22:10:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МИРЗО ЗИЁЕВ ВА ҚИССАИ ҚАМАРИДДИНИ НОКОМ

Султони Ҳамад

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 25

Ҳайати низомиву сиёсӣ  ба мошини Мирзо Зиёев, ки ба назар мерасид аз худравҳои ҷопонии Нисан Петроли моделохир аст, савор шудем. Ба гуфтаи Мирзо Зиёев ин мошинро чанд ҳафта пеш вақте, ки кони тиллои Шугновро размандагони ӯ ба тасарруфи худ дароварданд, ба Мирзо Зиёев намояндаи ширкати Британия, яке аз дастандаркорони кони тиллои Шугнов, додааст. Феълан ин шаҳрванди бритониёӣ дар Тавилдара меҳмони ӯ ҳаст ва масъалаи бозгашташ ба Ватан дар ҳамин чанд рӯз бояд ҳалли худро ёбад. Хулоса ҳангоми ҳаракат ба сӯи Тавилдара Мирзо Зиёев баъди аҳволпурсии кӯтоҳе ба тарафи Давлат Усмон гашта суол дод:

/images/stories/2012/04/20_mirzi-zioev_2012_1.jpg-Шумо аз кӣ пурсидед, ки бо ҳукумат сулҳ кардед? Чаро фикри мо қумандонҳоро ба назар намегиред? Оё кореро, ки шумо кардед, хиёнат нест магар? Хиёнат ба он армонҳои воло? Чаро амри ақибнишиниро ба мо додед? Ва боз  ба инҳо монанд саволҳои зиёди дигар медод.

Ҳар боре, ки Давлат Усмон мехост ба суоли Мирзо Зиёев посух бигӯяд, ӯ ба Давлат фурсати гап заданро намедод. Боз худаш гап мезад ва бо як эҳсосоти ба худ хос гап мезад.

Падаре, ки тифлашро надид

-Мана ҳамин деҳаеро, ки аз байнаш гузашта истодаем, Руботнол мегӯянд,- бо даст ба берун ишора карда гуфт Мирзо. Дар ҳамин деҳа Қамариддин (номро тағйир додам С. Ҳ.) шаҳид шуд. Шояд Қамариддинро шумо нашиносед. Аз ҳамин Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Рӯзе, ки маҷбур мешавад шаҳрро тарк кунад (охири моҳи декабри соли 1992), дар  яке аз зоишгоҳҳои Душанбе занаш писар таваллуд мекунад. Чун дар шаҳр таъқибу куштори мардуми кӯҳистон дар авҷ буд, писарашро нодида маҷбуран бо як гурӯҳи дигар ба Афғонистон фирор мекунад. Ман бо ӯ дар Афғонистон шинос шудам-, ба суханаш идома медиҳад Мирзо Зиёев.

Аз ҳамон вақт ҳамеша бо ҳам будем. Якҷо ба Тавилдара омадем. Зану фарзандашро бисёр ёд мекард. Ҳамагӣ ду моҳ пеш аз маргаш аз мусофирони раҳ мефаҳмад, ки зану писарчааш сиҳату саломат дар Душанбе  бо як азоб рӯзашонро паси сар карда истодаанд. Барояшон бо дасти як ронандаи  боэътимод каме пул ва мактубе мефиристад. Аз онҳо хоҳиш мекунад, ки ба Тавилдара биёянд. Дар мактуби ҷавобӣ занаш ваъдаи омаданро медиҳад.

Баъди ин Қамариддин ҳар рӯз чашм ба роҳ интизор мешавад, ки кай занаш меояду кӯдакашро меорад то ӯро бубинад. Хулоса дар як ҳамлаи ҳавоӣ  Қамариддин сахт маҷрӯҳ мегардад. Вақте, ки ба наздаш расидам дар назми ҷонканӣ буд. Фақат «Шамсиддин, Шамсиддин» мегуфт. Ҳайрон шудам, ки ин Шамсиддин кӣ бошад. Касе намедонист, ки Шамсиддин кӣ ҳаст. Хулоса Қамариддин Шамсиддин гуфту  дар оғӯшам ҷон дод.

/images/stories/2012/04/20_mirzi-zioev_2012_2.jpgБаъдтар вақте, ки аз ҷайбаш мактуби хунолуди завҷаашро ёфтем, фаҳмидам, ки  Шамсиддин номи  писараш будааст. Шамсиддине, ки дигар як умр аз дасти навозиши падар маҳрум гардид. Ду рӯз баъди ба хок супурдани Қамариддин занаш писарашро гирифта ба Тавилдара омад. Вақте Шамсиддини севуним соларо дидам, ки  бо падараш «як себу ду кафон» буд, орзуҳои ба хок бурдаи Қамариддинро ба ёд овардаму  талх гиристам.

Мирзо Зиёев ин қиссаро мекарду «шукрат Худо» гуфта оби чашмонашро пок менамуд.

-Ана ҳамин хел дар тӯли зиёда аз ду соле, ки дар Тавилдара ҳастам, 93 шаҳид додам.  Тани хунолуди онҳоро бо ҳамин дастони худ ба хоки сияҳ гузоштам. Ҳоло ман ба шумо қабристони шуҳадоро нишон медиҳам. Хуни ин ҳама шуҳадо дар гардани ман қарз аст.  Шумо, ки сулҳ кардед, хунбаҳои ин шуҳадоро кӣ мегирад?

Давлати Усмон мехост ба ин савол посух гӯяд, вале Мирзо Зиёев ба ӯ имконияти гап задан намедод. Аҷиб он буд, ки Ҷумъаи Намангонӣ тӯли ин муддате, ки дар роҳ будем, сухане намегуфт. Ҳарфҳои Мирзо Зиёевро бо диққат гӯш мекарду дар баъзе лаҳзаҳо ба маънии тасдиқи фикри гуфташуда сар меҷунбонид.

«Кори бади бачаҳои мо таркондани ҳамин пул буд»

Ба назди пули Тавилдара расидем. Пули як вақтҳо хеле машҳур ва мустаҳками Тавилдараро харобу валангор дидем. Пурсидем, ки чаро чунин аст?  Ин пули барои мардум пурманфиатро кӣ ба ин ҳол афканд? Мирзо Зиё посух дод, ки «бояд росташро гӯям, як кори бади бачаҳои мо таркондани ҳамин пул буд. Ман дар зиёрати бузургвор ҳазрати Бурх будам, ки ин воқеа рух додаст. Бачаҳо маълумоти бардурӯғ гирифтанд, ки гӯё ҳукумат аз тарафи ағбаи Каранак бо нирӯи зиёд ҳамла мекунад, саросема шуда ҳамин кори намешуданиро карданд.

Гунаҳкоронро ҷазо ҳам додам. Вале кор аз кор гузашта буд. Аслан зиёнашро аз мардуми оддӣ дида мо бештар дидем. Дар ин ҷо одамони мулкӣ бисёр кам зиндагонӣ мекунанд. Ана бинед, ҳамин гузаргоҳи муваққатиро аз болои рӯди Хингов дар ҳамин камобиаш мо бо як машаққати зиёд бунёд кардем. Фардо баҳор шавад дарё сероб мешавад ва ин гузаргоҳи муваққатиро об хоҳад бурд».

Гуфтугӯи телефонии Мирзо Зиёев бо устод Нурӣ ва Баҳром Садиров

Мошини мо аз ин пули муваққатӣ гузашта дар назди яке аз қароргоҳҳои  размандагони Мирзо Зиёев, ки ба назар мерасид то оғози даргириҳо мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ будааст, истод. Баъди аз мошин фаромадан Мирзо Зиёев оринҷи Давлат Усмонро гирифта пешниҳод кард, ки каме дар кӯчаҳои ноҳия қадам зананд. Сӯҳбати онҳо то дер давом кард. Баъди он ки ба ҷамъи ҳайат ва меҳмонон пайвастанд, дидем ки Мирзо Зиёев оромтар ба назар мерасаду чеҳрааш кушодтар шудааст.

/images/stories/2012/04/20_mirzi-zioev_2012_3.jpgӮ як бори дигар ҳайат ва намояндаи СММ-ро хайра мақдам гуфт ва ба сари дастархон даъват кард. Дар вақти хӯрокхӯрӣ сухан аз  музокироти Маскав ва гаравгонгирии Баҳром рафт. Давлат Усмон аз намояндаи СММ Орлин пурсид, ки «оё имкон дорад ки тавассути телефони шумо бо устод Нурӣ, ки дар «Президент ҳотел»-и Маскав қарор доранд ва баъдан бо Баҳром, бо Оби Гарм дар тамос шавем?». Орлин посух дод, ки бо Обигарм дар тамос шудан чандон кори мушкил нест, зеро ӯ шумораи телефони Дмитрий, нозири низомии СММ-ро, ки феълан дар пеши Баҳром ҳаст, медонад.

Ҳоло бо намояндаи дигари  Созмони Милал, ки ҷаноби Дитрих Мерремро дар музокироти Маскав ҳамроҳӣ мекунад, дар тамос мешавад ва аз ӯ шумораи телефони устод Нуриро хоҳад гирифт. Ӯ телефонашро барои гуфтугӯ омода сохт. Он вақт телефонҳои ҳамроҳ аз ду қисм иборат буданд. Аз як дипломат ва як  антеннае дар шакли лаълӣ, ки ба дипломат пайваст карда мешуд. «Лаълӣ» дастгоҳро бо моҳвора пайваст мекард. Хулоса Орлин коре кард, ки Давлат Усмон ва Мирзо Зиёев  аввал бо устод Нурӣ дар тамос шуданд.

Устод Нурӣ аз ҳардуи онҳо боисрор талаб кард, ки тамоми кӯшишу талошҳои худро ба он равона кунанд, ки Юсуф Ҳаким ва Иззатуллоҳ Ибодов ҳарчи тезтар аз  асорати  Баҳром ва гурӯҳаш раҳоӣ ёбанд. Хоҳиши дигари устод Нурӣ аз ин ду нафар ва ҳайати низомиву сиёсии мухолифин аз он иборат буд, ки ҳаргиз фирефтаи фитнаву дасисаҳои эҳтимолӣ  нагарданд ва пайваста дар фикри татбиқи Протоколи Хустдеҳ ва Созишномае, ки фардо, 23-юми декабр эҳтимол меравад дар Маскав ба имзо мерасад, бошанд. Баъдан Орлин бо Оби Гарм дар тамос шуд.

Ба назди телефон Баҳромро даъват карданд. Ба Баҳром  гуфтанд, ки Мирзо Зиёев мехоҳад бо ӯ  дар хусуси гаравгонҳо ва бародараш Сафаралӣ гап занад. Баҳром розӣ шуд. Баъди салому алайк Мирзо ба ӯ гуфт:  «Хоҳиши ман аз ту Баҳром ҳамин аст: роҳ намедиҳӣ, ки ба пои он ду бародари мо хор халад. Талаби туро ман ба бародарат Сафаралӣ ва дигарон мерасонам. Агар худашон майли ба назди ту рафтан дошта бошанд ман онҳоро ҷавоб медиҳам, вагарна аз ин ҷо зӯран онҳоро бадарға намекунам.  

Онҳо асир нестанд. Онҳо бо мо унс гирифтанд. Онҳо муҷоҳид шудаанд. Вале он ду бародари моро, боз таъкид мекунам, эҳтиёт кунед. Худат маро нағз медонӣ, ки дар хубӣ хуб ҳастаму… Тамом ман дигар гап надорам. Агар гап дошта бошӣ гап зан». Аз он тараф садои Баҳром омад, ки мегуфт: «Ман ҳам гап надорам. Шумо низ бародарони моро сиҳату саломат бифиристед. Тамом». Бо ҳамин гуфтугӯи  телефонии Мирзову Баҳром поён ёфт.  

Сафаралӣ чӣ гуна асири разандагони Мирзо Зиёев шуд?

Ба гуфтаи Мирзо  Зиёев бародари Баҳром Сафаралӣ бо ҳамроҳии дӯстонаш дар қисмати Вахёи Боло, болотар аз деҳаи Миёнаду дар як қароргоҳи муҷоҳиддин зиндагонӣ мекунад. Онҳо дар зиндон нестанд. Умуман сарбозони ҳукуматӣ, ки ба дасти размандагони Мирзо Зиёев ба асорат меафтоданд, баъди халъи силоҳ шудан маъмулан дар зиндонҳо нигоҳ дошта намешуданд. Онҳоро дар хонаҳои мардуми таҳҷоӣ ҷо мекарданд.

Онҳо озодона метавонистанд дар ҳудуди деҳаҳои гирду атроф гаштугузор кунанд. Вале барояшон баъзе маҳдудиятҳо, азҷумла бе иҷозат ба ягон деҳаҳои дурдаст рафтан, дар назди қароргоҳи муҷоҳиддин ҷамъ шудан, бештар аз ду нафар гирди ҳам омадан ва ғайра ҷорӣ шуда буд. Бештар дар корҳои  чорводорӣ ва кишоварзии мардум кӯмак мекарданд. Хурду хӯроки онҳо низ асосан аз ҳисоби ҳамон аҳолии таҳҷоие буд, ки асирон дар хонаҳояшон зиндагонӣ мекарданд.

Сафаралӣ сарбози ҳукуматӣ набуд. Ӯ тахминан як солу ду моҳ қабл аз Афғонистон бо ҳамроҳии бародаронаш Баҳрому Ҷумъа ва боз тақрибан даҳ нафари дигар аз наздикиҳои Дарвоз  марзи Афғонистону Тоҷикистон-дарёи Панҷро убур карда тариқи ағбаи Вишхарв ба Вахёи Боло меояд. Дар  деҳаи Сангвор байни гурӯҳи Баҳром ва размандагони Мирзо Зиёев задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад.

(Идома дорад)

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 24:

"ФАРМОНДЕҲОН НИЗ ДАР ТАЛАБИ СУЛҲАНД"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi