15:14:58 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРМОНДЕҲОН НИЗ ДАР ТАЛАБИ СУЛҲАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 24

Султони Ҳамад

Рӯзи 21-уми декабр ҳама аъзои ҳайат ба таъзияи ду хонаводаи мотамзада, ду хонаводае, ки наврасони хешро дирӯз дар инфиҷори минаҳо аз даст дода буданд, рафтем. Нолаву фиғони модарону хоҳарони  хунинҷигари на танҳо ин ду ғунчаи ношукуфта, балки модарони садҳо нафар ҷавонмаргон ва умуман ҳалокшудагони ин ҷанги хонумонсӯзи ин шаҳрак, ба фалак мепечид.

/images/stories/2012/04/12_navhai-modar-1.jpgЧунин ба назар мерасид, ки модарону хоҳарон, заноне, ки барои ибрози тасаллият ба ин хонаводаҳои мусибатзада омада буданд, ҳар яке дарди худро нола мекард. Як «вой бачаме» мегуфту дигаре «оҳ акаме». Саввумӣ бо оҳу нолаҳои ҷигарсӯз захми доғи ҳам ин ва ҳам онро дар дил тоза мекард.Чи манзараи тоқатшикану таҳаммулнопазире…

Номаи фармондеҳон ба Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳӣ Нурӣ

Дар ҷанозаи ин ғуррамаргон низ сухан аз ҳарчи тезтар ба сари тавофуқи ниҳоии сулҳ  расидану ҳарчӣ тезтар аз байн бурдани осори ҷанги миллаткуш рафт.  Маҳз дар  ҷанозаи ин ду навраси нобишкастаармон фикре пайдо шуд, ки аз номи фармондеҳони нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин ба унвони Президенти мамлакат  ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар Маскав  ҳамин шабу рӯз бо ҳам музокироти сулҳ доштанд ва ин гуфтушунид ба кундӣ пеш мерафт, номае бифиристанд ва дар он аз лидерони ҷонибҳои сулҳкунанда дархост намоянд, ки ҳарчӣ тезтар  ба Созиши ниҳоӣ бирасанд.

Барқия худи ҳамон бегоҳи 21-уми декабр омода  ва рӯзи дигар ба  меҳмонхонаи «Президент ҳотел»-и Маскав, ҷое ки мулоқот ҷараён дошт, фиристода шуд. Иштирокчии бевоситаи ин гуфтушуниди таърихӣ аз ҷониби ҳукумат пофессор Иброҳим Усмонов дар китоби хеш «Сулҳнома» аз мактуби фармондеҳони минтақаи Қаротегину Вахё чунин ёд кардааст:

«Созишномае ба имзо расид, ки онро тамоми халқи тоҷик интизор буд. Масалан, дар муроҷиатномаи қумандонҳо М. Низомов, М. Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ, Мулло Абдулло, Аҳмадбек, Шайх ва роҳбарони ноҳияҳои Ғарм, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Дарбанд аз 22 декабр унвонии Э.Ш. Раҳмонов ва С. А. Нурӣ зикр мешуд, ки «Натиҷаи мусбати музокиротро интизорем. Зеро аз ин беш тӯл кашидани задухӯрдҳои мусаллаҳона бар зарари тамоми миллат ва сабаби аз байн рафтани якпорчагии сарзамини азияткашида ва ваҳдати мардуми мо шуда метавонад» (Иброҳим Усмонов «Сулҳнома», Душанбе, 2001. саҳ. 339).

Ҳукумат шарти гаравгонгирҳоро қабул мекунад

Дар ҳамин ҳол дар қазияи гаравгонгирии Баҳром Садиров таҳаввулоти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст. Ҳукумат ба талаби Баҳром дар хусуси  аз Афғонистон овардани Ризвон ва ҳамяроқонаш розӣ шуд ва рӯзи 21-уми декабр дар пайи иҷрои ин талаб чархболеро ба Афғонистон фиристод. Ризвон худ аз омадан ба Тоҷикистон бо мулоҳизоти ба худаш маълум худдорӣ кард. Вале 25 нафар ҳамяроқонашро бо шумули  мулло Абдуғаффор Худойдодов, собиқ қозии ҲНИТ, машҳур бо тахаллуси «Южный» дар ҳамон чархбол ба Тоҷикистон мефиристонад.

/images/stories/2012/04/12_ozimi-tavildara-2.jpgБояд гуфт, ки байни Баҳром ва Ризвон   алоқаи мухобироти ҳамеша мавҷуд буд. Баҳром дар Тоҷикистон ва Ризвон дар Афғонистон дастгоҳҳои хуби мухобиротии истеҳсоли Ҷопон доштанд. Мухобирачиёни ҳарду ҳам ашхоси  дар назди мутахассини Аҳмадшоҳи Масъуд омӯзишдида буданд. Бо эҳтимоли зиёд Ризвон сабаби  аз бозгашт ба Тоҷикистон худдорӣ карданашро ба Баҳром  тавассути мухобира фаҳмонда бошад, ки ӯ баъди қабули ҳамяроқони Ризвон худи ҳамон рӯз, яъне 21-уми декабр, тамоми гаравгонҳоро озод намуд, ба ҷуз ду нафар.

Ба ҷуз ду намояндаи мухолифин дар Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи оташбаси Теҳрон Юсуф Ҳакимов ва Изатуллоҳ Ибодов. Баҳром мехост ба ивази ин ду нафар  намояндаи мухолифин бародараш Сафаралӣ (ӯро Валӣ низ гӯянд) ва боз панҷ-шаш нафар собиқ ҳамяроқони Ризвонро, ки бештар аз як сол буд, ки дар назди фармондеҳи кулли АНИТ Мирзо Зиё, аввал ба ҳайси асир ва баъдан бо ихтиёри худашон размандаи ҷабҳаи Тавилдара буданд, табодул намояд.

Дмитрий довталабона гаравгон мемонад

Намояндаи ҳайати нозирони низомии СММ Дмитрий чун дид, ки намояндагони мухолифинро Баҳром озод накард ва қазия ҳанӯз ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, ба Баҳром муроҷиат карда гуфт, ки ӯ ҳозир аст дар ин ҷо бимонад то тавассути дастгоҳҳои мухобиротии СММ ба ҳалли сареъи мушкилоти мазкур мусоидат намояд. Баҳром низ ин фикрро пазируфт ва Дмитрий дар назди гурӯҳи Баҳром бо ҳамроҳии Юсуф Ҳакимов ва Изатуллоҳ Ибодов боқӣ монд.

/images/stories/2012/04/12_kormandoni-smm-3.jpgДар назди Баҳром мондани ду нафар намояндаи мухолифин раҳбарияти ИНОТ-ро хеле сахт ба ташвиш овард.  Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо вуҷуди он ки аз қазия ва талабҳои Баҳром огоҳӣ дошт, боз ҳам ба роҳбарияти ҷумҳурӣ ва ҳам роҳбарияти намояндагии СММ дар Тоҷикистон телефонӣ дар  тамос шуда ибрози нигаронӣ ва аз онҳо дархости мусоидат кардан ба озодии ҳарчи тезтари ин ду намояндаи мухолифин намуд.

Дар навбати худ ҳам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам ҷаноби Дитрих Меррем изҳори умедворӣ карданд, ки қазия ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард ва барои ин тамои талошҳоро ба харҷ хоҳанд дод. Аз сӯйи дигар фармондеҳони минтақа, ба хусус Мирзо Зиёев ва Мирзохӯҷа Низомов, бо истифода аз телефонҳои маҳворавии созмонҳои байналмилалӣ ба Баҳром Садиров занг зада ӯро ҳушдор доданд, ки агар нисбати гаравгонҳо Худоё нахоста ягон амали бадро раво бинад, баъдан аз худаш гила кунад.

Худи гаравгонҳо,ки дар ҳуҷраи паҳлӯи утоқи мухобирот нигоҳ дошта мешуданд, ин гуфтугӯҳои байни фармондеҳони мухолифин ва Баҳромро баръало шунидаанд. Дар омади гап мегӯем, ки бо вуҷуди чунин ҳушдорҳои қумандонҳо нафарҳои Баҳром кори худро мекарданд. Рӯзе як-ду бор, махсусан Изатуллоҳ Ибодовро, ба гуфтаи худашон «шикамсерӣ» лату кӯб мекарданд.

Ҳукумати ҳалли қазияро бехунрезӣ мехост

Ҳукумат дар ҳақиқат мехост, ки қазияи гаравгонҳо бе хунрезӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ҳалли мусбати худро ёбад.  Махсусан дар ҳамин масъала самимияти масъулини ҳукумат баръало мушоҳида мешуд. Ҳамин буд, ки рӯзи дигар, яъне рӯзи 22-уми декабр, нағз дар хотирам ҳаст рӯзи якшанбе буд, мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ Зафар Икромов, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи оташбас ва узви ҳайати муштараки низомиву сиёсӣ ба ҳисоб мерафт, дар як чархбол ба шаҳраки Ғарм омад ва ба Давлати Усмон гуфт, ки «ба хотири озод кардани Юсуф Ҳакимов ва Изатуллоҳ Ибодов мо бояд ба Тавилдара равем ва Мирзо Зиёро розӣ кунем, ки бародари Ризвон Сафаралӣ ва боз чанд нафари дигарро, ки аз ҳамраҳони ӯ будаанд ва рӯйхаташ дар дасти ман ҳаст, бо ду бародари дар дасти Баҳром буда табодул намоем».

Дар як замон мо омода гардида бо ҳамон чархбол озими Тавилдара шудем. Ҳамроҳамон нозири низомии намояндагии СММ Орлинро низ гирифтем. Қабл аз сафар тавассути мухобира фармондеҳ Мирзо Зиёевро аз сафари ҳайат ба минтақаи таҳти нуфузаш бохабар кардем. Азбаски ҳавои кӯҳистон абрнок буд, халабонҳо дар минтақаи Чилдара ҷоеро  базӯр пайдо карданду ба замин нишастанд. Чанд лаҳза пас қумандон Ғоибназар ва қумандон Абдулҳай бо ҳамроҳонашон дар назди чархбол ҳозир шуданд. Чун моро шинохтанд гарм дар оғӯш гирифтанд. Баъди чанд муддат Мирзо Зиё ва қумандон Ҷумъабойи Намангонӣ дар ҷипи Нисан Петрол ба Чилдара омаданд. Баъди салому алайк Мирзо Зиё ба тарафи Зафар Икромов нигоҳкунон гуфт:

- Бародар, кӣ  шуморо ба ин ҷо даъват кардааст? Чаро  ба ин ҷо омадед?

-Бародар, ин ҷо Тоҷикистон аст. Тоҷикистон Ватани ман ҳам ҳаст. Одам дар Ватанаш куҷое, ки хоҳад меравад.

-Бародар, ин ҷо агар Ватанат  мебуд ободаш мекардӣ, на хароб!

-Бародар, агар хароб шуда бошад аз дасти ҳардумон шудаст. Акнун ҳардумон бояд ободаш кунем.

-Э  бисёр гап назанед. Ман  бо шумо дигар гап надорам.

-Акаи Мирзо, як дақиқа…, гӯён Давлат Усмон хост ба  ин баҳс ҳамроҳ шавад.

-Шумо ҳоло гап назанед. Ба мошин савор шавед, Тавилдара меравем. Бо шумо гапи бисёр дорем-, гӯён Мирзо Зиё Давлат Усмонро гап задан намонд. Ва боз ба тарафи Зафар Икромов баргашта гуфт:

-Ба шумо ҷавоб.

Рости гап, дигар касе аз ҷумлаи ҳайати ба Тавилдара омада ҷуръат накард, ки зидди ин суханони Мирзо  Зиё ва ё тасмими ӯ ҳарфе бигӯяд.

Зафар Икромов ба тарафи мо баргашта гуфт:

Бародарон, хайр ман меравам. Кадом вақте, ки ба Душанбе ва ё Ғарм баргаштанӣ шудед, бо телефони Созмони Милал занг бизанед, чархболро бароятон роӣ мекунем. Дар амони Худо бошед.

Зафар Икромов ба чархбол савор шуд  ва он ба ҳаво бархост.

Идома дорад

БАҲРОМ АЪЗОИ КОМИССИЯИ ОТАШБАСРО ГАРАВГОН МЕГИРАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi