12:01:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚИССАИ САРБОЗИ САРМОЗАДА ВА ФИРОРИ НОБАРОРИ Ӯ

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 26

Султони Ҳамад

Дар даргирии мусаллаҳона, ки байни гурӯҳи бародарони Ризвон ва размандагони Мирзо Зиёев дар деҳаи Сангвор ба вуқӯъ мепайвандад, чанд нафар аз одамони Баҳром бо шумули бародараш Ҷумъа кушта мешаванд. Баҳром, Сафаралӣ ва боз чанд нафари дигар ба асорати афроди мусаллаҳи Мирзо Зиёев меафтанд.

/images/stories/2012/04/26_sulhjuyon-1-26412.jpgБаҳром баъди чанд муддат бо ҳамроҳии як афсари собиқи ҳукумат, ки ӯ низ дар асорат будааст, аз дасти муҷоҳиддин фирор мекунанд ва ба нирӯҳои ҳукуматӣ мепайвандад. Сафаралӣ, баръакс бо размандагони Мирзо Зиёев муносибатҳои хуб барқарор менамояд. Ӯро онҳо ба қароргоҳ мебаранд. Ба гуфтаи Мирзо Зиёев Сафаралӣ барои он дар қароргоҳи муҷоҳиддин бо онҳо якҷо зиндагонӣ мекард, ки ӯ аз санҷиши онҳо гузашта будааст.

Хулоса, барои аз деҳаи Лоҷирк ба Тавилдара овардани Сафаралӣ ва ҳамраҳонаш дар ин фасли зимистон ва ин шароити кӯҳистон на камтар аз ду рӯз вақт сарф мешавад,- гуфт Мирзо Зиёев.

Вазъи мардуми Тавилдара аз Ғарм фарқ дошт

Субҳи рӯзи 23-ми декабри 1996 Мирзо Зиёев гурӯҳеро барои овардани бародари Ризвон ва дигар шариконаш ба Вахёи Боло фиристонд. Ба аъзои ҳайати низомиву сиёсӣ пешниҳод кард, ки то овардани Сафаралӣ ва нафарҳои дигар моён аз деҳаи Миёнаду, ки аз маркази Тавилдара тақрибан 35-40 километр болотари дарёи Хингоб ҷойгир шудааст, дидан кунем ва бо вазъи ноҳияву мардум аз наздик шинос шавем.

Вазъи Тавилдараро мо дар муқоиса бо ноҳияҳои водии Қаротегин комилан дар тафовут дидем. Агар дар Қаротегин сохторҳои ҳукуматӣ баъди якуми декабри соли 1996 аз фаъолият боз монда бошанд, дар Тавилдара ҳукумат тақрибан ду сол боз умуман вуҷуд надошт. Аз аввали ҷанги шаҳрвандӣ ин ноҳия ба яке аз минтақаҳои асосии задухӯрди мусаллаҳонаи байни нирӯҳои низомии ҳукумат ва мухолифини он табдил ёфта буд.

/images/stories/2012/04/26_sulhjuyon-2-26412.jpgБорҳо аз даст ба даст гузаштааст. Биноҳои харобаву валангор дар ин минтиқа бештар ба назар мерасиданд. Тақрибан ду соли ахир ноҳияи Тавилдара асосан дар дасти размандагони Мирзо Зиёев ва Ҷумъабои Намангонӣ қарор дошт. Мардуми таҳҷоӣ билкул хаставу ноумед буданд. Аз сӯҳбат бо аъзои ҳайати низомиву сиёсӣ дурӣ меҷустанд. Умуман ба ояндаи нек ва истиқрори сулҳу оштӣ чандон боварӣ надоштанд.

Аксарияташон дар бораи ҳайати низомиву сиёсии мухолифин, ки дар ҳамоҳангӣ ва машварат бо роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин созмон ёфта инак ба Тавилдара барои татбиқи Протоколи Хустдеҳ эъзом шудааст, иттилое дар даст надоштанд. Дар аввал аъзои ҳайат вақте, ки аз онҳо аз мушкилоти мавҷуда пурсон мешуданд, одамон мегуфтанд, ки мушкилот надоранд. На аз муҷоҳиддин шикоят мекарданду на аз сарбозони ҳукуматӣ.

Мегуфтанд, ки инҳо (яъне муҷоҳиддин) хубанд ва илова мекарданд, ки вайҳо (яъне сарбозони ҳукуматӣ) низ бад набуданд. Вале медидем, ки қариб ҳама мардуми мулкӣ нияти дар фурсати қулай тарк кардани Тавилдара ва ба ҷои амнтар рафтанро доштанд. Муҷоҳиддин на бо ҳама мардуми таҳҷоӣ муносибати хуб барқарор карда буданд. Махсусан ба онҳое, ки дар замони дар Тавилдара дар сари қудрат будани ҳукумат бо мақомоти ҳукуматӣ муносибати хубу ҳасана доштанд, эътимод намекарданд. Бархе аз онҳоро ҷосус гуфта тибқи меъёрҳои шаръӣ ҷазоҳо низ додаанд.

Тавилдара партовгаҳи техникаи низомӣ ё қабристони Шуҳадо?

Тавилдара ва деҳаҳои атрофии он бештар ба як минтақаи низомӣ шабоҳат дошт. Размандаҳо қариб ҳама либосҳои ҳарбӣ дар бар доштанд. Либосҳои ҳарбияшон мухталиф буд. Ҳам либосҳои низомии аскарони шӯравиро дар тани муҷоҳиддин медидед, ҳам амрикоиву чиноӣ ва инчунин пироҳантумбоне, ки дар Афғонистону Покистон муравваҷ буд. Садои танку ғурриши БМП ва БТР-ҳои дар дасти муҷоҳиддин буда низ гоҳ-гоҳ шунида мешуд.

/images/stories/2012/04/26_sulhjuyon-4-26412.jpgБа гуфтаи Мирзо Зиёев дар ҷангҳои Тавилдара размандагони ӯ ду танк, ду БМП ва панҷ адад БТР-ҳои сарбозони русӣ ва ҳукуматиро ғанимат гирифтаанд. Теъдоди КАМАЗ, ГАЗ-66 ва дигар нақлиёти низомӣ кам набуд. Аъзои ҳайат аз парки техникаи ҳарбии размандагони Мирзо Зиёев, ки дар деҳаи Лангар қарор дошт, дидан карданд. Ҳангоми ҳаракат ба деҳаи Миёнаду сари ҳар чанд километр дар як тарафи роҳ танк ва ё дигар техникаи ҳарбии мунҳадимшуда (таркондашуда) ба назар мерасид.

Мирзо Зиёев дар бораи ҳар кадоми онҳо қиссаҳое дошт. Дар деҳаи Вҷин моро ӯ ба зиёрати гӯристоне бурд, ки онро бо номи қабристони Шуҳадо ёд мекард. Мегуфт, ки «аксарияти ҳамсафони аздастдодаамро дар ҳамин ҷо ба хок супурдаам. Он сарбозони ҳукуматӣ, ки бо мо буданд, вале дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳалокат расидаанд, низ бархе дар ин ҷо ба хок супурда шудаанд». Дар сари ҳар як гӯр лавҳачае ба назар мерасид, ки дар онҳо ному насаби марҳум ва санаи таваллуду шаҳодаташ навишта шуда буд. Ҷумъабои Намангонӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекард ва қории Қуръон ба ҳисоб мерафт, оёте чандро аз Каломуллоҳи шариф ба ҳаққи арвоҳи гузаштагони ин қабристони Шуҳадо қироат намуд.

Сарбози сармозада ва қиссаи фирори нобарори ӯ 

Дар беморхонаи Миёнаду дар баробари мардуми мулкӣ ва муҷоҳиддини Мирзо Зиёев чанд сарбози ҳукуматӣ, ки расман асир ба ҳисоб мерафтанд, муолиҷа мешуданд. Сардухтури ин шифохона аз Мирзо Зиёев хоҳиш кард, ки агар мумкин бошад яке аз онҳоро, ки саломатиаш хеле бад аст, барои идомаи муолиҷа ба Ғарм ё Душанбе интиқол диҳанд. Ба гуфтаи духтур дастҳо ва пойҳои беморро сармо задааст, агар онҳоро дар кӯтоҳтарин фурсат табобат накунанд, бемор метавонад дасту пояшро гум кунад ва бо марг рӯ ба рӯ шавад.

/images/stories/2012/04/26_sulhjuyon-3-26412.jpgМо ҳини аёдати беморони шифохона ин маризро низ дидем. Чи тавре ки худаш гуфт, агар хато накунам, як афсари вазорати корҳои дохила дар рутбаи майор буд. Ному фамилияаш ба ёдам намондааст, вале ба фикрам аз ноҳияи Маскав (ҳоло Амир Саиди Ҳамадонӣ) буд. Дар яке аз ҷангҳои Тавилдара ярадор шуда ба дасти муҷоҳиддин асир меафтад. Ӯро табибони размандагони Мирзо Зиёев табобат мекунанд.

Бо ҳамроҳии дигар усаро дар хонаҳои мардуми таҳҷоӣ зиндагӣ карда ба онҳо дар кори хоҷагиашон кӯмак мекардаанд. Ба гуфтаи худаш аз бориши барфи аввали соли ҷорӣ истифода бурда мехостааст аз тариқӣ ағбаҳо ба минтақаи таҳти назорати ҳукумат фирор кунад. Вале роҳро гум мекунад. Дасту пояшро сармо мезанад. Хайрият, як сокини маҳаллӣ, ки барои ҷустуҷӯи говҳояш ё тайёр кардани ҳезум ба кӯҳ баромада будааст, ӯро тасодуфан вомехӯрад ва боз ба деҳа гирифта меорад.

Бародари Ризвонро оварданд, вале…

Шаб дар Миёнаду дар хонаи Мирзо Зиёев дар меҳмонӣ будем. Рӯзи дигар бемори сармозадаро гирифта ба Тавилдара баргаштем. Мирзо барои ба Ғарм ва ё Душанбе интиқол додани ин бемор розигӣ дода буд. Интизор мерафт, ки бародари Баҳромро бо ҳамроҳии шариконаш то бегоҳии ҳамин рӯз, яъне 24-уми декабр, аз Лоҷирк ба Тавилдара биёранд. Агар кор ҳамин тавр сурат бигирад, пас мешавад, ки ба Амирқул Азимов ва ё Зафар Икромов ҳоло занг зада хоҳиш кунем, ки чархболро рӯзи 25-уми декабр барои бурдани Сафаралӣ ва шариконаш ба хотири табодул кардан бо гаравгонҳои Баҳром, яъне намояндагони мухолифин Юсуф Ҳаким ва Изатуллоҳ Ибодов ба Тавилдара бифиристанд.

Пеш аз ин бо Мирзо Зиёев маслиҳат шуда буд, ки аъзои ҳайати низомиву сиёсии мухолифин рӯзи 25-уми декабр то нисфирӯзӣ бо мардуми Тавилдара вохӯрда дар бораи ҳадафҳои ин ҳайат ва раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон сӯҳбате доир кунанд. Аз ин рӯ дар тамоси телефонӣ аз Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амният, хоҳиш карда шуд, ки чархболро ба Тавилдара баъди нисфирӯзии рӯзи 25-ум бифиристанд.

Бегоҳии 24-уми декабр Мирзо Зиёев ба ҳайати низомиву сиёсӣ хабар дод, ки Сафаралиро аз Вахёи Боло оварданд. Вале дигар шариконаш, ба гуфтаи ӯ, аз пайвастан ба гурӯҳи Баҳром худдорӣ ва умуман бо ин мақсад ба Тавилдара омаданро рад кардаанд. Гуфтаанд, ки дигар намехоҳанд бо гурӯҳи Ризвон сару коре дошта бошанд. Ба гуфтаи Мирзо Зиёев худи Сафаралӣ низ чандон рағбат надорад, ки муҷоҳиддини ӯро тарк кунад. Вале чун бародари калониаш баргаштани ӯро мехоҳад дар ин кор дигар ноилоҷ мондааст.

Шаб аз радиостансияҳои хориҷӣ хабар ёфтем, ки дирӯз дар Маскав тарафҳои музокиракунандаи сулҳи байни тоҷикон дар сатҳи олӣ ба имзои Созишномае даст ёфтаанд, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон бесаброна интизораш буданд. Дар бораи рафти ин мулоқоти Маскав ва натоиҷи он каме баъдтар муфассалтар хоҳем гуфт, вале ҳоло мехоҳем қазияи гаравгонгирии Баҳром ва ҳикояти сафари нахустини ҳайат ба Тавилдараро дар ҳамин ҷо хотима бидиҳем.

Мардуми Тавидара чун огоҳ шуданд…

Рӯзи 25-уми декабр дар яке аз биноҳои маъмурии комиҷроияи ноҳияи Тавилдара мулоқоти аъзои ҳайати низомиву сиёсӣ бо мардуми маркази ноҳияи Тавилдара ва деҳоти атрофи он баргузор гардид. Дар аввал Давлат Усмон ширкаткунандагони мулоқотро бо ҳадафи ба Тоҷикистон омадани ин ҳайат ва талаботи Протоколи Хустдеҳ шинос кард.

Баъдан аз Созишномае, ки ду рӯз пеш, 23.12.1996, дар Маскав миёни Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳбари мухолифини тоҷик устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расид, ёдовар шуд. Ӯ азҷумла қайд намуд, ки тарафҳо ба як хулосаи зарурӣ омаданд. Бо ҳамин Худо хоҳад, ҷанг ба охир расид. Марҳилаи истиқрори сулҳу оштӣ, аз нав фаъол кардани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, барқарор кардани хоҷагии халқ фаро расид. Дар ин марҳила муҳими таърихи миллат ҳама бояд фаъол бошанд.

(Идома дорад)

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 25

МИРЗО ЗИЁЕВ ВА ҚИССАИ ҚАМАРИДДИНИ НОКОМ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi