рӯзноманигораму ғарибафтода, оҳи пурдарде аз дил бароварду худро шиносонд: Тағай Раҳмон. Он қадар дар оташи ҷаҳл дар сӯзиш будам, ки ҳарфе ба гӯшам намедаромад. Аммо насиҳату суханони саршор аз муҳаббати Тағай Раҳмон водорам кард, то аз банди ҷаҳл берун гардам.  Аз сӯҳбату гуфтугӯ бо Тағай Раҳмон дарёфтам, ки воқеан ҳам ӯ дилсузи миллат будааст. На аз он афродест, ки колоҳои низомии амрикоӣ бар тану бо кибру ғурур ҳарф мезанад ва ҳар лаҳзае бо чашми ҳақоратомез таҳдидам мекунад.

Баҳси Тағай Раҳмон бо генерали рус

Тағай Раҳмон бо чанд тани дигар аз масъулини ҳукумату собиқ ИНОТ ҷиҳати қабули собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба бандар омада буд. Он сӯтар аз мо афсарони баландрутбаи сарҳадбони рус бо ҳам атрофи чизе баҳсу муноқиша доштанд. Ҳама сарҳадбонон омодагии рақами 1 доштанд. Тиру тӯп, тонку мошинаҳои ҷангии сарҳадбонон гӯиё бо душман дар набард бошанд, дар соҳил камин гирифта буданд. Аз он сӯйи марз даву този собиқ размандагони тоҷику афғон бараъло ба чашм мерасид. Устод Тағай аз чизе сахт нигарон буд ва ҳар дам мегуфт, ки худо кунад, ки дасисае сар назанад, ки сулҳи ба имзорасида хоку бод мешавад...

Баржаи боркашонӣ ҷиҳати аз қаламрви Афғонистон интиқол додани размандагону силоҳу муҳимоти онҳо  дарё убур кардаву пешорӯйи размандагон қарор дошт. Аммо баъди чанде баржа бидуни размандагон ба соҳили Тоҷикистон баргашт. Чанд тан аз намояндагони ИНОТ, ки савори баржа  буданд, ба Тағай Раҳмон арз карданд, ки аз баржа дохили қуттие мина пайдо кардаанд.

Сухани намояндагони ИНОТ ба охир нарасида, ки аз он сӯйи марз инфиҷоре садо дод ва дуди сиёҳе фазоро печонд. Гузаштани размандагон ба таъхир афтод. Бино ба гуфтаи намояндагони ИНОТ размандагон минаро ба ҷойи бехавф бурдаву тарконидаанд ва талаб пеш гузоштаанд, то намояндаи баландрутбаи сарҳадбонони рус онҳоро дар гузаштани дарё ҳамроҳӣ кунанд, вагарна дарё нахоҳанд гузашт.

Аз чунин ранг гирифтани кор Тағай Раҳмон нороҳат гашт ва онро фоли бад маънидод кард. Тағай Раҳмон чун ваколатдори ҳукумати кишвар назди генерали марзбони рус рафта худро шиносонд ва асли воқеаро баён кард. Генерали рус бо қавоқи гирифтаву чеҳраи манфур базӯр дасти вохӯрӣ сӯйи Тағай Раҳмон дароз кард. Аз чунин рӯйдод генерал даст афшондаву онро иғвои навбатии ҷониби размандагон маънидод кард.

Касе бо он генерали сархушу хашин ёрои сар ба сар шудан надошт, касе намехост мушкилотро мавриди ҳал қарор диҳад. Аз дастафшониҳову худписандии генерали рус Тағай Раҳмон ба танг омада генералро фаҳмонд, ки авзоъ мураккабу печида аст ва мумкин аст размандагон дарё нагузаранд. Аммо генерали соҳибмарз бепарвоёна мегуфт, ки нахоҳанд гузаштан бигузор дар хоки афғон монанд.

Тағай Раҳмон чун дид, ки бо афсарони рус , бахусус бо ин генерал бо забони хуш наметавон фаҳмонд, шӯридаву гуфт: -Бо хоҳанд-нахоҳанд гуфтанҳо масъала ҳал намешавад ва шумо ба ин хотир инҷоед, ки бо фаъолияти пешқадамонаи худ таъмини амнияти размандагон амалӣ созед. Тамоми ҷаҳон мутаваҷҷеҳи ин рӯйдод аст. Дигар ин, ки дар он сӯйи марзбудагон ҳам ҳамватанони моанд. Генерали рус нороҳатона сӯҳбат мекард ва мехост Тағай Раҳмонро аз сӯҳбати худ дур кунад, бинобар ин ҳам изҳор медошт, ки ин ҷо мо ҷиҳати ҳалнамоии масъалаҳои худ қарор дорем.

Аммо Тағай Раҳмон ӯро имкони сухан гуфтан надода, қотеъона талаб мекард, ки: “Дар ин маврид шумо масъалаҳои худро надоред, манфиат умум аст - дифоъ аз созишномаи ба дастомадаи сулҳ, ки дар Маскав ба имзо расидааст ва муҳимтар аз ин масъала набояд масъалаи дигаре бошад. Аммо генерали рус ҳамоно аз аспи ҷаҳлу ғурур намехост пойин гардад, намехост ҷиҳати аз дарё гузаронидани собиқ размандагони ИНОТ саҳми худ гузорад.

Яқин буд, ки хостори рӯйи кор овардани дасисае буд ва инро ҳарду ҷониби ба созишомада хуб дарк мекарданд, аммо чи илоҷ, ки он замон ба хотири амалӣ гаштани Созишномаи сулҳ ҳар ду ҷониб ҳам ба ҳар гуна шартгузориҳои “Бародарони ғараздардил” розӣ буданд. Билохира, Тағай Раҳмон баъд аз тамос бо мақомоти болоии ҳукумати Тоҷикистон чигили сарбаста кушуд ва тамоми размандагон сиҳату саломат дарё гузаштанд...

Ҳар кӣ он замон шоҳиди ин воқеа ва бархурди Тағай Раҳмон бо генерали рус буд, он замон хулоса карда буд, ки амалкарди фарзанди фарзонаи миллат Тағай Раҳмон гӯё ҳушдоре буд ба “соҳибсарҳадҳо”, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва ҳар пора хоки он барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас аст.

Тағай Раҳмон барои дигарон зист...

Тагай РахмонБо Тағай Раҳмон дар Комиссиюни Оштии Миллӣ вохӯрдам, ки басо серкор буд. Он замон касе ёрое надошт, ки аз маҳалли буду боши размандагон ва ё ҷангиёни фронти халқии шомили ВКД-ю Артиши миллӣ гашта дидан намояд ва рукну бандҳои Созишномаи сулҳ ба онҳо фаҳмонад. Аммо Тағай Раҳмон аз касеву чизе тарс надошт. Бо ҳама забон меёфт. Ҳатто собиқ размандагони ИНОТ ҷиҳати ҳалли мушкилоти пешомада ба суроғи Тағай Раҳмон ба КОМ меомаданд.

Бале, воқеан ҳам Тағай Раҳмон дар зиндагӣ барои худ назист, балки барои дигарон зист. Манфиати хусусӣ барои ӯ бегона буд, балки талош мекард, то эҳтиёҷи мӯҳтоҷон бароварда созад. Ҳамкасбону ҳамкорони Тағай Раҳмон, ки замоне бо ӯ дар Академия кор мекарданд, қисса мекунанд, ки Академия барои Тағай хонаи панҷҳуҷрадоре дода буд. Ҳине ӯро ба кор ба Институти Кӯлоб равон карданд, ӯ назди президенти Академия даромада калиди хонаро супурда буд. Ҳарчанд ба ӯ гуфта буданд, ки хона моли хусусии ӯст, ба фарзандон ба мерос гузорад, аммо Тағай Раҳмон дар посух гуфта буд, ки шогирдони зиёдам барои хонагирӣ дар навбат истодаанд, ин моли онҳост...

Ҳангоми дар Институти Кӯлоб адои вазифа карданаш даҳҳо нафар аз ҷавонони лаёқатмандро ба камол расонидаву соҳибкасб кардааст, ки имрӯз эшон аз Тағай Раҳмон бо эҳтиром ёд мекунанд. Ин ҷавонмардию амалкарди Тағай Раҳмон мешунаваму бо олиму зиёии имрӯза муқоиса мекунам: нагуфтанам беҳтар аст...

Тағай Раҳмон кабутари сафеди сулҳ

Ҳангоми бомуваффақона анҷом пазируфтани фаъолияти КОМ гаҳу ногаҳ Тағай Раҳмон медидам, ки портфели калоне дар даст хаёломез дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезад. Аз сӯҳбат бо ҳамкоронаш фаҳмидам, ки дар хонаи як хешаш мезистааст... Дигар касе аз ӯ суроғ накард... Дар як сӯҳбат гуфта буд, ки ниёз ба лутфу меҳрубонӣ ва ҳеҷ гуна вазифаву мансабе надорад, барои ӯ волотарин неъмат ин сулҳ аст, ки зери сояи он хурду калон имрӯз роҳат доранд...

Нобаҳангом тавре рӯзе ба дунё омада буд, нобаҳангом рӯзе реҳлат баст ба манзили охират... Ҷанозааш ҳам мегӯянд хоксорона буд, рӯйи роҳраву кӯчаро мавҷ-мавҷи ҷипу мошинаҳои сиёҳшиша набаста буд... Хоксорона чанде аз олиму шогирдони дар ҷодаи илм заҳматкашидааш гирди тобути ӯ ҷамъ омаданду халос...

Чанде пеш матлабе атрофи кору ҳаёти шодравон Тағай Раҳмон дар рӯзномаи расмие ба нашр расида буд, аммо бидуни сурат. Он ҷо сатраке писандам омад: “Ӯ кабӯтари сафеде буд миёни дигар кабӯтарҳо...” Воқеан ҳам парвози ин кабӯтари сафеди  сулҳовар дар фазои ноороми он солҳо, аз дигар кабӯтарчаҳои ҳарранг фарқ дошт: кабутари сафед ризқ барои худ намеҷуст, дигар аз кабӯтарони ҳарранг бошанд бо кашида бурдани хасу хошок дар пайи бунёди лонаи худ буданд...

Пас, ҷойи чунин мардони Худо, ки умри худро барои халқу Ватан сарф намуданд, ҷаннатулфирдавс бод!

М.Идизода, рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi